22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллат–тоҷик.
Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Аз июли соли 1991 - муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Аз августи соли 1992 - муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ноябрисоли 1993 - муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз декабри соли 1995 - прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе
Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз октябри соли 1998 - Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Аз июни соли 2002 - Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012 - Прокурори вилояти Суғд
Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014 – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Генерал-полковники адлия
Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд