Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати Хушватов Насим Саймуҳиддинович  аз рӯи қисми 3 моддаи 32 – моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2016 Хушвахтов Н.С. дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 6 (шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

Номбурда барои маҳкум карда шуда, ки 22 марти соли 2015 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, тахминан аввалҳои моҳи октябри соли 2015 бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, писари тағояш Заробиддини Иброҳим Раҳматуллозода дар шабакаи ҷамъиятии интернетии “Телеграмма” ва дигар аъзоёни гурӯҳи террористӣ бо номҳои “Ахи” ва “Мусаб” мукотиба намуда, даъвати онҳоро оид ба иштирок дар гурӯҳи экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ”қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Сипас, ӯ бо мақсади аъзои ин гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия иштирок намудан, 03 феврали соли 2016  тавассути хатсайри Москва – Истамбул ба давлати Туркия парвоз карданӣ шуда, аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Федератсияи Россия дастгир карда шуда, ба ҳолатҳои ба ӯ вобаста набуда бо мақсадҳои ниҳоии худ нарасидааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо