Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти омода намудани мутахассисони болаёқат барои идоракунӣ ва пешбурди давлатдории навини тоҷиконро ба миён гузошт.

  Дар ин раванд, бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар қаламрави мамлакат даҳҳо муассисаҳои олии касбӣ ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намуданд.

  Дар робита ба ин, бо дарназардошти хусусияти хос ва гуногунии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини онҳо бо кадрҳои лаёқатманд муассисаҳои таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳо таъсис до да шуданд.

  Аз ҷумла, дар асоси пешниҳоди Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чиҳати бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон бо карори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 таҳти №541, “Курсҳои такмили ихтисоси кормандони додситонӣ ва лабораториям омӯзиши проблемаҳои ҷинояткорӣ дар назди Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд.

  Пас аз 10 соли фаъолият, соли 2004 Курсҳои такмили ихтисос ба “Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” табдил дода, минбаъд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №539 аз 14 августа соли 2015 сохтори нави Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва тибқи он дар заминаӣ“Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он дар тобеияти идоравии Прокуратурам генералӣ қарор дошта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Н. Қарабоев, 3 ҷоӣгир шудааст.

  Донишкада фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,.Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома, ки бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон №5-261 аз 17 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.

   Дар ин замина, Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 15 феврали соли 2016 “Дар бораи такмили низоми таӣёр, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.

  Дар ин раванд тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣдар зинаи таълимоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ аз руи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣва фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ дар зинаи магистратура ва курси кутоҳмӯддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси прокурорҳо ва муфаттишон иҷозатнома дода шудааст.

 Тибқи муқаррароти Низомнома мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Донишкада аз инҳо иборат мебошад: амалӣ намудани барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз таҳсилоти олии таълимӣдар самти таӣёр намудани ҳуқуқшиносон; мукаммалсозии иқтидори кадрии мақомоти прокуратура бо роҳи баланд бардоштани малакаи касбии кормандон, аз ҷумла дар низоми таҳсили баъди донишгоҳи олӣ; гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ аз рӯӣи масъалаҳои назорати прокурорӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ, ки ба мукаммалсозии қонунгузорӣ ва таъминоти илмии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани ҳамкории илм ва амалия мусоидат менамоянд. 

  •   Вазифаҳои асосии Донишкада инҳо мебошанд: қонеъ гардонидани талаботи шахе дар инкишофи зеҳнӣ, касбӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба воситаи гирифтани таҳсилоти олии касбӣва ё таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи таълимии олӣ; таӣёрии касбӣ, бозомӯзӣъа баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти прокуратура;

-таъмини илмӣ-методии фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти баамалбарории назорати прокурорӣ оид ба риояи қонунҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ;

  • расонидани ёрии назариявию амалӣбарои ба амал баровардани фаъолияти мақомоти прокуратура, такмил ва ташаккули самтҳои алоҳидаи назорати прокурорӣ;

- дар якҷоягибо Раёсати кадрҳои Прокуратурам генералӣтаъмин намудани назорат вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура;

-гузаронидани тадқиқотҳои илмӣоиди масъалаҳои умумии назорати прокурорӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ;

-зимни ба амал баровардани фаъолиятӣ илми-тадкиқотӣ ва таълими-методӣ такмил додани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлати, ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимӣ, аз ҷумла хориҷӣ.

  Донишкадаи Прокуратурам генералӣнатанҳо барон амалисозии Барномаҳои таълимӣ, инчунин барон иҷрои супоришҳои Прокурори генералӣ оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои гуногуни дороӣ хусусияти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ва иҷтимоӣ муваззаф мебошад.

Фаъолияти Донишкада аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда шуда, ҳамасола сметан ягонаи даромад ва хароҷотҳо аз ҷониби Донишкада таҳия ва аз чиниби Прокуратураи генералӣ тасдиқ карда мешавад.

 

 

Материал находится в разработке

Материал находится в разработке

Материал находится в разработке

Материал находится в разработке