Аз 20 то 24 марти соли 2016 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар намуд.   Дар ҷараёни ин сафари корӣ вохӯриҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А.Раҳмон бо Прокурори генералии Прокуратураи Олии Халқии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сао Сзянмин, Прокурори генералии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой Нишан Ибраим, Прокурори генералии шаҳри Пекин Сзин Дали ва муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Ҷиянг баргузор гардиданд.

 Зимни вохӯриҳо, ҷонибҳо нақши муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ҳарду кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷаноби Си Сзинпинро дар рушди бемайлони муносибатҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ қайд намуданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкори ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ ва гражданӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

 Аз натиҷаи вохӯриҳо тарафҳо вобаста ба таҳким бахшидани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар самти иҷро намудани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Шартномаҳо оиди бозпас овардани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо ва истирдоди ҷинояткорон, баланд бардоштани тахассуси кормандон, омӯзиши таҷрибаи ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи электронии бақайдгирии ҷиноятҳо, инчунин таҳияи лоиҳаи Барномаи муштараки ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури ҶХХ ба мувофиқа расиданд.

Дар маҷмӯъ, сафар сатҳи ҳамкориҳои тарафҳоро ба пояи нав бардошта, ба муносибатҳои дуҷонибаи онҳо ҳусни тоза зам намуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо