Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 4 то 14 ноябри соли 2025 машғулиятҳои назариявию амалйбо иштироки муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ва прокуратураҳои поёнӣ баргузор намуд.
Тибқи барномаи таълимӣ машғулиятҳо рӯзҳои 4-5 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар толори Донишкадаи номбурда бо шумори 25 нафар, 10-11 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи вилояти Хатлон бо шумори 28 нафар ва 13-14 ноябри соли 2025 дар толори Маркази омӯзиши масъалаҳои муқовимат ва терроризм, экстремизми хушунатбор ва радикализатсия, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо иштироки 26 нафар, дар маҷмуъ 79 нафар гузаронида шуд.










