ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                    Дар бораи Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 67 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Низомнома "Дар бораи Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон", тасвир ва таснифи он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 4 апрели соли 2015, № 429 "Дар бораи нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 июни соли 2016 № 712

 

Замимаи 1

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" июни соли 2016, № 712

 

                           Низомнома дар бораи Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумхурии Тоҷикистон Нишони расмӣ буда, ба мақомоти прокуратура тааллуқ дорад.

2. Тасвири Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, ашёи инфиродӣ, либоси хизматӣ, нишони хизмативу сарисинагӣ, таҷҳизоти хизматӣ, ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба љайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои поёнин он ҷойгир карда мешавад.

3. Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳо бо тартиби муайяннамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

 

Замимаи 2

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" июни соли 2016, № 712

 

Тасвири Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                          

 

Замимаи 3

ба Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" июни соли 2016, № 712

                       

                                 Тавсифи Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти яке аз ниҳодҳои муҳими низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани мақомоти прокуратура, ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, мақом, вазифаҳо, хусусиятҳои хоси фаъолият ва мақсаду мароми мақомотро ифода менамояд.

2. Нишони мақомоти прокуратура ба таври байзашакл омода карда шуда, дар дохилаш сипар бо ранги кабуд бо навиштаҷоти "ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН", шамшер ва тарозуи дупалладор ҷойгир карда шудааст. Аз ду тарафи Нишон рамзҳои Нишони давлатӣ, пахта ва гандум, дар қисмати боло тоҷ ва дар қисмати поёнӣ Парчами Тоҷикистон омадааст. Нишон аз хӯлаи биринҷии зарҳалӣ тайёр карда шуда, як тараф дорад, дарозии он аз бараш калонтар аст.