Жумаев У. И. ҳамчун фурӯшанда дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ғайрат-82» воқеъ дар шаҳри Турсунзода, деҳоти Навобод, деҳаи Бақоӣ фаъолият намуда, ҳангоми ба шаҳрванд Усмонов И. фурӯхтани 40 литр бензини навъи АИ-92 ба маблағи 272 сомонӣ микдори 300 млл сӯзишворӣ ба маблағи 2 сомонию 40 дирам кам чен кардааст.

  Ба ҳамин монанд фурӯшандагони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ Одинаев А.Н., Тағошаров А., Нуров Ф.С., Абдуллоев С.Х., Абдуллоев С. ва Наврӯзов Ю.Ф. ба фиреби истеъмолкунандагон машғул шуда, зимни фурӯши сӯзишворӣ ба шаҳрвандон камтар чен карда додаанд.

   Прокуратурам шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолатҳо нисбати нафарони болозикршуда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, аз тарафи Маркази минтақавии ташхисии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода ҷаримабандӣ карда шудаанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо