14 феврали соли 2025 дар Прокуратураи генералӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло аз натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2024 ба хабарнигорон иттило дод.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли 2024 аз ҷониби мақомоти прокуратура 6973 санҷиш гузаронида, 4172 парвандаҳои ҷиноятӣ (аз ин, 1302 коррупсионӣ) оғоз намуда, 62945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 261022 нафар барқарор карда шуданд. 1 млрд 327 млн сомонӣ маблағи зарар (аз ин, 1 млрд 211 млн сомонӣ ба манфиати давлат) рӯёнида шуд.
Ба мақомот 44043 муроҷиат ворид гардида, 3379-тои онҳо қонеъ карда шуданд.
Дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 1101 (181-то нисбати мансабдорон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз,4315 амру пешниҳод, 2185 эътироз оварда шуда, 154,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 7190 нафар ба ҷавобгариҳо кашида шудаанд.