Парвандаи ҷиноятӣ нисбати хизматчии қисми ҳарбии 08145 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Исматулло Неъматуллоевич бо моддаҳои 195 қисми 2 банди «а» (ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаҳои таркиш), 249 қисми 4 бандҳои «б, в» (Роҳзанӣ), 244 қисми 2 бандҳои «а, б, в, г» (Дуздӣ) ва 165 қисми 4 банди «б» (Ҷалби ноболиғон ба содир кардани ҷиноят) КҶ Ҷумҳурии Точикистон, дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасӣ карда шуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки хизматчии ҳарбӣ, сержанта хурд Саидов И. Н. 13-ноябри соли 2018 аз тарафи комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 02615 “г” Вазорати мудофиа ва баъдан дар асоси фармоиши Вазири мудофиа №19 аз 22 январи соли 2019 ба қисми ҳарбии 08145 “а” гузаронида шудааст. Бо фармоиши командири қисми ҳарбии 08145 Вазорати мудофиа аз 26 марта соли 2019, №70 сарбози қаторӣ Саидов И.Н. ба сафари хизматӣ ба хоҷагии ёрирасони қисми ҳарбии мазкур, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ гузаронида шудааст.

  Ӯ, дар рафти адои хизмати ҳарбӣ 01-декабри соли 2019 тахминан соатҳои 02:20 дақиқа тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Набиев Комилҷон Абдураҳмонович ва Муртазоев Ҷамшед Ибодулоевич ҷиҳати содир ҷинояти роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тассаруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зуроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, ва ба миқцори махсусан калон ба даст овардани молу мулк, дар рӯй ниқоб пӯшида бо корд ва калтаки чубин мусаллаҳ шуда, ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Ғайрат-82”, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Чортут ҳуҷум намуда, ғайриқонунӣ вориди бинои корхона гашта, бо корду калтак тахдид намуда, базаи камераи банаворгирии онро аз кор бароварда, шишаҳои нуқтаи сӯзишвории мазкурро шикастанд. Саидов И. Н. бо калтаки чӯбин ба қисмати cap, рухсора ва бадани хазиндор Муҳиддинов 3. Ш. якчанд зарба зарба зада, ба Ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, Муртазоев Ҷ.И. аз дохили сейфи оҳанин маблағи 26820 сомониро тасарруф намуданд.

   Ғайр аз ин, ӯ такроран, тахминан моҳи феврали соли 2020 соатҳои 01:20 дақиқаи шаб тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Набиев К. А. бо мақсади содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар руй ниқоб пӯшида, бо калтак мусаллаҳ шуда, ғайриқонунӣ вориди хонаи шаҳрванд Холиқов А. X. воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳох-и Шаҳринав, кӯчаи Ҳ.Раҳматулло шуда, ҳамсари номбурда Абдуллоева Ш.-ро тахдид намуда, аз ӯ маблағи пулӣ ва тилловорӣ талаб карда, бо мақсади дарёфти маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳирот хонаро кофтуков кардаанд, вале аз ҳолатҳои ба иродаи онҳо вобастанабуда ба қасди тарҳрезӣ шудаашон ноил нагаштаанд.

  Ӯ, боз такроран, шаби 06 ба 07 марта соли 2020 тахминан соатҳои 02:40 дақиқа дидаю дониста, ноболиғ Холиқов Баҳриддин Нуриддинович, бо ваъдаи дарёфти маблағҳои пулӣ барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ҷалб карда, пешакӣ маслиҳат намуданд, ки ба нуқтаи фурӯши сузишворӣ ҳуҷум карда маблағи пулӣ ба даст меоранд. Онҳо бо ин мақсад мусаллаҳ шуда, объекта худсохти дохилаш маводи тарканда-борут доштаро, ки онро қаблан тайёр намуда буд, гирифта, ба мағозаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории № 14-и ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Сомон, деҳаи Шуроб ҳуҷум намуданд.

   Саидов И.Н. бо мақсади ба тарсу ҳарос овардани кормандони нуқтаи фуруши сузишворӣ ва осон гардонидани содирнамоии ҷиноят, объекта худсохтро намоишкорона даргиронда ба дохили мағоза партофт, ки дар натиҷа таркиш ба амал омад. Сипас, ӯ ғайриқонунӣ вориди мағоза шуда бо чӯбдастаи тайёркардаааш муҳофизи нуқтаи мазкур Ҷобиров Ҷ. Ҳ.-ро лату кӯб намуда, ба номбурда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ расонида, аз хазинаи нуқтаи мазкур маблағи 1490-сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

   Инчунин ӯ, такроран, дидаю дониста, ки борут маводи тарканда буда, бе иҷозати дахлдор нигоҳ доштани он ҷиноят аст, тахминан охирҳои соли 2020 аз шахси ба тафтишот номаълум моддаи тарканда-борутро ба микдори 12,5 грамм ба даст оварда то рӯзи дастгиршавиаш дар хонаи истиқоматиашон воқеъ дар шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Работ деҳаи Асбоб ғайриқонунй нигоҳ доштааст.

   Бағайр аз ин ӯ, такроран, тахминан моҳи феврали соли 2020 тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Набиев К. А. ва ноболиғ Холиқов Б. Н. бо мақсади содир ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии амволи ғайр, қулфҳои дари даромади мағозаи хӯроквории “Ниёгон” воқеъ дар ноҳияи Хисор, Ҷамоати деҳоти Шарора, деҳаи Ниёгон бударо шикаста, ғайриқонунӣ дохили мағоза шуда, аз дохили мағозаи молу маҳсулот ҷамъ ба маблағи 2762 сомониро тасарруф намуда, ба соҳиби мағоза Иброҳимов Ф.Н. зарари ҷиддӣ расонидаанд.

   Сарпрокуратураи ҳарбӣ нисбати Саидов И.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 195 қисми 2 банди «а» 249 қисми 4 бандҳои «б, в» 244 қисми 2 бандҳои «а, б, в, г» ва 165 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Точикистон, оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ, барои баррасӣ намудан ба суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ирсол намудааст.

   Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе аз 3 майи соли 2021 ба Саидов И. Н. бо моддаҳои боло зикршуда гунаҳкор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазои адонагардида, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Хабарҳо