21 майи соли 2019 Олимов Раҳматулло Мирзоназарович ва Сайдулаев Маҳмудҷон Марифҷонович барои ба охир расонидани сохтмони хонаи нимсохтаи Сайдулаев М.М. ба деҳаи Сароб 3, ҷамоати деҳотӣ Зайнабободӣ ноҳияи Рӯдакӣ меоянд. Ба корҳои сохтмонии онҳо шаҳрванд Маллаев А.А.-низ ҳамроҳ шудааст.
23 майи соли 2019 Маллаев А.А. аз Сайдулаев М.М. маблағи 200 сомонӣ гирифта, ба аёдати ҳамсару фарзандонаш ба ноҳияи Ёвон меравад ва 25 майи соли 2019 тариқи телефони мобилӣ ба Олимов Р.М. занг зада мегӯяд, ки ӯ аз ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷойи кораш меояд.
Маллаев А.А. бо мақсади давом додани кор ба хонаи Сайдулаев М.М. омада, хӯроки нисфирӯзиро бо як шиша арақи навъи “Тоҷикистон” ғунҷоишаш 0,5 ҳамроҳи Сайдулаев М.М. ва Олимов Р.М. истеъмол намуда, якҷоя то бегоҳ ба корҳои сохтмонӣ машғул мешаванд.
Баъди анҷоми рӯзи корӣ Олимов Р.М. ва Маллаев А.А. аз Сайдулаев М.М. маблағи 20 сомонӣ гирифта, ба мағозаи назди ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода рафта, аз он ҷо як шиша арақи навъи “Тоҷикистон” ғунҷоишаш 0,5 ва нон харидорӣ карда, ба хонаи Сайдулаев М.М. баргашта, ҳамчун хурокӣ шом якҷоя истеъмол менамоянд.
Тахминан, соатҳои 23:00 дақиқаи ҳамон рӯз Маллаев А.А. дар ҳолати мастӣ бо баҳонае, ки Сайдулаев М.М. хӯрокӣ шомро омода накардааст, муноқиша намуда, Сайдулаев М.М.-ро, ки дар дохили ҳуҷра дар ҳолати хоб қарор дошт, бо пои росташ дар қисмати шикам ва пушташ 2 зарба мезанад. Олимов Р.М., ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, мехоҳад онҳоро аз ҳамдигар халос кунад ва Маллаев А.А. ба ӯ муқобилят нишон дода, ба бадани Олимов Р.М. бо дастонаш 4 зарбаи сахт мезанад ва новобаста аз ин Олимов Р.М. Маллаев А.А.-ро аз дохили ҳуҷра ба саҳни ҳавлӣ мебарорад то, ки бо Сайдулаев М.М. ҷанҷол накунад.
Баъди ба берун баровардан Маллаев А.А. ҷанҷолашро бо Олимов Р.М. идома дода, боз якчанд зарбаи дигар бо дастонаш мезанад. Дар ин ҳолат Олимов Р.М. аз саҳни ҳавлӣ каланди деҳқонии дастааш чубинро гирифта, ба қисмати рости сари Маллаев А.А. як зарбаи сахти марговар мезанад, ки дар натиҷа Маллаев А.А. ба замин афтида, аз сараш хуни зиёд меравад.
Сайдуллаев М.М. аз дохили ҳуҷра баромада, бо мақсади ба ба қатл расонидан бо дастон ва пойҳояш Маллаев А.А.-ро ба қисмати шикам ва пушташ зарбаҳои сахт мезанад. Дар натиҷа аз зарбаҳои сахти бардоштааш Маллаев А.А. дар ҷойи ҳодиса, ба ҳалокат мерасад.
Баъди ба ҳалокат расидани Маллаев А.А., Сайдулаев М.М. ва Олимов Р.М. дидаву дониста, бо мақсади руйпӯш намудани чиноятӣ содирнамудаашон дар қисмати поёни саҳни ҳавлӣ заминро канда, дар чуқурии 1 метр ҷасади Маллаев А.А.-ро зери хок пинҳон мекунанд.
Дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ 30 августа соли 2019 ҷасади Маллаев А.А. аз саҳни ҳавлии Сайдулаев М.М. аз зери хок дарёфт карда шудааст.
Прокуроры ноҳияи Рӯдакӣ 31 августи соли 2019 нисбати Сайдулаев М.М. ва Олимов Р.М. бо моддаи 104 қисмӣ 2 банди “з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандан ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандан ҷнноятнро ба Суди Олии Ҷумҳурни Тоҷикнстон ирсол намудааст.
Бо ҳукми коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2019 Сайдулаев М. М. бо моддан 104 қисми 2 банди “з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 21 (бисту як) сол аз озоди маҳруми бо адо кардани ҷазо дар колонияи дорои низомаш сахт ва Олимов Р.М.- низ бо моддаи 104 қисми 2 банди “з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 23 (бисту се) сол аз озоди маҳруми бо адо кардани ҷазо дар колонияи дорои низомаш сахт таъин карда шудаанд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ