Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбати Тиллобердиев Алиҷон Ғаниевич бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «а,в,е» (суиқасд ба одамкушӣ) ва 147 қисми 1 (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баанҷом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

  Тафтишоти пешакӣ Тиллобердиев А.Ғ.-ро барои он айбдор донистааст, ки ӯ бо сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати холааш Юлдошева Раҳимахон Муминжоновна вобаста ба тақсими маблағи фурӯши хонаи аз модаркалонашон меросмонда, шаби 10 ба 11-уми январи соли 2021 тахминан соати 0320 дақиқа аз манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Вахдат, Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов, даҳаи Ситораи Сурх ба воситаи автомашинаи кироя ба назди манзили истиқоматии холааш Юлдошева Р.М., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Куктош рафта, бинобар маҳкам будани дари даромад ба воситаи девор ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии охирин шудааст.

  Пас аз ворид шудан ба манзили истикоматӣ Тиллобердиев А.Ғ. ба рӯяш ниқоби қаблан омоданамудаашро кашида, барои амалӣ намудани қасди куштори Юлдошева Р.М. ва шавҳараш Пиримқулов Тухтасин Мамамуродович ба ҳуҷраи хоби онҳо даромада, аз ҳолати оҷизӣ, яъне хоб будани онҳо истифода бурда, бо табари қаблан бо худ гирифтааш 4 маротиба ба сари Юлдошева Р.М., мезанад. Аз доду фиғони Юлдошева Р.М. шавҳараш Пиримқулов Т.М. бедор шуда, мехоҳад сади роҳи Тиллобердиев А.Ғ., шавад, аммо Тилобердиев А.Ғ бо табари дар дасташ буда 4 маротибаи дигар ба сари Пиримқулов Р.М. мезанад, ки дар натиҷа Юлдошева Р.М. ва шавҳараш Пиримқулов Т.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиашон мебардоранд.

   Аз ин ҳолат, писан Пирумқулов Т.М.- Пирумқулов Абдурашид Тухтасунович ва ҳамсари охирин Маҳмадсодиқова Назокат Юсуповна огоҳ шуда, Тиллобердиев А.Ғ.-ро дастгир кардаанд, ки охирин мақсадашро оиди куштори Юлдошева Р.М. ва Пирумқулов Т.М. новобаста аз иродааш ба охир расонида натавонистааст.

  Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 29 апрели соли 2021 Тилобердиев А.Ғ. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е” ва 147 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои ниҳоӣ ба мухдати 16 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

МАРКАЗИ МАБУОТИИ ПРОКУРАТУРАИ

ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

 

Хабарҳо