2 феврали соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Мраковои ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия fibдархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич, 13.10.1976 соли таваллудаш барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд.

    Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, 11 ва ^If- феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд.

6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон чораи пешгирй дар намуди ба ҳабс гирифтан нисбати Абдуфаттоева Ф.А. тағйир дода шуда, охирон аз ҳабс озод карда шуд.

 

 

 

 

 

 

Хабарҳо