08.01.2016 тахминан соати 14-00 дақиқа Салимов А.М. ва Аҳлиддини А. 2 баста воситаи нашъадор навъи “ҳашиш”-ро ба миқдори 704 грамм, аз ҷойи пинҳонкардаи шарики дигариашон Масайнов К.Ч. гирифта, ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Максима”, рақами транзитиаш А87-92 Д 01 ТҶ, ки ба Аҳлиддини А. тааллуқ дошт, ҷойгир намуда, бо мақсади ба соҳияти каси дигар додан ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳои ш.Душанбе равон мешаванд.

Ҳангоми дар рӯ ба рӯи ҶДММ “Ҳумо” расиданашон, онҳоро кормандони милитсия бо гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ боздошта, зимни азназаргузаронии автомашинаи мазкур воситаи нашъадорро дарёфт менамоянд.

 Ҳини гузаронидани кофтукови шахсӣ аз кисаи курткаи Салимов А.М. боз 2 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ёфта мегардад.

Худи ҳамон рӯз соати 21-00 дақиқа аз ҷониби кормандони милитсия Масайнов К.Ч. дастгир карда шуда, аз боми манзили истиқоматии ӯ, воқеъ дар ш.Душанбе, кӯчаи Анзоб, хонаи №73, боз 692 грамм воситаи нашъадор навъи “ҳашиш” дарёфт карда шудааст.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони номбурдаро Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд ва ин парванда аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 марти соли 2016 Салимов А.М., Аҳлиддини А. ва Масайнов К.Ч. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в”, “г” Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шудаанд Ба Аҳлиддини А. ва Масайнов К.Ч. ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нӯҳ) сол, ба Салимов А.М. ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо