Қабули шахсии шаҳрвандон вобаста ба арзу шикоятҳои онҳо, дар асоси моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», ҲАР РӮЗИ ШАНБЕ аз соати 800 то 1200 дар биноҳои маъмурии Прокуратураи генералӣ, Сапрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки тартиби муроҷиати зина ба зина, яъне муроҷиати аввал ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои маҳалли зист ва дар ҳолати розӣнабудан аз қарори қабулнамудаи прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо - ба прокуратураҳои вилоятҳо ва баъдан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шавад.

Марҳила ба марҳила қабули шахсии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар маҳалҳо ташкил карда мешавад, ки дар ин бора шаҳрвандон пешакӣтавассути сомонаи расмии мақомоти прокуратура огоҳонида мешаванд.