Саидзода Фирдавс санаи 27.09.2019 сол тахминан соатҳои 18-00 дақиқа дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд Абдуллоева Манзура Мирзораҳимовна, вохурда, ба ӯ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки аз мағозаи фурӯшӣ ҷиҳозҳои конселярӣхаридорӣнамуда буд, нишон дода, худро корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣнамуда, ӯро тахдид намудааст, ки нисбаташ барои ба фоҳишагӣ ва танфурӯшӣ машғул шудан парванда оғоз намуда, номбурдаро дар назди хешу табор ва падару модараш бадном менамояд. Абдуллоева М.М. аз тахдиди ӯ тарсида хоҳиш намудааст, ки нисбаташ чораандеши накунад.
Сипас Саидзода Ф. аз ин таҳдиди кардааш истифода бурда аз Абдуллоева М.М. маблағи пули 2000 сомонӣ тамаъҷӯи карда гуфтааст, ки дар сурати додани ин миқдор маблағи пулӣ нисбати охирон парванда оғоз накарда, ӯро бадном намекардааст. Абдуллоева М.М. розӣ шуда, маблағи 800-сомон ба ӯ додааст. Саидзода Ф. маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба Абдуллоева М.М. зарари моддӣ расонидааст.
Саидзода Ф. такроран 07 октябри соли 2019 бо ҳамин тарзу усул худро корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣнамуда, шаҳодатномаи қалбакиро ба шаҳрванд Бибимарями Исмоилзода, нишон до да, ӯро тахдид намуда, маблағи 1000 сомонӣ тамаъҷӯи намудааст.
Саидзода Ф. 18 октябри соли 2019 бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯи ба даст овардани маблағи 1000 сомонӣ аз шаҳрванд Бибимарями И. аз тарафи кормандони ҳифзи ҳукуқи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуда, аз номбурда шаҳодатномаи рангаш сурх, ки дар он ягон ному насаб дарҷ нагардидааст ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шудааст.
Нисбати Саидзода Ф. бо моддаи 250 қисми 2 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои тамаъҷӯи) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суди шаҳри Ҳисор ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Саидзода Фирдавс бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳруми бо адои ҷазо дар калонияи низомаш пурзӯр таъин карда шуд.
Прокуратураи генералӣ