Одинаев Муҳаммад Мансурович, дар раванди бозиҳои букмекерӣ қарздор шуда, дар ботинаш фикри дуздии молу мулки ғайр пайдо гардида ва бо ин мақсад мехост аз ин вазъияти ба амаломада барояд. Бинобар ин, ӯ санаи 26 декабри соли 2020 дар манзили истиқоматиаш қарор дошта, бо мақсади нагузоштани далел ва изҳои ҷиноят дар ҷойи ҳодиса аз даҳлези ҳуҷра як адад кулоҳ, як ҷуфт дастпӯшро гирифта, сипас ду ҷойи кулоҳро ба қайчӣ бурида, ба худ сару либоси махсус, ки онро минбаъд ҳамчун ниқоб истифода бурдааст, тайёр карда, барои иҷрои қасди ҷинояткоронаи худ фурсати муносибро интизор мешавад.

   Минбаъд, Одинаев Муҳаммад Мансурович, субҳи ҳамон рӯз бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронааш аз манзили истиқоматиаш баромада, дастпушҳоро пӯшида, тавассути девор ғайриқонунӣ ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояаш Розиқова Ороста, воқеъ дар суроғаи шаҳри Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, кӯчаи А.Фирдавсӣ, хонаи 8, бинои 1 ворид гардида, он ҷо кулоҳро ҳамчун ниқоб ба capпӯшида, мехост вориди ҳуҷраҳои хона гашта, молу мулки номбурдаро тасарруф намояд.

   Аммо, ҳангоми дар ҳавлӣ қарор доштани Одинаев М.М. шаҳрванд Розиқова Ороста, аз ҳуҷраи хонаи истиқоматиаш баромада, ба тарафи ҳаммоми хонааш роҳсипор мегардад. Одинаев М.М. бошад, номбурдаро дида, дар назди ҳоҷатҳона пинҳон шуда, бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда тассаруфи ниҳонии молу мулки Розиқова О.-ро ба охир расонида наметавонад.

    Бинобар ин, Одинаев М.М. ин ҳолатро дида, нақшаи ҷинояткоронаи худро фавран дигар карда, ба худ мақсад мегузорад, ки ба таври ошкоро ба Розиқова О. ҳуҷум карда, бо истифодаи зӯроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок номбурдаро ба қатл расонида, соҳиби молу амволаш гардад.

    Бо ин мақсад, Одинаев М.М. мунтазири аз ҳаммом баромадани Розиқова О. шуда, ба ӯ ҳуҷум карда, бо дасти чапаш даҳону бинӣ ва бо дасти росташ сари ӯро фишурда, рохлои нафаскашии ӯро пурра маҳкам намудааст, ки дар натиҷа Розиқова О. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

    Баъд аз ин, Одинаев М.М. ҷасади Розиқова О.-ро ба дохили ҳоҷатхона гузаронида, гушворҳои тиллоӣ арзишаш 1258.19 сомонӣ ва ангуштарини тиллоӣ арзишаш 775,05 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 2033.24 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намудааст.

    Ҳамчунин, Одинаев М.М. пас аз роҳзанӣ ва куштори ҷабрдида Розиқова О.Б. вориди яке аз ҳуҷраҳои истиқоматии Розиқова О. гардида, ба кофтани молу мулк шурӯъ менамояд. Ин лаҳза духтари ноболиғи Розиқова О.-Розиқова Меҳрона Сайфуллоевна, санаи таваллудаш 9 апрели соли 2006 аз хоб бедор шуда, Одинаев М.М.-ро дида, аз тарс доду фиғон кардааст.

   Одинаев М.М. аз ин ҳолат ба ҳарос афтода, бо мақсади куштан ва руйпуш кардани ҷиноятҳои содирнамудааш, ба ноболиғ Розиқова М.С. ҳуҷум карда, бо дасти росташ даҳону бинии номбурдаро маҳкам карда, мехоҳад, ки номбурдаро аз ҳаёт маҳрум созад, аммо, ноболиғ Розиқова М.С. ба Одинаев М.М. муқобилият нишон дода, бо дасташ кулоҳи дар capдоштаи ӯро кашида, панҷаи дасти росташро мегазад, ки дар натиҷа дастпуши дасти чапи Одинаев М.М. ба болои фарши хуҷра афтида, номбурда аз тарси он, ки ноболиғ Розиқова М.С. ӯро метавонад шиносад, аз ҳуҷра ба ҳавлӣ баромада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

   Прокурори шаҳри Ҳисор, нисбати Одинаев М.М. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “и, л” (Одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) 249 қисми 3 бандҳои “а,в,г” (Роҳзание, ки ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк) ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “в, и, л, п,” (Суйқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардни ҷиноят равона гардидааст) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

    Бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2021 Одинаев М.М. бо моддаҳои боло зикршуда гунаҳгор дониста туда, ба ӯ бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 27 сол, бо адо кардани ҷазо дар колониям ислоҳии низоми сахт, таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Хабарҳо