23 сентябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 31-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласа Прокуророни генералии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо оид ба таҷрибаи кори прокуратураҳои кишварҳои ИДМ, иҷрои Барномаи байнидавлатии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои солҳои 2019-2022, инчунин Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои бо истифодаи технологияи иттилоотӣ содиршуда, терроризм ва дигар зуҳуроти зуроварандаи ифротгароӣ, мустаҳкам намудани амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна, густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо коррупсия, дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрванд ва инсон, таҷрибаи фаъолияти иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод вобаста ба муқовимат бар зидди “Давлати исломӣ” ва дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ: проблемаи террористони хориҷӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ дар ҳошияи “омили Афғонистон” баромад намуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Ю.А. бо Прокурорҳои генералии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии дуҷониба доир намуд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2023 ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ