10 марти соли 2016 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷалолов Ботиралиро бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сўиқасд ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони бешаҳрванд дар  воҳидҳои мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) моҳиятан баррасӣ гардид.

 Ҷалолов Б. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки моҳи июли соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути сомонаи иҷтимоии “Одноклассник” бо шаҳрванди Ҷумҳурии Узбекистон бо номи “Абу-Майрам” шинос шуда, даъвати ўро ба иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳайати ташкилоти экстремистӣ ва террористии бо ном “Давлати Исломӣ” дар ҳудуди Сурия пазируфтааст.

 Санаи 13 октябри соли 2015 ӯ тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Истамбул парвоз намуда, аз он ҷо 10 ноябри соли 2015 ҷиҳати убури сарҳади давлатии байни Туркия ва Сурия ба шаҳри Газиентеппа сафар намудааст. Дар он ҷо ў аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати Туркия дастгир карда шудааст.

Ҷинояти содирнамудаи Ҷалолов Б. дар мурофиаи судӣ исботи пурраи худро ёфта, ў бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2016 бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, бо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳафт сол маҳкум карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо