Маҷалла

  13 июли соли 2015 тахминан соати 17:00 дақиқа Муродов Ҷурабек Назархонович бо ҳамроҳии Софаев Комил Бафоевич, Азизгиев Давлатёр Ганҷибойевич, Шомуддинов Алишер Илҳомович, Муҳабатов Ҷамшед Саймуродович ва Файзуллаев Шавкатилло Негматуллаевич тавассути автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, рақами давлатиаш ТJ 2287 СА 01, ки ба Муродов Ҷ.Н. тааллуқ дошт, бо мақсади оббозӣ ва истироҳат кардан ба лаби дарёи Кофарниҳон,

 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат рафта,ҳангоми оббозӣ нӯшокиҳои спиртӣ ва воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” истеъмол менамоянд.

Тахминан соати 18:40 дақиқа ба лаби дарёи Кофарниҳон шаҳрванд Надиров Саидатор бо мақсади истироҳат намудан омада, аз Муродов Ҷ.Н. ва рафиқонаш тақрибан дар масофаи 40 метр дуртар нишастааст. Муродов Ҷ.Н., ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, аз рафиқаш Азизгиев Д.Г. талаб намудааст, ки рафта аз Надиров С. барои ӯ харбуза биёрад. Азизгиев Д.Г. талаби Муродов Ҷ.-ро рад накарда, ба назди Надиров С. рафта, бо ӯ суҳбат карда, як қисми харбузаро оварда, ба Муродов Ҷ. додааст.

Муродов Ҷ.Н., ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, маротибаи дигар Софаев К.Б.-ро боз барои аз Надиров С. гирифта овардани харбуза равона мекунад. Софаев К.Б. бошад, ба назди Надиров С. рафта, бо ӯ каме суҳбат намуда, аз пурсидани харбуза худдорӣ кардааст. Баъд аз он ки Софаев Б.К. бехарбуза баргаштааст, Муродов Ҷ.Н. ба ғазаб омада, ба назди Надиров С. рафта, муноқиша кардааст. Дар натиҷаи ин муноқиша Муродов Ҷ.Н. аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Надиров С. бо ресмони синтетикии бо худ доштааш, вайро аз қисми гулӯяш қасдан буғӣ кардааст. Азизгиев Д.Г. ва Софаев К.Б. бо талаби Муродов Ҷ.Н. барои муқобилат нишон надодан аз пой ва зонуҳои Надиров С. доштаанд.

Муродов Ҷ.Н., Азизгиев Д.Г. ва Софаев К.Б., баъди ба қатл расонидани Надиров С., бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти содир кардаашон ва нобуд сохтани ҷасад Муҳабатов Ҷ.С., Шомуддинов А.И. ва Файзуллаев Ш.Н.-ро ба наздашон даъват кардаанд. Онҳо якҷоя ҷасади Надиров С.-ро аз назди соҳили дарёи Кофарниҳон тахминан 35 метр дуртар бурда, ба дохили чуқурие гузоштаанд. Сипас, Муродов Ҷ.Н. бо қоғазпораҳо ва сӯзишвории “бензин” ҷасади Надиров С.-ро оташ задааст.

Прокуратураи шаҳри Ваҳдат вобаста ба куштори мазкур тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонд ва ин парванда аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардид.  

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2016 Муродов Ҷ.Н., Софаев К.Б., Азизгиев Д.А. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “з” ва “к” (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шомуддинов А.И., Муҳабатов Ҷ.С. ва Файзуллаев Ш.Н. бо моддаи 347 қисми 2 (пинҳон доштани ҷинояти махсусан вазнин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Муродов Ҷ.Н.ҷазои 24 (бистучор) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Софаев К.Б. ва Азизгиев Д.Г. – 23 (бистусе)-солӣ, ба Муҳабатов Ҷ.С. ва Шомуддинов А.И. – 3 (се)-солӣ, ба Файзуллаев Ш.Н. ҷазои 2 (ду) сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо