Прокуратураи генералӣ чанде қабл парвандаи ҷиноятиро нисбати Бобоназаров Ҷ.Н. дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в”, “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода буд.

Бобоназаров Ҷ.Н. барои он айбдор дониста шудааст,

ки бо мақсади ба даст овардани даромади муфт аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор рӯзи 25 январи соли 2016 аз Башир ном шахс, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, дар ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Чубек 1 (як) кг маводи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро бо маблағи 450 доллари ИМА харида, бо худ нигоҳ доштааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 31 марти соли 2016 барои содир намудани ҷинояти мазкур нисбати Бобоназаров Ҷ.Н. ба муҳлати 8 (ҳашт) сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо