Чанде қабл аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сардорова Зарина Толибовна бо моддаҳои 3071 қисми 2 ва 4011Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шуда буд. Сардорова З.Т. барои он гунаҳкор дониста шудааст, ки охирҳои  моҳи октябри соли 2015 дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо номҳои мустаор саҳифаҳо кушода, дар онҳо расми зани силоҳбадастро гузошта,

 худро ҳамчун зани ҷиҳодӣ муаррифӣ намудааст. Ҳамчунин ӯ аз тариқи сомона бо Маърифат ном узви ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, бо даъвати вай барои ба Давлати Сурия ҳиҷрат намудан ва шомил шудан ба ташкилоти мазкур розӣ шуда, 23 январи соли 2015 тавассути хатсайри Душанбе – Истамбул ба шаҳри Истамбули давлати Туркия парвоз намудааст.

24 январи соли 2015 ӯ бо Маърифат, шавҳари вай – Абубакр ва ду фарзанди ноболиғи онҳо аз шаҳри Истамбул ба шаҳри Газиентеппаи Туркия сафар намуда, баъди 8 рӯзи иқомат дар ин шаҳр, сарҳади давлатии Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур намуда, дар шаҳри Дайруззори давлати Сурия, ки таҳти тасарруфи ташкилоти экстремистию террористии «Давлати Исломӣ» қарор дошт, ба ин ташкилот  пайвастааст.

Сардорова З.Т. муддати 8 моҳ бо супориши роҳбарияти ташкилоти экстремистию террористии бо ном «Давлати Исломӣ» ба ҷалби дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати ин гурӯҳ ба воситаи сомонаҳои интернетӣ машғул шудааст.

Инчунин, Сардорова З.Т., ҳангоми дар шаҳрҳои Дайруззор ва Табқаи давлати Сурия қарор доштанаш, бо хешовандон ва шиносонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 24 феврали соли 2015  ба Сардорова З.Т. барои содир намудани ҷиноятҳои номбурда ҷазои аз озодӣ маҳрумӣ ба муҳлати 13 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муррабиягӣ  ба муҳлати  2 сол таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо