Баъди ҳазор соли барҳам хӯрдани давлати муқтадири Сомониён халқи тоҷик имконият пайдо намуд, ки ақаллан дар сатҳи ҷумҳурии худмухтор ба сохтмони пояҳои воқеии давлатдории худ камар бандад. Ин кори басо сангин буд, аммо халқи тоҷик бо мақсади расидан ба орзуҳои худ тавонист бисёр сахтиву мушкилиҳоро паси сар кунад.
14 октябри соли 1924 иҷлосияи дуюми Кумитаи Марказии Иҷроияи Умумиросиягӣ қарори Кумитаи марказии Иҷроияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистонро оид ба тақсимоти миллӣ тасдиқ намуд. Бинобар қарори мазкур Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон таъсис ёфт.
Дертар мувофиқи қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 ноябри соли 1924, Ҳукумати муваққатии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки аслан вазифаи Кумитаи инқилобиро адо мекард.

7 декабри соли 1924 дар маҷлиси Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон масъалаи таъсиси Комиссариати халқии адлия, прокуратураи давлатӣ, ҳамчунин судҳои халқӣ муҳокима гардид. Дар натиҷа як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Яке аз онҳо ба таърихи 14 декабри соли 1924 дахл дошта, оид ба таъсиси Комиссиариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамин тариқ, Прокуратураи Ҷумҳурӣ яке аз шӯъбаҳои мустақили Комиссариати халқии Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон гардид.

Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи Ҷумҳурӣ ба кори худ  22 декабри соли 1924 шурӯъ карданд. Маҳз аз ҳамон рӯз сар карда ташаккулу таҳаввули минбаъдаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. 

Ба вазифаи Раиси Комиссариати халқии адлия Тоҷиддин Сайфиддинов таъин карда мешавад. Ӯро хамчунин  18 феврали соли 1925 ба вазифаи нахустин Прокурори Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд,ки дар ин вазифа то соли 1927 адои хизмат мекунад.

Соли 1927 бо қарори бюрои КМ ҲК (б) ҶХШС Тоҷикистон ба вазифаи Прокурори Ҷумҳурӣ номзадии Саьдуллоев Муллоҷон пешбарӣ мегардад.

Аз 5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёти таърихии худ ворид гардида, дар ҳайати собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мустақилияти давлатии худро соҳиб гашт. Ин чунин маъно дошт, ки дар фаъолияти мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурӣ давраи соҳибихтиерӣ фаро расид. М.Саъдулоев боз ба вазифаи Прокурори Ҷумҳурӣ таъин гардида,дар ин вазифа то соли 1931 кор кард.Дар тӯли солҳои 1931-1935 дар вазифаи Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон рафиқон Ч. Имомов, С.Ҳоҷиеров, А.Розенберг ва А.Лебедев адои хизмат намудаанд.

Ба муносибати барҳам хӯрдани округҳо мувофиқи қарори КИМ ва ШКХ-и ҶШС Тоҷикистон аз таърихи 20 июни соли 1930 прокуратураҳои округҳо пароканда гардидаанд ва ба ҷои онҳо прокуратураҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, инчунин прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барпо карда шудаанд.

Дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои калон, ки аҳамияти калони хоҷагӣ ва сиёсӣ доштанд, вазифаи ёвари прокурор таъсис дода шуд. Прокурорҳои ноҳияҳоро прокурорҳои вилоятҳо таъин мекарданд. Вазифаҳои прокуратураҳои барҳамхӯрдаи округҳо ба прокурорҳои ноҳиявӣ гузашт. Муфаттишонро комиҷроияҳои ноҳиявӣ ё худ шӯроҳои шаҳрӣ аз рӯӣ пешниҳодҳои прокурорҳои ноҳиявӣ таъин мекарданд.

28 июни соли 1930 бо қарори КИМ ва ШКХ ва ҶШС Тоҷикистон Низомнома «Дар бораи мақомоти адлияи ҶШС Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Мувофиқи он муфаттишон вазифадор буданд, ки ба тафтиш пардозанд, ба фаъолияти мақомоти дигари тафтишотӣ роҳбарӣ ва назорат намоянд ва дар суд ба сифати айбдоркунанда баромад кунанд.

Прокуратураи Ҷумҳурӣ иҷрои қарорҳои ҳизбу ҳукуматро ҷиддӣ назорат мекард, барои пешгирии ҳаргуна хилофкорию қонуншиканӣ, ки пояи иқтисодиётро суст карда метавонад, чора медид. Прокуратура ҳамчунин бар зидди ҳаннотӣ, сӯйистеъмол, бесомонӣ, поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии мардум фаъолона мубориза мебурд. Барои сари вақт эътироз ва бекор намудани ҳаргуна амру қарорҳои мақомоти ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои кооперативӣ, ки хилофи қонун буда, ба манфиати шаҳрвандон зиён меоварад, чора меандешид.

Прокуратура дар асоси қарори КИМ ва ШКХ ИҶШС аз таърихи 20 июни соли 1933 ҳамчун мақоми мустақил аз ҳайати Комиссариати халқии адлия ҷудо карда шуд. Ба зимаи Прокуратураи ИҶШС роҳбарии умумии фаъолияти прокуратураҳои иттифоқӣ гузошта шуд. Вале кормандони Прокуратураҳои Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ боз якчанд сол тобеи ҳам Прокурори ИҶШС ва ҳам КХА ҷумҳурӣ буданд. Ин ташкили кори интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кормандони мақомоти прокурорию тафтишотиро душвор месохт. Бо қарори КИМ ва ШКХ ИҶШС аз таърихи 20 июни соли 1936 «Дар бораи таъсис додани Комиссариати халқии адлияи Иттифоқи ҶШС» прокурорҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҳайати КХА ҷудо карда, пурра тобеи прокурори ИҶШС гардонида шуданд. Аз ҳамон давра сохтори ташкили мақомоти прокуратура қатъӣ мутамарказонида шуд. Соли 1946 Шӯрои Олии ИҶШС ба Прокурори ИҶШС унвони Прокурори генералии ИҶШС дод.

Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон соли 1964 аз як прокуратураи шаҳрӣ ва 5 прокуратураи ноҳиявии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; 9 прокуратураи шаҳрии тобеи марказ; 23 прокуратураи ноҳиявӣ; 4 прокуратураи қисмҳои ҳарбӣ, ҷамъ 42 прокуратура иборат буд.

Давраи ташаккули Прокуратураи Ҷумҳурӣ, рушду камоли минбаъдаи он бо кору фаъолияти пурсамари С.Исмоилзода., А. Раҳмонов,  Г. Имомов, М. Саъдуллоев, Т. Сайфуддинов, С. Ҳоҷиёров, Н. Жогин, В. Буларгин барин арбобҳои машҳури ин соҳа алоқаманд аст, чунки вазифаҳои мураккаби бунёд кардани заминаи прокуратура дар Тоҷикистон бар дӯши онҳо буд.

Дар ин давра ва минбаьд дар вазифаи Прокурори Ҷумҳурӣ рафиқон И.В.Ильин (солҳои 1935-1938), А.Я.Романов (1938-1948), Н.В.Жогин (1948-1958), Ҳ.Ҳ.Ҳусейнов(1958-1961), В.А.Буларгин (1961-1973), А.А. Щелочинин (1973-1981), Ю.Н.Щербаков(1981-1986),Г.С.Михайлин.(1986-1990) ва Н.Ҳ.Ҳувайдуллоев (1991-1992) кор карданд.

Моҳи январи соли 1966 унвони фахрии касбии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта буд. Ба ин номи баланд ҳуқуқдонҳое сазовор мегаштанд, ки дар роҳи пойдории қонуният хизмати шоён карда, дар корҳои тафтишотӣ ба натиҷаҳои намоён ноил гаштаанд. Аз соли 1967 то соли 1990-ум 35 нафар кормандони прокуратура  ин унвони фахриро сазовор шудаанд, 20 корманди прокуратура барои хизмати софдилонаю тулонии худ дар мақомоти прокуратура бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии прокуратура» қадр карда шудаанд.

 Соли 1991 Ҷумхурии Тоҷикистон мустақилияти комил ва соҳибихтиёрии хешро эълон намуд. Давлати тоҷикон ба давраи нави таърихии тараққиёти худ дохил шуд, ба даврае ворид гашт, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ҳисси масъулиятшиносии кормандони он ба дараҷаи баландтар бардошта шуд.
Воқеаҳои солҳои 1990-1994 барои давлати Тоҷикистон имтиҳони ҷиддие буданд.

Дар ин солҳои тақдирсоз шодравон Н.Ҳ. Ҳувайдуллоев (солҳои 1991-1992) вазифаи нахустин Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ӯҳда дошт.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо талаби Ҷабҳаи халқӣ ва аксарияти мардуми ҷумҳурӣ моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуд, сохти конститутсиониро барқарор намуд. 

Дар иҷлосия ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С. Солеҳов таъин гардид. Бригада оид ба тафтиш ва кушодани ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда бо роҳбарии М.С.Солеҳов ба кор шӯруъ кард. 35 гурӯҳи тафтишотии ҳайаташ иборат аз 250 нафар кормандони тафтишоти фаврии прокуратура, КАМ ва ВКД амал карда, дар роҳи ташкили муборизаи зидди ҷинояткорӣ, тафтиш ва фош намудани ҷиноятҳо корӣ зиёдеро ба ҷо оварданд.

 Дар ин давра Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мувофиқи  Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №653 аз 30 апрели соли 1992 ба амал ҷорӣ карда шуд.

Тибќи ќонуни мазкур, вазифаҳои мақомоти прокуратура таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи истиқлолият ва ҳуқуқи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, статуси ҳуқуқии Шӯроҳои маҳалии депутатҳои халқ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори мақомоти қонунгузор, иҷроияю амрдиҳанда ва судӣ ба худ шакли мустақили фаъолияти давлатиро доро гардида, дар он давра самтҳои асосии кори он, ки қонун муайян карда буд, аз инҳо иборат буданд:

-назорати риояи қонунҳо аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, корхонаҳо, муасисаҳо, ташкилотҳо,  мансабдорон, шаҳрвандон ва ғайра (назорати умумӣ);

- назорати риояи қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мубориза мебаранд, инчунин аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ;

- назорати риояи қонунҳо ҳангоми аз тарафи судҳо баррасӣ шудани парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ ва парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ва баҳсу мунозираҳои хоҷагӣ дар судҳои ҳакамӣ ва ҳангоми баровардани қарорҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарордодҳо;

- назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон, дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар тадбирҳои иҷборие, ки суд муайян намудааст;

- назорати риояи қонунҳо дар мақомоти идораи ҳарбӣ ва муасиссаҳо;

- тафтиши ҷиноятҳо.

Прокуратура инчунин дар таҳияи тадбирҳои ҷилавгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо, дар кори такмилу ташреҳи қонунҳо ширкат меварзид.

Бо пешрафти ҷомеа, барои бозҳам тақвият бахшидан ба назорати прокурорӣ дар роҳи мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ 11 марти соли 1996 ва дар таҳрири дигар 25 июли соли 2005  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд.

Айни ҳол самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборат аст.
- назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият мансубият ва шакли моликиятҳои онҳо, аз тарафи шахсони мансабдорӣ онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ  будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

-назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок;

-тафтишоти ҷиноятҳо;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зиддӣ коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар бррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз овардан нисбати ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.
Прокуратура мувофиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд. 
Мақомоти прокуратура дар иҷрои вазифаҳои мазкур мустақил буда, фаъолияти худро бевосита ва аз номи давлат амалӣ мегардонад. Барои татбиқи нишондодҳои қонун аз ходимони мақомоти прокуратура ихтисосмандӣ, заковат ва донишмандӣ, қавииродагӣ ва адолатмандӣ талаб карда мешавад.

Дар иҷрои вазифаи хизматӣ ҳар як прокурор ва муфаттиш бояд басо масъулиятшинос, хушмуомила ва поквиҷдон бошад. Ба кормандони мақомоти прокуратура барои пеш бурдани фаъолияташон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар назди мақомоти прокуратура вазифа гузошта шудааст, ки тамоми фаъолияти худро барои таъмини қонуният дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ равона кунад. Ин пеш аз ҳама ба он дахл дорад, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ нақши мақомоти прокуратура баланд бардошта шавад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ чор прокуратураи вилоятӣ, 77 прокуратураи шаҳрию ноҳиявӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, панҷ прокуратураи ҳарбӣ  ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон, се прокуратура оиди назорати риояи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ кору фаъолият менамоянд.
Кормандони мақомоти прокуратура доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро дар амал татбиқ карда, ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро бо масулияти баланд иҷро намоянд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 1992-1995 Солеҳов Маҳмадназар Соҳибович, солҳои 1995-1996 Азимов Амирқул Насимович, солҳои 1996-2000 Шаропов Саломидин, солҳои 2000-2010 Бобохонов Бобоҷон Каримович ва солҳои 2010-2014 Салимзода Шерхон Одина роҳбарӣ намудаанд. Аз моҳи январи соли 2015, роҳбарии мақомоти прокуратураро Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба ӯҳда доранд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 14-уми марти ҳар сол рӯзи прокуратура таҷлил гирифта мешавад.