Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвнадаҳои ҷиноятии Прокуратураигенералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Азимов С.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” ва 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратурам генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди шаҳри Ҳисор баррасӣ карда шуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки Азимов С.С. тахминан моҳи апрели соли 2020 шаҳрвандон Тоҳиров С.А., Наврузи Т., Қодиров А.М. ва Юсупов С.Д.-ро барои дуздии мурғ мутаҳам намуда, шаъну эътибори онҳоро мунтазам паст зада, ҷиҳати хабар додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқук ё ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан аз онҳо маблаги пулӣ талаб намуда, ба корҳои хоҷагидориаш ҷалб намудааст.

  Ҳамин тавр, Азимов С.С. аз моҳи апрел то моҳи августа соли 2020 мунтазам ноболиғ Тоҳиров С.А.-ро барои дуздии мурғ мутаҳам дониста, шаъну эътибори ӯро дар назди рафиқонаш паст зада, аз Тоҳиров С.А. маблаги пулй талаб кардааст, ки дар мавриди маблаг надодан ба кормандони милитсия хабар мерасонад.

  Ба ин қонеъ нашуда, Қодиров А.М.-ро ду маротиба ба манзили истиқоматии волидони Тоҳиров С.А. ба назди модараш Сидиқова Б. барои маблаги 1.500 сомонӣ равон кардааст.

Минбаъд, ноболиғ Тоҳиров С.А. ба тахдид ва мунтазам паст задани шаъну эътибораш аз ҷониби Азимов С.С. тоқат накарда, аз бадном гардидан дар назди аҳли оила ва ҳамдеҳагонаш дигар роҳи халосй наёфта, 14 августа соли 2020 тахминан соати 23 худро дар дохили бинои ёрирасониашон воқеъ дар сурогаи шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳоти Обигармӣ бо ресмон овехта, вафот кардааст.

  Ғайр аз ин, Азимов С.С. такроран дар давоми моҳҳои май-августи соли 2020 ба боварии шаҳрванд Қурбонов Р.Ш. даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 0,06 га барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз номбурда маблағи 45.500 сомонй гирифта, дар эҳтиёҷоти худ сарф намуда, ба Қурбонов Ш.Р. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 

  Инчунин, номбурда боз дар се лаҳза ҷинояти қаллобиро содир намуда, ба шаҳрвандон Мирзоализода М.М. ба маблаги 67.000 сомонй ба Ғафурова Ш.З. маблағи 3.000 сомонй ва ба Ҳаитова М.С. маблаги 1020 сомонй зарари моддӣ расонидааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор аз. 5 августа соли 2021 Азимов С.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мухдати 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишголи мансабҳо дар мақомоти соҳаи заминсозӣ ба муҳлати 4 сол ва бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Хабарҳо