Чанде қабл аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муродов Фирӯз Хуршедович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в», «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуда буд. Муродов Ф.Х. барои он айбдор карда шудааст, ки 14 январи соли 2016, тахминан соати 11 дар ноҳияи Ёвон, кӯчаи Ҷавонӣ, дар қабати шоҳроҳи мошингарди Ёвон – Душанбе ҳангоми ба харидори шартӣ барои фурӯш пешниҳод кардани 1260 (як ҳазору дусаду шаст)

грам воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз дасти ӯ ин воситаи нашъадор ёфта гирифта мешавад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  аз 1 апрели соли 2016 Муродов Ф.Х. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в», «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати 8 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо