Маҷалла

ПРОКУРАТУРА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ


 Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ  дорад.

   Зеро, ки прокуратураи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳамчун ниҳоди алоҳида  арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, таъин ва озод намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти он аз ҷониби Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид.

   Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии  фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.

14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул  гардид, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва  ба мақомоти олии давлатии худи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд.

   Аз ҷумла, дар ин рӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийрот ворид карда шуда,  мутобиқи он мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Муқаррар карда шуд, ки Прокурори  генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Ҳамон рӯз бо Қарори Шурои Олӣ аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд.

Бо дарназардошти аҳамияти ин  руйдодҳо  дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шудааст.

   Тули даврони Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд. 

   29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 Раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардонидашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ карда шуд.

   Минбаъд  он пайваста такмил дода шуда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин 20 прокуратураҳои нав,  аз ҷумла Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Суғд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Рашт, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураҳои нақлиёти Хатлон ва Суғд,  прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  Балҷувон, Носири Хисрав, Сарбанд, Тоҷикобод, Сангвор, Роштқалъа, Табошар, Кӯҳистони Мастчоҳ, прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон таъсис дода шуданд.

   Дар ин раванд миқдори воҳидҳои кории  прокуратура ба 1085 нафар расонида шуд, ки ин потенсиали кории мақомотро дучанд зиёд намудааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1994  Курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис дода шуда, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.

   Дар даврони Истиқлолият барои дар хориҷи кишвар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи касбии кормандон имконият пайдо гардида, ҳар сол  то  50 нафар ва танҳо  дар давоми 3 соли охир зиёда аз 200 нафар кормандон бо ин мақсад ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуданд.

    Дар ин давра музди меҳнати кормандон якчанд маротиба баланд бардошта шуда, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

    Дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо карда шуда, 64 нафари онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.

    Айни ҳол дар ноҳияи Рашт бунёди бинои истиқоматии  12 ҳуҷрадор, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи 52 ҳуҷрадор ва дар шаҳри Гулистон бошад, бинои истироҳатгоҳ барои кормандон дар арафаи анҷомёбист.

    Дар давраи  истиқлолият дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат таъминоти прокуратура бо биноҳои маъмурӣ куллан беҳтар гардид.

Кормандони мақомот дар хотир доранд, ки солҳои пеш  баъзе прокуратураҳо, аз ҷумла Прокуратураи нақлиёт, ноҳияҳои Ховалинг, Шаҳристон, Рашт, Исфара, Шаҳринав ва ғайра дар биноҳои садамавӣ ва  баъзеашон дар  биноҳои дигар  мақомот ва  ҳатто дар манзилҳои истиқоматӣ  ҷойгир шуда буданд.

    Ҳоло бошад, барои ин прокуратураҳо биноҳои   замонавии бисёрошёна сохта шуда, дар маҷмӯъ   22 бинои нав бунёд  ва зиёда аз нисфи   биноҳои маъмурӣ азнавсозӣ карда шудаанд.

Танҳо дар давоми соли 2016 маблағгузории прокуратура  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ  3,6 млн. сомонӣ ё 11%  зиёд карда шуда, музди меҳнати кормандон дар қатори дигар хизматчиёни давлатӣ  15 фоиз баланд бардошта шуд.

    Кормандони мақомот ҳамзамон бо воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии криминалистӣ пурра таъмин карда шудаанд.

Аз чунин дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мо доимо бархурдор буда, бо истифода аз ин фурсат ба роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миннатдории самимонаи худро   изҳор  менамоем.

   Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба  Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд.

Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлолият дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз  даст рафтани  давлатдорӣ ба миён омада буд.

    Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, гуруҳҳои силоҳбадаст  минтақаҳои кишварро байни  худ тақсим  карда буданд.  Фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура  тамоман фалаҷ гардида,  амнияти  кормандон на дар ҷои кор ва на дар ҷои зист таъмин набуд.

     24 августи соли 1992 ҷинояткорон аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев  ва ронандаи ӯро  ба қатл расонида буданд.

     Шаби 22 октябри соли 1992  бошад, шахсони мусаллаҳ ба утоқи кории прокурори онвақтаи шаҳри Душанбе, баъдан Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Саломиддин Шаропов ҳамла намуданд.  Ҷинояткорон ӯро наёфта,  қабулгоҳ  ва утоқи кории прокурори шаҳрро тирборон карда буданд.

    Хушбахтона, баъди дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  таъсис ёфтан ва ба шаҳри Душанбе омадани  Ҳукумати қонунӣ  вазъият ранги дигар гирифт. Дар муддати кутоҳ фаъолияти мақомоти давлатӣ барқарор карда шуда, кормандон ба ҷойҳои кории худ баргашта, муборизаи оштинопазирро бо гуруҳҳои ҷинояткор  оғоз намуданд.

   Яке аз талабҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон аз Прокурори генералӣ он буд, ки ҳодисаи ғасби ҳокимият бо роҳи табаддулоти давлатӣ, кушторҳои ходимони давлатӣ, шаҳрвандон ва дигар ҷиноятҳои дар ин давра содиршуда пурра ва ҳаматарафа тафтиш карда шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

    Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои  дар ин давра содиршуда иборат аз 35 гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ  дар ҳайати 250 нафар кормандони  мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

    Аз ҷониби Ситод садҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла актҳои террористӣ нисбати чеҳраҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ - ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, профессор Исҳоқӣ, аъзо корреспонденти Академили илмҳои Тоҷикистон, профессор Ғуломов М.Ғ, раиси ҷамъияти «Пайванд», профессор М. Осимӣ,  хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия  ва ғайра, ки аз ҷониби  гуруҳҳои ҷинояткори Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Ризвон Садиров ва дигарон содир шуда буданд, мавриди пайгирӣ ва тафтиш қарор дода шуданд.

    Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаи табаддулоти давлатии соли 1992,  исёни мусаллаҳона таҳти роҳбарии  Маҳмуд Худоёбердиев (соли 1997), сӯиқасд ба табаддулоти давлатӣ таҳти роҳбарии А. Абдуллоҷонов А. ва М. Худойбердиев (соли 1998),  Мирзо Зиёев, М. Кабирӣ ва А. Назарзода, ки  дастовардҳои даврони Истиқлолият ва тамомияти арзии  кишварро таҳти хатар гузошта буданд, бартараф карда шуда, ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

     Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити озодона амал кардани гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ хеле душвор ва хатарнок  буда, чандин нафар ҳамкорони мо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун ҷони худро фидо намуданд.

     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд кардаанд.

     Аз ҷумла, 24 декабри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди прокуратура Президенти кишвар изҳор доштанд, ки «кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба  халқу Ватан иҷро карда меоянд».

   Ин суханони роҳбари давлат барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз ҳам бештар тақвият додани самаранокии  фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ ҳидоят менамоянд.

   Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат мекашанд.

    Барои хизматҳои арзанда дар таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз соли 1993  то инҷониб 62 нафар кормандони мақомот ба рутбаи олии дараҷавӣ  ва зиёда  аз 200 нафар бо мукофотҳои давлатӣ  ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

    Боиси ифтихор аст, ки тӯли чанд соли охир 25 нафар кормандони мо ба вазифаҳои баланди давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси Олӣ ва вазорату идораҳо тайин ва интихоб гардидаанд.

   Мо кормандони прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Ватани маҳбубамон саҳми боз ҳам бештар хоҳем гузошт.

       

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал- лейтенанти адлия    Ю.А. Раҳмон

    Инсонҳои асилу ростин ва бузург нахуст худро сохтанд ва баъд барои сохтани ҷомеаи пешрафтаву осоишта саъю кӯшиш ба харҷ доданд. Дар расидан ба ин ҳадафи бузург дониш омӯхтаанду таҷриба андӯхтанд ва онро бедареғ сарф намудаанд. Дарёфтаанд, ки инсонҳо – ҳар кадом ганҷу маъдани бузургест ва бояд онҳо кашф шаванд. Албатта, ин кашф ба нафъи ҷомеа ва барои наслҳои он ибратомӯз  аст.

Ҳақназар Шодиев аз ҳамин зумра инсонҳо буд. Рӯзгор агарчи дасти навозиш бар сараш набурдааст, аммо дар мактаби худ тарбияташ дод ва чашми оламбини ӯро кушод.

Дар деҳаи Қаракамари ноҳияи Балҷувон ба дунё омад. Се сол дошт, ки аз падар маҳрум гашт. Ба ҳар сол, ки бузургтар мегашт, бештар қимати ин ганҷи аз дастдодаашро дармеёфт. Аммо ба ноумедӣ намесохт. Баръакс, саъй ба харҷ медод, то дар панҷаи гирои он маҳв нагардад.

Донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ шуд. Яъне барояш замоне фаро расид, ки бештару беҳтар биёмӯзаду таҷрибаи устодони гавҳаршиносро бияндӯзад.

Соли 1976, пас аз хатми ин даргоҳи илм фаъолияташро нахуст ба ҳайси коромӯз ва баъд муфаттиш дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз бахшида, идома дод. Дар таҷрибаи корӣ бештар дарёфт, ки нозукиҳои ин касби дар назар содаву дар асл мураккабро бояд беҳтар биёмӯзад. Охир ӯ бо одам, агарчи ҷиноят содир кардааст, сару кор дорад. Андак лағжиш, андак хато метавонад тақдири ҷинояткор ва худро дигаргун созад. Меандешид ва мегуфт: «Ҳар амал сазову подоше дорад. Яъне ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад?»

     Сабабҳо ва омилҳои сар задани ҷиноятҳоро пурра меомухт. Ӯ ин ҳикматро, ки «ростӣ итминон ва оромӣ асту дурӯғ шаку тардид» ба хубӣ медонист. Аз рӯи он амал мекард. Оре, воқеан, инсон вақте рост мегӯяд, эҳсос ва итминону оромиш мекунад. «Дар ҳадиси рост ороми дил аст; Ростиҳо донаи дони дил аст» - ро беҳуда нагуфтаанд. То ростӣ,  ҳақиқат дар вуҷуди одамӣ ғолиб намегардад, оромиш пайдо карда наметавонад. «Ин ҳолатро дар инсони ҷинояткор низ мушоҳида намудан мумкин аст», - мегуфт ӯ.

    Парвандаи ҷиноятиро намепӯшид ва таҳқиқашро ба анҷомнорасида медонист, то ин ду ҳолатро дар шахсияти худ ва ҷинояткор мушоҳида намесохт. Изҳор медошт: «Сидқу ростиро ба итминон ва оромиш таъбир намуданд». Ва баъд таассуф мехӯрд, ки ин ганҷро имрӯз мо гум кардаему дар пайи гумшудаи худ намеафтем.

     Барои таъкиду ҳушдор баён менамуд: «Агар дар ҷомеа дурӯғу шак паҳн бигардад ва мавқеи устувор пайдо бикунад, кори инсонҳо, ҳатто инсонҳои нек ба чӣ меанҷомад?».

Ин ҳама диду мавқеъгирию гуфтаҳо барои мо дарс буд, дарси ибрат. Ҳама таҳқиқоташ аз рӯи донишу таҷрибаву виҷдон сурат мегирифт.

      Мо аз амали ӯ, аз суханони ӯ дармеёфтем, ки кори тафтишот ба саросемагӣ ва андак ноогоҳӣ билкул бегона аст. Ва тафтишоту ҳукм ҷиддию адолатнок сурат бигираду ба хотири ислоҳи дурусти инсонҳо ва пешрафти ҷомеа, решакан намудани ҷиноятҳо бояд сурат бигирад.

     Барояш соати муқаррарии кор вуҷуд надошт. Пештар аз вақти муайяншуда фаъолият мекард. То як поси шаб чароғи ҳуҷраи корияш фурӯзон буд.

     Мусаллам аст, ки чунин инсонҳои нек, кормандони асил аз дидаҳо ниҳон намемонанд, зуд соҳибэҳтиром мегарданд. Масъулиятшиносӣ, кордонӣ, самимияту поктинатӣ ӯро маҳбуб намуду ба вазифаҳои баланд расонд.

     Солҳои 1979 – 2008 сармуфаттиши прокуратура ва муовини прокурори шаҳри Кӯлоб, прокурори ноҳияи Ховалинг, муовини сардори раёсати тафтиши прокуратураи вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Кӯлоб, прокурори ноҳияи Восеъ, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори шаҳри Душанбе, сардори раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, сардори шуъбаи криминалистикаи Прокуратураи генералии  буд. Яъне то лаҳзаҳои вопасини умраш дар хидмати Ватани азизаш содиқона хидмат кард. Хидмати сисолаи ӯ дар ин соҳаи пуршараф қадр гардид. Ба унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» мушарраф шуд.

      Соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.Ин истиқолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ доштани он аз ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла кормандони мақомоти прокуратура ҳисси масъулият ва фидокориро тақозо менамуд.

     Вале бо тааассуф бояд ёдовар шуд, ки марҳилаи аввали Истиқлолияти давлати мо аз харобкорӣ, куштори мардуми бегуноҳ, зурию дуздӣ ва ғорати моли халқ сар шуд. Ба мушкилиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бригада оид ба тафтиши ҷиноятҳои содиршуда ба кор шуруъ намуд. Ҳайати гуруҳҳои ба ин бригада шомилгашта асосан аз кормандони прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил дода, сарварии он ба зиммаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Ҳақназар вогузор шуда буд.

     Новобаста аз таҳдиду зуровариҳои ба ҳаёту саломатии аъзоёни гуруҳҳо ҷойдошта ва дар маҷмӯъ, халал расонидан ба фаъолияти муътадили мақомоти прокуратура, бригадаи тафтишотӣ дар як муддати кутоҳ тафтишоти 198 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонида, нисбати 235 нафар айбдоршавандагон парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол намуд         Аз тарафи гуруҳҳои тафтишоти ҷиноятҳои табаддулоти ҳарбӣ, акти террористӣ, ба гаравгонгирӣ, бандитизм, таҳрибкорӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд, ки қаблан дар ҷумҳурӣ содир нашуда, таҷрибаи тарзу усули тафтиши онҳо вуҷуд надошт.

      Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодаги ба истиқболи 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтааст ва ёдовари аз он рӯзҳои вазнин ва расидан ба ин неъмати бебаҳо бо ном Ваҳдат кори саҳлу осоне набуд. Нақши мақомоти прокуратура низ дар гузоштани пойдевори сулҳ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии  кишвар назаррас буда, корманди ин мақомот,    Ҳақназар Шодиев  дар кори Комиссияи оштии миллӣ бо донишу таҷриба ва инсондӯстиаш мавқеи сазовор дошт. Фаъолияташ чашмрасу густурда буд. Баъдҳо низ ин ҳайати бонуфуз аз ӯ ва меҳнату заҳмату фидоӣ буданаш дар соҳаву кор ва доштани ахлоқи ҳамидаву муносибати самимияш ба некӣ ёд меоварданд.

     Падруди як инсони ҳақҷӯву ҳақшинос, албатта, сахт ва дарднок аст. Аммо чун ӯро ба некӣ ёд меоранд ва беҳтарин суханҳоро бо самимият ва дӯстдорӣ дар ҳаққаш мегӯянд, дил таскин меёбад. Дар ин ҳол аст, ки кас бори дигар собит месозаду тасдиқ мекунад, марди асил бо марг намемирад, балки марг аз ӯ ном меёбад.

    Зикри хайри ин шахсияти фарзона дар навбати худ барои ӯ зиндагии дигар аст, зиндагии зебо ва бо шараф.

 

Прокурори раёсати назорати қонунӣ

будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои

ҷиноятии Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири

 адлияи дараҷаи 2                                                    Раҳматулло Холов

  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 январи соли равон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Паёми худро   пешниҳод намуданд.

Паёми имсола дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, густариш пайдо кардани терроризми байналмилалӣ  ва  зуҳури таҳдидҳои ҷидди амниятӣ барои аксар кишварҳои олам пешниҳод гардид.

Аз ин лиҳоз арзёбии вазъи сиёсӣ ва манбаи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бурду бохти ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва ниҳодҳои миллӣ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, тадбирҳои  таъмини амният, таҳкими сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар бахшҳои муҳими Паёми имсоларо ташкил доданд.  

Мавриди зикр аст, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ фикру андеша ва таклифҳои ҷасуронаву ҷолиби диққатеро баён менамояд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва ҳамовозии гарму ҷушони ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор мегиранд.

Дар Паёми имсола низ як силсила фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом, ҳуқуқҳои гурезагони кишварҳои ҷангзада ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд. 

 Аз ҷумла, роҳбари давлати тоҷикон дар Паёми худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, ошкоро изҳор намуданд, ки:

- зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад. Он, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд;

- мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд;

- истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад;

-  баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби доираҳо ва давлатҳову фондҳои алоҳида  ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд;

- ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар  санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байнал-милалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Ҷои баҳс нест, ки на ҳар сиёсатмадор қодир аст бо чунин қатъият, ҷасорат ва хиради сиёсӣ масоили мубрами ҷаҳони муосирро арзёбӣ ва оид ба ҳалли онҳо масъалагузорӣ намояд. Маҳз бо чунин сифатҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфта, дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ ва афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор гаштаанд.

Хусусияти равандҳои сиёсии ҷаҳони муосиррро арзёбӣ намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо таассуф қайд намуданд, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм, вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.

Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем. Бар асари муҳорибаҳои пай дар пай минтақаҳои калони ин кишварҳо ба харобазор табдил ёфта, боигариҳои миллӣ, сарватҳои табии ва молу мулки аҳолии онҳо ба ғорат  меравад. Шумораи гурезагон аз ин кишварҳо ба миллионҳо нафар расидааст. Доманаи амалҳои террористӣ торафт афзуда, кишварҳои Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунёро фаро гирифта истодаанд. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ бахусус дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дошта, наметавонад аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои онҳо дар канор монад.

Мисоли ин воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, мебошад, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро  ҳифз намоянд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар нишон доданд, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз нияти ба сари мардуми мо таҳмил намудани низом ва фарҳанги бегона даст кашиданӣ нестанд.

Аз ин лиҳоз, дар Паём таъкид шудааст, ки мо бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, дар Паём ба Прокуратураи  генералӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.

Стратегияи мазкур, ки лоиҳаи он аллакай омода шудааст, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм бо назардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорӯи кишвар қарордошта муайян менамояд.

Дар  раванди иҷрои муқаррароти Паём, ҳамзамон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоиҳаи қонунҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудан, шарикӣ ва мусоидат намудан ба  чунин ҷиноятҳо таҳия шуда истодаанд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодабарии шабакаҳои интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ масъалаи таъсиси Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил дахл намуда, роҳбари давлат дар Паёми худ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо ин зуҳуротро ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат дар қатори зуҳуроти номатлуб ҳамчунин  коррупсияро ном бурда, онро ҳамчун омиле ҳисобиданд, ки ба рушди устувори давлат мамониат карда, обрӯю нуфузи онро   дар арсаи  ҷаҳонӣ  коҳиш медиҳад.

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муваззаф гаштаанд, фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, тарзу усулҳои мубориза бо ин пададаҳои номатлубро такмил диҳанд.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои  мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он  кафолати оромиву осудагии Ватан,  болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандони мо хоҳад буд.

 

Прокурори генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенати адлия                                     Ю.А. Раҳмон

ИСТИҚЛОЛИЯТ – БОҒИ ШАҲДБОРИ МИЛЛАТ


  Имрӯз мардуми Тоҷикистон хушнуду сарфарозанд.Чунки соҳиби давлати соҳибистиқлоланду роҳбарии онро фарзанди фарзона ва некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Ин роҳбари ватандӯст, аз қадамҳои аввал дар муддати 24 сол новобаста бо мушкиливу сангиниҳои мавҷуда он орзуи некеро, ки дар дилаш барои са- одати мардум, баҳри шодии ҳар як модару тифл мепарварид, тавонист дар амал татбиқ кунад.

Худ шоҳидем, ки аз қадамҳои аввале, ки ба истиқлолияти давлатӣ расидем, бадхоҳони миллати тоҷик бо истифодаи нақшаҳои зишти хеш дар ибтидо мардуми Тоҷикистонро дучори мухолифатҳо гардонида, ба муқовимати сиёсӣ кашиданд. Дар натиҷаи ин амалҳои нопок давлати ҷавони Тоҷикистон дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Онҳо аз ин шароити мавҷуда имконият пайдо карданду чандин нақшаҳои нопоки хешро амалӣ карданд. Даст ба ноадолатиҳо, ба ғорату вайронкориҳо, сӯзондану оташ задани ободкориҳо заданд. Аммо амали сангини онҳо даст доштан ба куштори инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла модарону тифлакон буд. Бо мурури вақт, ҷойҳои вайрону валангоршуда обод гардиданд, маконҳое, ки сӯхта хокистар шуда буданд, ба як гушаи сарсабзу хуррам табдил ёфтанд.

Дар дунё ҳама чизро барқарор кардан мумкин аст, аммо ҷони рафта боз намегардад.

Ба ёд меорем ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015-ро оиди суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки аз тарафи як гурӯҳҷинояткорон сурат гирифта буд. Ин ҳолати рухдода бори дигар нишон дод, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд. Онҳо бо нақшаҳои нопоки хеш мехоҳанд амалҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон анҷом диҳанд ва ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Валехоинони миллатфаромӯш кардаанд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузорад, ки касе зиндагии орому осудаашро мисли солҳои навадуми асри гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор созанд. Халқи осударо аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созанд.

Имрӯз давлате, ки мо дорем, аз арзи ҳастӣ ва аз номаш, ки тоҷикему тоҷикистонӣ ифтихор мекунем. Бо ҳама мушкилиҳо ва монеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, аз ибтидо тавонистем онро бунёд кунем. Ҳоло акнун он пуриқтидор аст ва қудраташ шикастнопазир.

Яъне, муҳимтарин дастоварди даврони истиқлолият ин бароямон давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки ғояи сиёсиву мафкуравии ин давлатро ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон ташкил дода, раҳна- мову ҳидояткораш Президенти кишвар мебошад.

Мо мардуми Тоҷикистон якҷоя ва бо ҳамдилӣ ба қадри неъмати бузург, ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расида, барои устувору пойдор нигоҳ доштани он бо нангу номус, бо ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва бо ормонҳои ифтихор аз ватандорӣ доштан ҳамеша талош намуда истодаем.

Ҳоло агар ба воқеаҳои пурхатари ҷаҳони муосир нигоҳ кунем, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки барои нигоҳ, доштани ин арзиш зиракиро аз даст надиҳад. Баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем.

Ин ду неъмати нодир, ки ба ҳамагуна фидокорӣ арзанда аст, пас зарур аст, ки тафаккури ҳифзи ваҳдату истиқлолиятро дар рӯҳу равони хеш ҷой диҳем.

Аз суханрониҳои Пешвои милллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бармеояд, ки "прокурату­ра дар байни мақомоти давлатӣ мавқеи хоса дошта, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меоварад".

Метавон қайд кард, он кормандони масъули мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ибтидои истиқлолияти кишвар бо қиматиҷони хеш дар таҳкиму пойдории он, суботи комили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барои пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣҷоннисориҳо нишон додаанд.

Имрӯз кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пеш­вои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаитаҳкимиистиқлолиятваваҳдатимиллиро яке аз самтҳои афзалиятноки кору фаъолияти содиқонаи худ шуморида, бо ин васила дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва суботи комили ҷомеа хидмати арзандаеро анҷом дода, шаънуэътибори ин мақомотро дар байни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзун кардаанд.

 

Каримзода ГУЛБАҲОР, мушовири адлияи дараҷаи 1, муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз маълумотҳои фаврӣ:


  Аз ибтидои ҷанги Ироқу Сурия дар ин ҷангҳои ба ном "ҷиҳод" теъдоди муайяниҷавонони тоҷик, ки узвияти созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро пазируфта буданд, кушта шуданд.

Ҷасадҳои беному бесоҳиб, пораҳои парокандаи гӯшту устухони бӯйнок ва кирмзада, ки аксаран тӯъмаи ҳайвонот ва парандагони лошахӯр мебошанд: ин аст он "меросе", ки ин ҷангиёни кушташудаи тоҷик дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз худ боқӣ гузоштанд. Ин ҷасадҳои лахт-лахтшуда гӯр надоранд ва ҳеҷ умеде нест, ки ақаллан гарде аз хоки онҳо рӯзе ба хоки муқаддаси Ватан бипайвандад. Болои ҷасади хуншору порашудаи ин гумроҳон касе намегиряд ва агар онҳо гӯре ҳам доранд, ба хокҷойи онҳо, ки аксаран хуфтаи он номаълум мондааст, ҳеҷ нафаре аз наздикону пайвандон, модарони зору падарони низор ва фарзандони ятиммондаашон дастрасӣ надоранд ва намеоянд.

Муҷоҳиди ҷанги Ироқу Шом: ӯқотил аст, ё худкуш? Чаро ба ин маънӣ савол гузошта шуд? Чунки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо (моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гувоҳи он аст, ки аксаран муҷоҳиде, ки ба ҷанги Сурия ва Ироқ меравад, ба қатли дигарон ва марги худ баробар омода аст.  

         Қувваҳое, ки чунин муҷоҳидонро ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Афғонистон, Ироқ ва Сурия мебаранд, ба маҷоз ба шуур ва мағзи сари чунин афрод ваксинаи психологие ворид месозанд, ки онҳоро ба манқурт (зомби), яъне махлуқи итоаткор ва фармонбар табдил медиҳад. Аксаран чун ҳадафи таъсиррасонии равонӣ нафарони сустирода, зудбовар ва аз ҷиҳати динӣ камсавод интихоб карда мешаванд. Нафарони мувоҷеҳи чунин таъсиррасонӣ омодаанд, ки аз ҳама неъматҳои дунёӣ рӯй тофта, маргро хуш истиқбол намоянд. Ҷалбкунандагони онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳонаро, ки дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва динию мазҳабӣҷой доранд ва дар асоси ҳадафҳои ғаразноки аҷнабиёни хориҷӣ сурат гирифтаанд, чун ҷиҳод маънидод карда, ҳамарӯза нафарони зиёдро ба коми ин ҷанг мекашанд. 

         Ва имрӯз шахсони барӯманди диниро мебояд ба ин савол ҷавоб ҷуст, ки амали ин шахсон, ки дидаю донистаба қатли ҳамдинони худ ё шахсони дигар аз рӯйи ихтилофҳои мазҳабӣ рӯй меоранд ва ин амалҳои худро бо шиори ҷиҳод рӯйпӯш менамоянд, оё ҳамон одамкушӣ нест, ки Қуръон маҳкум намудааст. Дар ояти 33-уми сураи Исрои Куръони карим омадааст: “Ва-ло тақтулун-нафсал-лати ҳарамал-лоҳу илло бил ҳаққи". Яъне, макушед нафсеро (ҷонеро), ки ҳаром сохтааст Худо". Ба таъбири дигар агар гӯем, Худованд дар Қуръони карим аз ҳаёт маҳрум намудани шахси дигарро манъ ва маҳкум кардааст.

Оё дидаю дониста, худро ба коми ҷанг ва марги муфоҷо  андохтан ҳамон худкушӣ нест, ки ислом онро аз гуноҳони кабира медонад. Дар ояти 29-уми сураи Нисои Қуръони маҷидомадааст:«Вало тақтулу - анфусакум инналлоҳ кона бикум раҳиман». Дар ояти мазкур Худованд мефармояд, ки инсонҳо якдигарромакушанд. Олимони ислом бар онанд, ки аз рӯйи мазмуни ин оят, ҳар гуноҳе, ки мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, шомили худкушӣ низ мешавад. Аз ин бармеояд, ки худкушӣ ба одамкушӣ баробар карда шудааст.

Дар ояти 195-и сураи Бақара бошадХудованд фармудааст, ки "маяндозед худро ба ҳалокат". Ин талабот ба нафароне, ки бо роҳҳои гуногун даст ба худкушӣ мезананд, низ мутааллиқ аст. Ва яке аз роҳҳои худкушӣ, ин дидаю дониста худро ба оташи ҷанг андохтан мебошад. 

Аммо, бояд донист, ки ҷавони тоҷик, ки роҳи "ҷиҳод"-ро пеш мегирад, дар як рӯз пайдо намешавад. Ӯ оҳиста-оҳиста ташаккул меёбад, вале аксаран одамон амалҳои ибтидоии ӯро намебинанд ё онро саҳл мепиндоранд. 

Оё Шумо манзараи зеринро мушоҳида накардаед? Шахсе, ки умре тарзи ҳаёти дунявӣ мебурд ва дар хизмати халқу Ватан сарсупурдаву ҷоннисор буд, ногоҳ таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсият ба зуҳуроти ҷомеа баҳои дигархелтар медодагӣ мешавад, баъзан фарзандонаш ҳам аз насиҳатҳои лозиму нолозими ӯ дилгир мегарданд. Рафтору гуфтори ӯ, либоспӯшӣ ва баҳодиҳии ӯ ба арзишҳои мавҷудаи иҷтимоӣ аллакай омиёна нест, афкори вай одатан ба шунидаҳояш банд аст. Албатта, эътиқоди динӣ хуб аст, вале агар созанда бошад, на сӯзанда.

         Лекин вақте нафаре умре бо олитарин арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карда, ногаҳон таҳти таъсири гуфтаҳои ин ё он шахсияте ба хулосае меояд, ки роҳи ҳаётии ӯғалат будааст, бешак акнун ғалат мекунад.

         Имрӯз фазои иттилоотии кишвар пур аз вожаҳои "Шайх"-у "Пир"-у "Мурид" шудааст. Сабаби гирифтори мазаммати мардум ва кишани қонун шудани баъзе аз чунин "пешвоён"-и рӯҳонӣ маҳз зиёдаравӣ ва дур шудан аз таълимоти Исломи ноб аст. Нафаре байни мардум зиноро маҳкум намуда, худ зино мекунад. Нафари дигар хурофотпарастиро заъфи имон дониста, худ бо рағбати тамом хурофоти шахсони гумроҳшударо, ки шахсияти ӯро мепарастанд, қабул дорад.

         Ҳоло боз мӯди дигар пайдо шудааст. Нафаре дар маърака нишаста, бо баҳонае аз гузаштагони худ ёдовар мешавад ва бо ифтихор ва ғурури зиёд эълон мекунад, ки бобокалони ӯ дар замони амирӣ дар Бухоро амлокдор буд ё доруға, қозӣ буд ё миршаб. Бобокалони нафари дигар бошад, босмачӣ будааст ва барои барқарор намудани давлати исломӣҷангидааст. Маълум мешавад, ки бобокалони инҳо чанд зан, садҳо гектар замин, молу мулк ва боғу роғ доштааст. Онҳо бо тафохур мегӯянд ва шунавандагонашон бо даҳони нимвоз ва симои беҳаракат гӯш мекунанд. Ва дар фароварди сухан ин ворисон аз давлати шӯравӣ, аз он давлати бединон, ки бобокалонҳои онҳоро маҳкум ё бадарға намуда буд, шикоят мекунанд.

         Шунавандагон хӯроки даҳонашонро хоида-хоида, бо аломати тасдиқ сар меҷунбонанд ва аз симои маҳзуни онҳо борони афсӯсу надомат аз қисмати нобарори бобоёни гӯяндагон меборад. Онҳо тасдиқ мекунанд, чунки ин сомеон асарҳои Устодони сухан Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва даҳҳо бузургони дигарро оид ба худсариҳо ва зулми хонадони манғития нахондаанд, онҳо "оре" мегӯянд, зеро онҳо аз ҷаҳолату ҷиноятҳои босмачиён чизе намедонанд ва "Одам дар халта"-и нависандаи шаҳир Ҳаким Каримро боре ҳам ба даст нагирифтаанд.

Бале, ҳеҷ кас инкор намекунад, ки давлати шӯравӣ дар охири мавҷудияташ гирифтори бӯҳрони шадиди маънавӣ шуда буд, аммо арзишҳои инсоние, ки дар ин давлат тарғиб мешуд, имрӯз низ аҳамияти амалии худро гум накардаанд ва дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар пироҳани тоза ҷилвагаранд. Арзишҳои шӯравии адолат, баробарӣ, ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, тарғиби илму дониш, имконияти аз рӯйи лаёқату қобилият дар зинаҳои хизматӣ сабзидан, покии ахлоқӣ, роҳ надодан ба порагирӣ ва даромади муфту ғайриқонунӣҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд. Принсипҳои танқид,  худтанқидкунӣ ва ошкорбаёнӣ, ки бозсозӣ пешниҳод намуда буд, имрӯз низ ба дарди ҷомеа мехӯранд.

Нафаре гуфтааст, ки "Агар шӯравӣ намебуд, садсолаҳои дигар дар зери юғи манғитӣ мемондем". Ва мунсифона аст бигӯем, ки агар Истиқлолият намебуд, даҳсолаҳои дигар кишвари мо дар ҳоли карахтиву бӯҳрони маънавӣ, ки пеш аз заволаш давлати шӯроҳоро фаро гирифта буд, мезист. Аз ин рӯ, арҷ гузоштан ба арзишҳои даврони шӯравӣ низ ифодаи эҳтиром ба таърих аст.

Хонандагони арҷманд огаҳанд, ки бо Қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як даҳсолаи охир фаъолияти даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ манъ карда шуданд. Кор дар ин самт идома дорад.

Мо мушоҳида мекунем, ки ин ё он ҳизбу ҷунбишҳои ғайриқонунӣ муддати муайян фаъолият карда, дар атрофи худ пайравонашонро ҷамъ меоранд ва баъд аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чун экстремистиву террористӣ айният кунонида мешаванд. Чунин таъхир дар шинохти "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Салафия" ҷой дошт. Дер шинохтани моҳияти ифротгароёнаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо муқовимат ва мубориза бо онҳоро мушкилтар мегардонад. 

Мушкилоти дигари мубориза бо терроризму экстремизм набудани заминаҳои зарурии илмиву назариявии он мебошад. Имрӯз баъзе олимони тоҷик, аз ҷумла аз ҳисоби кормандони амалӣ ин масъалаҳоро тадқиқ ва рисолаҳои илмӣҳимоя намудаанд. Аммо, тадқиқоту китобҳои онҳо дастраси умум нест. Мутаассифона, фаъолияти илмии онҳо дар ин самт бо ҳимояи як рисолаи илмӣ ва ё нашри як монография хотима меёбад.

Имрӯз оид ба фаъолияти ин ё он ҳизбу равияҳо тадқиқоти илмӣ-назарӣ анҷом дода мешаванд, вале асосан онро намояндагони расмии динӣё ҷомеашиносон (сотсиологҳо) анҷом медиҳанд, ки онҳо асосан мухолифатҳои таълимоти ин ҳизбу равияҳоро ба муқаррароти исломи ноб ё ба арзишҳои иҷтимоӣтаҳлил мекунанд. Зиддияти таълимоти ин ҳизбу ҳаракатҳоро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бояд олимони ҳуқуқшинос таҳлилу тадқиқ намоянд. Олимони тоҷик дар тадқиқи фаъолияти экстремистии "Ҳизб-ут-Таҳрир" саҳм гирифтаанд ва ин тадқиқот идома мехоҳанд. Аз тадқиқоти охирини амиқи илмии ин самт солҳо гузаштаанд, аммо "Ҳизб-ут-Таҳрир" доимо ҷома бадал мекунад.

Имрӯз бандубасти кирдорҳои аъзои ин ҳизб мушкилоти мақомоти тафтишотӣ аст, зеро амалияи ягона дар ин самт мавҷуд нест. Алъон дар тафтишот амалҳои аъзои "Ҳизб-ут-Таҳрир" асосан бо моддаҳои 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон), 3071 (даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 3072 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва3073 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст мешавад. Дар баъзе минтақаҳо моддаи 187 (ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)низ айб эълон карда мешавад. Маҳз набудани амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣҳамон як ҳаракатҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бо моддаҳои гуногун, ҷойе камтар, ҷойе бештар бандубаст шуда, ҳамаи онҳо аз ҷониби судҳо бо айбҳои эълонгардида гунаҳкор дониста шудаанд. Аз ин рӯ, бояд масъалаи бандубасти амалҳои ғайриқонунии намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бо роҳи таҳияи дастурамал ё тавсияҳои методии байнисоҳавӣҳал карда шуда, амалияи ягонаи тафтишотӣ-судӣ дар ин самт ҷорӣ карда шавад.   

Бояд нависандагони тоҷик низ бо эҷод намудани асарҳои детективӣ, дар ҳамкорӣ бо субъектони мубориза бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ташаккул ёфтани афкори зиддитеррористиву зиддиифротгароии аҳолӣ нақши носутурданӣ гузоранд. Маҳз чораҳои маҷмӯӣ муассиртаранд.  

Яке аз омилҳои самарабахши мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ, ки ба ҷониби Осиёи Марказӣ низ назарҳои пурхатар намуда истодааст, ин донистани компютер ва Интернет, мунтазам назорат кардани зуҳур ва фаъолияти террористони ифротгаро дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад.

Имрӯз варақапаҳнкунии «Ҳизб-ут-Таҳрир» аз мӯд баромадааст. Ҷойи даҳҳо китобҳои таълимии таҳририёнро, ки як даҳсола пеш аз хонаҳои онҳо пайдо мекардем, флэшка ё ҳомили дигари хурдакак бо маводҳои зиёди электрониаш гирифтааст. Тарзу усулҳои таълими экстремистӣ низ дигар шудааст.

Прокуратураи генералии кишвар чанде пеш парвандаи ҷиноятиро нисбати дувоздаҳ нафар аъзои ҳизби ғайриқонунии экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расонида, ба суд ирсол намуд. Тафтишот муайян кардааст, ки ин нафарон, ки дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо менамуданд, аз аъмоли мозии худ даст накашида, дар дохили муассисаи ислоҳӣ низ даст ба фаъолияти ифротгароёна задаанд. Аз ҷумла, бо кадом роҳе маводи экстремистиро вориди муассисаи ислоҳӣ намуда, аз рӯйи он маҳбусони дигарро тадрис медоданд.  

Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз навовариҳои илмиву техникӣ, аз ҷумла техникаи компютерӣ ва имкониятҳои Шабакаи ҷаҳонии Интернет мутталеъ ва бо донишҳои диниву дунявии зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ мусаллаҳ бошем, дар тан ҷавшани имону ватандӯстӣ ва дар дил муҳаббат ба миллату эҳсоси оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ дошта бошем, вагарна ҳама муборизаи мо бо ин ҷиноятҳои фаромиллӣ барабас аст. Агар мо дар ҳамдастӣ бо намояндагони исломи ноб афкори аҳолиро аз хурофот, аз шахспарастии динӣ ва ҳар гуна бидъатҳои дигар тоза накунем, ҷойи Шайх Темурро Шайх Темурҳои дигар ишғол мекунанд. Боз нафаре ба худ симои қудсият дода, байни худ ва мардум парда мегирад. Ва мардуми хурофотзада хизмат ба Худоро дар хизмат ба ин ё он шахсияти динӣ мебинанд.

Боз садоҳо баланд мешавад, ки касе тӯйи сари столӣ мекунад, аз дин хориҷ мешавад, касе дар ҳолати мастӣ вафот мекунад, ҷанозаи ӯҷойиз намебошад, нони муаллимро хӯрдан дуруст нест, бояд чунину чунон бошад ва ҳаркӣ чунин мекунад ё чунин намекунад, кофир аст. Пайравони сеҳрзада омодаи ҳар як фармоиши чунин пешвоёни ғайрирасмӣ мешаванд. Маҳз чунин афсунгаштагонро ба ҷиҳод дар Сурияву Ироқ, ба ҳар гуна юришу шӯриш даъват кардан аз ҳама осонтар аст. Маҳз теъдоди муайяни чунин ҷавонони сеҳргаштаи тоҷик дар хоки Ироқу Шом бо шиками даридаву синаи таркида ба хоки абадӣ рафтаанд ва мутаассифона, рӯихати чунин қурбониён идома дорад.   

Имрӯз мебояд ҳама дарҳову мӯриҳоро ба рӯйи ин меҳмонони нохондаву аҷнабӣ, чун экстремизму терроризм баст, зеро фардо комилан дер хоҳад шуд.

 

Зоирзода Комилҷон,

сардори Раёсати назорати қонунӣ

будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои

гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Фаррух Рауфов,

муовини сардори ҳамин Раёсат

«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

(Эмомалӣ Раҳмон)


   27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷикҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиҳоди ШӯравӣҶумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣқарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд.Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён, то замоне ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод,қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар, Давлати Сомониён. То замоне ки фарҳанги ваҳдатсози асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣҳукмрон буд, Давлати Сомониён ҳам пойдор буд.Ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузургиилмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.

Махсусан дар замони давлатдории Сомониён аҷдодони мо ба пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштаанд. Ситораҳои илму фарҳанги он замон Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазои худро гузоштаанд, ки ифтихори миллатанд. Ҳамаи он дастовардҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне ки ваҳдат поянда буд, халқ орому осуда зиндагии осоишта ба cap мебурд. Пас бузургии ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид. Онро ҳамчун дастоварди муқаддас пос бояд дошт!

Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусус Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.

Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ,ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.

Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат, албатта, ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд.Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.

Агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Бузурге фармудааст:

Пирузӣ аз иттиҳод хезад,

Парокандагӣ аз нифоқ хезад.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидонбошад!

Ва аз забони шоир мегӯем:

Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,

Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

 

Ёдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи якум                                  Варқа Зайниддинов

 

 

Эзоҳ: Ин мақола дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат»,«Инсон ва қонун» ва «Ҳамрози халқ» санаи 26.07.2015 нашр гардидааст.