Маҷалла

Бо Фармони Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
№32/5-16 аз 24 июни соли 2015
тасдиқ шудааст

 

Дастурамал

дар бораи Интернет-қабулгоҳи

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

           

I. Муқаррароти умумӣ

      1. Дастурамали мазкур дар бораи Интернет-қабулгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Дастурамал) тартиби амалии ташкил ва фаъолият оид ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути почтаи электронӣ ворид мегарданд, муайян менамояд.

      2. Муроҷиатҳои ба интернет-қабулгоҳ воридшаванда дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати  шаҳрвандон» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ карда мешаванд.

 

II. Талаботи асосӣ ба интернет - муроҷиатҳо

       3. Интернет - муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба интернет-қабулгоҳ ворид мешаванд, бояд дорои чунин маълумотҳо бошанд:

         - Номгӯи ҷузъи сохторӣ, минтақавӣ ё ному насаб, номи падар ва вазифаи шахсе, ки ба он муроҷиат карда мешавад;

         - Ному насаб ва номи падари муроҷиаткунанда;

         - Суроғаи ҷои истиқомати муроҷиаткунанда;

         - Матни муроҷиат бо шарҳи муфассали муроҷиат ва ибрози мушаххаси хоҳиш;

         - Почтаи электронии муроҷиаткунанда(e-mail);

         - Рақами телефони муроҷиаткунанда;

          - Сана ва маҳалли ирсол намудани муроҷиат.

4. Амали Дастурамали мазкур ба шахсони ҳуқуқӣниз паҳн мегардад.

Дар ин маврид, интернет-муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ, ки ба интернет-қабулгоҳворид мешаванд, бояд дорои чунин маълумотҳо бошанд:       

- Номгӯи ҷузъи сохторӣ, минтақавӣё ному насаб, номи падар ва вазифаи шахсе, ки ба он муроҷиат карда мешавад;

         - Номгӯи шахси ҳуқуқӣ;

         - Суроғаи маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ;

         - Рақами содиротӣ, сана;

         - Матни муроҷиат бо шарҳи муфассали муроҷиат ва ибрози мушаххаси хоҳиш;

         - Вазифа, ному насаб ва номи падари роҳбари шахси ҳуқуқии ба имзо расонида;

         - Почтаи электронии шахси ҳуқуқӣ(e-mail);

         - Рақами телефон;

         - Сана ва маҳалли ирсол намудани муроҷиат.

         5. Интернет-муроҷиатҳои зерин барои баррасӣқабул карда намешаванд:

         - бе ном, яъне бе нишон додани ному насаб ва номи падар, ҷои аниқи истиқомат (суроға), ба истиснои муроҷиатҳое, ки дар онҳо оид ба ҷиноятҳои тайёршаванда ё содиршуда маълумот дода мешавад;

         - дар ҳолати ворид гардидани нусхаи мактуб тавассути почта;

         - дорои таркиби луғавии ғайримеъёрӣва суханҳои қабеҳ;

         - дар ҳолате, ки муроҷиатҳо бе мазмун ва бе мантиқбошанд;

         - дигар асосҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраркардашуда.

         6. Андозаи интернет – муроҷиат бо 400 ҳарфи чопӣ, ё ин ки як саҳифаи чопии андозааш А4 маҳдуд карда мешавад.

         7. Матни  муроҷиат  бояд  мантиқан  дуруст  ифода  ёфта  бошад. Савол, пешниҳод ва хоҳиш ба таври возеҳбаён  гашта бошад.

         Дар интернет - муроҷиат ҳамчунин дарҷкарда мешавад, ки муаллиф аз рӯи масъалаи мазкур ба кадом мақомот муроҷиат кардааст ва вобаста ба натиҷаи баррасии он чӣқарор қабул шудааст.

         8. Пас аз қабул намудани Интернет-муроҷиат, ба муаллиф дар давоми  се рӯзи корӣтавассути почтаи электрониаш оид ба қабул гардидани муроҷиат бо нишон додани сана, вақте, ки муроҷиат ворид шудааст, рақами воридотӣ, инчунин рӯйхати телефонҳои тамос ва ё маълумот дар бораи рад кардани баррасии муроҷиат (бо асоснок кардани сабаби бе баррасӣмонондан) хабар дода мешавад.  Сипас, интернет-муроҷиат чоп карда шуда, бо он тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣкор бурда мешавад.

         9. Пас аз баррасӣ, ҷавоби муроҷиат ба таври хаттӣ пешниҳод карда мешавад (ба суроғаи ҷои истиқомат ва ё ба почтаи электронӣ).

 

III. Тартиби  баррасӣ намудани муроҷиати интернетӣ

         10. Корманди масъули Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

         - ҳамарӯза интернет-муроҷиатҳои ба интернет-қабулгоҳ воридшуда, аз  ҷумла мутобиқатии онҳоро ба талаботи боби 2-ми Дастурамали мазкур тафтиш менамояд;

         - дар сурати  норавшании  ҳолатҳои  алоҳидаи интернет-муроҷиат бо муроҷиаткунанда тариқи почтаи электронӣмукотибаро анҷом медиҳад;

         - масъалаи тобеияти интернет-муроҷиатро ба мақомоти прокуратура баррасӣ менамояд;

         - дар сурати  дар муроҷиат мавҷуд  будани  масъалаҳое, ки ҳалли он ба салоҳияти мақомоти прокуратура дохил намешаванд, баъди дастури роҳбарияти прокуратура вобаста ба куҷо ва ба кадом тартиб муроҷиат намудан тавзеҳот медиҳад;

         - муроҷиатҳои ба Прокуратураи генералӣ ирсол кардашуда, лекин ба тобеияти прокуратураҳои поёнӣ таалуқ доштаро (муроҷиатҳои якум) аз рӯи тобеият (дар ҳамоҳангӣбо сардори Раёсат) ба прокуратураҳои поёнии ҳудудӣбарои моҳиятан баррасӣнамудан, мефиристад;

         - пас аз  муқаррар намудани тобеият ва дигар ҳолатҳое, ки дар интернет-муроҷиат баён шудаанд, онро дар шакли қоғазӣ чоп намуда,  нусхаи хаттии онро дар китобҳои дахлдор, ки дар Раёсат ташкил карда мешаванд ба қайд гирифта, онро ба роҳбарияти Прокуратураи  генералӣ пешниҳод менамояд;

         - дар давоми  3 рӯзи  корӣ  тавассути  почтаи  электронӣ  ба суроғаи  электронии муроҷиаткунанда дар бораи қабул кардани муроҷиати  электронии ӯ, ё рад кардани баррасии муроҷиати ӯҷавоби асоснок ирсол  менамояд.

11. Шахси масъул, ки ба ӯ баррасии интернет-муроҷиат супорида  шудааст:

         - пас аз қабул кардани интернет-муроҷиат онро дар асоси Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», Дастурамали мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонбаррасӣменамояд;

         - дар сурати аз рӯи тобеият ба прокуророни поёнӣ фиристонидани интернет-муроҷиат, муроҷиаткунандаро дар бораи он хабардор намуда, иҷрои саривақтии муроҷиатро назорат мебарад.

        

  12. Прокуратураҳои ҳудудӣ:

- интернет-муроҷиатро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи матбуоти даврӣва дигар воситаҳои ахбори омма», фармонҳои Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар баррасӣ менамоянд;

         - интернет-муроҷиатҳоро ба кормандони фаврии самти алоқаманд вогузор намуда, назорати иҷрои онро таъмин менамояд;

         - оид ба баррасии муроҷиат ба прокуратураи болоӣ ахбори муфассал ирсол менамоянд.