ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА
НАМОЯНДАГОНИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ
Мувофиқи муқаррароти банди 89-и Регламенти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон, намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз тарафи шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо ба роҳ монда мешавад.
Қабули шахсии шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба арзу шикоятҳои онҳо, мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», тибқи ҷадвалҳои дахлдор ҳар рӯзи корӣ ва шанбе аз соати 900 то 1200 ба истиснои идҳои ғайрикорӣ дар биноҳои маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сапрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва махсусгардонидашуда ташкил карда шудааст.
Бо мақсади таъмини фаврияти баррасӣ, сарфаи вақт ва аз байн бурдани саргардонӣ аз шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ хоҳиш карда мешавад, ки тартиби муроҷиати зина ба зинаро, яъне муроҷиати аввал ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои маҳалли зист ва дар ҳолати розӣ набудан аз қарори қабулнамудаи прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо - ба прокуратураҳои вилоятҳо ва баъдан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намоянд.
Марҳила ба марҳила қабули шахсии роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар маҳалҳо ташкил мегардад, ки дар ин бора шаҳрвандон пешакӣ тавассути сомонаи расмии мақомоти прокуратура огоҳонида мешаванд.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ҚАБУЛГАРДИДА, ИҶРОЧИЁН ВА НАТИҶАИ БАРРАСӢ:
Шахсони манфиатдор дар бораи иҷрочиён ва натиҷаи баррасии муроҷиатҳои воридгардида аз шуъбаи коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути рақамҳои кории 235-04-59, 236-86-00 маълумот гирифта метавонанд.
«Т А С Д И Қ М Е К У Н А М» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия
_________________ Ю.А.Раҳмон
«_______» майи соли 2018-ум.
Т А Р Т И Б И
Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбарияти
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бевосита аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонтанҳо вобаста ба масъалаҳои зерин қабул карда мешаванд;
а. муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қаблан баррасӣ шуда, ба онҳо бо имзои муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби хаттӣ дода шуда, онҳо аз ҷавоби додашуда қаноатманд нашуда бошанд;
б.масъалаҳое, ки аз санадҳои байналмилалӣ бармеоянд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла; оид ба иҷрои супоришҳои байналмилалӣ дар хусуси расонидани ёрии ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ, иҷрои шартномаҳои байнидавлатӣ, интиқоли айбдоршавандагони дар дигар давлатҳо дастгиршуда ва ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда;
в.вобаста ба баррасии даъвоҳои прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муовинони Прокурори генералӣ, эътирозҳои Прокурори генералӣ ва муовинони ў, ки дар доираи салоҳияташон оварда шудаанду, онҳо дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ карор доранд;
г.муроҷиатҳое, ки бевосита ба фаъолияти кормандони мақомоти прокуратура алоқамандӣ доранд.
- Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муовинони Прокурори генералӣ дар ҳолатҳои зерин сурат мегирад;
а. агар арзу шикоятҳои онҳо аз тарафи сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ ва ба онҳо баробаркардашуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷавоби хаттӣ гирифтаанду, вале онҳо аз қарори қабулшуда қаноатманд набошанд;
б. агар бо арзу шикоятҳояшон аз тарафи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни дар банди «а» зикргардида дар муҳлати зиёда аз як моҳ ҷавоби хаттӣ нагирифта бошанд.
3. Масъалаҳое, ки баррасии онхо ба ваколатҳои
Прокуратураи генералӣ мансуб нестанд:
а. муносибатҳои ҳуқуқие, ки баррасии онҳо ба салоҳияти судҳо алоқамандӣ доранд. Аз ҷумла, муносибатҳои оилавӣ: - бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент, тақсими молу мулк, муқаррар намудани падарӣ, муайян намудани ҷои зисти фарзандон, маскун намудан ба манзил, эътироф намудани аъзои оила, фарзандхонӣ, муайян намудани муносибатҳои хешу таборӣ, фавтида ва ё гумшуда эълон намудан, бекор ва ё беэътибор донистани аҳдҳо, ҳимояи шаъну шараф, рӯёнидани зарари маънавӣ, баҳсҳо аз муносибатҳои қарзӣ, тиҷоратии байни соҳибкорон ва ѓайраҳо, агар бо ин баҳсҳо санади ба қувваи қонунӣ даромадаи судӣ мавҷуд набошад;
б. оиди парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ,ки дар марҳилаи суди зинаи аввал мавриди баррасӣ қарор доранд ва прокурор тараф намебошад;
в.муроҷиатҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ, ки дар марҳилаи суди кассатсионӣ ва назоратии судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор доранд;
г.оиди парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ.
Оид ба ҳолатҳои овардашуда аз ҷониби шахсони масъули Прокуратураи генералӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мансубияти тобеияти арзу шикояти онҳо фаҳмонида дода мешаванд.
ЭЗОҲ:Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд ба прокуратураи маҳалли содиршавии ҷиноят ё қонунвайронкунӣ муроҷиат намуда, баъд аз гирифтани ҷавоби ариза ё шикоят дар сурати розӣ набудан ба он метавонанд, ба Сарпрокурори ҳарбӣ, прокуратураи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Дар ҳолати розӣ набудан бо ҷавоби онҳо метавонанд аз рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 9-00 то 12-00 ба қабули сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ бо замимаи суратнусхаҳои ҷавобҳо муроҷиат намоянд.
Дар ҳолатҳое, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ мавриди баррасӣ қарор доранд онҳо метавонанд, танҳо баъди гирифтани ҷавоби расмӣ, ки аз он норозианд такроран шикоят оваранд.
Бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қабули роҳбарияти Прокуратураи генералӣ дар рӯзҳои шанбе аз соати 7-30 то 9-00 ба амал бароварда мешавад.
Сардори Шуъбаи қабули шаҳрвандон
ва баррасии муроҷиати онҳо,
мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳамрозода С.Қ.










