Гурӯҳи корие, ки дар Прокуратураи генералӣ бо ҳадафи пешгири намудани болоравии асъори хориҷӣ ва беқурбшавиии пули миллӣ таъсис ёфта буд, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро санҷида баромад, як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуд.

Чунончи, муқаррар гардид, ки шаҳрвандон Ғаффуров Ё.С. ва Бекназаров А. бо маслиҳати пешакӣ аз моҳи июни соли 2015 инҷониб дар нуқтаи хизматрасонии телефонҳои мобилӣ,

воқеъ дар шаҳри Душанбе, маҳаллаи 65(мағозаи «Зебо»), ғайриқонунӣ нуқтаи интиқоли маблағҳои пулӣ ташкил намуда, аз 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 зиёда аз 800 000 доллари ИМА-ро аз шаҳрвандон гирифта, ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода, ҳамзамон зиёда аз 200 000 доллари ИМА-ро, ки аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол гардида буд, ба шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшудааш дода, бо ин ҳаракатҳои худ ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи давлат зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Инчунин, 26 январи соли 2016 Ғаффуров Ё.С. аз сокини шаҳри Душанбе Мирзоалӣ ном шахс 1000 доллари ИМА гирифта, таъкид намудааст, ки маблағи додаашро аз шаҳри Дубай, аз Абдулҳамид метавонад дастрас намояд, ки дар ҳамин ҳолат аз тарафи гурӯҳи корӣ дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ дарёфт карда шудаанд.

Бинобар ин, нисбати Ғаффуров Ё.С. ва дигарон бо аломатҳои қисми 1моддаи 259 (соҳибкории ғайриқонунӣ),  қисми 1 моддаи 263 (фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ) ва бандҳои «б», «в» қисми 3 моддаи 286 (додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Ё ин ки,Тошев А.Ш., сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Испечак, деҳаи Чавлибой, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машгул шуда, 15 феврали соли 2016 бо маслиҳати пешакӣ бо харидори шартӣ бо мақсади харидорӣ намудани автомашинаи шахсии ӯ тамғаи “Hundai Tuscani», рақами давлатиаш 32-35 BE 01 дар деҳаи Чавлибой вохӯрда, аз маблағи умумии 6000 доллари ИМА савдонамудааш аз харидори шартӣ 3000 доллари ИМА-ро гирифтааст.

Ҳангоми амалӣ намудани ҳолати хариду фурӯши минбаъда ва гирифтани пулҳои боқимонда Тошев А.Ш. дар назди бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе аз тарафи гурӯҳи кории Прокуратураи генералӣ дастгир карда шуда, маблағи 3000 доллари ИМА аз дохили автомашинаи номбурда дарёфт ва гирифта шудааст.

Бинобар ин, нисбати Тошев А.Ш. бо аломатҳои моддаи 286 кисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣин парванда ба суди ноҳияи Рӯдакӣ ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо