Қодиров Фозилҷон Останакулович сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштан, ҳамсараш Қодирова Наргис Хуррамовна, сокини шаҳри Турсунзода, бо шаҳрванд Раҷабов Абдураҳмон Раҳимович, сокини шаҳри мазкур, шиносои пайдо намуда аз соли 2015 то инҷониб бо ҳам муносибатҳои маҳрамона мекардаанд. Аз ин рафторҳои онҳо Қодиров Ф.О. огаҳи ёфта, бо мақсади қасос гирифтан санаи 14 январи соли 2019 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, бо ҳамсараш Қодирова Н.М. ҳамсуҳбат шудааст.
Ҳамсараш иқрор шудааст, ки бо Раҷабов А.Р. муносибати маҳрамона доштааст. Баъдан охирон 01 феврали соли 2019 аз ҳиссиёти рашк, дар ботинаш қасди ба қатл расонидани Раҷабов А.Р. пайдо шуда, нақшаи куштори ӯро таҳрезӣ намудаааст.
04-уми феврали соли 2019 ба воситаи ҳамсараш Қодирова Н.Х., Раҷабов А.Р.-ро шабона соати 22-00 дақиқа ба манзили истиқоматиаш даъват намудааст.
Тахминан соати 22-20 дақиқа Раҷабов А.Р. ба манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, омада ворид мегардад. Баъди ба дохили ҳуҷра дохил шудани Раҷабов А.Р. ӯ ба наздаш рафта, яку якбора бо лулаи оҳанини қаблан омода кардааш дар қисмати сари ӯ як зарба задааст, ки номбурда ба замин афтода бе ҳол шудаааст, сипас бо он лулаи оҳанин дар қисмати пойҳо, дастон ва дигар узвҳои бадани Раҷабов А.Р. як чанд зарбаҳои сахт мезадаанд, ки аз ин зарбаҳо охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5 феврали соли 2019 аз ҷониби прокурори шаҳри Турсунзода нисбати Қодиров Ф.О. бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,пас аз гузаронидани як қатор ҳаракатҳои тафтишотӣ,18 марти соли 2019 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 29 марти соли 2019 Қодиров Фозилҷон Останакулович бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озоди дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт адои ҷазо таъин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ