Ҷураев Манучеҳр Мирзоҳодиевич моҳи ноябри соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Твери Федератсияи Руссия рафта, бо Абумуҳаммад ном шахс аъзои фаъоли ташкилоти террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» шинос шуда, ақидаҳои онҳоро ҷонибдорй намуда, шомили ин гурӯҳи террориста гардидааст. Бо мақсади ба ҷо овардани ҷиҳоди молӣ дидаю дониста, ба ҷангиёни ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» қасдан маблағи 120 ҳазор рубли рӯсӣ гузаронидааст.

  Прокурори шаҳри Ҳисор нисбати Ҷураев М.М. бо моддаҳои 1792 қисми 2 банди «б» ва 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористи дошта) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааёт, ки бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Ҷумаев М.М. гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 13 сол бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо