9 августи соли 2017 дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қодирова С.Ғ. бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б” ва 340  қисми 2 бандҳои “а”, “б”, “в” Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Қодирова С.Ғ. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ  моҳи июни соли 2012 бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо собиқ коршиноси қарзии маркази хизматрасонии бонкии №7 ҶСК “Агроинвестбонк” Қудратов А.Х. ба боварии шаҳрванд Муродова Ф.Д. даромада, номбурдаро моил намудааст, ки бо мақсади равнақ додани тиҷораташ ба номаш аз бонк маблағи пулӣ кредит гирифта ба ӯ диҳад.

 Муродова Ф.Д. ба пешниҳоди Қадырова C.F. розӣ шуда 7 июни  соли 2012  дар асоси шартномаи қарзӣ аз маркази хизматрасонии бонкии №7 ҶСК “Агроинвестбонк” маблағи 3.000 доллари ИМА, баробар ба 14.280 сомонӣ кредит гирифта, ин  маблағро  худи ҳамон рӯз дар бонки мазкур дар иштироки коршинос Қудратов А.Х. ба Қодирова С.Ғ. додааст.

Бо ҳамин тарзу усул, Қодирова С.Ғ. ба номи худ ва хешовандонаш аз ҶСК “Агроинвестбонк” соли 2012, ҷамъ ба  маблағи 39.000 доллари ИМА, баробар ба 185.640  сомонӣ кредит гирифта, ин маблағро тасарруф намуда, ба бонки мазкур барнагардонидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  аз 9 августи соли 2017 судшаванда Қодирова С.Ғ. бо  моддаҳои  дар  боло  зикргардида  гунаҳкор дониста  шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати  10 сол бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии дороӣ низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо