Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Холов И.И. бо  моддаи  3073 қисми  2  Кодекси  ҷиноятӣ  ба  итмом  расонид.

Холов Илҳомҷон Икромович аз соли 2012 то инҷониб ба равияи динии “Салафия” иштирок ва фаъолият намуда, барои ташкил ва ба амал баровардани фаъолияти экстремисти ба атрофиён ташвиқу тарғиб намудааст, ки  амалҳои номбурда бархилофи талаботи қонун буда, дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон 8 феврали соли 2009 фаъолияти  равияи динии “Салафия” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2014 ба руйхати иттиҳодияҳои экстремисти дохил карда шудааст.

Оиди ин ҳолат 29 июни соли 2017 дар прокуратураи ноҳияи  Рўдакӣ нисбати Холов И.И. бо моддаи 3073  қисми  2  Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ он  барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди  ноҳияи  Рўдакӣ ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ  аз  11 августа соли 2017  Холов И.И.  бо  моддаи  дар  боло  зикргардида  гунаҳкор дониста шуда, ба ў ҷазои маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии дороӣ низомаш пурзур таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо