Иргашева Дилафрӯз Каримжоновна, сокини шаҳри Турсунзода, бархилофи талаботи моддаи 10 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки гузаронидани маъракаи чой гаштак манъ аст, амал намуда, 31 январи соли 2018 дар тарабхонаи “Ширкент” воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода, чойгаштаки духтараш Маҳмудова Д.-ро аз соати 18 то 21 гузаронидааст.
1 феврали соли 2019 аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода, нисбати Иргашева Д.К. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо қарори суди шаҳри Турсунзода аз моҳи феврали соли 2019 нисбати Иргашева Дилафрӯз Каримжоновна бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 5500 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат муқаррар карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ