Маҷалла

Хабарҳо

22.07.2026

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

22-юми июли соли 2026 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти  матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи якуми соли 2026 дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат иттилоъ пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти мақомоти прокуратура асосан ба пешгирии ҷинояткорӣ, истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, риояи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, замин, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус байни ноболиғону ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропии сахттаъсир ва прекурсорҳо, инчунин, дигар қонунгузориҳо равона гардид.

09.07.2026

ХАБАРИ МАТБУОТӢ

9 июли соли 2026 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис сараввал махсус таъкид гардид, ки сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшида, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ҳамчун ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона, созанда ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фотогузоришҳо

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
 
 
 

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Харитаи сомона