Бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоқикистон таҳти №3 аз 15 феврали соли 2016 тасдиқ карда шудааст.  

 

                                 РЕГЛАМЕНТИ 

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

                        I.       МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.    Регламенти мазкур тартиб ва ташкили фаъолияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд Прокуратураи генералӣ) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастурҳо, низомномаҳо ва дастурамалҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2.      Прокуратураи генералӣ шахси ҳуқуқӣ, дорои муҳру нишон буда, роҳбарии умумии онро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Прокурори генералӣ) ба амал мебарорад, ки ҳамзамон Раиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди набудани Прокурори генералӣ, ваколатҳои ӯро муовини якуми Прокурорӣ генералӣ ва ҳангоми набудани муовини якум яке аз муовинон иҷро менамоянд.

3.      Муовинони Прокурори генералӣ дар асоси Фармони Прокурори генералӣ «Дар бораи тақсимоти вазифаҳои хизматӣ байни роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори Раёсату шуъбаҳое, ки сарпарастии онҳоро ба уҳда доранд, роҳбарӣ, ташкил ва назорат намуда, дар доираи ваколаташон тибқи қонунгузории ҷорӣ қарорҳо қабул мекунанд.

4.      Тартиби фаъолияти Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтори Прокуратураи генералӣ бо ҳуқуқи воҳиди низомӣ дохил шуда, ба он муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад, дар асоси Регламенти мазкур ва Регламенти Сарпрокуратураи ҳарбӣ муқаррар карда мешавад.

5.      Сардорони раёсату шуъбаҳо ва муовинони онҳо ташкилкунандаи бевоситаи фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ба шумор рафта, барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта масъулияти бевосита дошта, оид ба тақсимоти вазифаҳои хизматӣ дар байни кормандон фармоишҳо мебароранд, ки онҳо аз тарафи Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ тасдиқ карда мешаванд.

6.      Прокурори генералӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро, ки иҷрои онҳо ба ҳамаи кормандон ҳатмӣ мебошад, мебарорад ва Низомномаҳои раёсату шуъбаҳоро, ки дар онҳо самтҳои асосии фаъолият, вазифаҳо, ухдадориҳо ва ваколатҳои ин воҳидҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ мекунад.

7.      Барои баҳодиҳӣ ба кори кормандони прокурории мақомоти прокуратура комиссияи аттестатсионӣ созмон дода мешавад, ки фаъолияти худро дар асоси Низомнома «Оид ба аттестатсиякунонии кормандони прокурории мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ намуда, ташкили кор ва назорати фаъолияти он ба зиммаи яке аз муовинони Прокурори генералӣ гузошта мешавад.

8.      Барои таъмин намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти хифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ Шӯрои хамоҳангсозӣ таъсис дода мешавад, ки дар асоси Низомнома «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» амал менамояд.

9.      Прокуратураи генералӣ фаъолияти худро ошкоро, агар хилофи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сирри давлатӣ, ки он бо қонун муҳофизат карда мешавад набошад, ба амал мебарорад.

10.  Коргузории махфӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», Дастурамал «Оид ба таъмини низоми махфият дар вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти хокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), корхонаҳо, муассисаҳо за ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

11.  Дар назди Прокуратураи генералӣ Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура (минбаъд Донишкадаи мақомот) амал менамояд, ки фаъолияти он дар асоси Низомнома ва  фармону дастурҳои Прокурори генералӣ ба роҳ монда мешавад.

12.  Ҳамкории Прокуратураи генералӣ бо мақомот, ташкилот ва муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагӣ дар онҳо ва мукотибот оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории ҷумҳурӣ ва фармонҳои Прокурори генералӣ амалӣ карда мешавад.

13.  Ахбороти расмӣ аз номи Прокуратураи генералӣ дар воситаҳои ахбори омма ва алоқаи электронӣ танҳо тавассути шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, бо розигии Прокурори генералӣ нашр карда мешавад.

14.  Маводҳо барои тайёр намудани ахбороти расмӣ аз тарафи муовинони Прокурори генералӣ ё ин ки дар мувофиқа бо онҳо аз тарафи сардорони Раёсату шуъбаҳо ва ёрдамчиёни калони Прокурори гене­ралӣ оид ба супоришҳои махсус ба шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мони­торинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот пешниҳод карда мешаванд.

15.  Дигар маводҳо оид ба назорати прокурорӣ ва тафтишот ба воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, телевизион ва алоқаи элек­тронӣ) низ бо ҳамин тартиб пешниҳод карда шуда, сардорони раёсату шуъбаҳо ва иҷрочиён барои асоснокии маълумотҳои пешниҳодшуда масъул мебошанд.

16.  Кормандони прокурории мақомоти прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, мурофиаҳои судӣ ва дигар ҷаласаву чорабиниҳои расмӣ бо либоси хизматӣ иштирок менамоянд.

17.  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад адабиёти махсус нашр намояд ва нашрияи худро дошта бошад.

 

     

                 II. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ, БАНАҚШАГИРӢ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ОН

18.     Фаъолияти Прокуратураи генералӣ тибқи принсипи минтақавӣ-мавзӯӣ амалӣ карда мешавад.

19.     Шуъбаи таҳлил ва омор воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Прокуратураи генералиро бо маълумотҳои омории муқоисавӣ дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, фаъолият дар самтҳои назорати прокурорӣ ва тафтишот таъмин менамояд.

20.      Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ мунтазам маълумотҳоро оид ба вазъи қонуният, тартиботи ҳукуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таҷрибаи назорати прокурорӣ, тафтишотӣ ва судӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, бо мақсади такмил додани таҷрибаи на­зорати прокурорӣ, тафтишот, беҳтар намудани фаъолияти мақомоти прокуратура ва дар сатҳи давлатӣ баррасӣ намудани масъалаҳои ҳалталаб ба Прокурори генералӣ таклифҳои асоснок пешниҳод менамоянд.

21.     Фаъолияти Прокуратураи генералӣ ҳар нимсола дар асоси таклифи сардорони раёсату шуъбаҳо, директори Донишкадаи мақомот, ки бо розигии муовинони Прокурори генералӣ (сарпарастон) дар асоси таҳлили пурраю ҳаматарафаи вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо назардошти супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва супоришҳои Прокурори генералӣ пешниҳод шудаанд, ба нақша гирифта мешавад.

22.     Таклифҳо ба нақшаи корӣ бояд асоснок карда шуда, бо нишон додани муҳлат, роҳҳои таъмини иҷрои чорабиниҳо ва шахсони масъул на дертар аз 10 июн ва 10 декабри соли банақшагирӣ ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод карда шаванд.

23.     Дар ҳолати ба нақшаи корӣ ворид намудани чорабиниҳое, ки амалӣ намудани онҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомот пешбинӣ шудааст, бояд розигии онҳо гирифта шавад.

24.         Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро дар асоси таклифҳои пешниҳодшуда лоиҳаи нақшаи кориро мураттаб сохта, пас аз баррасӣ ва такмили он дар маҷлиси ҳайати мушовара ва ё фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ барои тасдиқ ба Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд.

25.     Нақшаи кории Прокуратураи генералӣ пас аз тасдиқ бетаъхир ба муовинони Прокурори генералӣ, сардорони воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ ва прокуророни поёнӣ фиристонида меша­вад.

26.     Ба нақшаи кории Прокуратураи генералӣ даровардани тагйирот, иваз намудани чорабиниҳои нақшавӣ, дароз намудани муҳлати иҷро ва ё хориҷ кардани онҳо салоҳияти истисноии Прокурори ге­нералӣ буда, дар асоси гузориши асосноки сардорони раёсату шуъ- баҳо, ки онро муовинони Прокурори генералӣ ҷонибдорӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад.

27.     Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ нақшаҳои кории худро бо назардошти нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таҷрибаи тафтишотӣ ва назорати прокурорӣ тартиб дода, пас аз тасдиқи онҳо аз тарафи Прокурори гене­ралӣ ё муовинони ӯ нусхаи онро барои таъмини назорат ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро то 5 январ ва 5 июли соли банақшагирӣ пешниҳод менамоянд.

       Ба нақшаҳои кории раёсату шуъбаҳо дар асоси гузориши асосноки сардорони онҳо Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ тағйирот дохил карда, муҳлати иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ тамдид ва ё иҷрои онро ба муҳлати дигар мегузаронанд.

28.     Раёсату шуъбаҳо ба нақшаи кориашон бояд он масъалаҳоеро ворид намоянд, ки иҷрои онҳо бо қувваи кормандонашон таъмин карда шуда, зарурияти ҷалби кормандони прокуратураҳои поёнӣ ва ирсоли супоришҳоро надошта бошад.

29.     Дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супориш ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маҷлису чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ, нақшаи чорабиниҳои алоҳида ба тасвиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор дода мешавад.

30.     Гузоришҳо оид ба даровардани тағйирот, иваз намудани чорабиниҳои нақшавӣ на дертар аз 20 рӯз ва оид ба дароз намудани муҳлати иҷро ва ё хориҷ кардани онҳо на дертар аз 5 рӯзи ба итмомрасии муҳлати муқарраршуда ба Раёсати ташкили кор ва назорати ичро пешниҳод карда мешаванд.

31.     Сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар воҳидҳо иҷрои чорабиниҳои нақшавиро дар муҳлат ва босифат таъмин намуда, дар ин хусус маълумотнома бо таклифу пешниҳоди мушаххас тартиб дода, на дер­тар аз 25-уми моҳи дар нақша пешбинигардида ба Раёсати ташкили кор ва назорати ичро пешниҳод менамоянд.

32.     Маълумотнома оид ба иҷрои чорабинии нақшавие, ки натиҷааш бояд дар мачлиси ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор гирад, то санаи 15-уми моҳи дар нақша пешбинишуда ба Раёсати ташкили кор ва назорати ичро пешниҳод карда мешавад.

33.     Масъулияти сари вақт ва босифат таъмин намудани иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ба зиммаи муовинони Прокурори генералӣ (сарпарасти соҳа), сардорони раёсату шуъбаҳо ва иҷрочиён гузошта ме­шавад.

34.     Назорати таъмини иҷрои нақшаҳои кории Прокуратураи ге­нералӣ, раёсату шуъбаҳо ва дигар нақша-чорабиниҳо ба зиммаи Ра­ёсати ташкили кор ва назорати иҷро гузошта шуда, Раёсати мазкур охири ҳар моҳ аз натачаӣ иҷрои онҳо дар маҷлисҳои фаврӣ-назоратӣ ба Прокурори генералӣ ахборот педшиҳод намуда, дар се моҳ як маротиба вазъи иҷрои онҳоро санчида, дар сурати ошкор намудани камбудиҳо ҷиҳати чораҷӯӣ таклиф пешниҳод менамояд.

35.     Дар сурати бесифат иҷро намудани чорабиниҳои нақшавӣ Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро маводҳои пешниҳодшударо ба­рон пурра намудан бо назорат ба иҷрочиён баргардонида, ҳангоми ислоҳ накардани камбудиҳои ҷойдошта ва ё дағалона вайрон намуда­ни муҳлати иҷро ба Прокурори генералӣ барои чораандешӣ нисбати кормандони ба камбудиҳо роҳдода таклиф пешниҳод менамояд.

36.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро ҳар нимсола таҷрибаи ба нақшагирии фаъолиятро дар Прокуратураи генералӣ мавриди омӯзиш ва ҷамъбаст қарор дода, барои такмили он таклифҳо пешниҳод менамояд.

37.     Кори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, комиссияи аттестатсионӣ, коромӯзии кормандон ва такмили ихтисоси кадрҳо дар алоҳидагӣ, бо назардошти нақшаи ко­рии Прокуратураи генералӣ ба нақша гирифта мешавад.

38.     Аз тарафи раёсату шуъбаҳо вобаста ба корҳои иҷрошуда ва натиҷаи таҳлилу ҷамъбаст ҳар ҳафта ба Раёсати ташкили кор ва назо­рати иҷро маълумотнома пешниҳод карда мешавад.

 

 

III.    ТАШКИЛИ КОРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА, ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРӢ ВА МАҶЛИСҲО

39.     Дар Прокуратураи генералӣ ҳайати мушовара бо фармони Прокурори генералӣ дар ҳайати Прокурори генералӣ (раис), муовинони ӯ ва дигар кормандони прокурорӣ ташкил карда мешавад.

40.     Шумора ва ҳайати аъзои ҳайати мушовараро Раиси ҳайати му­шовара - Прокурори генералӣ муқаррар намуда, ҳайати мушовара дар сурати мавҷуд будани кворум (на камтар аз нисфи аъзо) ҳуқуқи қабули қарорро дорад, ки иҷрои он барои ҳамаи кормандони проку- рории мақомот ҳатмӣ мебошад.

41.     Ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ мақоми машваратӣ буда, дар маҷлисҳои худ масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳолати иҷрои фармонҳои Прокурори генералӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва дигар масъалаҳоро мав­риди баррасӣ қарор дода, ҳисоботи Сарпрокурори ҳарбӣ, директори Донишкада, сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, назо­рати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашударо мешунавад.

42.     Маҷлисҳои ҳайати мушовара тибқи нақшаи кории Прокуратураи генералӣ, супориши раиси ҳайати мушовара ва ё пешниҳоди аъзо, бо розигии раиси он баргузор шуда, шумораи масъалаҳои баррасишаванда маҳдуд карда намешавад.

43.     Рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовара аз тарафи Раиси ҳайати мушовара муқаррар карда мешавад.

44.     Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда мумкин аст роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор иштирок намуда, баёноти онҳо шунида шавад.

45.     Муовинони Прокурори генералӣ (сарпарастон) ва иҷрочиён оид ба дар муҳлат ва босифат пешниҳод намудани маводҳо барои баррасӣ дар маҷлиси ҳайати мушовара масъул буда, дар қисми тавсифии (баёнӣ) лоиҳаи қарори ҳайати мушовара таҳлили масъалаи бар­расишаванда, моҳияти қонунвайронкуниҳои ошкоргардида, шахсони ба онҳо роҳдода ва дар қисми хулосавӣ таклифу пешниҳодҳо, дастуру тавсияҳо оид ба пурзӯр намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, роҳу усулҳои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, мутасаддиён ва муҳлати иҷро бояд мушаххас дарҷ карда шаванд.

46.     Маводҳо барои баррасӣ дар маҷлиси ҳайати мушовара (маълумотнома на зиёда аз 15 саҳифа, лоиҳаи қарори ҳайати мушовара, фармонҳо оид ба масъалаи баррасишаванда, рӯйхати даъватшавандагон ва ғайра) бо имзои иҷрочиён дар мувофиқа бо муовини Прокурори генералӣ (сарпарасти соҳа) 10 рӯз пеш аз баргузории маҷлиси ҳайати мушовара ё муҳлати муқаррарнамудаи раиси ҳайати мушовара ба раис ва якнусхагӣ барои ҳамаи аъзои ҳайати мушовара ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод карда мешавад.

47.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро маводҳои ба баррасии маҷлиси ҳайати мушовара пешниҳодшударо мавриди омӯзиш қарор дода, дар сурати дастгирӣ ёфтан, рӯзномаи маҷлис, тартиби пешбурд (сенария) ва рӯйхати даъватшавандагонро тартиб дода, онҳоро барои мувофиқа ба раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамояд.

48.     Дар сурати нопурра будани маводҳои пешниҳодшуда, дар асоси хулосаи Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро бо супориши раиси ҳайати мушовара онҳо бо нишон додани муҳлат барои мукаммал намудан ба иҷрочиён баргардонида шуда ё масъала аз рӯзномаи маҷлис бардошта мешавад.

49.     Баъди аз ҷониби Раиси ҳайати мушовара муқаррар кардани рӯзи баргузории маҷлиси ҳайати мушовара, Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро маводҳои (маълумотнома ва лоиҳаи қарор) дар маҷлис баррасишавандаро 3 рӯз пеш аз оғози он ба раиси ҳайати мушовара ва аъзои он пешниҳод намуда, иштирокчиён ва даъватшавандагонро аз рӯз, вақт ва ҷои гузаронидани маҷлис хабардор карда, ба онҳо рӯзнома ва маърӯзачиёнро эълон менамояд.

50.     Баррасии масъала дар маҷлиси ҳайати мушовара мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи раиси ҳайати мушовара, дар мувофиқа бо аъзои ҳайати мушовара ба роҳ монда шуда, рафти маҷлис пайнавис (стенография) ва аз натиҷаи он бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзо қарор қабул карда мешавад.

51.     Дар сурати ихтилофи назар байни раис ва аъзои ҳайати мушо­вара, қарори қабулкардаи раиси ҳайати мушовара татбиқ карда ме­шавад.

52.     Иҷрочиён бо назардошти таклифҳои дар рафти маҷлиси ҳайати мушовара пешниҳодгашта дар муҳлатӣ на дертар аз 3 рӯз ё муҳлати муқаррарнамудаи раиси ҳайати мушовара қарор ва дигар санадҳоро пурра намуда, онҳоро дар мувофиқа бо муовинони Прокурори генералӣ (сарпарасти соҳа) ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод менамоянд.

53.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро (дар баъзе мавридқо иҷрочиён) протоколи маҷлиси ҳайати мушовараро на дертар аз 7 рӯз баъди гузаронидани маҷлис тайёр намуда, ба раиси ҳайати мушовара пешниҳод менамоянд.

54.     Иҷрочиён фармон, супориш ва дигар санадҳои хусусияти амрдиҳӣ - ташкилии дар заминаи қарори ҳайати мушовара қабулшударо баъди гузаронидани маҷлис дар муҳлати на дертар аз 5 рӯз ё муҳлати муқаррарнамудаи раиси ҳайати мушовара ба ӯ пешниҳод менамоянд.

55.     Протоколи маҷлиси ҳайати мушовараро дар баробари раиси ҳайати мушовара, вобаста ба масъалаҳои кадрӣ - сардори Раёсати кадрҳо ва оид ба дигар масъалаҳо - сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро имзо мегузоранд.

56.     Қарори маҷлиси ҳайати мушовара мушаххасу ухдадоркунанда буда, баъди ба имзо расидан барои иҷро ба воҳидҳои дахлдори мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бетаъхир фиристонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо фармони Прокурори генералӣ дар амал татбиқ карда мешавад.

57.     Муовинони Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳо, директори Донишкада, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, иҷрои қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, фармон, дастуру супоришҳои Прокурори генералиро, ки дар ин замина қабул шудаанд, зери назорат гирифта, иҷрои пурра ва босифати онҳоро дар муҳлат таъмин менамоянд.

58.     Сарпрокурори ҳарбӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, директори Донишкада, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда баробари гирифтани қарори ҳайати мушовараи Прокуратураи гене­ралӣ онро на дертар аз 7 рӯз (дар ҳолатҳои зарурӣ бетаъхир) бо иштироки кормандон дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва фаврӣ-назоратӣ баррасӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он чораҳои зарурӣ ва мушаххас андешида, аз натиҷааш дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Проку­рори генералӣ ахборот пешниҳод менамоянд.

59.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро ахборотро оид ба иҷрои қарорҳои ҳайати мушовара мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, вобаста ба сифату самаранокии корҳои анҷомдода ва чораҳои андешидашуда ба Раиси ҳайати мушовара маълумот ва таклиф пешниҳод менамояд.

60.     Супоришҳои дар заминаи қарори ҳайати мушовара додашуда дар асоси гузориши асосноки иҷрочиён, дар мувофиқа бо муовинони Прокурори генералӣ, Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро танҳо аз тарафи раиси ҳайати мушовара аз назорат соқит ё муҳлати иҷрои онҳо дароз карда мешаванд.

61.     Гузориш ва маводҳо оид ба таъмини иҷрои қарори ҳайати му­шовара бо амри хаттии раиси ҳайати мушовара бетаъхир ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод карда мешаванд.

62.     Дар сурати бесифат ва беасос вайрон намудани муҳлати омода намудани маводҳо барои баррасӣ дар маҷлиси ҳайати мушовара, иҷро накардани қарорҳои он, Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро дар мувофиқа бо Прокурори генералӣ баёноти иҷрочиёнро гирифта, масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандони ба камбудиҳо рохдодаро мегузорад. Масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани кор­мандон мумкин аст, бо ташаббуси сардорони раёсату шуъбаҳо низ амалӣ карда шавад.

63.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро кори маҷлиси ҳайати мушовараро ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои онро таъмин намуда, таҷрибаро дар ин ҷода ҳар нимсола ҷамъбаст карда, барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт ба Раиси ҳайати мушовара таклиф пешниҳод менамояд.

64.     Маҷлисҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ошкоро ва дар баъзе ҳолатҳо махфӣ мебошад, агар ин ба манфиатҳои мақомоти прокуратура, дигар мақомот ва нигохдории сирри давлатӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, мухолиф набошад.

65.     Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот дар асоси супориши раиси ҳайати мушовара, бо мувофиқа бо иҷрочиён иштироки намояндагони воситақои ахбори омма ва доираи маълумотҳои ба онҳо пешниҳодшавандаро муқаррар наму- да, таклиф пешниҳод менамояд.

66.     Шуъбаи муҳосибот ва молия хароҷоти молиявии гузаронидани маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералиро таъмин мена­мояд.

67.     Раёсати кадрҳо иштироки прокуророни тобеъро дар маҷлиси ҳайати мушовара мутобиқи рӯйхати пешниҳодкардаи иҷрочиён дар мувофиқа бо Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро таъмин менамояд.

68.     Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки қарори ҳайати мушовараи худро баъди қабул бетаъхир барои маълумот ва омӯзиш ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод намоянд.

69.     Дар ҳолати мутобиқ набудани қарори ҳайати мушовараи прокуратураҳои поёнӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Регламенти мазкур, фармон ва рупоришҳои Прокурори генералӣ онҳо дар асоси хулосаи Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро аз тарафи раиси ҳайати му­шовара беэътибор ё барои мутобиқ намудан ба санадҳои зикршуда бозпас гардонида мешаванд.

70.     Масъалаҳои баррасиашон дар маҷлиси ҳайати мушовара ҳатми набуда дар маҷлисҳои фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, сардорони раёсату шуъбаҳо, ки ҳафтае як маротиба гузаронида мешавад, муҳокима гардида, вақт ва доираи иштирокчиёни онро роҳбаре, ки маҷлисро раисӣ менамояд, муайян мекунад.

71.     Дар маҷлисҳои фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ муовинони ӯ, директори Донишкада, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахши коргузории махфӣ ва ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда мумкин аст, ки кормандони прокурории мақомот барои иштирок даъват карда шаванд.

72.     Рӯзномаи маҷлиси фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ аз ҷониби Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро дар асоси пешниҳоди воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ таҳия шуда, бо Прокурори генералӣ мувофиқа карда мешавад.

73.     Тартиби гузаронидани маҷлисҳои фаврӣ-назоратиро, ки бояд бетаъхир барпо шаванд, Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро бо тартиби корӣ муайян менамояд.

74.     Омодасозии маводҳо барои маҷлиси фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ аз ҷониби воҳиди сохторие, ки масъаларо барои баррасӣ таклиф намудааст, амалӣ карда шуда, 3 рӯз пеш аз маҷлис ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод мешавад.

75.     Дар ҳолати пурра набудани маводҳои пешниҳодшуда, Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро дар мувофиқа бо Прокурори генералӣ онҳоро барои пурра намудан бармегардонад.

76.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро як рӯз пеш аз маҷлиси фаврӣ-назоратӣ маводҳои дар маҷлис баррасишавандаро ба Проку­рори генералӣ пешниҳод менамояд.

77.     Қарори маҷлиси фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ дар шакли протокол дар муддати як рӯз ба расмият дароварда шуда, пас аз ба имзо расидан аз ҷониби Прокурори генералӣ бетаъхир ба муовинони Прокурори генералӣ, директори Донишкада, сардорони раёсату шуъбаҳо, ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус дастрас ва дар сурати зарурият ба прокуророни поёнӣ ирсол карда мешавад.

78.     Протоколи маҷлиси фаврӣ-назоратӣ дар асоси хулоса ва таклифҳои дар маълумотномаҳои вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда пешниҳодшуда, супоришҳои дар рафти маҷлис додашуда таҳия кардашуда, қарорҳои он мушаххас, бо дарҷи шахсони масъул ва муҳлати иҷро тартиб дода мешаванд.

79.     Дар сурати дар протоколи маҷлиси фаврӣ-назоратӣ муқаррар нашудани муҳлати иҷро, супориш дар муҳлати 7 рӯз иҷро карда шуда, иҷроиши қарорҳои маҷлиси фаврӣ-назоратӣ дар асоси гузориш ва ё маълумотномаи бо муовинони Прокурори генералӣ (сарпарасти соҳа) мувофиқа кардашуда, аз ҷониби Прокурори генералӣ аз назорат соқит ва ё муҳлати он дароз карда мешавад.

80.     Таҳия намудани протоколи маҷлиси фаврӣ-назоратӣ, бақайдгирии онҳо ва назорати иҷрои қарорҳои қабулшуда ба зиммаи Ра­ёсати ташкили кор ва назорати иҷро гузошта мешавад. Дар ҳолати зарурӣ Раёсати мазкур метавонад иҷрои воқеии қарорҳои маҷлисҳои фаврӣ-назоратиро дар асоси ахбороти пешниҳоднамудаи иҷрочиён мавриди санҷиш қарор диҳад.

81.     Таъмини ташкили кори маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба зиммаи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳое, ки масъаларо омода намудаанд, инчунин котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозӣ вогузор карда мешавад.

82.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро амалӣ менамояд.

                        IV.   ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ВА БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ОНҲО

83.     Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, шахсони бешаҳрванд, шахсони ҳуқуқй, муроҷиату дархостҳои аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва тариқи телефони боварии Прокуратураи генералӣ воридшуда, дар воситаҳои ахбори омма нашршуда бо тартиби муайяннамудаи қонунҳо ва дигар санадқои меъёрии ҳуқуқӣ, фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ин масъалаҳоро ба танзим медароранд, ба роҳ монда мешавад.

84.     Муовинони Прокурори генералӣ, сардорони воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ вазифадоранд, ки мунтазам баҳри пурраю ҳаматарафа, дар муҳлат ва босифат баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

85.     Сардорони воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ барои ташкили кор бо муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандон ва иҷрочиён ба­рои риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва супоришҳои Прокурори генералӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳои мушаххас масъул мебошанд.

86.     Вогузор намудани баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз як воҳид ба воҳиди дигар дар асоси гузориши асосноки хаттии сардоро­ни Раёсату шуъбаҳо аз тарафи Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ амалӣ карда мешавад.

87.     Дар сурати дар муроҷиати шаҳрвандон дарҷ гардидани масъалаҳои ба ваколати якчанд раёсату шуъбаҳо дахлдошта санҷишро дар ҳаҷми пуррааш сардори раёсат ё шуъбае, ки аз байни идрочиён аввал номбар шудааст, ташкил менамояд. Сардори Раёсат ва ё шуъбаи масъул нусхаи муроҷиатро ба ҳамиҷрочиён расонида, аз онҳо маълумотҳои заруриро талаб намуда, гузаронидани санҷиш, дароз намуда­ни муҳлат ва фиристонидани ҷавоби пурраро таъмин менамояд.

88.     Бо он муроҷиатҳое, ки ҷараёни баррасии онҳоро Прокурори генералӣ зери назорати бевоситаи худ гирифтааст, ҷавобҳо ба муроҷиаткунандагон танҳо пас аз ба Прокурори генералӣ ахборот до­дан фиристонида шуда, ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро дар ин хусус маълумот пешниҳод карда мешавад.

89.     Қабули шаҳрвандон, намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ аз тарафи Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.

90.     Сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, муовинони онҳо шаҳрвандонеро қабул менамоянд, ки муроҷиати онҳо дар прокуратураи поёнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш қарор қабул шудааст. Дар мавридҳое, ки қарор аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ қабул шуда бошад, қабули шахсӣ дар асоси супориши Прокурори генералӣ ё муовинони ӯ ташкил карда мешавад.

91.     Қабули шахсӣ аз тарафи Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ дар сурате доир мегардад, ки муроҷиат аз тарафи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ баррасӣ гардида бошад.

92.     Прокурори генералӣ дар қабули шахсӣ шаҳрвандонеро қабул менамояд, ки муроҷиатҳои онҳо аз тарафи муовинони Прокурори ге­нералӣ баррасӣ гардида, аз натиҷааш қаноатманд намебошанд.

93.     Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарият ва сардоро­ни раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо тартиб дода шуда, бо фармони Прокурори генералӣ тасдиқ карда мешавад.

94.     Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо барои дар сатҳи зарурӣ қабул намудани шаҳрвандон ва баррасӣ намудани муроҷиатҳои онҳо дар Прокуратураи генералӣ масъул буда, фаъолияти раёсату шуъбаҳоро дар ин самт таҳти назорат қарор дода, ҳар семоҳа баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандонро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, аз натиҷааш ба Прокурори генералӣ таклиф пешниҳод мена­мояд.

 

V.   ТАЙЁР НАМУДАН ВА БА МАҲАЛҲО ФИРИСТОДАНИ ФАРМОНУ СУПОРИШҲО ВА ДИГАР САНАДҲОИ ХУСУСИЯТИ ДАСТУРӢ - АХБОРОТИДОШТА

95.     Супоришҳо ба прокуратураҳои поёнӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корни Прокуратураи генералӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара ва маҷлисҳои фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ фиристонида шуда, шумораи онҳо набояд дар як нимсола зиёда аз 20 адад бошад. Дар дигар ҳолатҳо супоришҳо ба прокуророни поёнӣ танҳо бо иҷозати Прокурори генералӣ ирсол карда мешаванд.

96.     Ҳангоми ирсол намудани супоришҳо ба кадом прокуратураҳо дахл доштан ё надоштани онҳо ба инобат гирифта шуда, тибқи нақшаи кории раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ фиристодани супоришҳо манъ мебошад.

97.     Дар ҳолатҳои ба зиммаи якчанд раёсату шуъбаҳо вогузор гардидани ичрои чорабинии нақшавӣ ё дигар супоришҳо танҳо як супориш аз тарафи иҷрочии асосӣ, бо назардошти таклифу дархостҳои раёсату шуъбаҳои ҳамиҷрочӣ фиристонида шуда, натиҷаи иҷрои он ҷамъбаст карда мешавад.

98.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро бо мақсади такроран нафиристонидани супоришҳо, таъмин намудани сарбории баробар, рӯйхати прокуратураҳоеро, ки ба онҳо супориш фиристонида меша­вад, тартиб до да, мунтазам масъалаи мазкурро зери назорат гирифта, таҳлилу ҷамъбаст намуда, чора меандешад.

99.     Дар прокуратураҳое, ки фаъолияти онҳо дар давраи банақшагирӣ мавриди санҷиши маҷмӯӣ қарор мегиранд, санчишҳои фосилавӣ гузаронида намешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ сандишҳо танҳо бо дастур ва розигии Прокурори генералӣ гузаронида мешаванд. Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро бояд раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералиро дар бораи он, ки фаъолияти кадом прокуратураҳо ва кай мавриди санҷиши маҷмӯӣ қарор мегиранд, воқиф гардонида, назора­ти талаботи мазкурро таъмин намояд.

100.  Супоришҳои доимоамалкунанда бо пешниҳоди асосноки сардорони раёсату шуъбаҳо дар мувофиқа бо муовинони Прокурори ге­нералӣ бо имзои Прокурори генералӣ фиристода мешаванд.

101.  Супоришҳо бо ҳамаи ичрочиён мувофиқа карда шуда, дар онҳо бояд вазифаҳо, номгӯи масъалаҳои ҳалталаб, муҳлати иҷрои онҳо дарҷ ёфта, на дертар аз 10 рӯзи баъди тасдиқ шудани нақшаҳои корӣ фиристонида мешаванд.

102.  Супоришҳои нақшавии ба прокуророни поёнӣ ирсолшаванда аз тарафи Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ ба имзо расонида мешаванд.

103.  Супоришҳо вобаста ба санҷиши муроҷиатҳои мушаххас ба Сарпрокурори ҳарбй, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душан­бе, нақлиёти Тоҷикистон, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда аз тарафи Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ, инчунин бо супориши роҳбарият аз ҷониби сардорони раёсату шуъбаҳо фиристонида мешаванд.

104.  Мактубҳои иттилоотӣ бо натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратура ҳар нимсола ба прокуратураҳои поёнӣ аз тарафи раёсату шуъбаҳо бо имзои Прокурори генералӣ ва муови­нони ӯ фиристонида шуда, онҳо бояд хусусияти супоришӣ надошта бошанд.

105.  Мактубҳои эродӣ бо натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои супоришҳо ва ҳангоми пайдоиши зарурият оид ба камбудиҳои ҷиддии ошкоршуда танҳо ба прокуратураҳои дахлдор ирсол карда шуда, онҳо хусусияти ухдадоркунанда доранд.

106.  Мактубу ахборот унвонии Прокурори генералӣ танҳо бо им­зои Сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Ду­шанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда ё иҷрокунандагони вазифаи онҳо пешниҳод карда мешаванд.

107.  Ба ахбороти аз натиҷаи иҷрои супоришҳо ирсолгардида нусхаи санадҳои эътиноии прокурорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ талаб карда мешаванд.

108.  Нусхабардорӣ ва ба ҷойҳо фиристодани супоришҳо, мактубҳои иттилоотию эродӣ, ҷамъбастию дастурҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор аз тарафи Шуъбаи коргузории Прокуратураи генералӣ ба амал бароварда шуда, бо ҳамин тартиб ҳуҷҷатҳо тавассути телефакс ва почтаи электронӣ ирсол карда мешаванд.

109.  Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ пеш аз ирсол намудани супоришҳо, мактубҳои иттилоотӣ ва эродӣ онҳоро бо гирифтани раками тартибӣ дар Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро ба қайд мегиранд.

110.  Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро таҷрибаи назорати прокурориро вобаста ба фиристодани супоришҳо, мактубҳои итти­лоотӣ, эродӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ҳар нимсола таҳлилу ҷамъбаст намуда, барои такмил додани кор дар ин самт ба Прокурори ге­нералӣ ё муовинони ӯ таклифҳо пешниҳод менамояд.

111.  Назорати иҷрои супоришҳо аз ҷониби раёсату шуъбаҳои онҳоро таҳия ва ба маҳалҳо ирсолнамуда амалӣ карда мешаванд.

 

VI.    САФАР БА МАҲАЛҲО

112.     Сафар ба маҳалҳо бо мақсади санҷиши вазъи иҷрои қонуни мушаххас ва ё фаъолияти прокуророни поёнӣ, расонидани ёрии амалӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами онҳо, баррасии муроҷиатҳо, гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ, санҷиши мақомоти зерназоратӣ ва иштирок дар мурофиаҳои судӣ ба амал бароварда мешавад.

113.     Сафар ба маҳалҳо дар асоси нақшаҳои корни Прокуратураи генералӣ ва раёсату шуъбаҳо ё худ дастуру супориши Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ сурат мегирад.

114.     Барои гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектони хоҷагидор мумкин аст, ки кормандони воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ аз тарафи Прокуро­ри генералӣ ва муовинони ӯ (дар мувофиқа бо Прокурори генералӣ) ба сафари хизматӣ фиристода шаванд.

115.     Муҳлати сафари хизматӣ аз тарафи роҳбарияти Прокурату­раи генералӣ муқаррар карда мешавад.

116.     Гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ тибқи нақшаи корни Про­куратураи генералӣ ва дар ҳолатҳои истисноӣ ҳангоми мавҷуд будани маълумот оид ба ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти прокуророни поёнӣ дар асоси супориши Прокурорӣ генералӣ амалӣ карда мешавад.

117.     Фармон дар бораи сафар ба маҳалҳо аз рӯи нақша бо дарҷ гардидани ҳайати гурӯҳ аз тарафи Раёсати ташкили кор ва назорати идро дар мувофиқа бо сардорони раёсату шуъбаҳо тартиб до да шуда, аз тарафи Прокурори генералӣ ба имзо расонида мешавад.

118.     Гурӯҳҳои кориро оид ба гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ му­овинони Прокурори генералӣ, аъзои ҳайати мушовара ва бо дастури Прокурори генералӣ сардорони раёсату шуъбаҳо, муовинони онҳо ва ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус роҳбарӣ менамоянд.

119.     Бо иҷозати Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ дар мувофиқа бо Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Ду­шанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда ба санҷиш кормандони прокуратураҳои поёниро ҷалб наму- дан мумкин мебошад.

120.     Фармони Прокурори генералӣ оид ба таъсиси ҳайати гурӯҳи корӣ барои гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ аз тарафи Раёсати таш­кили кор ва назорати иҷро як ҳафта пеш аз сафар ба маҳал бароварда мешавад.

121.     Пеш аз сафар кормандон бо маълумотҳои оморӣ, дигар маводҳое, ки ҳолати воқеии қонуният, назорати прокурориро муайян мекунанд, фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, қарорҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, натиҷаи санҷишқои қаблӣ ва қарорҳои бо онҳо қабулшуда шинос шуда, вобаста ба мақсади сафар самтҳои асосии корро муайян намуда, нақшаи гузаронидани санҷишро тартиб медиҳанд.

122.     Шуъбаи таҳлил ва омор на дертар аз се рӯз то сафар ба маҳалҳо барон гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ ё соҳавӣ маълумотҳои омориро дар бораи вазъи қонуният, ҷинояткорӣ, тафтишот ва назорати прокурорӣ дар маҳал тайёр менамояд.

123.     Нақшаи санҷиш аз тарафи ҳар як узви гурӯҳи корӣ дар алоҳидагӣ вобаста ба самти назоратии барои санҷиш вобасташуда тартиб дода шуда, онро роҳбари гурӯҳ тасдиқ менамояд.

124.     Пеш аз сафар ба маҳал Прокурори генералӣ ё муовинони ӯ бо ҳайати гурӯҳи корӣ машварат мегузаронанд.

125.     Санҷиши маҷмӯӣ дар асоси талаботи Дастурамал «Дар бораи гузаронидани санҷишҳои маҷмӯӣ дар прокуратураҳои поёнӣ» гузаронида шуда, давомнокии он на бештар аз 10 шабонарӯзро ташкил дода, дар ҳолати зарурӣ ин муҳлат аз тарафи роҳбарияти Прокура- тураи генералӣ тамдид карда мешавад. Маълумотномаи умумӣ аз натиҷаи санҷиши маҷмӯӣ на бештар аз 15 саҳифа ва оид ба масъалаҳои алоҳида на бештар аз 10 саҳифаро ташкил дода, маълумотҳо оид ба таҳлили фаъолият, камбудиҳои ҷойдошта ва таклифҳои мушаххас дар бораи бартараф намудани онҳоро дарбар мегирад.

126.     Маълумотномаи умумӣ аз тарафи роҳбар ва узви гурӯҳ ба имзо расонида шуда, як нусхаи он ба роҳбарияти прокуратураи санҷидашуда супорида мешавад.

127.     Натиҷаи санҷиш дар ҳолатҳои зарурӣ дар прокуратураи таҳти санҷиш қароргирифта муҳокима карда мешавад.

128.     Роҳбари гурӯҳи корӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯз баъди ба итмом расидани санҷиш ба Прокурори генералӣ ахбори муфассал пешниҳод менамояд.

129.     Маълумотнома оид ба натиҷаи санҷиш ва дигар ҳуҷҷатҳо дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи баитмомрасии санҷиш ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод карда мешаванд.

130.     Натиҷаи санҷиши маҷмӯӣ дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, дар ҳолатҳои алоҳида бо супориши Проку­рори генералӣ дар маҷлиси фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ мавриди муҳокима қарор дода мешавад.

131.     Кормандони воҳидҳои дар санҷиши маҷмӯӣ иштирок варзида оид ба натиҷаи корҳои анҷомдода аз рӯи самтҳои назоратӣ ба сардорони раёсату шуъбаҳои тобеашон маълумотномаи дахлдор пешниҳод менамоянд.

132.     Натиҷаи санҷишҳои соҳавӣ, дар сурати ҳатмӣ набудани баррасии онҳо дар маҷлиси ҳайати мушовара ва маҷлисҳои фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ ё муовинони ӯ дар маҷлисҳои фаврии раёсату шуъбаҳо баррасӣ карда шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

133.     Масъалаи хароҷоти молиявӣ барои сафарҳои хизматӣ ба маҳалҳо рафтан, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти хароҷоти сафари хизматии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифта (ба истиснои ҳолатҳои фавқулода), бо шуъбаи муҳосибот ва молия мувофиқа карда мешавад.

 

VII.    САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

134.     Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии (фармонҳо, супоришҳо, амрҳо, низомномаҳо, дастур ва дастурамалҳо) Прокурори генералӣ дар асоси супориши роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ё бо ташаббуси бевоситаи кормандони раёсату шуъбаҳо тартиб дода мешаванд.

135.     Дар сурати бо ташаббуси кормандон омода гаштани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба лоиҳа гузориши асоснок оиди зарурияти таҳияи он ба унвони Прокурори генералӣ замима карда мешавад.

136.     Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокурори генералӣ оид ба дар соҳаҳои иазоратӣ таҳия ва нашр на­мудани дастурамал таклиф пешниҳод менамоянд.

137.     Сардорони раёсату шуъбаҳо, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо муовинони Прокурори генералӣ (сарпарастони соҳа) ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо раёсату шуъбаҳои дахлдор ва Донишкадаи мақомот мувофиқа менамоянд. Дар ҳолати аз ҷониби Прокурори ге­нералӣ ва муовинони ӯ муайян карда нашудани муҳлати мувофиқаи лоиҳаи санад, муҳлати мувофиқаи он 10 рӯз муқаррар карда мешавад.

138.     Дар ҳолатҳои зарурӣ бо супориши Прокурори генералӣ шуъ­баи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги конунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ташхиси ҳуқуқии лоиҳаи санадро гузаронида, хулоса тартиб медиҳад.

139.     Дар сурати зарурият лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ барон муҳокима ба прокуророни поёнӣ ирсол гардида, барои баррасӣ ба маҷлиси ҳайати мушовара ва ё фаврӣ-назоратӣ бароварда мешавад.

140.     Прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, инчунин кормандони онҳо метавонанд дар омода сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда шаванд ва ё чунин санадҳоро таҳия ва омода сохта, барон омӯзиш ва қабули қарори дахлдор ба Прокурори генералӣ пешниҳод намоянд.

141.     Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо сардорони раёсату шуъбаҳо, ки дар омода сохтани он ширкат варзидаанд ва муовинони Про­курори генералӣ, ки масъули ин соҳаи назорат мебошанд, мувофиқа карда шуда, баъди таҳрир шудан барои омӯзиш ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро пешниҳод карда мешаванд.

142.     Ба лоиҳа маълумотномаи асоснок оид ба рад намудани таклифҳо ва эродҳои пешниҳодшуда ҳамроҳ карда мешавад.

143.     Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои онҳое, ки махфӣ мебо­шанд) аз тарафи Раёсати кадрҳо ба қайд гирифта мешаванд.

144.     Тартиби омода сохтани лоиҳаҳои фармон, дастур ва низомномаҳои якҷоя бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Прокурори генералӣ ва ё муовинони ӯ муқаррар карда мешавад.

 

VIII.     ДАЪВАТИ КОРМАНДОН A3 МАҲАЛҲО

145.     Даъвати кормандони прокуратураҳои тобеъ ба Прокуратураи генералӣ мувофиқи супориши Прокурори генералӣ, муовинони ӯ ё бо иҷозати онҳо, дар асоси гузориши асосноки сардорони воҳидҳои сохтории Прокуратураи генералӣ сурат мегирад.

146.     Давомнокии сафари хизматии кормандоне, ки барои иштирок намудан дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, маҷлисҳои фаврӣ-назоратӣ ё додани маълумот оид ба парвандаҳои мушаххас, санҷишҳои хизматӣ ва аттестатсия ба Прокуратураи гене­ралӣ даъват карда мешаванд, набояд аз 3 рӯз ва аз ВМКБ аз 5 рӯз зиёд бошад (ба истиснои таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва дигар шароиту ҳолатҳое, ки муҳлати дарозтарро талаб мекунанд.)

147.     Масъалаи хароҷоти сафари хизматии кормандони даъватшуда ва ҷобаҷокунии онҳо (дар сурати мавчуд набудани маблаг барои сафари хизматӣ дар прокуратураҳои тобеъ), пешакӣ бо муовини Прокурори генералӣ (сарпарасти соҳа) мувофиқа карда шуда, бе ҳал намудани ин масъала даъвати кормандон манъ мебошад.

148.     Бақайдгирии сафари хизматии кормандони аз маҳалҳо даъватшуда оид ба муҳлати дар Прокуратураи генералӣ будани онҳо аз тарафи раёсату шуъбаҳои дахлдор ва Раёсати кадрҳо амалӣ гардонида мешавад.

149.     Асос ва тартиби ба Прокуратураи генералӣ даъват намудани муфаттишон ва дигар кормандони прокуратураҳои поёнӣ барон иштирок дар гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотӣ ва тартиби додани хароҷоти молиявии ин кормандон бевосита аз тарафи Прокурори генералӣ муайян карда мешавад.

150.     Дар ҳолате, ки корманди дар сафари хизматибуда супоришро иҷро намекунад, интизоми меҳнат ва иҷроияро вайрон намуда, муҳлати дар сафар буданро рйоя намекунад, сардори раёсат ва ё шуъба гузориши асоснок тартиб дода, онро бо муовинони Прокуро­ри генералӣ (сарпарастон) мувофиқа намуда, барои чораандешӣ ба Прокурори генералӣ пешниҳод менамояд.

            Раёсату шуъбаҳое, ки сарпарастии онҳо ба зиммаи Прокурори ге­нералӣ мебошад, гузоришро дар ин хусус бевосита ба Прокурори ге­нералӣ пешниҳод менамоянд.

 

IX.    НАЗОРАТИ ИҶРО

151.     Назорати иҷрои фармонҳо, дастурҳо, дастурамалу низомномаҳо, амрҳои Прокурори генералӣ, қарорҳои маҷлисҳои ҳайати мушовара, фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, чорабиниҳои нақшавӣ ва дигар супоришҳо аз тарафи муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва Раёсати ташкили кор ва на­зорати иҷро таъмин карда мешавад.

152.     Назорат бо роҳи мунтазам омӯхтан ва таҳлил намудани маълумотҳои оморӣ, нақшаҳои корӣ, ҳуҷҷатҳои назорати прокурорӣ, санадҳои эътиноии прокурорӣ, ахборот, маводҳое, ки аз прокуророни поёнй ворид мегарданд, таъмин карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои санҷиш тариқи назоратӣ, сафар ба маҳалҳо ташкил карда ме­шавад.

153.     Ҳуҷҷатҳои зерин таҳти назорат гирифта мешаванд:

-       санаду супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маҷлис ва ё бандҳои алоҳидаи онҳо (аз ҷумла дар нақша-чорабиниҳо дарҷгардида), фармоиш ва супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо онҳо аз Прокуратураи генералӣ ахборот талаб ва ё вазифадор карда шудааст;

-       дархостҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-       лоиҳаи санадҳои меъёрии хуқуқии барои мувофиқа воридшуда;

-       фармонҳо, қарорҳои маҷлисҳои Шӯрои қамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ҳайати мушовара ва фаврӣ-назоратии назди Прокурори генералӣ, чорабиниҳои нақшавӣ, супоришҳои роҳбарияти Прокуратураи генералӣ;

-       ҳуҷҷатҳое, ки рафти баррасӣ ва иҷрои онҳо аз ҷониби Прокуро­ри генералӣ ва муовинони ӯ ба назорат гирифта шудаанд;

-       ҳуҷҷатҳое, ки аз натиҷаи баррасии онҳо мақомоти ирсолнамуда ахборот пурсидааст.

154.     Шуъбаи коргузорӣ ба ҳуҷҷатҳои зикршуда (ба истиснои ҳуҷҷатҳои дар зербанди 4 банди 153 ҳамин Регламент зикршуда) дар асоси Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 2 нусха варақаҳои назоратӣ тартиб дода, нусхаи аввалро ба иҷрочиён ва нусхаи дуюмро барои назорат ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро месупорад.

            Охири ҳар ҳафта (нимаи дуюми рӯзи чумъа) шуъбаи коргузорӣ бо омӯзиши китобҳои воридотӣ, бақайдгирии муроҷиатҳо ва дигар китобҳои дахлдор ба Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро маълумотнома оиди ҳолати риояи интизоми иҷро аз ҷониби кормандони раёсату шуъбаҳо ва ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус пешниҳод менамояд.

155.     Фармону супоришҳои Прокурори генералӣ, ки ба прокуратураҳо ё соҳаҳои алоҳидаи назорат, қарорҳои ҳайати мушовара, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тааллуқ доранд, на бештар аз як сол (агар дар худи санад муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад), таҳти назорат гирифта мешаванд.

156.     Пас аз ба итмом расидани муҳлат, масъалаи аз назорат соқит кардан ё идома додани он аз тарафи Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, дар асоси гузориши асосноки сардорони раёсат, шуъба ва ёрдамчи­ёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус ҳал карда мешавад.

157.     Назорати иҷрои супоришҳои аз тарафи Прокурори генералӣ додашуда, ҳамчунин тартиб ва муҳлати баррасӣ гардидани дархост ва муроҷиатҳои аз мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дохилгардида, аз тарафи Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро таъмин карда ме- шавад.

158.     Раёсати ташкили кор ва назорати иҷро ҳолати иҷро, риоя намудани тартиби омодасозии шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иҷрои Регламенти мазкурро дар раёсату шуъбаҳо ва прокуратураҳои поёнӣ месанҷад, санадҳо ва маълумотҳои лозимаро талаб менамояд ва ҳангоми муайян намудани камбудиҳо барои бартараф намудан ва пешгирии онҳо чораҳои дахлдор меандешад.

159.     Сарпрокурори ҳарбӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон вазифадоранд, ки Регламенти прокуратураҳои худро мутобиқи Регламенти мазкур мураттаб сохта, тибқи он фаъолиятро ба амал бароранд.