Институти ёрдамчиёни ҷамъиятии прокурорҳо ва муфаттишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон – қисми таркибии системаи мақсадноки тайёр намудани мутахассисон барои мақомоти прокуратура буда, барои андӯхтани донишҳои касбию малакаи амалии дар фаъолияти прокурорию тафтишоти ҷамъшуда, аз ҷониби ҳар яки онҳо мусоидат менамояд.
Мақсади институти ёрдамчиёни ҷамъиятии прокурорҳо ва муфаттишон – ёрӣ расонидан ба ташаккули малакаҳои таҷрибавии кормандони ояндаи прокурорию тафтишотӣ, омӯзондани татбиқи дурусти дониши назариявӣ дар фаъолияти назоратии прокуратура, аз худ кардани тарзу усули таҳлил, ба амал баровардани назорати прокурорӣ аз болои тафтиши пешакӣ ва кушодани ҷиноятҳо, истифодаи тавсияҳои илмӣ дар ташкили кор ва идора, ба фаъолияти мақомоти прокуратура дар мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат намудан мебошад.
Вазифаҳои институти ёрдамчиёни ҷамъиятии прокурорҳо ва муфаттишон ин ҳарчӣ бештар ҷалб намудани ҷамоатчигӣ, аз он ҷумла донишҷӯён дар давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар фаъолияти бевоситаи прокурорию тафтишотӣ мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд, инчунин донишҷӯёни бахшҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки дорои савияи дониши баланд ва одобу ахлоқи ҳамида мебошанд, метавонанд ба сифати ёрдамчиёни ҷамъиятии мақомоти прокуратура таъин гарданд.
Талабот, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабул кардан ба сифати ёрдамчии ҷамъиятии мақомоти прокуртура, тартиби қабул ва хориҷ намудани ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, вазифаҳои онҳо, мӯҳтаво ва ташкили кори онҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.