Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятро бо айбдории Зубайдов Низомҷон Раҳмоналиевич бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" (азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида барон моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуда буд.

  Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Зубайдов Н.Р. дар вазифаи китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Кушониён кор карда, дар давоми солҳои 2017-2019 даст ба азонихудкунии маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва рӯзномҳои китобдорони муассисаҳои таълимии ин ноҳия задааст.

  Аз ҷумла, тибқи борхати №150 аз 26.06 соли 2019 аз ҶДММ "Ганҷ Нашрёт" дар асоси шартнома 35000 адад рӯзнома, ҳар як ададаш ба маблағи 5.80 сомонӣ қабул карда, аз ин шумора 31234 адади онро ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба маблағи 6,40 сомонӣ фурӯхта, боқимонда 3766 адади онро ба маблағи умумии 21842,80 сомонӣ тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

  Бо чунин роҳ дар се ҳолат, ки дар маҷмуъ маблағи умумии 196756,40 сомониро ташкил медиҳад даст зада маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш заррари махсусан калон расонидааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Кушониён аз 25 январи соли 2021 Зубайдов Н.Р. бо аломатҳои моддаи 245 қисми 4 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

 

 

Хабарҳо