Имрӯз – 12 апрели соли 2016 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид. Дар кори ҳайати мушовара роҳбарони Хадамотҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, назорати давлатии байторӣ, Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба масъалаҳои рӯзнома ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳо шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба арзёбӣ гардид.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Ю.А.Раҳмон фаъолияти мақомотро дар давраи ҳисоботӣ таҳлил намуда, вазифаҳои онро дар партави дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гаштаанд, муайян намуд.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзур намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда,  ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо