Тошов Бахтовар Абдурауфович, сокини шаҳри Турсунзода, бархилофи талаботи моддаи 14 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал намуда, хизматрасонии ҳунармандон, ки дар тую маракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн ва бо риояи санадҳои меъёри ҳуқуқи сурат мегирад, ҳамчун ҳунарманд фаъолият дошта, 27 январи соли 2019 дар туйи домодии Қудратов Суҳробҷон, сокини шаҳри Турсунзода аз соати 10 30 то 12 30 ба сифати ҳунарманд бе бастани шартномаи тарафайн хизматрасонӣ кардааст.
28 феврали соли 2019 аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, нисбати Тошев Б.А. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ирсол карда шуд.
Бо қарори суди шаҳри Турсунзода аз моҳи марти моли 2019 нисбати Тошов Бахтовар Абдурауфович бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 5500 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат муқарраркарда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ