Маҷалла

Журнал

Бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 5-23 аз 10-уми апрели соли 2013 тасдиқ карда шудааст

1. Муқаррароти  умумӣ

1.Ташкил ва тартиби фаъолияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, фармонҳо ва супоришҳои Прокурори генералӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин шартномаҳои прокуророни байни давлатҳо, Дастурамал «Оид ба  коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ҳамин Регламент муайян карда мешавад.

2.Роҳбарии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки ҳамзамон Раиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сурати набудани Прокурори генералӣ, ваколатҳои ӯро муовини якӯми Прокурори генералӣ, дар сурати набудани муовини якӯм, яке аз муовинони Прокурори генералӣиҷро менамояд.

3.Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси тартиби тақсими вазифаҳо, ки Прокурори генералӣмуқаррар намудааст, кори раёсату шуъбаҳои ба онҳо марбутаро ташкил менамоянд, ба фаъолияти онҳо назорат мебаранд, дар доираи ваколаташон қарорҳо қабул мекунанд. Тақсимоти вазифаҳо ва ҳамдигаривазкунии муовинони Прокурори генералӣ, мутобиқи Фармони Прокурори генералӣмуқаррар карда мешавад.

4.Сардорони раёсату шӯъбаҳо, муовинони онҳо ташкилдиҳандаи бевоситаи фаъолияти сохтори воҳидҳои марбута ба шумор мераванд.

5.Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаҳоро дар бораи раёсату шӯъбаҳо, ки дар онҳо вазифаҳо, ӯҳдадориҳо ва ваколатҳои вазифавии кормандони ин воҳидҳо муқаррар шудаанд, тасдиқмекунад.

6.Тартиби фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаваду ба он муовини Прокурори генералӣ  Сарпрокурори ҳарбӣроҳбарӣмекунад, дар асоси ин Регламент ва Регламенти Сарпрокуратураи ҳарбӣмуқаррар карда мешавад.

7.Сардорони раёсату шӯъбаҳо оид ба тақсимоти вазифаҳои хизматӣдар байни кормандон, ҳамдигаривазкунии онҳо фармоишҳо мебароранд, ки аз тарафи Прокурори генералӣва ё муовинони ӯтасдиқкарда мешавад.

8.Барои баҳодиҳӣба кори прокуророну муфаттишон ва дигар кормандон, дар Прокуратураи генералӣкомиссияи аттестатсионӣсозмон дода мешавад, ки тарзи фаъолияташ мувофиқи тартиби муқарраршудаи Низомнома «Оид ба аттестатсиякунонии кормандони прокурории  мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Прокурори генералӣтасдик намудааст, муайян карда шудааст. Ташкили кори комиссияи мазкур ва назорати фаъолияти он ба зиммаи яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

9.Барои таъмин намудани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозӣтаъсис дода мешавад, ки ба он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣмекунад.

10.Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи ошкоро, ки агар хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқва озодиҳои шаҳрванд, сирри давлатӣ, ки бо қонун муҳофизат карда мешавад, набошад, амал менамояд.

11.Коргузории махсус ва махфӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз 10 майи соли 2002, «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 22 апрели соли 2003, Дастурамал оид ба таъмини реҷаи махфият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оиди кор бо маводҳо ва ҳуҷҷатҳои махфӣва комилан махфӣдар мақомот, ки бо Фармонҳои Прокурори генералӣтасдиқшудаанд, амалӣкарда мешаванд.

12.Маводҳо  барои тайёр намудани хабарҳои расмӣва лоиҳаи онҳо аз  тарафи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё, ки бо розигии онҳо, аз тарафи сардорони раёсату шӯъбаҳо ба раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣпешниҳод карда мешаванд.

13.Ахбороти расмӣаз номи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма ва алоқаи электронӣ, фақат тавассути раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣ, бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешавад.

14.Дигар маводҳо оид ба  назорати прокурорӣва тафтишоти пешакӣба воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, телевизион ва алоқаи элетронӣ) низ бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд. Сардорони раёсату шуъбаҳо ва иҷрокунандагон барои асоснокии маълумотҳои пешниҳодшуда масъуланд.

15.Прокуророну муфаттишони Прокуратураи генералӣ, ки рутбаҳои дараҷавӣдоранду дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, мурофиаҳои судӣва дигар чорабиниҳои расмӣиштирок менамоянд, ӯҳдадоранд бо либоси хизматӣбошанд.

16.Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад адабиёти махсус нашр кунад ва нашрияи худро дошта бошад.

2. Ташкили кор, таҳлилу ба нақшагирӣва ҳисоби он

17.Фаъолияти Прокуратураи генералӣмутобиқи принсипи минтақавӣ-мавзӯъӣташкил карда мешавад.

18.Шӯъбаи омор ва таҳлил, сохторҳоро бо маълумотҳои омории муқоисавӣдар бораи ҳолати ҷинояткорӣ, кушодашавии ҷиноятҳо, кори тафтишот ва дигар самтҳои назорати прокурорӣтаъмин менамояд.

19.Раёсату шӯъбаҳо маълумотҳоро оид ба ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҷрибаи тафтишотӣ-прокурорӣҷамъ оварда, мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳанд ва бо мақсади такмил додани таҷрибаи тафтишотӣ-прокурорӣ, беҳтар намудани ташкили фаъолияти Прокуратураи генералӣва прокуратураҳои поёнӣ, барои ҳал намудани масъалаҳои марбута дар сатҳи давлатӣ, ба Прокурори генералӣтаклифҳо пешниҳод менамоянд.

20.ФаъолиятиПрокуратураи генералӣҳар нимсола ба нақша гирифта мешавад. Таклифҳои ба нақша гирифтани чорабиниҳо аз тарафи сардорони Раёсату шӯъбаҳо, бо розигии муовинони Прокурори генералӣ, дар асоси таҳлили амиқу ҳаматарафаи ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо назардошти  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, супоришҳои Прокурори генералӣпешниҳод карда мешаванд.

21.Таклифҳо бояд асоснок гардонида шуда, чунин маълумотҳоро оиди мӯҳлат, роҳҳои таъмин намудани иҷрои чорабиниҳо, шахсони масъул ва номгӯи иҷрокунандагонро дарбар гиранд.

22.Дар ҳолати ба нақшаи корӣворид намудани чорабиниҳое, ки амалӣнамудани онҳо дар якҷоягӣбо дигар мақомотҳо гузаронида мешавад, бояд розигии онҳо гирифта шавад.

23.Таклифҳо дар бораи ба нақшаи корӣворид кардани чорабиниҳо на дертар аз 10 июн ва 10 декабр ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд

24.Лоиҳаи нақшаи корӣбаъди мураттабсозӣдар  маҷлиси ҳайати мушовара ва ё фаврии назди Прокурори генералӣ, бо иштироки муовинони Прокурори генералӣва сардорони Раёсату шӯъбаҳо муҳокима ва такмил дода шуда, барои тасдиқба Прокурори генералӣпешниҳод карда мешавад.

25.Нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз пас аз тасдиқи он ба муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва прокуророни поёнӣфиристонида мешавад.

26.Сардорони раёсату шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳо вазифадоранд, ки маълумотномаҳоро вобаста ба натиҷаи санҷишу ҷамъбасти чорабиниҳои нақшавӣ, бо замимаи санадҳои прокурорӣва таклифу пешниҳодоти мушаххас на дертар аз санаи 25-уми моҳидар нақша пешбинигардида ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод намоянд.

27.Масъулияти сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои чорабиниҳои дар нақшаи корӣдарҷгардида, ба зиммаи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва иҷрокунандагон гузошта мешавад.

28.Дар сурати мавҷудияти асосҳои кофӣва тибқи гузориши сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки онро муовинони Прокурори генералӣҷонибдори намудаанд, танҳо Прокурори генералӣметавонад, ба нақшаи корӣтағйирот дарорад, чорабиниҳоро иваз намояд ва мӯҳлати иҷрои ин ё он банди нақшаи кории тасдиқшударо дароз намояд ё ба мӯҳлати дигар гузаронад ё хориҷкунад.

29.Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, нақшаҳои кориашонро бо назардошти нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, ҳолати қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таҷрибаи тафтишотию прокурорӣтартиб диҳанд. Нақшаҳои корӣаз тарафи Прокурори генералӣва муовинони ӯтасдиқкарда мешаванд. Ба нақшаҳои кории раёсату шӯъбаҳо, дар асоси гузориши асосноки сардорони ин воҳидҳо Прокурори генералӣва муовинони ӯтағиротҳо дохил мекунанд, мӯҳлати иҷрои чорабиниҳои алоҳидаи нақшаи кории тасдиқшударо дароз менамояд ё ба мӯҳлати дигар мегузаронанд.

30.Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияи аттестатсионӣ, коромӯзии кормандон ва такмили ихтисоси кадрҳо дар алоҳидагӣ, бо назардошти нақшаи кории Прокуратураи генералӣба нақша гирифта мешавад.

31.Назорати таъмини иҷрои нақшаҳои кории Прокуратураи генералӣ, раёсату шуъбаҳои он ва дигар нақщаи чорабиниҳои мақомоти прокуратура ба зиммаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон гузошта мешавад. Раёсати мазкур аз натиҷаи иҷрои нақшаи кории Прокуратураи генералӣва раёсату шуъбаҳо дар маҷлисҳои назоратии охири ҳар моҳба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот ва таклифҳо пешниҳод  менамояд.

32.Аз тарафи раёсату шӯъбаҳо вобаста ба корҳои иҷрошуда ва натиҷаи  таҳлилу ҷамъбаст ҳар ҳафта ба Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маълумотнома пешниҳод карда мешавад.

3.  Ташкили кори маҷлисҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ

33.Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара, дар ҳайати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис), муовини якӯм ва муовинони ӯ, дигар кормандони прокурорӣ, ки бо фармони Прокурори генералӣтаъин шудаанд (аъзоён), ташкил карда мешавад.

34.Шумораи аъзоёни ҳайати мушовараро Раиси ҳайати мушовара -Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

35.Ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣбуда, дар маҷлисҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураро оид ба назорати иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳолати иҷрои фармонҳои Прокурори генералӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро мавриди баррасӣқарор дода, ҳисоботҳои Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба он баробаркардашударо мешунавад.

36.Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор иштирок намуда, бинобар вайрон кардани қонунгузорӣва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣбаёноти онҳо шунида шавад.

37.Масъалаҳо дар маҷлиси ҳайати мушовара, мутобиқи нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, бо супориши Раиси ҳайати мушовара ва ё пешниҳоди аъзоён, бо розигии Раиси ҳайати мушовара баррасӣкарда мешаванд.

38.Рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовара бо супориши Раиси ҳайати мушовара муқаррар карда мешавад.

39.Иҷрокунандагон барои дар мӯҳлат ва босифат пешниҳод намудани маводҳои дар маҷлиси ҳайати мушовара баррасишаванда масъул буда, дар қисми тавсифии (баёнӣ) лоиҳаи қарори ҳайати мушовара таҳлили масъалаи баррасишаванда, моҳияти қонунвайронкуниҳои ошкоргардида, шахсони ба онҳо роҳдода ва дар қисми хулосавӣбошад, таклифу пешниҳодҳо, дастуру тавсияҳо оиди мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ, роҳу усулҳои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, мӯҳлати иҷро ва мутасаддиёни иҷро бояд ба таври мушаххас баён карда шаванд.

40.Маводҳои баррасишаванда дар маҷлиси ҳайати мушовара (маълумотнома дар ҳаҷми на зиёда аз 15 саҳифа, лоиҳаи қарору фармонҳо, рӯйхати даъватшавандагон ва ғайра) бо имзои иҷрокунандагон ва муовини Прокурори генералӣ(сарпарасти соҳа) 5 рӯз пеш аз оғози маҷлиси ҳайати мушовара ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара ба Раиси ҳайати мушовара ва Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд (як нусхагӣбарои ҳамаи аъзоёни ҳайати мушовара).

41.Дар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маводҳои ба баррасии маҷлиси ҳайати мушовара пешниҳодшударо омӯхта, оид ба омодагии онҳо хулоса, рӯзномаи маҷлис, тартиби пешбурд (сенария) ва рӯйхати даъватшавандагонро тартиб дода, онҳоро барои мувофиқа ба Раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамояд.

42.Дар сурати нопурра будани маводҳои баррасишаванда, дар асоси хулосаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, бо супориши Раиси ҳайати мушовара, онҳо бо нишон додани мӯҳлат барои мукаммал намудан ба иҷрокунандагон баргардонида ё масъала аз рӯзномаи маҷлис бардошта мешавад.

43.Баъди аз ҷониби Раиси ҳайати мушовара муқаррар кардани рӯзи баргузории маҷлиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон лоиҳаи қарори ҳайати мушовараро 3 рӯз пеш аз оғози маҷлис ба Раиси ҳайати мушовара ва аъзоён пешниҳод намуда, иштирокчиён ва даъватшавандагонро аз рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовара хабардор карда, ба онҳо рӯзномаи маҷлис ва маърӯзачиёнро эълон менамояд.

44.Баррасии масъала дар маҷлиси ҳайати мушовара мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара, дар мувофиқа бо аъзоёни ҳайати мушовара ба роҳмонда, рафти маҷлис пайнавис (стенография) ва аз натиҷаи он бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзоён қарор қабул карда мешавад.

45.Дар сурати ихтилофи назар байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара, Раиси ҳайати мушовара-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои худро дар амал татбиқменамояд.

46.Бо назардошти таклифҳои пешниҳодшуда ҳангоми баррасии масъала дар маҷлиси ҳайати мушовара, иҷрокунандагон дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯз ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара қарор ва дигар санадҳоро пурра намуда, онҳоро дар мувофиқа бо муовини Прокурори генералӣ(сарпарасти соҳа) ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод менамоянд.

47.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон (дар баъзе мавридҳо иҷрокунандагон) протоколи маҷлиси ҳайати мушовараро на дертар аз 10 рӯз баъди гузаронидани маҷлис тайёр намуда, ба Раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамоянд.

48.Иҷрокунандагон фармон, супориш ва дигар санадҳои амрдиҳанда-ташкилкунандаи дар заминаи қарори ҳайати мушовара қабул шударо баъди гузаронидани маҷлис дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ё мӯҳлати муқаррарнамудаи Раиси ҳайати мушовара ба ӯпешниҳод менамоянд.

49.Протоколи маҷлиси ҳайати мушовара бо масъалаҳои кадрӣ, дар баробари имзои Раиси ҳайати мушовара, бо имзои сардори Раёсати кадрҳо   ва масъалаҳои истеҳсолӣбо имзои сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба расмият дароварда мешавад.  

50.Қарори маҷлиси ҳайати мушовара мушаххасу ӯҳдадоркунанда буда, дар асоси он  Фармон, супориш ва дигар санадҳо баъди ба имзо расидан, барои иҷро ба воҳидҳои дахлдори мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъхир фиристонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣбо фармони Прокурори генералӣдар амал татбиқкарда мешавад.

51.Муовинони Прокурори генералӣ, Сардорони раёсату шӯъбаҳо, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, дигар кормандони мақомот иҷрои қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон, дастуру супоришҳои Прокурори генералиро, ки дар ин замина қабул шудаанд, зери назорат гирифта, иҷрои пурраи онҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин менамоянд.

52.Сарпрокурори ҳарбӣ, Сардорони раёсату шуъбаҳо, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда вазифадоранд, ки баробари гирифтани қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро на дертар аз 7 рӯз бо иштироки кормандонашон дар маҷлиси фаврӣ-назоратӣбарраси намуда, баҳри амалӣнамудани он чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба Прокуратураи генералӣахборот пешниҳод намоянд.

53.Дар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара, раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ахборотро омӯхта, аз сифатнокӣва дараҷаи иҷрои қарори ҳайати мушовара таклиф пешниҳод менамояд.

54.Супоришҳои дар заминаи қарори ҳайати мушовара дода шуда, дар асоси гузориши асосноки шахсоне, ки таъмини иҷрои онҳо ба зиммаашон гузошта шудааст, дар мувофиқа бо раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ҳайати мушовара аз назорат гирифта ё мӯҳлати иҷрои онҳо дароз карда мешавад.

55.Гузориш ва маводҳо оиди таъмини иҷрои қарори ҳайати мушовара, бо амри хаттии Раиси ҳайати мушовара бе таъхир ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

56.Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки қарори ҳайати мушовараи худро баъди қабул бетаъхир барои маълумот ва омӯзиш ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон фиристонанд.

57.Дар ҳолати мутобиқнабудани қарори ҳайати мушовараи прокуратураҳои тобеъ ба қонунгузории ҷорӣва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда, Регламенти мазкур, фармон ва супоришҳои Прокурори генералӣ, онҳо дар асоси хулосаи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси ҳайати мушовара беэътибор дониста ё барои мутобиқнамудан ба санадҳои зикршуда бозпас гардонида мешаванд.

58.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон кори маҷлиси ҳайати мушовараро ташкил ва назорати иҷрои қарори онро таъмин намуда, ин таҷрибаро ҳар нимсола ҷамъбаст карда, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт ба Раиси ҳайати мушовара таклиф пешниҳод менамояд.

59.Маҷлисҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ва дар баъзе ҳолатҳо махфӣмебошад, агар ин ба манфиатҳои мақомоти прокуратура, дигар мақомот, нигохдории сирри давлатӣё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, мухолиф набошад.

60.Раёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқӣдар асоси супориши Раиси ҳайати мушовара ва мувофиқа бо иҷрокунандагон дар ҳолатҳои зарурӣиштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи маълумотҳои ба онҳо пешниҳодшавандаро муқаррар намуда, таклиф пешниҳод менамояд.

61.Раёсати молиявию хоҷагӣмасъалаи хароҷоти молиявии гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералиро таъмин менамояд.

62.Раёсати кадрҳо иштироки прокуророни тобеъро дар маҷлиси ҳайати мушовара мутобиқи рӯйхати пешниҳодкардаи иҷрокунандагон дар мувофиқа бо раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин менамояд.

63.Масъалаҳои баррасиашон дар маҷлиси ҳайати мушовара ҳатмӣнабуда, дар маҷлисҳои фаврии назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсату шӯъбаҳо муҳокима карда мешаванд.

64.Маҷлисҳои фаврӣбо роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ҳафтае як маротиба гузаронида шуда, вақт ва доираи иштирокчиёни онро роҳбаре, ки маҷлисро мебарад, муайян мекунад.

65.Маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣмутобиқи Низомнома «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқдар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» ташкил ва гузаронида мешаванд.

66.Таъмини ташкили кори маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣба зиммаи Муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки масъаларо омода намудаанд, инчунин котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозӣвогузор карда мешавад.

67.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро таъмин менамояд.

4. Баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва ташкили қабули онҳо

68.Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, инчунин муроҷиату дархостҳои аз мақомотҳои Олии давлатӣворидшуда, инчунин дар васоити ахбори умум нашршуда бо тартиби муайяннамудаи қонунҳо, санадҳои меъёрииҳуқуқии амалкунанда, Фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ин  муносибатҳоро ба танзим медароранд, ба роҳмонда мешавад.

69.Муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, ки баҳри пурраю ҳаматарафа, дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифат баррасӣгардидани ин муроҷиатҳо, тадбирҳо андешанд.

70.Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили кор бо муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва дигар шахсон, иҷрокунанда бошанд, барои риояи талаботи ҳуҷҷатҳои амрдиҳандаву ташкилкунандаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли муроҷиатҳои мушаххас масъул мебошанд.

71.Муроҷиатҳои шаҳрвандон аз як воҳид ба воҳиди дигар дар асоси гузоришҳои хаттии сардорони раёсату шӯъбаҳо аз тарафи Прокурори генералӣ  ва муовинони ӯ дода мешаванд.

72.Дар сурати дар муроҷиати шаҳрвандон дарҷгардидани масъалаҳои ба ваколати якчанд раёсату шӯъбаҳо дахлдошта, санҷишро дар ҳаҷми пуррааш сардори раёсат ё шӯъбае, ки аз байни иҷрочиён аввал номбар шудааст, ташкил менамояд. Ӯнусхаи муроҷиатро ба ҳамиҷрочиён расонида, аз онҳо маълумотҳои заруриро талаб менамояд, фиристонидани ҷавобҳои пешакӣ, додани супориш оид ба гузаронидани санҷиш, дар ҳолатҳои зарурӣ, идома додани мӯҳлати санҷиш ва ирсол намудани ҷавоби саҳеҳро таъмин менамояд.

73.Бо он муроҷиатҳое, ки ҳалли онҳоро Прокурори генералӣ  зери назорати бевоситаи худ гирифтааст, ҷавобҳо фақат баъди дар ин бора ба Прокурори генералӣахборот додан, фиристонида мешаванд. Ҳамзамон ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон маълумот пешниҳод карда мешавад.

74.Қабули шаҳрвандон, намояндагони идораҳои давлатию ҷамъиятӣаз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, ташкил карда мешавад.

75.Сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, муовинони онҳо шаҳрвандонеро қабул менамоянд, ки нисбати муроҷиати онҳо дар  прокуратураи поёнӣқаблан қарор қабул шудааст. Дар мавридҳое, ки қарор аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда бошад, қабули шахсӣфақат бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯташкил карда мешавад.

76.Қабули шахсӣаз тарафи Прокурори генералӣва муовинони ӯдар сурате доир мегардад, ки муроҷиат аз тарафи сардорони раёсату шӯъбаҳо баррасӣгардида бошад.

77.Прокурори генералӣон шаҳрвандони муроҷиаткунандаро қабул менамояд, ки арзу шикояташон аз тарафи муовинони Прокурори генералӣҳал карда шуда бошанду, онҳо аз ин қаноатманд набошанд.

78.Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият ва сардорони Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкарда мешавад.

5.Тайёр намудан ва ба ҷойҳо фиристонидани Фармону супоришҳо ва дигар санадҳои хусусияти дастури-ахбороти дошта

79.Супоришҳо ба прокуратураҳои поёнӣбо назардошти дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеомада,  нақшаи кории Прокуратураи генералӣва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, шумораи онҳо набояд дар як нимсола зиёда аз 15 адад бошад. Дар дигар ҳолатҳо супоришҳои ғайринақшавӣтанҳо бо иҷозати Прокурори генералӣирсол карда мешавад.

80.Ҳангоми ирсол намудани супоришҳо, ба кадом прокуратураҳо дахл доштан ё надоштани онҳо ба инобат гирифта шуда, тибқи нақшаи кории раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣфиристонидани супоришҳо манъ аст.

 81.Дар ҳолатҳои ба зиммаи якчанд раёсату шӯъбаҳо вогузор гардидани иҷрои чорабинии нақшавӣё дигар супоришҳо, танҳо як супориш аз тарафи иҷрочии асосӣ, бо назардошти таклифу дархостҳои раёсату шӯъбаҳои ҳамиҷрочӣфиристонида шуда, натиҷаи иҷрои он ҷамъбаст карда мешавад.

82.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, бо мақсади такроран нафиристонидани супоришҳо, таъмин намудани сарбории баробар, рӯйхати прокуратураҳоеро, ки ба онҳо супориш фиристонида мешавад, тартиб дода, мунтазам масъалаи мазкурро зери назорат гирифта, таҳлилу ҷамъбаст намуда, чораҳо меандешад.

83.Дар прокуратурае, ки фаъолияти он дар давраи банақшагирӣмавриди санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) қарор мегирад, санҷишҳои фосилавӣгузаронида намешаванд.  Дар ҳолатҳои зарурӣсанҷишҳо танҳо бо дастур ва ризоияти Прокурори генералӣгузаронида мешаванд. Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон бояд раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералиро дар бораи он, ки фаъолияти кадом прокуратураҳо ва кай мавриди санҷиши маҷмӯӣ(комплексӣ) қарор мегиранд, воқиф гардонида, назорати талаботи мазкурро таъмин намояд.

84.Супоришҳои доимоамалкунанда бо пешниҳоди асосноки сардорони раёсату шӯъбаҳо, аз тарафи  Прокурори генералӣмуқаррар карда мешавад.

85.Супоришҳо бо ҳамаи иҷрокунандагон мувофиқа кунонида шуда, дар онҳо бояд вазифаҳои пешгузошта, номгӯи масъалаҳои ҳалталаб, мӯҳлати иҷрои онҳо дарҷёфта, на дертар аз ду ҳафтаи баъди тасдиқшудани нақшаҳо фиристонида шаванд.

86.Супоришҳои нақшавӣ, ки ба прокуророни поёнӣфиристонида мешаванд, аз тарафи Прокурори генералӣва муовинони у ба имзо мерасанд.

87.Супоришҳо вобаста ба санҷиши муроҷиатҳои мушаххас, инчунин оид ба дигар масъалаҳо ба Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, инчунин бо супориши роҳбарият ва ё дар доираи ваколаташон аз ҷониби сардорони раёсату шӯъбаҳо фиристонида мешаванд.

88.Чунин супоришҳо танҳо вобаста ба муроҷиатҳое фиристонида мешаванд, ки санҷиши онҳо бевосита аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣимконнопазир бошад.

 89.Мактубҳои иттилоотӣ  бо натиҷаи  таҳлилу ҷамъбасти иҷрои супоришҳо ва фаъолияти мақомоти прокуратура ҳар нимсола ба прокуратураҳои поёнӣ, аз тарафи раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, бо имзои Прокурори генералӣва муовинони ӯфиристонида шуда, онҳо бояд хусусияти супоришӣнадошта бошанд.

90.Мактубҳои эродӣвобаста ба камбудиҳои ҷиддии ошкоршуда, танҳо ба прокуратураҳои дахлдор ирсол карда мешаванд ва хусусияти ӯҳдадоркунанда доранд.

91.Мактубҳои иттилоотӣ, эродӣдар раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд.

92.Мактубу ахборотҳо оид ба иҷрои супоришу чорабиниҳо ва дигар хабарҳо унвонии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо бо имзои прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ё иҷрокунандаи вазифаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.

93.Ба ахборотҳои аз натиҷаи иҷрои супоришҳо ирсолгардида, нусхаи санадҳои эътиноии прокурорӣва дигар ҳуҷҷатҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣталаб карда мешаванд.

94.Нусхабардорӣва ба ҷойҳо фиристонидани супоришҳо, мактубҳои иттилоотию эродӣ, ҷамъбастию дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз тарафи шӯъбаи коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуда, айнан, бо ҳамин тартиб фиристонидани ҳуҷҷатҳо тавассути телефакс ва почтаи электронӣамалӣмегардад.

95.Раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣвазифадоранд, ки пеш аз ирсол намудани супоришҳо, онҳоро бо гирифтани рақами тартибӣдар раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ба қайд гирифта, сипас ба шӯъбаи коргузорӣсупоранд.

96.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таҷрибаи амалияи назорати прокурориро вобаста ба прокуророни поёнӣфиристонидани супоришҳо, мактубҳои иттилоотӣ, эродӣ  ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ҳамасола таҳлилу ҷамъбаст намуда, тадбирҳои судманд андешида, барои такмил додани кор дар ин самт ба Прокурори генералӣё муовинони ӯтаклифҳо пешниҳод менамояд.

95.Назорати иҷрои супоришҳо аз ҷониби раёсату шуъбаҳои дахлдори онҳоро таҳия ва ба ҷойҳо ирсолнамуда таъмин карда мешаванд.

6.Сафар ба маҳалҳо

96.Сафар ба махалҳо бо мақсади санҷидан ва расонидани ёрии амалӣдар ташкили кор ба прокуророни поёнӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами онҳо, ташкил карда мешавад.

97.Ташкили сафар ба маҳалҳо барои санҷиши прокурорҳои тобеъ ва расонидани ёрии амалӣба онҳо, чун қоида, дар асоси Нақшаи кории Прокуратураи генералӣва Нақшаҳои кории Раёсату шӯъбаҳо ё худ дастури Прокурори генералӣва муовинони ӯсурат мегирад.

98.Фармон дар бораи сафар ба маҳалҳо аз рӯи нақша, бо дарҷгардидани ҳайати гурӯҳаз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, дар мувофиқа бо сардорони раёсату шӯъбаҳо тартиб дода шуда, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо мерасад.

99.Гуруҳҳои кориро, оид ба гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ), муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аъзоёни ҳайати мушовара ва дар баъзе мавридҳо, бо дастури Прокурори генералӣсардорони раёсату шӯъбаҳо ё муовинони онҳо сарварӣменамоянд.

100.Бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, дар мувофиқа бо Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва дигар прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ба санҷиш кормандони прокуратураҳои тобеъ  ҷалб карда мешаванд.

101.Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҳайати гурӯҳи корӣбарои гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ), аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон як ҳафта пеш аз сафар ба маҳал бароварда мешавад.

102.Сафар ба маҳалҳо берун аз нақша (дар ҳолати фавқулодда, санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон, тафтишоти ҷиноятҳо) бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯсурат мегирад.

103.Сардорони раёсат ва шӯъбаҳое, ки гузаронидани чунин санҷишҳо ба зиммаи онҳо гузошта шудаааст, оид ба  иштирок намудани кормандони дигар воҳидҳо  таклиф пешниҳод мекунанд.

104.Масъалаи хароҷоти молиявӣбарои сафарҳои хизматӣба маҳалҳо берун аз нақша рафтан, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти хароҷоти сафари хизматии хизматчиёни давлатӣва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифта (ба истиснои ҳолатҳои фавқулода), бо раёсати молиявию хоҷагӣмувофиқа карда мешавад.

105.Пеш аз сафар ба маҳалҳо, кормандон ӯҳдадоранд, бо маълумотҳои оморӣ, дигар маводҳое, ки ҳолати воқеъии қонуният, назорати прокурориро муайян мекунанд, Фармону супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, натиҷаҳои санҷишҳои пештара ва қарорҳои бо онҳо қабулкарда шинос шаванд, вобаста ба мақсади сафар ба маҳалҳо самтҳои асосии корро муайян намоянд ва нақшаи гузаронидани санҷишро тартиб диҳанд.

106.Шӯъбаи омор ва таҳлил на дертар аз се рӯз то сафар ба маҳалҳо, барои гузаронидани санҷишхои маҷмӯъӣ(комплексӣ) ё соҳавӣмаълумотҳои омориро дар бораи ҳолати қонуният ва ҷинояткорӣ, кори тафтишот ва назорати прокурорӣдар маҳал тайёр менамояд.

107.Нақшаи санҷиш аз тарафи аъзоёни гурӯҳи санҷишӣтартиб дода шуда, онро роҳбари гурӯҳтасдиқменамояд.

108.Пеш аз сафар ба маҳал, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯбо ҳайати гурӯҳи санҷишӣмашварат мегузаронанд.

109.Давомнокии сафари хизматии аъзоёни гурӯҳбарои гузаронидани санҷишҳои маҷмӯъӣ(комплексӣ) бояд на бештар аз 15 шабонарӯзро ташкил диҳад. Маълумотнома аз натиҷаи санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) бояд на бештар аз 15 саҳифа ва масъалаҳои алоҳида на бештар аз 10 саҳифа буда, маълумотҳо оид ба  таҳлили фаъолият, камбудиҳои ҷойдошта ва таклифҳои мушаххас дар бораи  бартараф намудани онҳоро дар бар гирад.

110.Маълумотномаи умумӣаз тарафи роҳбар ва аъзоёни гурӯҳба имзо расида, як нусхаи он ба роҳбарияти прокуратураи санҷидашуда супорида мешавад.

111.Натиҷаи санҷиш дар ҳолатҳои зарурӣдар прокуратураи зери санҷиш қарор гирифта муҳокима карда мешавад.

112.Роҳбари гурӯҳи корӣвазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзи ба итмом расидани санҷиш ба Прокурори генералӣмаълумот диҳад.

113.Маълумотҳо оид ба  натиҷаи санҷиш ва дигар ҳуҷҷатҳо, дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯз ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

114.Натиҷаи санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ), чун қоида барои муҳокима дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

115.Кормандони воҳидҳои дар санҷиши маҷмӯъӣ(комплексӣ) иштирок варзида, инчунин оид ба  натиҷаи кори иҷрокардаашон аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи назоратӣба сардорони раёсату шӯъбаҳо маълумотномаи дахлдор пешниҳод менамоянд.

116.Натиҷаи санҷишҳои соҳавӣ, дар сурати ҳатмӣнабудани баррасиашон дар маҷлиси ҳайати мушовара, мавриди муҳокимаи маҷлисҳои фаврии назди муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё раёсату шӯъбаҳо қарор дода шуда, оид ба  бартараф намудани камбудиҳои муайяншуда  чораҳо андешида мешаванд.

7.Санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда

117.Лоиҳаи санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда (фармонҳо, супоришҳо, амрҳо, низомномаҳо, дастур ва дастурамалҳо)-и Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣва ё бо ташаббуси бевоситаи кормандон аз тарафи раёсату шӯъбаҳо тартиб дода мешаванд.

118.Агар ин қабил ҳуҷҷатҳо бо ташаббуси кормандон омода шаванд, ба лоиҳаи санад гузориши асоснок ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон замима карда мешавад.

119.Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералӣдар соҳаҳои назоратӣметавонанд, дастурамал бароранд.

120.Сардорони раёсату шӯъбаҳо, лоиҳаҳои санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунандаро дар мавриди зарурӣбо дигар раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва бо Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа мекунонанд.

121.Дар ҳолатҳои зарурӣраёсати муносибатҳои байналмилалӣва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳуқуқии лоиҳаи санадро гузаронида, хулоса тартиб медиҳад.

122.Лоиҳаи  санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда  дар Шӯрои илмӣметодӣмавриди барраси қарор дода мешаванд. Аъзоёни Шӯрои илмӣметодӣметавонанд тавсияҳои худро оиди даровардани тағйиру иловаҳо ба санади баррасишаванда пешниҳод намоянд. Дар ҳолати зарурат ин санадҳо бо таклифи яке аз аъзоёни ҳайати мушовара ва   супориши Раиси ҳайати мушовара дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

123.Кормандони прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда метавонанд, бевосита дар омода сохтани санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда ҷалб карда шуда, онҳо низ метавонанд чунин санадҳоро таҳия ва омода сохта, ба Прокурори генералӣпешниҳод намоянд.

124.Лоиҳаи  санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда бо сардорони раёсату шӯъбаҳо, ки дар омода сохтани он ширкат варзидаанд ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъулини ин соҳаи назоратанд, мувофиқат кунонида шуда, баъди таҳрир шуданашон аз тарафи раёсат ва шӯъбаи дар омода сохтани он масъул, барои мувофиқат кардан ба раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд.

125.Ба лоиҳа маълумотномаи асоснок оид ба  рад намудани таклифҳо ва эродҳои пешниҳодшуда ҳамроҳкарда мешавад.

126.Санадҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда (ба ғайр аз онҳое, ки махфӣмебошанд) аз тарафи Раёсати кадрҳо ба қайд гирифта мешаванд.

127.Тартиби омода сохтани лоиҳаҳои фармон, дастур ва Низомномаҳои  якҷоя бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони вай муқаррар карда мешавад.

8. Даъвати кормандон аз маҳалҳо

128.Даъвати кормандони прокуратураҳои тобеъ ба Прокуратураи генералӣ, мувофиқи супориши Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, ё бо иҷозати онҳо, дар асоси гузориши асосноки сардорони раёсату шӯъбаҳо сурат мегирад.

129.Давомнокии сафари хизматии кормандоне, ки барои иштирок намудан дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, маҷлисҳои фаврӣё додани маълумот оид ба парвандаҳои мушаххас, санҷишҳои хизматӣва аттестатсия ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд, набояд аз 3 рӯз ва аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 5 рӯз зиёд бошад (ба истиснои таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва дигар шароиту ҳолатҳое, ки мӯҳлати дарозтарро талаб мекунанд.)

130.Масъалаи хароҷоти сафари хизматии кормандони даъватшуда ва ҷобаҷокунии онҳо, хароҷоти сафари хизматии кормандони даъватшуда (дар сурати мавҷуд набудани маблағбарои сафари хизматӣдар прокуратураҳои тобеъ), пешакӣбо сардори Раёсати молиявию хоҷагӣмувофиқат кунонида мешавад. Бе ҳал намудани ин масъалаҳо, кормандон даъват карда намешаванд.

131.Бақайдгирии сафари хизматии кормандони аз маҳалҳо даъватшуда оид ба  мӯҳлати дар Прокуратураи генералӣбудани онҳо аз тарафи раёсату шуъбаҳои дахлдор ва раёсати кадрҳо амалӣгардонида мешавад.

132.Асос ва тартиби ба Прокуратураи генералӣдаъват намудани муфаттишон ва дигар кормандони прокуратураҳои поёнӣбарои иштирок дар гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ, тартиби додани хароҷоти молиявии ин кормандон, бевосита аз тарафи Прокурори генералӣмуайян карда мешавад.

133.Сардорони раёсату шӯъбаҳо вазифадоранд, ин масъалаҳоро зери санҷишу омӯзиш қарор диҳанд ва баҳри такмили ташкили ин кор тадбирҳо андешанд.

134.Дар ҳолате, ки корманд супоришро иҷро намекунад, мӯҳлати дар сафари хизматӣбуданро риоя наменамояд, интизоми меҳнат ва иҷроияро вайрон мекунад, сардори раёсат ва ё шуъба гузориши асоснок тартиб медиҳад, ки он баъди мувофиқа бо муовини Прокурори генералӣбарои баррасии масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣкашидани корманд ба Раёсати кадрҳо супорида мешавад.

9. Назорати иҷрои супоришҳо

135.Назорати иҷрои Фармонҳо, дастурҳо, фармоишоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, чорабиниҳои нақшавӣаз тарафи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

136.Бо ҳуҷҷатҳое, ки иҷроишашон зери назорат қарор доранд (ё дарозмуддат мебошанд), аз ҷумла тартиб додани варақаҳои назоратӣ,  истеҳсолоти назоратӣдар асоси Дастурамал «Дар бораи коргузорӣдар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣгардонида мешавад.

137.Назорат бо роҳи мунтазам омӯхтан ва таҳлил намудани маълумотҳои оморӣ, нақшаҳои корӣ, ҳуҷҷатҳои назорати  прокурорӣ, санадҳои эътиноии  прокурорӣ, ахборотҳо, маводҳое, ки аз прокуророни поёни ворид мегарданд, таъмин карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои санҷиш ба тариқи назоратӣ, сафар ба маҳалҳо ташкил карда мешавад.

138.Фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ба прокуратураҳо ё соҳаҳои алоҳидаи назорат, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқтааллуқдоранд, на бештар аз як сол, (агар дар худи санад мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад) зери назорат гирифта мешаванд.

139.Пас аз ба итмом расидани мӯҳлат, масъалаи аз назорат соқит кардан ё идома додани он аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ,  дар асоси гузориши асосноки сардори раёсат ё шӯъба, ёрдамчиёни Прокурори генералӣҳал карда мешавад.

140.Назорати иҷрои супоришҳои Прокурори генералӣва муовинони ӯ, аз ҷумла оид ба  баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон, сардорони раёсату шӯъбаҳо ва ёрдамчиёни  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣгардонида мешавад.

141.Назорати иҷрои  супоришҳои аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, ҳамчунин тартиб ва мӯҳлати барраси гардидани дархост ва муроҷиатҳои аз мақомотҳои Олии Ҳокимияти давлатӣдохил гардида, аз тарафи раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

142.Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон ҳолати иҷро, риоя намудани тартиби омодасозии шакли ҳуҷҷатҳои амрдиҳандаву ташкилкунанда, иҷрои Регламенти мазкурро дар Раёсату шуъбаҳо ва прокуратураҳои поёнӣмесанҷад, санадҳо ва маълумотҳои лозимаро талаб менамояд ва ҳангоми муайян намудани камбудиҳо барои бартараф намудан ва пешгирии онҳо чораҳои дахлдор  меандешад.

143.Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки Регламенти прокуратураҳои худро мутобиқи Регламенти мазкур мураттаб сохта, тибқи он фаъолияташонро ба амал бароранд.