Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Раҷабов Зафар Сафархоҷаквич, соли таваллудаш 1983, зодаи шаҳри Ваҳдат, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в”,“л” ва 138 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

 Тафтишоти пешакӣ Раҷабов З.С.-ро бароион айб эълон намудааст, ки номбурда ба оворагардӣ машғул шуда, дар заминаи қонеъ гардонидани нафси шаҳвонӣ даст ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин задааст.

 Чунончи, ӯ 25 августи соли 2020 соатҳои 12 30 дақиқа дар бозорчаи маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе бо хурдсол Сафарова Зулола Баҳридиновна, соли таваллудаш 2009, ки танҳо гаштугузор дошт вохӯрда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ номбурдаро ҳамроҳи худ аз бозор ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Вахдат, ба макони хилватгоҳ бурда дидаву дониста, ки номбурда хурдсол аст, ӯро ба оғуш гирифта, мақсади поҷомаашро аз танаш баровардани шудааст, ки Сафарова З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С. огоҳ шуда, ба ӯ муқобилият нишон додааст. Раҷабов З.С. бо мақсади бартараф намудани муқобилияти Сафарова З.С., тариқи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намудан ва нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидан як зарба ба рӯи охирин задааст, ки хурдсол ба замин афтода, паси сараш ба санг бархурда, дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣбардошта, беҳолу бемадор рӯи замин афтодааст.

  Баъдан Раҷабов З.С. аз вазъи оҷизонаи хурдсол Сафарова З.Б. истифода бурда, ба номуси ӯ таҷовуз карда, нафси шаҳвониашро қонеъ гардонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Хурдсол Сафарова З.б. баъди гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Бо ҳукми Суди Олӣ аз 25 феврали соли 2021 судшаванда Раҷабов З.С. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в”,“л” ва 138 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш махсус таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо