Маҷалла

Журнал

Бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 5-23 аз 10-уми апрели соли 2013 тасдиқ карда шудааст

1. Муқаррароти  умумӣ

1.Ташкил ва тартиби фаъолияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, фармонҳо ва супоришҳои Прокурори генералӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин шартномаҳои прокуророни байни давлатҳо, Дастурамал «Оид ба  коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ҳамин Регламент муайян карда мешавад.

2.Роҳбарии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки ҳамзамон Раиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сурати набудани Прокурори генералӣ, ваколатҳои ӯро муовини якӯми Прокурори генералӣ, дар сурати набудани муовини якӯм, яке аз муовинони Прокурори генералӣиҷро менамояд.

3.Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси тартиби тақсими вазифаҳо, ки Прокурори генералӣмуқаррар намудааст, кори раёсату шуъбаҳои ба онҳо марбутаро ташкил менамоянд, ба фаъолияти онҳо назорат мебаранд, дар доираи ваколаташон қарорҳо қабул мекунанд. Тақсимоти вазифаҳо ва ҳамдигаривазкунии муовинони Прокурори генералӣ, мутобиқи Фармони Прокурори генералӣмуқаррар карда мешавад.

4.Сардорони раёсату шӯъбаҳо, муовинони онҳо ташкилдиҳандаи бевоситаи фаъолияти сохтори воҳидҳои марбута ба шумор мераванд.

5.Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаҳоро дар бораи раёсату шӯъбаҳо, ки дар онҳо вазифаҳо, ӯҳдадориҳо ва ваколатҳои вазифавии кормандони ин воҳидҳо муқаррар шудаанд, тасдиқмекунад.

6.Тартиби фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаваду ба он муовини Прокурори генералӣ  Сарпрокурори ҳарбӣроҳбарӣмекунад, дар асоси ин Регламент ва Регламенти Сарпрокуратураи ҳарбӣмуқаррар карда мешавад.

7.Сардорони раёсату шӯъбаҳо оид ба тақсимоти вазифаҳои хизматӣдар байни кормандон, ҳамдигаривазкунии онҳо фармоишҳо мебароранд, ки аз тарафи Прокурори генералӣва ё муовинони ӯтасдиқкарда мешавад.

8.Барои баҳодиҳӣба кори прокуророну муфаттишон ва дигар кормандон, дар Прокуратураи генералӣкомиссияи аттестатсионӣсозмон дода мешавад, ки тарзи фаъолияташ мувофиқи тартиби муқарраршудаи Низомнома «Оид ба аттестатсиякунонии кормандони прокурории  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Прокурори генералӣтасдик намудааст, муайян карда шудааст. Ташкили кори комиссияи мазкур ва назорати фаъолияти он ба зиммаи яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

9.Барои таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозӣтаъсис дода мешавад, ки ба он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣмекунад.

10.Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи ошкоро, ки агар хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқва озодиҳои шаҳрванд, сирри давлатӣ, ки бо қонун муҳофизат карда мешавад, набошад, амал менамояд.

11.Коргузории махсус ва махфӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз 10 майи соли 2002, «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 22 апрели соли 2003, Дастурамал оид ба таъмини реҷаи махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оиди кор бо маводҳо ва ҳуҷҷатҳои махфӣва комилан махфӣдар мақомот, ки бо Фармонҳои Прокурори генералӣтасдиқшудаанд, амалӣкарда мешаванд.

12.Маводҳо  барои тайёр намудани хабарҳои расмӣва лоиҳаи онҳо аз  тарафи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё, ки бо розигии онҳо, аз тарафи сардорони раёсату шӯъбаҳо ба раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣпешниҳод карда мешаванд.

13.Ахбороти расмӣаз номи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма ва алоқаи электронӣ, фақат тавассути раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣ, бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.

14.Дигар маводҳо оид ба  назорати прокурорӣва тафтишоти пешакӣба воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, телевизион ва алоқаи элетронӣ) низ бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд. Сардорони раёсату шуъбаҳо ва иҷрокунандагон барои асоснокии маълумотҳои пешниҳодшуда масъуланд.

15.Прокуророну муфаттишони Прокуратураи генералӣ, ки рутбаҳои дараҷавӣдоранду дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, мурофиаҳои судӣва дигар чорабиниҳои расмӣиштирок менамоянд, ӯҳдадоранд бо либоси хизматӣбошанд.

16.Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад адабиёти махсус нашр кунад ва нашрияи худро дошта бошад.

2. Ташкили кор, таҳлилу ба нақшагирӣва ҳисоби он

17.Фаъолияти Прокуратураи генералӣмутобиқи принсипи минтақавӣ-мавзӯъӣташкил карда мешавад.

18.Шӯъбаи омор ва таҳлил, сохторҳоро бо маълумотҳои омории муқоисавӣдар бораи ҳолати ҷинояткорӣ, кушодашавии ҷиноятҳо, кори тафтишот ва дигар самтҳои назорати прокурорӣтаъмин менамояд.

19.Раёсату шӯъбаҳо маълумотҳоро оид ба ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҷрибаи тафтишотӣ-прокурорӣҷамъ оварда, мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳанд ва бо мақсади такмил додани таҷрибаи тафтишотӣ-прокурорӣ, беҳтар намудани ташкили фаъолияти Прокуратураи генералӣва прокуратураҳои поёнӣ, барои ҳал намудани масъалаҳои марбута дар сатҳи давлатӣ, ба Прокурори генералӣтаклифҳо пешниҳод менамоянд.

20.ФаъолиятиПрокуратураи генералӣҳар нимсола ба нақша гирифта мешавад. Таклифҳои ба нақша гирифтани чорабиниҳо аз тарафи сардорони Раёсату шӯъбаҳо, бо розигии муовинони Прокурори генералӣ, дар асоси таҳлили амиқу ҳаматарафаи ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо назардошти  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, супоришҳои Прокурори генералӣпешниҳод карда мешаванд.

21.Таклифҳо бояд асоснок гардонида шуда, чунин маълумотҳоро оиди мӯҳлат, роҳҳои таъмин намудани иҷрои чорабиниҳо, шахсони масъул ва номгӯи иҷрокунандагонро дарбар гиранд.

22.Дар ҳолати ба нақшаи корӣворид намудани чорабиниҳое, ки амалӣнамудани онҳо дар якҷоягӣбо дигар мақомотҳо гузаронида мешавад, бояд розигии онҳо гирифта шавад.

23.Таклифҳо дар бораи ба нақшаи корӣворид кардани чорабиниҳо на дертар аз 10 июн ва 10 декабр ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд

24.Лоиҳаи нақшаи корӣбаъди мураттабсозӣдар  маҷлиси ҳайати мушовара ва ё фаврии назди Прокурори генералӣ, бо иштироки муовинони Прокурори генералӣва сардорони Раёсату шӯъбаҳо муҳокима ва такмил дода шуда, барои тасдиқба Прокурори генералӣпешниҳод карда мешавад.

25.Нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз пас аз тасдиқи он ба муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва прокуророни поёнӣфиристонида мешавад.

26.Сардорони раёсату шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳо вазифадоранд, ки маълумотномаҳоро вобаста ба натиҷаи санҷишу ҷамъбасти чорабиниҳои нақшавӣ, бо замимаи санадҳои прокурорӣва таклифу пешниҳодоти мушаххас на дертар аз санаи 25-уми моҳидар нақша пешбинигардида ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод намоянд.

27.Масъулияти сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои чорабиниҳои дар нақшаи корӣдарҷгардида, ба зиммаи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва иҷрокунандагон гузошта мешавад.

28.Дар сурати мавҷудияти асосҳои кофӣва тибқи гузориши сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки онро муовинони Прокурори генералӣҷонибдори намудаанд, танҳо Прокурори генералӣметавонад, ба нақшаи корӣтағйирот дарорад, чорабиниҳоро иваз намояд ва мӯҳлати иҷрои ин ё он банди нақшаи кории тасдиқшударо дароз намояд ё ба мӯҳлати дигар гузаронад ё хориҷкунад.

29.Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, нақшаҳои кориашонро бо назардошти нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таҷрибаи тафтишотию прокурорӣтартиб диҳанд. Нақшаҳои корӣаз тарафи Прокурори генералӣва муовинони ӯтасдиқкарда мешаванд. Ба нақшаҳои кории раёсату шӯъбаҳо, дар асоси гузориши асосноки сардорони ин воҳидҳо Прокурори генералӣва муовинони ӯтағиротҳо дохил мекунанд, мӯҳлати иҷрои чорабиниҳои алоҳидаи нақшаи кории тасдиқшударо дароз менамояд ё ба мӯҳлати дигар мегузаронанд.

30.Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияи аттестатсионӣ, коромӯзии кормандон ва такмили ихтисоси кадрҳо дар алоҳидагӣ, бо назардошти нақшаи кории Прокуратураи генералӣба нақша гирифта мешавад.

31.Назорати таъмини иҷрои нақшаҳои кории Прокуратураи генералӣ, раёсату шуъбаҳои он ва дигар нақщаи чорабиниҳои мақомоти прокуратура ба зиммаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон гузошта мешавад. Раёсати мазкур аз натиҷаи иҷрои нақшаи кории Прокуратураи генералӣва раёсату шуъбаҳо дар маҷлисҳои назоратии охири ҳар моҳба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот ва таклифҳо пешниҳод  менамояд.

32.Аз тарафи раёсату шӯъбаҳо вобаста ба корҳои иҷрошуда ва натиҷаи  таҳлилу ҷамъбаст ҳар ҳафта ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маълумотнома пешниҳод карда мешавад.

3.  Ташкили кори маҷлисҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ

33.Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара, дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якӯм ва муовинони ӯ, дигар кормандони прокурорӣ, ки бо фармони Прокурори генералӣтаъин шудаанд (аъзоён), ташкил карда мешавад.

34.Шумораи аъзоёни ҳайати мушовараро Раиси ҳайати мушовара -Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

35.Ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣбуда, дар маҷлисҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураро оид ба назорати иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳолати иҷрои фармонҳои Прокурори генералӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро мавриди баррасӣқарор дода, ҳисоботҳои Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба он баробаркардашударо мешунавад.

36.Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор иштирок намуда, бинобар вайрон кардани қонунгузорӣва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣбаёноти онҳо шунида шавад.

37.Масъалаҳо дар маҷлиси ҳайати мушовара, мутобиқи нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, бо супориши Раиси ҳайати мушовара ва ё пешниҳоди аъзоён, бо розигии Раиси ҳайати мушовара баррасӣкарда мешаванд.

38.Рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовара бо супориши Раиси ҳайати мушовара муқаррар карда мешавад.

39.Иҷрокунандагон барои дар мӯҳлат ва босифат пешниҳод намудани маводҳои дар маҷлиси ҳайати мушовара баррасишаванда масъул буда, дар қисми тавсифии (баёнӣ) лоиҳаи қарори ҳайати мушовара таҳлили масъалаи баррасишаванда, моҳияти қонунвайронкуниҳои ошкоргардида, шахсони ба онҳо роҳдода ва дар қисми хулосавӣбошад, таклифу пешниҳодҳо, дастуру тавсияҳо оиди мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, роҳу усулҳои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, мӯҳлати иҷро ва мутасаддиёни иҷро бояд ба таври мушаххас баён карда шаванд.

40.Маводҳои баррасишаванда дар маҷлиси ҳайати мушовара (маълумотнома дар ҳаҷми на зиёда аз 15 саҳифа, лоиҳаи қарору фармонҳо, рӯйхати даъватшавандагон ва ғайра) бо имзои иҷрокунандагон ва муовини Прокурори генералӣ(сарпарасти соҳа) 5 рӯз пеш аз оғози маҷлиси ҳайати мушовара ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара ба Раиси ҳайати мушовара ва Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд (як нусхагӣбарои ҳамаи аъзоёни ҳайати мушовара).

41.Дар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маводҳои ба баррасии маҷлиси ҳайати мушовара пешниҳодшударо омӯхта, оид ба омодагии онҳо хулоса, рӯзномаи маҷлис, тартиби пешбурд (сенария) ва рӯйхати даъватшавандагонро тартиб дода, онҳоро барои мувофиқа ба Раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамояд.

42.Дар сурати нопурра будани маводҳои баррасишаванда, дар асоси хулосаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, бо супориши Раиси ҳайати мушовара, онҳо бо нишон додани мӯҳлат барои мукаммал намудан ба иҷрокунандагон баргардонида ё масъала аз рӯзномаи маҷлис бардошта мешавад.

43.Баъди аз ҷониби Раиси ҳайати мушовара муқаррар кардани рӯзи баргузории маҷлиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон лоиҳаи қарори ҳайати мушовараро 3 рӯз пеш аз оғози маҷлис ба Раиси ҳайати мушовара ва аъзоён пешниҳод намуда, иштирокчиён ва даъватшавандагонро аз рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовара хабардор карда, ба онҳо рӯзномаи маҷлис ва маърӯзачиёнро эълон менамояд.

44.Баррасии масъала дар маҷлиси ҳайати мушовара мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара, дар мувофиқа бо аъзоёни ҳайати мушовара ба роҳмонда, рафти маҷлис пайнавис (стенография) ва аз натиҷаи он бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзоён қарор қабул карда мешавад.

45.Дар сурати ихтилофи назар байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара, Раиси ҳайати мушовара-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро дар амал татбиқменамояд.

46.Бо назардошти таклифҳои пешниҳодшуда ҳангоми баррасии масъала дар маҷлиси ҳайати мушовара, иҷрокунандагон дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯз ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара қарор ва дигар санадҳоро пурра намуда, онҳоро дар мувофиқа бо муовини Прокурори генералӣ(сарпарасти соҳа) ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.

47.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон (дар баъзе мавридҳо иҷрокунандагон) протоколи маҷлиси ҳайати мушовараро на дертар аз 10 рӯз баъди гузаронидани маҷлис тайёр намуда, ба Раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамоянд.

48.Иҷрокунандагон фармон, супориш ва дигар санадҳои амрдиҳанда-ташкилкунандаи дар заминаи қарори ҳайати мушовара қабул шударо баъди гузаронидани маҷлис дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара ба ӯпешниҳод менамоянд.

49.Протоколи маҷлиси ҳайати мушовара бо масъалаҳои кадрӣ, дар баробари имзои Раиси ҳайати мушовара, бо имзои сардори Раёсати кадрҳо   ва масъалаҳои истеҳсолӣбо имзои сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба расмият дароварда мешавад.  

50.Қарори маҷлиси ҳайати мушовара мушаххасу ӯҳдадоркунанда буда, дар асоси он  Фармон, супориш ва дигар санадҳо баъди ба имзо расидан, барои иҷро ба воҳидҳои дахлдори мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъхир фиристонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣбо фармони Прокурори генералӣдар амал татбиқкарда мешавад.

51.Муовинони Прокурори генералӣ, Сардорони раёсату шӯъбаҳо, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, дигар кормандони мақомот иҷрои қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон, дастуру супоришҳои Прокурори генералиро, ки дар ин замина қабул шудаанд, зери назорат гирифта, иҷрои пурраи онҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин менамоянд.

52.Сарпрокурори ҳарбӣ, Сардорони раёсату шуъбаҳо, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда вазифадоранд, ки баробари гирифтани қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро на дертар аз 7 рӯз бо иштироки кормандонашон дар маҷлиси фаврӣ-назоратӣбарраси намуда, баҳри амалӣнамудани он чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба Прокуратураи генералӣахборот пешниҳод намоянд.

53.Дар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ахборотро омӯхта, аз сифатнокӣва дараҷаи иҷрои қарори ҳайати мушовара таклиф пешниҳод менамояд.

54.Супоришҳои дар заминаи қарори ҳайати мушовара дода шуда, дар асоси гузориши асосноки шахсоне, ки таъмини иҷрои онҳо ба зиммаашон гузошта шудааст, дар мувофиқа бо раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ҳайати мушовара аз назорат гирифта ё мӯҳлати иҷрои онҳо дароз карда мешавад.

55.Гузориш ва маводҳо оиди таъмини иҷрои қарори ҳайати мушовара, бо амри хаттии Раиси ҳайати мушовара бе таъхир ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

56.Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки қарори ҳайати мушовараи худро баъди қабул бетаъхир барои маълумот ва омӯзиш ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон фиристонанд.

57.Дар ҳолати мутобиқнабудани қарори ҳайати мушовараи прокуратураҳои тобеъ ба қонунгузории ҷорӣва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда, Регламенти мазкур, фармон ва супоришҳои Прокурори генералӣ, онҳо дар асоси хулосаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ҳайати мушовара беэътибор дониста ё барои мутобиқнамудан ба санадҳои зикршуда бозпас гардонида мешаванд.

58.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон кори маҷлиси ҳайати мушовараро ташкил ва назорати иҷрои қарори онро таъмин намуда, ин таҷрибаро ҳар нимсола ҷамъбаст карда, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт ба Раиси ҳайати мушовара таклиф пешниҳод менамояд.

59.Маҷлисҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ва дар баъзе ҳолатҳо махфӣмебошад, агар ин ба манфиатҳои мақомоти прокуратура, дигар мақомот, нигохдории сирри давлатӣё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, мухолиф набошад.

60.Раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣдар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара ва мувофиқа бо иҷрокунандагон дар ҳолатҳои зарурӣиштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи маълумотҳои ба онҳо пешниҳодшавандаро муқаррар намуда, таклиф пешниҳод менамояд.

61.Раёсати молиявию хоҷагӣмасъалаи хароҷоти молиявии гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералиро таъмин менамояд.

62.Раёсати кадрҳо иштироки прокуророни тобеъро дар маҷлиси ҳайати мушовара мутобиқи рӯйхати пешниҳодкардаи иҷрокунандагон дар мувофиқа бо раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин менамояд.

63.Масъалаҳои баррасиашон дар маҷлиси ҳайати мушовара ҳатмӣнабуда, дар маҷлисҳои фаврии назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсату шӯъбаҳо муҳокима карда мешаванд.

64.Маҷлисҳои фаврӣбо роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ҳафтае як маротиба гузаронида шуда, вақт ва доираи иштирокчиёни онро роҳбаре, ки маҷлисро мебарад, муайян мекунад.

65.Маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣмутобиқи Низомнома «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» ташкил ва гузаронида мешаванд.

66.Таъмини ташкили кори маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣба зиммаи Муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки масъаларо омода намудаанд, инчунин котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозӣвогузор карда мешавад.

67.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро таъмин менамояд.

4. Баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва ташкили қабули онҳо

68.Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, инчунин муроҷиату дархостҳои аз мақомотҳои Олии давлатӣворидшуда, инчунин дар васоити ахбори умум нашршуда бо тартиби муайяннамудаи қонунҳо, санадҳои меъёрииҳуқуқии амалкунанда, Фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ин  муносибатҳоро ба танзим медароранд, ба роҳмонда мешавад.

69.Муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, ки баҳри пурраю ҳаматарафа, дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифат баррасӣгардидани ин муроҷиатҳо, тадбирҳо андешанд.

70.Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили кор бо муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва дигар шахсон, иҷрокунанда бошанд, барои риояи талаботи ҳуҷҷатҳои амрдиҳандаву ташкилкунандаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли муроҷиатҳои мушаххас масъул мебошанд.

71.Муроҷиатҳои шаҳрвандон аз як воҳид ба воҳиди дигар дар асоси гузоришҳои хаттии сардорони раёсату шӯъбаҳо аз тарафи Прокурори генералӣ  ва муовинони ӯ дода мешаванд.

72.Дар сурати дар муроҷиати шаҳрвандон дарҷгардидани масъалаҳои ба ваколати якчанд раёсату шӯъбаҳо дахлдошта, санҷишро дар ҳаҷми пуррааш сардори раёсат ё шӯъбае, ки аз байни иҷрочиён аввал номбар шудааст, ташкил менамояд. Ӯнусхаи муроҷиатро ба ҳамиҷрочиён расонида, аз онҳо маълумотҳои заруриро талаб менамояд, фиристонидани ҷавобҳои пешакӣ, додани супориш оид ба гузаронидани санҷиш, дар ҳолатҳои зарурӣ, идома додани мӯҳлати санҷиш ва ирсол намудани ҷавоби саҳеҳро таъмин менамояд.

73.Бо он муроҷиатҳое, ки ҳалли онҳоро Прокурори генералӣ  зери назорати бевоситаи худ гирифтааст, ҷавобҳо фақат баъди дар ин бора ба Прокурори генералӣахборот додан, фиристонида мешаванд. Ҳамзамон ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маълумот пешниҳод карда мешавад.

74.Қабули шаҳрвандон, намояндагони идораҳои давлатию ҷамъиятӣаз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, ташкил карда мешавад.

75.Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, муовинони онҳо шаҳрвандонеро қабул менамоянд, ки нисбати муроҷиати онҳо дар  прокуратураи поёнӣқаблан қарор қабул шудааст. Дар мавридҳое, ки қарор аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда бошад, қабули шахсӣфақат бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯташкил карда мешавад.

76.Қабули шахсӣаз тарафи Прокурори генералӣва муовинони ӯдар сурате доир мегардад, ки муроҷиат аз тарафи сардорони раёсату шӯъбаҳо баррасӣгардида бошад.

77.Прокурори генералӣон шаҳрвандони муроҷиаткунандаро қабул менамояд, ки арзу шикояташон аз тарафи муовинони Прокурори генералӣҳал карда шуда бошанду, онҳо аз ин қаноатманд набошанд.

78.Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият ва сардорони Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад.

5.Тайёр намудан ва ба ҷойҳо фиристонидани Фармону супоришҳо ва дигар санадҳои хусусияти дастури-ахбороти дошта

79.Супоришҳо ба прокуратураҳои поёнӣбо назардошти дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеомада,  нақшаи кории Прокуратураи генералӣва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, шумораи онҳо набояд дар як нимсола зиёда аз 15 адад бошад. Дар дигар ҳолатҳо супоришҳои ғайринақшавӣтанҳо бо иҷозати Прокурори генералӣирсол карда мешавад.

80.Ҳангоми ирсол намудани супоришҳо, ба кадом прокуратураҳо дахл доштан ё надоштани онҳо ба инобат гирифта шуда, тибқи нақшаи кории раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣфиристонидани супоришҳо манъ аст.

 81.Дар ҳолатҳои ба зиммаи якчанд раёсату шӯъбаҳо вогузор гардидани иҷрои чорабинии нақшавӣё дигар супоришҳо, танҳо як супориш аз тарафи иҷрочии асосӣ, бо назардошти таклифу дархостҳои раёсату шӯъбаҳои ҳамиҷрочӣфиристонида шуда, натиҷаи иҷрои он ҷамъбаст карда мешавад.

82.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, бо мақсади такроран нафиристонидани супоришҳо, таъмин намудани сарбории баробар, рӯйхати прокуратураҳоеро, ки ба онҳо супориш фиристонида мешавад, тартиб дода, мунтазам масъалаи мазкурро зери назорат гирифта, таҳлилу ҷамъбаст намуда, чораҳо меандешад.

83.Дар прокуратурае, ки фаъолияти он дар давраи банақшагирӣмавриди санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) қарор мегирад, санҷишҳои фосилавӣгузаронида намешаванд.  Дар ҳолатҳои зарурӣсанҷишҳо танҳо бо дастур ва ризоияти Прокурори генералӣгузаронида мешаванд. Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон бояд раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералиро дар бораи он, ки фаъолияти кадом прокуратураҳо ва кай мавриди санҷиши маҷмӯӣ(комплексӣ) қарор мегиранд, воқиф гардонида, назорати талаботи мазкурро таъмин намояд.

84.Супоришҳои доимоамалкунанда бо пешниҳоди асосноки сардорони раёсату шӯъбаҳо, аз тарафи  Прокурори генералӣмуқаррар карда мешавад.

85.Супоришҳо бо ҳамаи иҷрокунандагон мувофиқа кунонида шуда, дар онҳо бояд вазифаҳои пешгузошта, номгӯи масъалаҳои ҳалталаб, мӯҳлати иҷрои онҳо дарҷёфта, на дертар аз ду ҳафтаи баъди тасдиқшудани нақшаҳо фиристонида шаванд.

86.Супоришҳои нақшавӣ, ки ба прокуророни поёнӣфиристонида мешаванд, аз тарафи Прокурори генералӣва муовинони у ба имзо мерасанд.

87.Супоришҳо вобаста ба санҷиши муроҷиатҳои мушаххас, инчунин оид ба дигар масъалаҳо ба Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, инчунин бо супориши роҳбарият ва ё дар доираи ваколаташон аз ҷониби сардорони раёсату шӯъбаҳо фиристонида мешаванд.

88.Чунин супоришҳо танҳо вобаста ба муроҷиатҳое фиристонида мешаванд, ки санҷиши онҳо бевосита аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣимконнопазир бошад.

 89.Мактубҳои иттилоотӣ  бо натиҷаи  таҳлилу ҷамъбасти иҷрои супоришҳо ва фаъолияти мақомоти прокуратура ҳар нимсола ба прокуратураҳои поёнӣ, аз тарафи раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, бо имзои Прокурори генералӣва муовинони ӯфиристонида шуда, онҳо бояд хусусияти супоришӣнадошта бошанд.

90.Мактубҳои эродӣвобаста ба камбудиҳои ҷиддии ошкоршуда, танҳо ба прокуратураҳои дахлдор ирсол карда мешаванд ва хусусияти ӯҳдадоркунанда доранд.

91.Мактубҳои иттилоотӣ, эродӣдар раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд.

92.Мактубу ахборотҳо оид ба иҷрои супоришу чорабиниҳо ва дигар хабарҳо унвонии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо бо имзои прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ё иҷрокунандаи вазифаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.

93.Ба ахборотҳои аз натиҷаи иҷрои супоришҳо ирсолгардида, нусхаи санадҳои эътиноии прокурорӣва дигар ҳуҷҷатҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣталаб карда мешаванд.

94.Нусхабардорӣва ба ҷойҳо фиристонидани супоришҳо, мактубҳои иттилоотию эродӣ, ҷамъбастию дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз тарафи шӯъбаи коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда, айнан, бо ҳамин тартиб фиристонидани ҳуҷҷатҳо тавассути телефакс ва почтаи электронӣамалӣмегардад.

95.Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, ки пеш аз ирсол намудани супоришҳо, онҳоро бо гирифтани рақами тартибӣдар раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба қайд гирифта, сипас ба шӯъбаи коргузорӣсупоранд.

96.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таҷрибаи амалияи назорати прокурориро вобаста ба прокуророни поёнӣфиристонидани супоришҳо, мактубҳои иттилоотӣ, эродӣ  ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ҳамасола таҳлилу ҷамъбаст намуда, тадбирҳои судманд андешида, барои такмил додани кор дар ин самт ба Прокурори генералӣё муовинони ӯтаклифҳо пешниҳод менамояд.

95.Назорати иҷрои супоришҳо аз ҷониби раёсату шуъбаҳои дахлдори онҳоро таҳия ва ба ҷойҳо ирсолнамуда таъмин карда мешаванд.

6.Сафар ба маҳалҳо

96.Сафар ба махалҳо бо мақсади санҷидан ва расонидани ёрии амалӣдар ташкили кор ба прокуророни поёнӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами онҳо, ташкил карда мешавад.

97.Ташкили сафар ба маҳалҳо барои санҷиши прокурорҳои тобеъ ва расонидани ёрии амалӣба онҳо, чун қоида, дар асоси Нақшаи кории Прокуратураи генералӣва Нақшаҳои кории Раёсату шӯъбаҳо ё худ дастури Прокурори генералӣва муовинони ӯсурат мегирад.

98.Фармон дар бораи сафар ба маҳалҳо аз рӯи нақша, бо дарҷгардидани ҳайати гурӯҳаз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, дар мувофиқа бо сардорони раёсату шӯъбаҳо тартиб дода шуда, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо мерасад.

99.Гуруҳҳои кориро, оид ба гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ), муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аъзоёни ҳайати мушовара ва дар баъзе мавридҳо, бо дастури Прокурори генералӣсардорони раёсату шӯъбаҳо ё муовинони онҳо сарварӣменамоянд.

100.Бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, дар мувофиқа бо Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ба санҷиш кормандони прокуратураҳои тобеъ  ҷалб карда мешаванд.

101.Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҳайати гурӯҳи корӣбарои гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ), аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон як ҳафта пеш аз сафар ба маҳал бароварда мешавад.

102.Сафар ба маҳалҳо берун аз нақша (дар ҳолати фавқулодда, санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон, тафтишоти ҷиноятҳо) бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯсурат мегирад.

103.Сардорони раёсат ва шӯъбаҳое, ки гузаронидани чунин санҷишҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудаааст, оид ба  иштирок намудани кормандони дигар воҳидҳо  таклиф пешниҳод мекунанд.

104.Масъалаи хароҷоти молиявӣбарои сафарҳои хизматӣба маҳалҳо берун аз нақша рафтан, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти хароҷоти сафари хизматии хизматчиёни давлатӣва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифта (ба истиснои ҳолатҳои фавқулода), бо раёсати молиявию хоҷагӣмувофиқа карда мешавад.

105.Пеш аз сафар ба маҳалҳо, кормандон ӯҳдадоранд, бо маълумотҳои оморӣ, дигар маводҳое, ки ҳолати воқеъии қонуният, назорати прокурориро муайян мекунанд, Фармону супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, натиҷаҳои санҷишҳои пештара ва қарорҳои бо онҳо қабулкарда шинос шаванд, вобаста ба мақсади сафар ба маҳалҳо самтҳои асосии корро муайян намоянд ва нақшаи гузаронидани санҷишро тартиб диҳанд.

106.Шӯъбаи омор ва таҳлил на дертар аз се рӯз то сафар ба маҳалҳо, барои гузаронидани санҷишхои маҷмӯъӣ(комплексӣ) ё соҳавӣмаълумотҳои омориро дар бораи ҳолати қонуният ва ҷинояткорӣ, кори тафтишот ва назорати прокурорӣдар маҳал тайёр менамояд.

107.Нақшаи санҷиш аз тарафи аъзоёни гурӯҳи санҷишӣтартиб дода шуда, онро роҳбари гурӯҳтасдиқменамояд.

108.Пеш аз сафар ба маҳал, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯбо ҳайати гурӯҳи санҷишӣмашварат мегузаронанд.

109.Давомнокии сафари хизматии аъзоёни гурӯҳбарои гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ) бояд на бештар аз 15 шабонарӯзро ташкил диҳад. Маълумотнома аз натиҷаи санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) бояд на бештар аз 15 саҳифа ва масъалаҳои алоҳида на бештар аз 10 саҳифа буда, маълумотҳо оид ба  таҳлили фаъолият, камбудиҳои ҷойдошта ва таклифҳои мушаххас дар бораи  бартараф намудани онҳоро дар бар гирад.

110.Маълумотномаи умумӣаз тарафи роҳбар ва аъзоёни гурӯҳба имзо расида, як нусхаи он ба роҳбарияти прокуратураи санҷидашуда супорида мешавад.

111.Натиҷаи санҷиш дар ҳолатҳои зарурӣдар прокуратураи зери санҷиш қарор гирифта муҳокима карда мешавад.

112.Роҳбари гурӯҳи корӣвазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи ба итмом расидани санҷиш ба Прокурори генералӣмаълумот диҳад.

113.Маълумотҳо оид ба  натиҷаи санҷиш ва дигар ҳуҷҷатҳо, дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯз ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

114.Натиҷаи санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ), чун қоида барои муҳокима дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

115.Кормандони воҳидҳои дар санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) иштирок варзида, инчунин оид ба  натиҷаи кори иҷрокардаашон аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи назоратӣба сардорони раёсату шӯъбаҳо маълумотномаи дахлдор пешниҳод менамоянд.

116.Натиҷаи санҷишҳои соҳавӣ, дар сурати ҳатмӣнабудани баррасиашон дар маҷлиси ҳайати мушовара, мавриди муҳокимаи маҷлисҳои фаврии назди муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё раёсату шӯъбаҳо қарор дода шуда, оид ба  бартараф намудани камбудиҳои муайяншуда  чораҳо андешида мешаванд.

7.Санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда

117.Лоиҳаи санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда (фармонҳо, супоришҳо, амрҳо, низомномаҳо, дастур ва дастурамалҳо)-и Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣва ё бо ташаббуси бевоситаи кормандон аз тарафи раёсату шӯъбаҳо тартиб дода мешаванд.

118.Агар ин қабил ҳуҷҷатҳо бо ташаббуси кормандон омода шаванд, ба лоиҳаи санад гузориши асоснок ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон замима карда мешавад.

119.Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералӣдар соҳаҳои назоратӣметавонанд, дастурамал бароранд.

120.Сардорони раёсату шӯъбаҳо, лоиҳаҳои санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунандаро дар мавриди зарурӣбо дигар раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва бо Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунонанд.

121.Дар ҳолатҳои зарурӣраёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳуқуқии лоиҳаи санадро гузаронида, хулоса тартиб медиҳад.

122.Лоиҳаи  санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда  дар Шӯрои илмӣметодӣмавриди барраси қарор дода мешаванд. Аъзоёни Шӯрои илмӣметодӣметавонанд тавсияҳои худро оиди даровардани тағйиру иловаҳо ба санади баррасишаванда пешниҳод намоянд. Дар ҳолати зарурат ин санадҳо бо таклифи яке аз аъзоёни ҳайати мушовара ва   супориши Раиси ҳайати мушовара дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

123.Кормандони прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда метавонанд, бевосита дар омода сохтани санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда ҷалб карда шуда, онҳо низ метавонанд чунин санадҳоро таҳия ва омода сохта, ба Прокурори генералӣпешниҳод намоянд.

124.Лоиҳаи  санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда бо сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки дар омода сохтани он ширкат варзидаанд ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъулини ин соҳаи назоратанд, мувофиқат кунонида шуда, баъди таҳрир шуданашон аз тарафи раёсат ва шӯъбаи дар омода сохтани он масъул, барои мувофиқат кардан ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

125.Ба лоиҳа маълумотномаи асоснок оид ба  рад намудани таклифҳо ва эродҳои пешниҳодшуда ҳамроҳкарда мешавад.

126.Санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда (ба ғайр аз онҳое, ки махфӣмебошанд) аз тарафи Раёсати кадрҳо ба қайд гирифта мешаванд.

127.Тартиби омода сохтани лоиҳаҳои фармон, дастур ва Низомномаҳои  якҷоя бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони вай муқаррар карда мешавад.

8. Даъвати кормандон аз маҳалҳо

128.Даъвати кормандони прокуратураҳои тобеъ ба Прокуратураи генералӣ, мувофиқи супориши Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, ё бо иҷозати онҳо, дар асоси гузориши асосноки сардорони раёсату шӯъбаҳо сурат мегирад.

129.Давомнокии сафари хизматии кормандоне, ки барои иштирок намудан дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, маҷлисҳои фаврӣё додани маълумот оид ба парвандаҳои мушаххас, санҷишҳои хизматӣва аттестатсия ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд, набояд аз 3 рӯз ва аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 5 рӯз зиёд бошад (ба истиснои таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва дигар шароиту ҳолатҳое, ки мӯҳлати дарозтарро талаб мекунанд.)

130.Масъалаи хароҷоти сафари хизматии кормандони даъватшуда ва ҷобаҷокунии онҳо, хароҷоти сафари хизматии кормандони даъватшуда (дар сурати мавҷуд набудани маблағбарои сафари хизматӣдар прокуратураҳои тобеъ), пешакӣбо сардори Раёсати молиявию хоҷагӣмувофиқат кунонида мешавад. Бе ҳал намудани ин масъалаҳо, кормандон даъват карда намешаванд.

131.Бақайдгирии сафари хизматии кормандони аз маҳалҳо даъватшуда оид ба  мӯҳлати дар Прокуратураи генералӣбудани онҳо аз тарафи раёсату шуъбаҳои дахлдор ва раёсати кадрҳо амалӣгардонида мешавад.

132.Асос ва тартиби ба Прокуратураи генералӣдаъват намудани муфаттишон ва дигар кормандони прокуратураҳои поёнӣбарои иштирок дар гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ, тартиби додани хароҷоти молиявии ин кормандон, бевосита аз тарафи Прокурори генералӣмуайян карда мешавад.

133.Сардорони раёсату шӯъбаҳо вазифадоранд, ин масъалаҳоро зери санҷишу омӯзиш қарор диҳанд ва баҳри такмили ташкили ин кор тадбирҳо андешанд.

134.Дар ҳолате, ки корманд супоришро иҷро намекунад, мӯҳлати дар сафари хизматӣбуданро риоя наменамояд, интизоми меҳнат ва иҷроияро вайрон мекунад, сардори раёсат ва ё шуъба гузориши асоснок тартиб медиҳад, ки он баъди мувофиқа бо муовини Прокурори генералӣбарои баррасии масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣкашидани корманд ба Раёсати кадрҳо супорида мешавад.

9. Назорати иҷрои супоришҳо

135.Назорати иҷрои Фармонҳо, дастурҳо, фармоишоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, чорабиниҳои нақшавӣаз тарафи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

136.Бо ҳуҷҷатҳое, ки иҷроишашон зери назорат қарор доранд (ё дарозмуддат мебошанд), аз ҷумла тартиб додани варақаҳои назоратӣ,  истеҳсолоти назоратӣдар асоси Дастурамал «Дар бораи коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣгардонида мешавад.

137.Назорат бо роҳи мунтазам омӯхтан ва таҳлил намудани маълумотҳои оморӣ, нақшаҳои корӣ, ҳуҷҷатҳои назорати  прокурорӣ, санадҳои эътиноии  прокурорӣ, ахборотҳо, маводҳое, ки аз прокуророни поёни ворид мегарданд, таъмин карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои санҷиш ба тариқи назоратӣ, сафар ба маҳалҳо ташкил карда мешавад.

138.Фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ба прокуратураҳо ё соҳаҳои алоҳидаи назорат, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқтааллуқдоранд, на бештар аз як сол, (агар дар худи санад мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад) зери назорат гирифта мешаванд.

139.Пас аз ба итмом расидани мӯҳлат, масъалаи аз назорат соқит кардан ё идома додани он аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ,  дар асоси гузориши асосноки сардори раёсат ё шӯъба, ёрдамчиёни Прокурори генералӣҳал карда мешавад.

140.Назорати иҷрои супоришҳои Прокурори генералӣва муовинони ӯ, аз ҷумла оид ба  баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва ёрдамчиёни  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣгардонида мешавад.

141.Назорати иҷрои  супоришҳои аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, ҳамчунин тартиб ва мӯҳлати барраси гардидани дархост ва муроҷиатҳои аз мақомотҳои Олии Ҳокимияти давлатӣдохил гардида, аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

142.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ҳолати иҷро, риоя намудани тартиби омодасозии шакли ҳуҷҷатҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда, иҷрои Регламенти мазкурро дар Раёсату шуъбаҳо ва прокуратураҳои поёнӣмесанҷад, санадҳо ва маълумотҳои лозимаро талаб менамояд ва ҳангоми муайян намудани камбудиҳо барои бартараф намудан ва пешгирии онҳо чораҳои дахлдор  меандешад.

143.Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки Регламенти прокуратураҳои худро мутобиқи Регламенти мазкур мураттаб сохта, тибқи он фаъолияташонро ба амал бароранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю ёрдампулӣба ашхоси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намуда, шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти прокуратура ва дар вазифаи судья хизматнамуда ва аъзои оилаҳои онҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 104, аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253, аз 30.03.2013 № 171)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби амалӣнамудани ин қонун, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа баъди ҷавоб шудан аз хизмат ба афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии хизмати таъҷилӣва аскароне, ки мувофиқи шартнома хизмати ҳарбиро адо намудаанд, маллоҳон, сержантҳо ва старшинаҳо /минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ/, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаи тахассус мебошанд, инҳо ҳисоб карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253):

- хизмати ҳарбӣ/аз ҷумла мувофиқи даъват/ дар Қувваҳои мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣва роҳи оҳан, қисмҳои алоқаи ҳукуматӣ, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва разведкаи берунӣ, дигар қисмҳои ҳарбии мувофиқи қонунгузорӣташкилкардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқИҶШС ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил:

- хизмат дар мақомоти амнияти собиқИҶШС дар вазифаҳои ҳайати оперативӣ/ ба шумули давраи омӯзиш/, ҳайатҳои роҳбарӣва фармондеҳӣто 1 октябри соли 1995, аз рӯи рӯйхати вазифаҳое, ки Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқмекунад;

- хизмат дар милиция, мақомот ва муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, қисмҳои ҳарбигардонидашудаи муҳофизати сӯхтор, дигар муассисаҳо ва қисмҳои мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ/муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ/-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқИҶШС дар вазифаҳои ҳайати афсарӣ, сержантӣ, қаторӣва фармондеҳӣ/аз ҷумла дар вазифаҳои таҷрибаомӯз/ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

- хизмат дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ашхоси дорои рутбаҳои махсус;

- хизмат дар мақомоти полицияи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кормандони дорои рутбаҳои махсус;

- хизмати ҳарбӣдар Қувваҳои Мусаллаҳ/армияҳо, қӯшунҳо/, мақомоти амният ва дигар қисмҳои ҳарбии мувофиқи қонунгузорӣташкилгардида, хизмат дар мақомоти корҳои дохилии /полицияи/ дигар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳод дохил намешаванд ва бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқИҶШС шартномаҳоро оид ба таъминоти иҷтимоӣ, ки баҳисобгирии мутақобиларо ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақаи хизматчиёни ҳарбии ҷавобшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ/полиция/, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, хадамоти онҳо дар дигар давлатҳо /аз ҷумла хизмати хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилии ин давлатҳо дар ҳолатқое, ки дар сарсатри дувоздаҳуми банди мазкур нишон дода шудааст/ пешбинӣменамояд, бастааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

- хизмат дар воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кормандони дорои рутбаҳои махсус (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100);

- хизмат дар гурӯҳҳо ва иттиҳодҳои партизании советӣ, қисмҳо ва иттиҳодҳои лашкари халқӣдар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

- хизмат ба сифати бинокорони ҳарбӣдар гурӯҳҳои /қисмҳои/ ҳарбию сохтмонӣ;

- вақти гузаштани тайёрии амалии ҳавоии ашхосе, ки ба хизмати ҳарбӣдаъват шудаанд ва омӯзиши афсарони захиравии ҳайати ҳавой дар сохтори собиқДОСААФ-и ИҶШС ва "Ташкилоти мусоидат ба мудофиа"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон на пештар аз 1 январи соли 1961;

- вақти иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ- на пештар аз 2 майи соли 1994 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

- хизмат дар батальонҳои қиркунанда, взводҳо ва гурӯҳҳои муҳофизати халқии дар қаламрави Украина, Белоруссия, Латвия, Литва ва Эстония дар давраи аз 1 январи соли 1941 то 31 декабри соли 1951 амалкарда ба сифат ҷанговарони дар ҳолати казармавӣбуда, инчунин дар вазифаҳои ҳайати фармондеҳӣ;

- давраи кори афсарон ва ашхоси ҳайати фармондеҳӣдар мақомоти ҳокимияти давлатӣва идора, вазоратҳои шаҳрвандӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо мондани онҳо дар хизмати ҳарбӣё кадрҳои /захираҳои амалкунандаи/ вазоратҳои корҳои дохилӣ/муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ/-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқИҶШС;

- давраи кори собиқашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳӣдар мақомоти Шӯроҳои депутатҳои халқбаъди 23 октябри соли 1973, агар ин ашхос аз хизмати корҳои дохилӣбо сабаби интихоб шудани онҳо ҳамчун депутат ба вазифаҳои интихобӣдар мақомоти Шӯрои депутатҳои халқозод шуда, баъди хатми ваколатҳояшон дар вазифаҳои интихобӣба хизмат баргаштаанд;

- давраи кор то қабул шудан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ба сифати коргар ва хизматчӣдар мақомот ва муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, изоляторҳои тафтишотӣ, пунктҳои транзитию интиқолӣпрофилакторияҳои табобатию меҳнатӣва муассисаҳои табобатии маҳаллоти маҳрумияти озодӣ(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

- давраи дар асирӣ, дар иҳота ва тафтишоти махсус будани хизматчиёни ҳарбӣ/аз ҷумла онҳое, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват мегузаштанд/, агар асирӣихтиёрӣнабошад ва хизматчии ҳарбии дар асирибуда ба муқобили Ватан ҷиноят содир накарда бошад, инчунин вақти дар концлагерьҳои фашистӣё дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣдар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣбудани ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бо риоя намудани шартҳои мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

- давраи дар маҳкумияти пешакӣ, давраи дар маҳаллоти маҳрумияти озодӣва дар бадарға будани хизматчиёни ҳарбӣ/аз ҷумла онҳое, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват мегузаштанд/, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, кормандони мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаи тахассус буда, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣкашида шудаанд, беасос табъид /репрессия/ шудаанд ва баъд сафед карда шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253);

- вақти танаффус дар хизмати хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, кормандони мақомоти прокуратура ва судьяҳо, ки дорои дараҷаҳои тахассус мебошанд, дар ҳолатҳои аз хизмат ғайриқонунӣозод намудани онҳо ва минбаъд ба хизмат барқарор шудани онҳо, ки қонунгузорӣпешбинӣнамудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253);

- давраи кор дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корманди прокурорию тафтишотӣ;

- давраи кор дар вазифаи судья;

- давраи иҷрои вазифаҳо аз тарафи ашхоси ба ҳайати қисмҳои ҳарбикардашуда дохилгардида дар мавриди ҳимояи сохти конститутсионӣ;

2. Ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақа мувофиқи банди "а" моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ба афсарони ба хизмати ҳарбӣаз захира ҷалбгардида бо дарназардошти ихтисоси дар муассисаҳои таълимии шаҳрвандӣгирифтаашон, инчунин мувофиқи шарти мазкур ба занҳо-афсарони ба хизмати ҳарбӣҷалбгардида, ки дар захира намебошанд, вақти таълими онҳо то ҷалб гардидан ба хизмати ҳарбӣдар муассисаҳои олии таълимоти шаҳрвандӣё дар муассисаҳои таълимоти миёнаи махсус, ки давраҳо ё шӯъбаи тайёрии ҳарбӣдоштанд дар ҳудуди то 5 сол, аз ҳисоби як соли таҳсил баробар бо шаш моҳи хизмат дохил мешавад. Мувофиқи ҳамин шартҳо ба собиқаи хизмат давраи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии шаҳрвандӣба афсарон, ки донишҷӯбуда, бевосита аз муассисаҳои таълимотии мазкур то хатми он барои давом додани таҳсил ба муассисаҳои таълими олии ҳарбӣшомил шудаанд, дохил мешавад.

Ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақа ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, коркунони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура ва судьяҳои дорои дараҷаҳои ихтисос, вақти таҳсили онҳо то дохил шудан ба хизмат дар муассисаҳои таълимоти олии шаҳрвандӣё дар муассисаҳои миёнаи махсуси таълимӣто панҷсол аз ҳисоби як соли таҳсил баробар бо 6 моҳи хизмат ба ҳисоб гирифта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақа ба хизматчиёни ҳарбии мақомоти амният ва ашхоси ҳайати фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки ба хизмат то 1 январи соли 1991 қабул шудаанд, давраи кори онҳо то қабул шудан ба хизмат, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандаи пештара барои пардохти иловапулии фоиз барои собиқаи хизмат ба назар гурифта шудааст, дохил мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

3. Ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура ва судьяҳои дорои дараҷаҳои ихтисос, ки аз хизмат озод шудаанд, мувофиқи шартҳои имтиёзнок чунин ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253):

а/ як моҳи хизмат баробар бо шаш моҳдар ҳайати доимии қисмҳои ҷаримавии армияи амалкунанда дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

б/ як моҳи хизмат баробар бо се моҳ:

дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда, дар отрядҳои советии партизанӣва қисмҳо дар давраи амалиёти ҷангӣ;

дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳое, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил набуданд ва мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣдар шаҳрҳои қаҳрамон Одесса - аз 10 августи то 16 сентябри соли 1941, Ленинград - аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944, Севастополь - аз 5 ноябри соли 1941 то 4 июли соли 1942 ва Сталинград - аз 12 июль то 19 ноябри соли 1942 ҷойгир буданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

вақти бетанаффуси табобат дар Муассисаҳои табобатӣдар натиҷаи маҷрӯҳӣ, контузия, маъюбӣё дучор шудан ба бемориҳо дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳое, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил мешаванд;

давраи, иштироки хизматчиёни ҳарбӣ/аз ҷумла хизматро мувофиқи даъват адокардагон/ инчунин ашхоси дар абзаци ёздаҳуми банди 1 қарори мазкур нишондодашуда дар амалиётҳои ҷангӣоид ба барҳам додани ҷунбиши махфии миллатчигӣдар ҳудуди Украина, Белоруссия, Латвия, Литва ва Эстония дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ва ҳангоми дар ин амалиётҳо маҷрӯҳ, контузия ё маъюб шудан ва вақти бетанаффуси табобат дар муассисаҳои табобатӣ;

дар ҳайати корпуси 64 авиационии қиркунанда, ки дар амалиёти ҷангӣдар давраи аз ноябри соли 1950 то июли соли 1953 иштирок кардаанд;

дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳое, ки дар қаламрави Венгрия дар давраи амалиёти ҷангӣдар ин мамлакат - аз 24 октябрь то 10 ноябри соли 1956 буданд ва ҳангоми дар давраи мазкур маҷрӯҳ, контузия ё маъюб шудан ва вақти бетанаффуси табобат дар муассисаҳои табобатӣ;

дар ҳолатҳое, ки армияи онҳо амалиёти ҷангӣмегузарониданд ё ба дигар давлатҳо ёрии ҳарбӣмерасониданд, сафари хизматии мутахассисони ҳарбии ҳайати ҳавоӣба ин давлатҳо новобаста аз иштироки онҳо дар амалиёти ҷангӣдар давраи аз 1 январи соли 1961 то 31 декабри соли 1982;

дар қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон, инчунин дигар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣгузаронда шудааст /мувофиқи рӯйхат ва давраҳое, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 № 60 пешбинӣгардидаанд/, агар хизматчиёни ҳарбӣ/аз ҷумла хизмати ҳарбӣмувофиқи даъват/, ашхоси қаторӣва ҳайати фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаҳои ихтисос буда, дар ин амалиёт иштирок намудаанд /ба ғайр аз ашхосе, ки аз хизмат ё сафари хизматӣаз ин давлатҳо барои рафтори ношояме, ки тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳиро доғдор мекунад, озод шудаанд ё аз маъмурият бозхост шудаанд/ ва вақти бетанаффуси табобат дар муассисаҳои табобатӣдар натиҷаи маҷрӯҳӣ, контузия, маъюбӣё бемориҳо дар мамлакатҳои мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003№ 100, аз 04.06.2004 № 253);

дар корҳои вобаста бо барҳам додани натиҷаҳои фалокати Чернобыль ва пешгирӣнамудани заҳролудшавии муҳити атроф дар минтақаи бегонашуда /дар ҳудуде, ки аз он аҳолӣдар соли 1986 кӯчонда шудааст/ дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;

давраи иҷрои вазифаҳо оид ба нигоҳдоштани тартиботи ҳолати фавқулодда аз 23 октябри соли 1992 то 12 августи соли 1994 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

давраи дар маҳкумияти пешакӣбудан, давраи дар маҳаллоти маҳрумияти озодӣва дар бадарға будани хизматчиёни ҳарбӣ/аз ҷумла онҳое, ки мувофиқи даъват хизматро адо намудаанд/, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура ва судьяҳои дорои дараҷаҳои ихтисос, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣкашида шудаанд, беасос табъид /репрессия/ шудаанд ва баъд сафед карда шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253);

давраи иштироки ашхоси ба ҳайати қисмҳои ҳарбигардонидашуда аз 27 апрели соли 1992 то 31 декабри соли 1993 дохилшуда дар амалиёти ҷангӣ/низоъҳо/ дар мавриди ҳимояи сохти конститутционии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в/ дар як моҳи хизмат баробар ба ду моҳ:

дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣдар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳое, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил намешуданд ва мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, /ғайр аз ҳолатҳои дар абзаци сеюм ва панҷуми зербанди "б" банди мазкур нишондодашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

давраи дар асирӣбудани хизматчиёни харбӣ/аз ҷумла ашхосе, ки мувофиқи даъват адои хизмат мекарданд/ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, агар асирӣихтиёрӣнабошад ва хизматчии ҳарбӣҳангоми дар асирӣбудан ба муқобили Ватан ҷиноят содир накарда бошад, инчунин дар ин давра бо риояи шарти мазкур дар концлагерьҳои фашистӣва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣбудани ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

дар кори парвоз дар авиацияи реактивӣва турбовинтӣмувофиқи шартҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

дар корхонаҳо ва ташкилотҳои мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣмувофиқи замимаи № I (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

дар мамлакатҳое, ки армияи онҳо амалиёти ҷангӣгузаронидаанд ё ба дигар давлатҳо ёрии ҳарбӣрасонидаанд,- мутахассисони ҳарбии ба сафари хизматӣба ин давлатҳо фиристодашуда /ба ғайр аз ҳайати ҳавоӣ/ новобаста аз иштироки онҳо дар амалиёти ҷангӣдар давраи аз 1 январи соли 1961 то 31 декабри соли 1982;

дар маҳалҳои баландкӯҳдар баландии 2500 метр ва аз ин зиёд аз сатҳи баҳр: барои хизматчиёни ҳарбӣ- аз 1 январи соли 1976, барои ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣаз 1 маи соли 1985; барои ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук аз 1 феврали соли 1992 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

барои ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар полицияи андоз аз 1 феврали соли 1996; барои ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар Агентии назорати маводи нашъаовар аз 1 июни соли 1999 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100);

дар мақомот ва муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки барои нигоҳдорӣва табобати бемориҳои сирояткунандаи ҷазогирифтагон, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилии баъди 13 августи соли 1994 ҷавобшуда пешбинӣгардидаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

г) як моҳи хизмат баробар ба якуним моҳ(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253):

дар маҳалҳои баландкӯҳи баландиаш 1500 то 2500 м аз сатҳи баҳр барои хизматчиёни ҳарби аз 1 апрели соли 1973, барои шахсони ҳайати катори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили-аз 1 майи соли 1985;

дар маҳалҳои баландкӯҳи баландиаш аз 1000 то 1500 м аз сатҳи баҳр ва дар ҳолатҳои истиснои аз ин пасттар аз руи номгӯи қисмҳои ҳарби, ҷузъу томҳо ва муассисаҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ, мекунад - аз 1 январи соли 1988;

дар маҳалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шароити номусоиди иқлими ва экологи аз 1 январи соли 1988:

шаҳри Табошар, ноҳияи Айни, шаҳракҳои Адрасмон ва Олтин-Топкани вилояти Суғд;

шаҳри Сарбанд, ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Фархор, Шаҳритус ва Ёвони вилояти Хатлон;

шаҳри Турсунзода;

дар қаламрави боқимондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз маҳалҳои дар зербанди "в" ва сархатҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин банд) - аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 2004 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

4. Муқаррар карда шавад, ки хизмати ҳарбӣмувофиқи даъват ба сифати аскар, маллоҳ, сержант ва старшинаҳо/пештар хизмати таъҷилии ҳарбӣ/ ба ғайр аз давраҳои ба ҳисоби собиқаи хизмат мувофиқи шартҳои имтиёзнок дохилшаванда, барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои армияи амалкунанда, хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣадои хизмат намудаанд ё дар асирӣбудаанд, дар корҳои барҳам додани оқибатҳои фалокати станцияи барқии атомии Чернобыль иштирок\ намудаанд ё беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣкашида шуда ё табъид шудаанд, ба собиқаи хизмат барои муқаррар намудани нафақа мувофиқи ҳисоби тақвимӣҳисобида шавад.

Занҳое, ки мувофиқи хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣба сифати аскар, маллоҳ, сержант ва старшина /ба собиқхизматчиёни ҳарбӣ-занҳо/, давраи хизмати дар зербандҳои "в" ва"г" банди 3 қарори мазкур нишондодашуда, ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа мувофиқи шартҳои имтиёзноки дахлдор на пештар аз 5 августи соли 1976 ҳисоб карда мешавад.

Хизмати хизматчиёни мақомоти контрразведкаи ҳарбии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои махсуси Куммтаи давлатии бехатарии собиқИҶШС, ки дар шароити якхелаи хизмат бо ҳайати шахсии хизматрасонии қисмҳои ҳарбӣва ҷузъу томҳо қарор доранд, ба собиқаи хизмат барои таъини нафақа мувофиқи шартҳои имтиёзнок ва тартиби ба хизматчиёни ҳарбии ҳамин қисмҳои ҳарбӣва ҷузъу томҳо муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.

5. Ҳангоми мавҷуд будани ду ё зиёда асос барои ҳисоби собиқаи хизмат барои нафақа мувофиқи шартҳои имтиёзноки ҳамон давраи хизмат ҳисобро аз рӯи як асосе, ки имтиёзи зиёдтар медиҳад, амалӣменамоянд.

6. Хизмати хизматчиёни ҳарби то 15 майи соли 1992 (шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили то 21 декабри соли 1993) дар маҳалҳои дур, маҳалҳои баландкӯҳва дар ноҳияҳои дорои шароитҳои номусоид, дар дигар шароитҳои махсуси хизмати (дар авиатсия, дар киштиҳои гуногун, киштиҳои Флоти ҳарбии баҳри, дар Ҷузъу томҳои махсус) дар қаламрави ҷумҳуриҳое, ки пештар ба ҳайати собиқИЦШС дохил мешуданд (аз он ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон), ба собиқаи хизмати барои таъини нафақа дар асоси шартҳои мутобиқи имтиёзнок ки санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии собиқИҶШС муқаррар кардааст (бо дарназардошти зербанди "г" банди 3-и ҳамин қарор), ба ҳисоб гирифта мешавад.

Аз 15 майи соли 1992 хизмати хизматчиёни ҳарби (аз 21 декабри соли 1993 хизмати шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили) берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар қаламрави дигар давлатҳоиштирокчиёни ИДМ, дар маҳалҳои дур, баландкӯҳи дорои шароити номусоид, дар дигар шароити махсуси хизмат - ба собиқаи хизмати барои таъини нафақа ба таври имтиёзи мувофиқи қонунгузории давлатҳое, ки онҳо дар қаламравашон хизмат намуданд, то аз ҷониби ин давлатҳо қабул гардидани санадҳои қонунгузори оид ба ин масъала бошад - мувофики санадҳои муайяннамудаи қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии собиқИҶШС ба ҳисоб гирифта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

7. Нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, кормандони мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари дорои рутбаҳои махсус, ки аз хизмат ҷавоб шудаанд, аз маблағи таъминоти пулии онҳо, ки дар банди 8 ва 9 қарори мазкур нишон дода шудааст, бо боло бурдани /индексацияи/ ин таъминоти пулӣто рӯзи таъин ё ҳисобу китоби нафақаи онҳо ва ҷубронпулӣба ивази озуқаворие, ки бо тартиби пешбининамудаи банди 10 қарори мазкур муайян гардидааст, муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ҳисоби нафақаи ашхоси аз мақомоти прокуратура ва аз вазифаҳои судья озодгардидаи дорои дараҷаҳои тахассус ва инчунин аъзои оилаи онҳо мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 № 796 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣмегардад.

8. Ба таъминоти пулӣҳангоми ҳисоби нафақа мувофиқи тартибе, ки банди 7 қарори мазкур пешбинӣнамудааст, дохил карда шавад:

а/ хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда /ғайр аз онҳое, ки дар зербанди "в", "г" банди мазкур нишон дода шудаанд/ - маош аз рӯи вазифаи охирин /бо дарназардошти абзаци дуюми зербанди мазкур/, маош аз рӯи рутбаи ҳарбии додашуда дар рӯзи ҷавоб шудан ва иловапулии фоизӣбарои собиқаи хизмат, ки аз ҳамин маошҳо ҳисоб карда шудааст.

Ба афсарон бо сабаби саломатӣё синну сол аз кори парвоз дар қувваҳои ҳавоӣинтиқолшуда, ки дар рӯзи истиқол дорои собиқаи хизмат буда, ҳуқуқи нафақаро барои собиқаи хизмат доранд, нафақа ҳангоми ҷавобшавии онҳо аз хизмати ҳарбӣметавонад аз рӯи маоши вазифаи хизматии охиринашон то рӯзи истиқлол ёфтанашон ҳисоб карда шавад.

Бо ҳамин тартиб нафақаи афсарони дорои рутбаи полковник, ба онҳо баробар ё боло, ки аз хизмати ҳарбӣҷавоб шудаанд ё ба манфиати хизмат бо сабаби саломатӣё синну сол аз вазифае, ки онҳо на камтар аз се сол ишғол карда буданд, ба вазифаи маошаш камтар гузаронда шудаанд ва дар рӯзи гузаронидан ба вазифаи дигар дорои собиқаи хизмат буда, ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои собиқаи хизмат доранд, ҳисоб шуда метавонад.

б/ ба ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии аз хизмат озодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣё ашхосе, ки аз хизмати мақомоти гумрукӣва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар озод шуда, дорои рутбаҳои махсус мебошанд /ба ғайр аз нишондоди зербанди "г" банди мазкур/маош аз рӯи вазифаи охирини штатӣ/бо дарназардошти абзаци дуюми зербанди мазкур/, маош барои рутбаи махсус, ки дар рӯзи ҷавоб шудан дода шудааст ва иловапулии фоизии барои собиқаи хизмат аз рӯи ҳамин маоши ҳисобкардашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ба ашхоси ҳайати сардории дорои рутбаҳои полковники милиция, полковники хизмати дохилӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар, полковники адлия ва болотар, ки бо қарори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори дигар гузаронда шудаанд, инчунин ба ашхоси ҳайати фармондеҳӣдар мақомоти гумрукӣбо рутбаи полковники хизмати гумрукӣва боло, ки бо қарори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои манфиати хизмат бо сабаби саломатӣё синну сол аз вазифае, ки онҳо на камтар аз се сол ишғол карда буданд, ба вазифаи маошаш ками хизматӣгузаронда шудаанд за дар рӯзи гузарондан дорои собиқаи хизмат, ки ҳуқуқи нафақаро барои собиқаи хизмат медиҳад, мебошанд, нафақа ҳангоми озод шудани онҳо аз вазифа аз рӯи маоши вазифае, ки пеш аз интиқол шуданашон ишғол карда буданд, ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253, аз 30.03.2013 № 171);

в/ ба афсарони аз хизмати ҳарбӣозодшуда то дохил шудан ба вазифаи штатӣбаъди хатми муассисаҳои таълимоти ҳарбӣё даъват аз захира маоши ба онҳо муқарраргардида, маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣ, ки дар рӯзи ҷавоб шуданашон муқаррар гардидааст ва иловапулии фоизӣбарои собиқаи хизмат, ки аз рӯи маошҳо ҳисоб карда шудааст, агар хизматчии ҳарбӣҳуқуқи гирифтани онро дошта бошад;

г) ба хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати фармондеҳии мақомоти корҳои дохили, мақомоти гумрук воҳидҳои политсияи андоз ва воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дорои рутбаҳои махсуси аз хизмат рухсатшуда, ки барои кор ба мақомоти олии ҳокимият ва идораи давлати, вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои ғайринизоми фиристода шуда буданд ва баробари маоши вазифави маош аз рӯи рутбаи махсус ё ҳарби ва иловапули барои собиқаи хизмати дарозмуддат мегирифтанд, инчунин ба шахсоне, ки барои кор (гузаштани хизмати ҳарби) берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буданду маоши худро бо асъори хориҷи мегирифтанд, маоши муқарраршуда аз рӯи вазифаи ишғолкардаи онҳо то фиристодан ба дигар мақомот ё берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, маош аз рӯи рутбаи ҳарби ё махсуси то рӯзи рухсатшави додашуда ва иловапули барои собиқаи хизматии аз ҳамин маошҳо ҳисобкардашуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

Ба ашхосе, ки бевосита пеш аз озод шудан танҳо музди меҳнатро бо тартиб ва андозаи муқарраршуда барои кормандони мақомот, вазорату идораҳо ва ташкилоте, ки онҳо барои кор фиристода шуда буданд, маоши вазифагие, ки аз рӯи вазифаи шабеҳбарои афсарон ва ашхоси ҳайати сардории мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣмуқарраргардида маош аз рӯи рутбаҳои ҳарбӣва махсус, ки дар рӯзи озод кардан дода шудааст, ва иловапулии фоизие, ки аз рӯи ин маошҳо ҳисоб карда шудааст, гирифтаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

9. Ба хизматчиёни ҳарбии аз хизмат озодшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣё ашҳоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки пеш аз озод шудан маоши шахсии вазифагӣё маоши таъминоти пулии барои хизмат дар ҷойҳои дурдаст, маҳалҳои баландкӯҳва минтақаҳои вобаста ба иҷрои супоришҳои махсус зиёдгардидаро гирифтаанд, нафақа на аз рӯи маоши шахсӣё маоши зиёдгардида, балки аз рӯи маоши муқаррарӣҳисоб карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

10. Ҷубронпули бар ивази хӯрокпули, ҳангоми ҳисоби нафақаи хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили, шахсони дорои рутбаи махсус дар мақомоти гумрук воҳидҳои полиси андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотн ҳифзи ҳуқуқи, ки аз рӯи музди меҳнат ба онҳо баробар карда шудаанд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои соли дахлдор ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

11. Муқаррар карда шавад, ки нафақаҳо барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки вафот кардаанд /ҳалок шудаанд/, пардохта мешавад, маблағҳои таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣва ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки мутобиқи он ҷудо кардани нафақа ба саробони оила, бо боло бурдани /индексацияи/ ин маблағдар рӯзи таъини он ё ҳисобу китоби нафақа ва ҷубронпулӣба ивази меъёри озуқавории дар рӯзи таъини нафақа муайяншуда, ки дар банди 10 қарори мазкур пешбинӣшудааст, ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003№ 100, аз 04.06.2004 № 253).

Дар ин маврид абзаци дуюми зербанди "а" ва абзаци дуюми зербанди "б" банди 8 қарори мазкур истифода бурда намешавад.

Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар нафақа аз ҷамъи таъминоти пулӣ, ки дар асоси он нафақаи саробон ҳисоб карда буд, (бандҳои 7-8 қарори мазкур), бо болоравии (индексацияи) ин таъминоти пулӣто рӯзи муқаррар намудан ва ҳисобу китоби нафақа ба оила ва дар рӯзи ҷубронпулии ба ивази озуқаворӣ(банди 10 қарори мазкур) нишондодашуда ҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Нафақа ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида аз ҳисоби судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишоти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои дараҷаҳои тахассус мебошанд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1995 № 796 "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳисоб карда мешавад.

12. Ҳангоми таъин ё аз нав барқарор кардани пардохти нафақаи хизматчиёни ҳарбии аз хизмат озодшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ(полиция), муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқИҶШС оид ба таъминоти иҷтимоӣқарордодҳо (созишомаҳо) бастаанд, инчунин ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбии номбурда, ашхоси ҳайати каторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣва ашхоси дорои рутбаҳои махсус, дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, нафақаашон вобаста аз ҷамъи таъминоти пулии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрукӣ, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазифаи хизматии шабеҳва дигар шароити баробар ва ҷубронпулӣба ивази озуқаворие, ки мувофиқи тартиби дар бандҳои 7-11 қарори мазкур пешбинӣшудааст, ҳисоб карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

13. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолатҳои бо қонунгузорӣпешбинигардидаи баландшавии нарху наво ё зиёд намудани таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣдар хизматбуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣба ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаҳои тахассус ё ин ки баландшавии андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол, ки қонун муқаррар намудааст, мебошанд, нафақаи муқаррарнамуда бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" бо тартиби зерин аз наз баррасӣмегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253):

а) дар сурати баландшавии қимати ҳаёт нафақаҳои пештар муқарраршудаи хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки дорои дараҷаҳои тахассус мебошанд ва оилаҳои онҳо бо дарназардошти болоравии (индексация) арзиши нарху наво барои давраи дахлдор, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣмувофиқи тартиб, андоза ва вақти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи индексацияи даромади пулии шаҳрвандон муайян менамоянд, зиёд карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

б) дар ҳолати баланд бардоштани таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар нафақаи хизматчиёни ҳарбии аз хизмат пештар озодшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз нав баррасӣмегарданд, агар сатҳи нафақаи пардохташаванда, бо дарназардошти баландравӣ(индексация) мувофиқи зербанди "а" банди мазкур, то баландшавии таъминоти пулӣаз сатҳи нафақае, кӣмувофиқи шартҳои баробар аз таъминоти пулии зиёдкардаи гурӯҳҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣва ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ҳисоб карда шудаанд, камтар бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Дар баробари ин, агар барои аз нав дида баромадан асос мавҷуд бошад, нафақаҳои пештар ба онҳо таъингардида аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонукгузорӣ, дар асоси маблағи таъминоти пулӣзиёдкардашуда, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 7-12 қарори мазкур муайян карда шудааст ва арзиши якмоҳаи озуқаворӣ, ки то рӯзи зиёд кардани таъминоти пулӣҳисоб карда шудааст, аз нав ҳисоб карда мешаванд. Андозаи ҳадди ақали нафақа, инчунин иловапулиҳо ба нафақа ва зиёдкунии нафақа дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, аз рӯзи муқаррарнамудаи қонунгузори оид ба аз нав ҳисоб кардани нафақаи онҳо, муайян мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

Ҳангоми дар як вақт ба вуҷуд омадани асоси дар зербандҳои "а" ва "б" банди мазкур нишондодашуда барои аз наз дида баромадани нафақае, ки баъди аз хизмат ҷавоб шудани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва оилаҳои онҳо таъмин карда шудааст, нафақа аз рӯи яке аз ин асосҳо вобаста ба он ки кадоме аз онҳо аз сатҳи нафақаи пештар муқарраршуда зиёд аст, аз наз дида баромада мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ҳангоми баланд бардоштани маоши категорияҳои алоҳидаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар мувофиқи тартиби танзими таъминоти пулӣ, на бо сабаби беқурбшавӣ, нафақаи категорияҳои дахлдори пештар аз хизмат озодшудаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии дорои дараҷаҳои тахассус дар мақомоти прокуратура ва оилаҳои онҳо аз рӯи банди мазкур аз нав дида баромада намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ҳангоми баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали нафақа мувофиқи синну сол аз рӯзи баланд бардоштани он, нафақаи пештар таъиншудаи хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили, шахсони дорои рутбаи махсус дар мақомоти гумрук воҳидҳои полиси андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи пашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии дорои дараҷаҳои тахассуси, ки аз хизмати ҳарби рухсат шудаанд ва нафақаи оилаҳои онҳо, ки мутобиқи пардохтҳои иловаги ва зиёд кардани ҳадди ақал ва ё ҳаҷмҳои то ҳадди ақал бо назардошти ҳаҷми нави ҳадди ақали нафақа мувофиқи синну сол муайяншуда, ҳисоб карда шудааст, аз нав дида мешавад, агар ҳамзамон барои аз нав дида баромадани нафақаи онҳо мутобици зербанди "б"-и ҳамин банд асос набошад. Дар ин ҳолат нафақаҳои зикршуда дар асоси ҳаҷми нави ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраршуда ва бо ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми ҷубронпули бар ивази хӯрока дар рӯзи аз нав дида баромадани нафақа, ҳисоб карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253);

14. Дар ҳолате, ки аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар муқарраршуда вобаста ба баландшавии андозаи он /ҳангоми муқаррар намудани гурӯҳҳои болотари маъюбӣ, зиёд шудани собиқаи хизмат, таъини иловапулӣва ғайра/ нафақа ба андозаи нав, ки аз таъминоти пулии дар рӯзи мувофиқи банди 7 қарори мазкур аз наз ҳисоб кардан зиёд карда шудааст, якҷоя бо иловапулиҳои дахлдор, ки дар асоси андозаи ҳадди ақалли то ҳамон рӯз мавҷудаи нафақаи синну сол муайян карда мешаванд, аз нафақае, ки дар шароити пештара бо дарназардошти индексацияи бо зербанди "а" банди 13 қарори мазкур пешбинигардида пасттар бошад, пардохти нафақа бо андозаи пешина то барои баланд бардоштани нафақа ҳуқуқпайдо кардани нафақахӯр нигоҳдошта шавад.

15. Ҳангоми аз хизмат озод шудан ёрдампулии яквақта пардохта шавад:

а/ ба хизматчиёни ҳарбӣ/ғайр аз афсароне, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват гузаштаанд/ аз хизмат бо сабаби расидан ба ҳаади ниҳоии синну сол, бо сабаби саломатӣё тадбирҳои ташкилию штатӣба андозаҳои муайяннамудаи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақом /статус/, кафолатҳои иҷтимоӣва ҳукуқии ҳифзи хизматчиёни ҳарбӣва аъзои оилаҳои онҳо", бо дигар асосҳо аз хизмат озодшудагон /ғайр аз дар абзаци охирини банди мазкур қайдшуда/-40 фоизи андозҳои муқарраршуда. Ба афсарони мувофиқи даъват дар хизматбуда ҳангоми ҷавоб шудан ба захира ё истеъфо /ба ғайр аз озодшавандагон мувофиқи асосҳои дар сарсатри охирини банди мазкур нишондодашуда / ёрдампулии яквақта ба андозаи 2 музди меҳнат /абзацҳои 2 ва 4 банди 17 Қарори мазкур/ пардохта мешавад;

б) ба ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари аз хизмат мувофиқи синну сол, беморӣ, ихтисори штатҳо ё маҳдудияти ҳолати саломатӣозодшуда ба андозаҳои бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1993, № 160 муқарраргардида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253);

в) пардохти ёрдампулиҳо ба кормандони воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣмегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100).

Ёрдампулии яквақта ба хизматчиёни ҳарбии аз хизмат озодшуда, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар барои солҳои пурраи собиқаи хизмат бе яклухткунӣбидуни зиёд кардан пардохта мешавад. Ба собиқаи хизмат барои пардохти ёрдампулии яквақта ҳангоми аз хизмат озод шудан давраи хизмати ҳарбӣва хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки дар банди 1 қарори мазкур нишон дода шудаанд, мувофиқи ҳисоби тақвимӣҳисоб карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Дар ҳолати такроран ба хизмат таъин намудани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ёрдампулии яквақта ҳангоми минбаъд аз хизмат озод шудани онҳо дар асоси собиқаи умумии хизмат то рӯзи дафъаи охирин аз хизмат озод шудаш, бо дарназардошти ёрдампулиҳои ҳангоми пештар аз хизмат озодшавӣпардохташуда (аз рӯи музди меҳнати моҳона), аммо на камтар аз андозаи музди меҳнати думоҳа (банди 17 қарори мазкур) пардохта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари аз хизмат барои иҷро накардани шарти қарордод, содир кардани рафторе, ки эътибори хизматчии ҳарбиро паст мезанад ё ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳӣбо сабаби гирифтани ҷазои ҷиноӣдар шакли маҳрумият аз озодӣё маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣё махсус, ёрдампулии яквақтаи пешбининамудаи банди мазкур пардохта намешавад. Инчуник ба хизматчиёни ҳарбие, ки аз хизмати ҳарбӣбо сабаби гузаронидан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки аз ин мақомот ба хизмати ҳарбӣдаъват шудаанд, ёрдампулии яквақта пардохта намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

16. Муқаррар карда шавад, ки хизматчиёни ҳарбӣашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар (ғайр аз нишондоди сархати дуюми банди мазкур), ки аз хизмат бо сабаи расидан ба синну соли ниҳоӣдар хизмат будан (мувофиқи синну сол) ҳолати саломатӣё бо сабаби тадбирҳои ташкилию штатӣ(бо ихтисори штатҳо) бе ҳуқуқи нафақа дар баробари пардохти ёрдампулии яквақта ҳангоми аз хизмат озод шудан дар муддати як соли рӯзи аз хизмат озод шудан маош мувофиқи рутбаи ҳарбӣё махсус мутобиқан пардохта мешавад. Дар айни замон , агар дар муддати нишондодашуда маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣё махсус ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовари дар хизматбуда зиёд шавад, мутобиқи андозаи ин маошҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар пардохташаванда, то муддати як соли баъди озод шудани онҳо аз хизмат зиёд карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ба афсарон ва ашхоси ҳайати миёна, калон ва олии фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки пеш аз озод шуданашон дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, вазоратҳои ғайринизомӣ, идора ва ташкилот кор мекарданд сархати дувоздаҳуми банди I қарори мазкур ва баъди озод шуданашон дар кори пештараашон мондаанд, инчунин афсарони мувофиқи даъват дар хизмати ҳарбӣбуда, маош мувофиқи рутбаи ҳарбӣва махсус дар муддати як сол аз рӯзи озод шудан аз хизмат пардохта намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

17. Ёрдампулии яквақта,ки дар банди 15 қарори мазкур пешбинӣшудааст, ба онҳо таъин карда мешавад:

ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар (ғайр аз нишондоди сархати чоруми банди мазкур) - аз маоши мувофиқи вазифаи охирин ва рутбаи ҳарбӣё махсус дар рӯзи озод шудан аз хизмати ҳарбӣпардохт шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253);

ба хизматчиёни ҳарбӣва ашхоси ҳайати фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрукӣ, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, кӣбарои кор ба мақомоти олии ҳокимият ва идораи давлатӣ, вазоратҳои ӯайринизомӣ, идораю ташкилот фиристодашуда ва бевосита пеш аз озод шуданашон аз хизмати музди меҳнатро мувофиқи тартиб ва андозаи барои кормандони ин мақомот, вазорату идораҳо ва ташкилот муқарраршуда мегирифтанд, аз маоши мувофиқи вазифа дар рӯзи озод шудан аз хизмат пардохтшаванда ва ба онҳое, ки баробари маоши вазифагӣаз рӯи рутбаи ҳарбӣё махсус маош мегирифтанд - аз рӯи маошҳои мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

18. Ба нафақахӯроне, ки кор намекунанд, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва аъзои оилаҳои онҳо ҳангоми таваллуди кӯдак ва барои дафъи аъзои фавтидаи оила, ки таҳти саробонии онҳо мебошанд, мувофиқи тартиб ва андозаи пешбининамудаи қонунгузорӣаз рӯи суғуртаи иҷтимоӣёрдампулӣдода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

19. Ҳангоми вафоти нафақахӯр аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук ва воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва аъзои оилаи онҳо ба аъзои оилаи шахсӣфавтида ё онҳое, ки ӯро дафн мекунанд, барои дафн ба андозаи нафақаи семоҳа /ҳиссаи нафақа/, ки нафақахӯр то рӯзи вафоташ мегирифт, ёрдампулӣдода шавад, вале на камтар аз кӯмакпулии маросимӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Агар нафақахӯр аз ҳисоби давлат дафн карда шуда бошад, ёрдампулӣдода намешавад.

20. Ба оилаҳои нафақахӯрони фавтида аз ҷумлаи афсарони олирутба ва калонрутба, ашхоси ҳайати фармондеҳии олӣва калони мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бо сабаби ба синни нафақа расиданашон /аз рӯи синну сол/ ё бо сабаби вазъи саломатӣбо собиқаи 25 сол ва зиёдтар аз он, аз хизмат озод карда шудаанд, новобаста аз таъини нафақа бо сабаби аз даст додани саробони оила ёрдампулии яквақта пардохта шавад: ба ҳамсари ӯба андозаи нафақаи семоҳаи саробон ва ба ҳар як аъзои корношоями оила ба андозаи нафақаи якмоҳаи саробон, ки то рӯзи охирини зиндагиаш мегирифт, дар сурате, ки ин оилаҳо ба гирифтани суғуртапулиҳои нисбатан зиёдтар ва ёрдампулиҳои яквақта, ки қонунгузорӣбарои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрукӣ, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, қаҳрамонони Иттифоқи Советӣва дорандагони ҳар се дараҷаи ордени "Шараф"-и фавтида пешбинӣнамудаанд, ҳақнадошта бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Ҳангоми муайян кардани андозаи ёрдампулии яквақта, ки дар банди мазкур пешбинӣшудааст, ашхоси зерин ба ҳисоби аъзои оилаи ба гирифтани ёрпамлпулӣҳақдор шомил мешаванд: ҳамсар, новобаста аз синну сол ва коршоямӣ; фарзандони то 16-сола ё болотар аз ин синн, дар сурате, ки онҳо то 18-солагӣмаъюб шудаанд ё вақти фавти саробон талабаи муассисаҳои маълумоти умумӣбуда ба синни 23-солагӣнарасида бошанд; волидайни шахси фавтида, ки дастнигари ӯбуда, ба синни: мард-60 сола, зан-55 сола расидаанд ё маъюб ҳастанд.

21. Ба ҳамсарҳои нафақахӯрони фавтида аз ҷумлаи ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, ки ба сабаби аз даст додани саробони оила /ба номи худашон ё ба номи фарзандонашон/ нафақа намегиранд, ёрдампулии яквақта ба андозаи нафақаи якмоҳаи саробон, қи то рӯзи охирини зиндагиаш мегиранд, пардошта шавад, дар сурате, ки онҳо ба гирифтани суғуртапулиҳои нисбатан зиёдтар ва ё ёрдампулиҳои яквақта аз тарафи қонунгузорӣбарои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, қаҳрамони Иттифоқи Советӣва дорандагони ҳар се дараҷаи ордени "Шараф"-и фавтида пешбинишуда ёрдампулии яквақта мутобиқи банди 20 қарори мазкур ҳак надошта бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

22. Муқаррар карда шавад, ки нафақа ва ёрдампулиҳои дар ҳамин қарор пешбинишуда (ба ғайр аз онҳое, ки дар бандҳои 15, 16 нишон дода шудаанд), инчунин дигар ёрдампулиҳо ва ҷубронпулиҳои барои категорияҳои мазкур пешбининамудаи қонунгузорӣаз ҳисоби маблағҳое пардохта мешаванд, ки аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мутамарказ ҷиҳати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва оилаҳои онҳо ҷудо карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

Муқаррар карда шавад, ки ёрдампулии яквақтаи дар банди 15 ҳамин қарор пешбинишуда, бояд аз ҳисоби маблағҳои вазорату идораҳо ва ташкилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣва идорае пардохта шавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар пеш аз озод шуданашон дар он ҷойҳо хизмат ё кор кардаанд. Пардохти маош аз рӯи рутбаи ҳарбӣё махсус (банди 16 ҳамин қарор) дар тӯли як соли баъд аз хизмат озод шудан аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи категорияҳои мансубияти хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар дар мавриди таъмини нафақаи онҳо сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253, аз 30.03.2013 № 171).

23. Муқаррар карда шавад, ки таъмини нафақаи иштирокчиёни амалиёти ҷангӣҳангоми ҳимояи сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар давраи иҷрои супоришот дар мавриди дастгирии режими вазъияти фавқулодда аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ,* ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣва оилаҳои онҳо тибқи шароит, меъёрҳо ва тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" барои иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ва оилаҳои онҳо пешбинишуда мутабосибан сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

--------------------------------

* - таъмини нафақаи иштирокчиёни амалиёти мазкур - ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар асоси даъват ва сифати аскар, маллоҳ, сержант ва старшинаҳо (пештар - хизмати ҳақиқии ҳарбӣ) ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣэҳтиёт, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро гузаштанд, тибқи шароит, меъёрҳо ва тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои иштирокчиён ва маъюбони ҷанг ва оилаҳои онҳо мутаносибан сурат мегирад.

24. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳо барои пардохти нафақаи ёрдампулӣ(ғайр аз ёрдампулие, ки дар моддаи 15 қарори мазкур зикр гардидааст) ба нафақахӯрон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки аз қисмҳои ҳарбии ба Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнадошта озод шудаанд ва аъзои оилаҳои онҳо аз буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи қонунгузорӣамалӣнамудани таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбӣдахлдор мегузаранд ва аъзои оилаҳои онҳо гузошта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253).

25. Ба мақсади иҷрои моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли 1996 гузариши тадриҷиро бо пардохти нафақа ба нафақахӯрон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии дорои дараҷаи ихтисос ва аъзои оилаҳои онҳо аз ҷониби мақомоти ҳарбӣнафақа ба воситаи муассисаҳои (филиалҳои) Бонки амонатӣва корхонаҳои алоқа амалӣменамояд. Дар баробари ин ҳамчунин масъалаи такмили сохтори ташкилию штатии мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқан зиёд намудани шумораи ҳайати шахсии мақомот барои амалӣнамудани пардохти нафақа баррасӣгардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253, аз 30.03.2013 № 171).

26. Муқаррар карда шавад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ашхоси дорои рутбаҳои махсус дар мақомоти гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, воҳидҳои Агентии назорати маводи нашъаовар, судьяҳо ва кормандони дорои дараҷаҳои тахассуси прокурорию ва тафтишоти мақомоти прокуратура, аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро мувофиқи Қонуни қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ба даст овардаанд, нафақа танҳо аз рӯзи татбиқи қонун таъин мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2003 № 100, аз 04.06.2004 № 253).

27. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полицияи андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули қарори мазкур то 1 маи соли 1996 рӯйхати санадҳои қонунгузорӣва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бе эътибор гардидаанд, таҳия намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171).

28. Амалии қарори мазкур ба судьяҳое, ки мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба истеъфо баромаданду кӯмакпулии ҳармоҳаи умр бод мегиранд, паҳн намегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 № 104).

29. Қарори мазкур аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" амалӣгардад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 18 июли соли 1996, № 332

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 июли соли 1996, № 332

РӮЙХАТИ корхонаю ташкилотҳое, ки хизмати ашхоси ҳайати қаторӣва Кумондонии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣдар онҳо то 1 январи соли 1970 ба собиқаи кор барои таъини нафақаи имтиёзнок - як моҳи хизмат ба ду моҳҳисоб карда мешавад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.06.2004 № 253)

Дар системаи Дольстрои ВКД собиқИттиҳоди Шӯравӣдар давраи аз 29 октябри соли 1945 (дар халичи Ванино аз 17 феврали соли 1947) то 18 марти соли 1953 барои ашхоси ҳайати қаторӣва Кумондонии Вазорати металлҳои рангаи собиқИттиҳоди Шӯравӣто рухсат шуданашон аз кадрҳои корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954.

Дар ҳавзаи ангишти Печора ва комбинати Ухтинск - дар давраи аз 30 декабри соли 1945 то мӯҳлатҳои: дар қаламрави мансуб ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда мансуб нестанд то рӯзи қатъи имтиёзот, аммо на дертар аз 1 июли соли 1959.

Дар сохтмон ва истифодабарии шоҳроҳи оҳанӣШимоли Печора - дар давраи аз 29 апрели соли 1946 то мӯҳлатҳои зерин: дар қаламрави мансуб ба ноҳияҳои Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда то рӯзи қатъи амали имтиёзот, аммо на дертар аз 1 январи соли 1970 (аз таърихи зикршуда дертар - танҳо аз қаламрави шимолтар аз Доираи қутби ҷойгиршуда) ва дар қаламравие, ки ба ноҳияи Шимоли Дур ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашуда мансуб нестанд, - то рӯзи қатъи амали имтиёзот, аммо на дертар аз 1 июли соли 1959.

Дар комбинати Норильск аз 1 июни соли 1946.

Дар сохтмони иншооти № 501 ва идораи Шимолии сохтмони роҳи оҳан дар давраи аз 22 апрели соли 1947 то 18 марти соли 1953 ва барои ашхоси ҳайати қаторӣва қумондоние, ки корро дар сохтмони иншооти № 501 ва идораи Шмолии сохтмони роҳи оҳан давом додаанд, то рӯзи рухсат шуданашон кадрҳои корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954. Дар сохтмони иншооти № 503 - дар давраи аз 14 апрели соли 1948 то 18 марти соли 1953 барои ашхоси ҳайати қаторӣва қумондоние, ки корро дар сохтмони иншооти № 503 давом додаанд то рӯзи рухсат шуданашон аз кадрҳои корҳои дохилӣ, аммо на дертар аз 31 декабри соли 1954.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006 № 73 тасдиқкарда шудааст

Низомнома дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Низомнома дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, тартиби додан ва маҳрум кардан аз рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти прокуратура, инчунин кормандони муассисаҳои таълимии системаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.

2. Ба прокурорҳо ва муфаттишон, кормандони муассисаҳои илмию таълимии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазифаи ишғолкардаашон ва собиқаи кор рутбаҳои дараҷавии зерин дода мешаванд:

Мушовири ҳақиқии давлатии адлия;

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;

Мушовири адлияи дараҷаи 1;

Мушовири адлияи дараҷаи 2;

Мушовири адлияи дараҷаи 3;

Ҳукуқшиноси дараҷаи 1;

Ҳуқуқшипоси дараҷаи 2;

Ҳуқуқшшюси дараҷаи 3.

3. Рутбаи дараҷавӣбо нанардошти тавсифномаи мусбӣ, вазифаи ишғолкарда ва собиқаи кор ба таври мураттаб дода мешавад.

Бенавбат додани рутбаҳои дараҷавӣдар мавридҳои пешбининамудаи бандҳои 10 ва 11 ҳамин Низомнома дода мешавад.

4. Ба ҳар як корманди мақомоти прокуратура мувофиқи вазифаи ишғолнамуда бо назардошти талаботи зерин, рутбаҳои дараҷавӣдода мешавад:

№ т/р

Номгӯирутбаидараҷави

Вазифа

1. 

Мушовириҳақиқии давлатии адлия

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2.

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1

Муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3.

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4.

Мушовири давлатии адлияи дарачаи 3

Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, сардорони Раёсат ва шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5.

Мушовири адлияи дараҷаи 1

Директори Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни калони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттишони калони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, наклиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳои калон ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробар кардашуда

6.

Мушовири адлияи дарачаи 2

Муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурорҳои калон, прокурорҳои раёсату шӯъбаҳо, прокурорҳои криминалисти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни калони прокурорҳо, сардорони шӯъбаҳои прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри  Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон,  прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо, муовинони прокурорҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои калон,  муфаттишони калони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим, прокурорҳои калони шӯъбаҳои прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон.

7.

Мушовири адлияи дараҷаи 3

Ёрдамчиёни прокурорҳо, прокурорҳои шӯъбаҳо, муфаттишони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим, прокурорҳо криминалистони прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, муовинони сардорони шӯъбаҳои прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, ёрдамчиёни калони прокурорҳо, муфаттишони калони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо

8.

Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3

Ёрдамчиёни прокурорхо ва муфаттишони
прокуратурахои шахру нохияхо ва дигар
прокуратураҳои ба онҳо баробар кардашуда

5. Мӯҳлати дар ҳар як рутбаи дараҷави будан ба тариқи зайл муқаррар мешавад:

- дар рутбаи ҳуқукшиноси дараҷаи 3 1,5 сол;

- дар рутбан ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 2 сол;

- дар рутбаи ҳуқуқшииоси дараҷаи 1 2,5 сол;

- дар рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 3 3 сол;

- дар рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 2 3,5 сол;

- дар рутбаи мушовири адлияи дараҷаи 1 4 сол.

Мӯҳлати додани рутбаҳои мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,2,1 муқаррар карда намешавад.

Ин рутбаҳои дараҷави фақат дар ҳолатҳои зайл дода мешаванд:

- баланд кардани вазифа;

- барои хизмати шоиста.

II. Додани рутбаҳои дараҷавӣ

6. Рутбаи дараҷавии мушовири ҳақиқии давлатии адлия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, 2, 3 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Дигар рутбаҳои дараҷавӣбо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

7. Ба гирифтани рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиноси дараҷаи 3, дар сурати доштани тавсифномаи мусбат кормандоне, ки дар вазифаи ёрдамчии прокурор ё муфаттиши прокуратура ё дигар вазифаҳои прокурорию тафтишотӣна камтар аз шаш моҳкор кардаанд, мутахассисони ҷавон бошанд баъд аз хатми коромӯзӣва ҳангоми бо хулосаи комиссияи аттестатсионӣба вазифаи ишғолкарда муносиб донистан пешниҳод карда мешаванд.

Бо чунин тартиб ба кормандони муассисаҳои илмӣва таълимии мақомоти прокуратура рутбаҳои дараҷавӣдода мешаванд.

8. Рутбаи дараҷавии навбатӣбаъди ба охир расидани мӯҳлати рутбаи қаблӣ, ки дар банди 5 ин Низомнома пешбинӣшудааст, дода мешавад.

9. Ҳангоми додани рутбаи дараҷавии навбатӣҳолатҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:

- вазифаи ишғолнамуда;

- собиқаи кор дар мақомоти прокуратура;

- мӯҳлати будан дар рутба;

- тавсифномаи ба корманд додашуда.

10. Ба кормандоне, ки ба мақомоти прокуратура аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо ба кор гузаштаанд, бо назардошти вазифа, дониш ва таҷрибаи корӣ, ҳамчунин мавҷуд будани дигар рутбаву унвонҳо рутбаи дараҷавӣдода мешавад.

Рутбаҳои дараҷавии кормандоне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, ҳангоми аз дигар мақомот ба мақомоти прокуратура ба кор гузаштан нигоҳдошта мешавад.

11. Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои алоҳида барои аз ҷониби кормандон софдилона иҷро кардани вазифаи хизматӣ, ба даст овардани муваффақиятҳои корӣдар таҳкими қонуният ва муборизаи зидди ҳуқуқвайронкуниҳо чунин ҳуқуқҳо дода мешаванд:

- пеш аз итмоми муҳлати дар банди 5 ин Низомнома нишон додашуда ба корманд рутбаи дараҷавии навбатӣдиҳад;

- ҳангоми пешбарӣба вазифаи баланд ба риояи навбат то ду зина боло рутбаи дараҷавӣдиҳад, вале ин рутбаи дараҷавӣаз рутбаи дараҷавии вазифавие, ки ба он пешбарӣшудааст, баланд набошад;

- дар бораи додани рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, 2, 1, ки баланд аз вазифаи ишғолкардаи корманд мебошад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намояд;

- баландтар аз вазифаи ишғолнамудаи корманд рутбаи дараҷавӣдиҳад.

12. Рутбаҳои дараҷавие, ки ба кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, якумрӣмебошанд.

Дар сурати барои кирдорҳои бадномкунанда аз макомоти прокуратура озод намудани корманд, ӯро аз рутбаи дараҷавӣмаҳрум кардан мумкин аст. Ҳангоми вазифаи хизматиашро дағалона вайрон намудани корманди мақомоти прокуратура ё содир кардани кирдори бадномкунанда аз тарафи ӯ, рутбаи дараҷавии ӯро паст намудан мумкин аст.

Маҳрумгардонӣаз рутбаи дараҷавӣва паст намудани рутбаи дараҷавии мушовири ҳақиқии давлатии адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, 2, 3 бо Фармони Президннти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби суд сурат мегирад.

13. Ба кормандони макомоти прокуратура, ки рутбаи дараҷавӣдоранд, ба андозаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, иловапулӣдода мешаванд.

14. Кормандони мақомоти прокуратура, ки рутбаи дараҷавӣдоранд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣбояд либоси расмии дорои нишонаҳои фарқкунандаи муқарраргардида дошта бошанд.

 

Дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба кормандони мақомоти прокуратура рутбаҳои дараҷавии зерин муайян карда шавад:

Мушовири ҳақиқии давлатии адлия;

Мушовири давлатии адлияи даҷаи 1;

Мушовири давлатии адлияи даҷаи 2;

Мушовири давлатии адлияи даҷаи 3;

Мушовири адлияи даҷаи 1;

Мушовири адлияи даҷаи 2;

Мушовири адлияи даҷаи 3;

Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1;

Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2;

Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев

ш.Душанбе, 30 июни сли 2006, №345

Мутобиқи моддаи 67 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" фар мон медиҳам:

Низомнома дар бораи нишони мақомоти прокуратура, тасвир ва тавсифи он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқкарда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон

ш.Душанбе

4 апрели соли 2015, № 429

Замимаи 1

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 апрели соли 2015 № 429

Низомнома дар бораи нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣбуда, ба мақомоти прокуратура тааллуқдорад.

2. Тартиби истифодабарии нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад.

3. Тасвири нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби тасдиқгардида дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, ашёи инфиродӣ, либоси хизматӣ, нишони хизмативу сарисинагӣ, таҷҳизоти хизматӣ, ҳуҷҷатгузории хизматӣ, мӯҳрҳо (ба ғайр аз мӯҳри асосӣбо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Прокуратураи генералӣва сохторҳои поёнии он ҷойгир карда мешавад.

Замимаи 2

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 апрели соли 2015 № 429

Тасвири нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замимаи 3

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 апрели соли 2015 № 429

Таснифи нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сипар ва ду шамшери болои ҳам гузаранд, ки дар нӯги дастаи шамшерҳо сари уқоб тасвир шудаастЮ иборат мебошад.

2. Дар мобайни сипар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмати болоии он дар шакли байзавӣ калимаи "ПРОКУРАТУРАИ" ва дар қисмати поёнии он калимаи "ТОҶИКИСТОН" бо ҳарфҳои зарҳалӣсабт шудааст.

3. Нишон аз хӯлаи биринҷии зарҳалӣтайёр карда шуда, як тараф дорад, дарозии он аз бараш калонтар мебошад.