Прокуратураи шаҳри Турсунзода, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати Зиёдуллоев Азамҷон Азизович бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з, и”, 249 қисми 4 банди “б”, 165 қисми 4 банди “б”, 252 қисми 3 бандҳои “а,в”, ва 32 қисми 3-255 қисми 2 бандҳои “а, в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

   Тафтишоти пешакӣ собит сохт, ки Зиёдуллоев А.А., ҳамчун ташкилкунндаи ҷиноят бо якҷоягии рафиқи ноболиғаш Раҳматов Х.Ҳ., бинобар аз шиносҳояшон маблағи пулӣ қарздор будан, бо ҳам маслиҳат менамоянд, ки тариқи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ягон ронандаи автомашинам мусофиркаш, соҳиби маблағи пулӣ шаванд.

   Баҳри амалӣ намудани ин мақсади ҷинояткорона, онҳо пешакӣ олотҳои содиркунии ҷиноят- 1 адад корди кисагии қатшаванда, 2 ҷуфт дастпӯшакҳои тиббӣ ва сими пӯлодиро барои буғӣ кардан омода карда, шаби 9 декабри соли 2020, дар истгоҳи тарабхонаи “Муждаи Васл”, воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо ҳам вохӯрданд.

   Дар он ҷой, онҳо автомашинам тамғаи “Тико” рақами қайди давлатиаш 93-37 PC01, ки онро Шукуров М.М. идора карда бо мусофиркашӣ машғул буд нигоҳ дошта, хоҳиш кардаанд, ки онҳоро ба маблағи 50 сомонӣ то назди сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҷойи хилват барои содир кардани куштор қулай буд, бурда расонад.

  Баъди розӣ шудани Шукуров М.М., онҳо ба курсии қафои автомашинам мазкур савор шуда, ба самти сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон ҳаракат намуда, бо хоҳиши Зиёдуллоев А.А. ронанда автомашинаро аз шоҳроҳ ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонида, тахминан баъди 200-300 метр масофаро тай кардан дар ҷои торикӣ автомашинаро манъ кардаанд, ва Раҳматов Х.Ҳ. барои ҷалб кардани диққати ронанда Шукуров М.М. ба ӯ қоғази қимматноки 200 сомонаро дода, хоҳиш мекунад, ки ҳаққи хизматрасониро гирифта, бақияи онро диҳад.

   Шукуров А.А. ҳангоми аз кисааш баровардан ва ба шуморидани маблағи пулӣ овора буданаш, Зиёдуллоев А.А., ки дар паси ронанда нишаста буд, якбора ба ронанда ҳучум карда, ба гардани ӯ симро андохта сахт кашида буғӣ кардааст.

   Дар ин лаҳза, ронанда Шукуров М.М. бо дастонаш кӯшиши худро муҳофизат кардан ва аз сим халос шуданро мекунад, вале Раҳматов Х.Ҳ. сараввал бо корди дар дасташ буда, ба cap ва гардани Шукуров М.М. 2 маротиба ва боз 15 маротиба зарба зада, ба охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёт хавфнокро мерасонад.

   Зиёдуллоев А.А., ки содиркунии ин ҷиноятро роҳбарӣ мекард мебинад, ки Шукуров М.М. аз буғӣ кардан ва зарбаҳои бо корд задаашон ба ҳалокат нарасидааст, ба Раҳматов Х.Ҳ. супориш додааст, ки гардани Шукуров М.М.-ро бо корди дар дасташ буда буррад, аммо Раҳматов Х.Ҳ ин корро ба анҷом расонида наметавонад.

    Пасон, Зиёдуллоев А.А. бо бераҳмии махсус симеро, ки бо он гардани Шукуров М.М.-ро буғӣ карда истода буд, сахт кашида дар тагсараки курсии ҷойи нишасти ронанда тоб дода баста, аз автомошина фаромада, кордро аз дасти РаҳматовХ.Ҳ. гирифта, як зарбаи нишонраси халандаю буранда ба хирной, сурхруда ва рагҳои гардани Шукуров М.М. зада, ӯро ба ҳалокат мерасонад.

    Баъди содир кардани куштор, аз кисаи шими ронанда 237 сомони ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки 3000 сомонӣ арзиш дошт тасарруф намуда, барои пинҳон кардани ҷинояти содиркардаашон якҷоя ҷасади ронанда Шукуров М.М.-ро аз автомашина бароварда, ба ҷуйбори обгузари канори роҳи автомобилгард партофта, автомашинаро бо мақсади нобуд кардан, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти маркази шаҳри Турсунзода раҳсипор шуда, дар километри 61-ум ба садама дучор гардида, автомашинаро ба чуйбор якпаҳлу чаппа карда, аз он чой ғайб задаанд.

    Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон судшаванда Зиёдуллоев А.А. бо моддаҳои дар боло номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

 

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Хабарҳо