Воқеан, вақт  ва ҳаводиси даврони охир қариб ба ҳар лаҳза собит сохтаву месозад, ки мо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа бисёр ғафлат варзидаем. Ҷои таассуф он аст, ки ин ҳақиқатро дарк накардаем ва ё махсус ба он таваҷҷуҳ намедиҳем.


    Оре, таваҷҷуҳи зарурӣ бештар ба он меандешем, ки фарзандонамон-насли наврас соҳибиттилоот бошад, яъне тарбияро аз таълим дар зинаи поинтар қарор додем. Пиндоштему мепиндорем, ки фарзандон чун таълим бигиранд соҳиби ахлоқи наку низ мешаванд. Ҳамин тавр вақт аёну ноаён мегузарад ва як лаҳзаи ғалати мо самари бад меорад.

        Барҳақ:

        Рафтам, ки хор аз по кашам, маҳмил ниҳон шуд аз назар.

        Як лаҳза ғофил гаштаму садсола роҳам дур шуд.

 

      Ҷуброну талофии ин ғафлатҳо дар оянда бисёр мушкил хоҳад шуд. Тарбияи ахлоқӣ пештар дар баробари таълим муҳимтарин амали волидайн ва аҳли ҷамоатчигӣ маҳсуб меёфт ва ба рўшди он эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Бесабаб нест, ки ниёгони баруманди мо дар ин маврид ҳамеша таъкид медоранд.

      Аз ҷумла: Сурататро чӣ кунам, чун ту надори сират.

                           Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъноро.

                           Ва ё:

                           Надорам он мусулмонзодаро дўст,

                           Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.

        Одами чун тарбият наёбад побанди ҳавои нафсонӣ мешавад, шаҳват гиребонашро мекашад ва баъд бо дода шудани  лаззати яклаҳзаинаи нафсонӣ ба ҳалокат мерасад. Албата, мурод ҳалокати маънавӣ низ мебошад.

       Аз ин варта ба осонӣ наметавон раҳо шуд. Изату шарафи инсониро ин ҳама аз миён мебарад.Чашмҳо замоне кушода мешавад, ки ислоҳи кор номумкин мегардад ва пушаймонӣ дигар суде намебахшад.

     Рузгору кори нангини Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич ба ин мисоли равшан шуда метавонад. Ў 10 августи соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Таҳсилоташ миёнаи нопура, муҷаррад, мувақатан бекор, истиқоматкунанда деҳаи Гулбутаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ мебошад. Тавре бар меояд аз таълими дуруст низ дур будааст.

      Ӯ 25 августи соли 2020, тахминан соатҳои 12 30 дақиқа дар назди бозорчаи маҳалаи нуҳуми кўчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур дар назди дўкони самбуса мушоҳида мекунад, ки хурдсол Сафарова Зулола Баҳридиновна (соли тавалудаш 2009) танҳо гаштугузор дорад. Дар ин ҳол ў додаи шаҳвати нафсонӣ гардид, аз зеҳнаш мегузаронад, ки бояд ба номуси ин духтараки танҳо ва бехабар аз шару шури бархе аз бузургсолон таҷовус намояд. Барои ноил гардидан ба ин нияти нопок Сафарова З.Б. ба ў панҷ сомонӣ ва 1 самбуса медиҳад, хурдсол Сафарова Зулоларо бо ҳамин найранг ба доми тазвири худ медарорад.

     Пас аз он Раҷабов З.С. аз ин бозорча як адад мурғи бирён   (табака) ва як адад нушокии спиртии навъи “Ягуар”-ро харидорӣ мекунад. Барои анҷоми зишту амали нопоки худ Сафарова Зулоларо бо ҳамроҳи худ гирифта, ба самти шоҳроҳи Душанбе Ваҳдат, ки дар онҷо зери истгоҳ воқеъ дар деҳаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистонӣ ноҳияи Рудакӣ хилватгоҳ дошт,  раҳсипор мешавад.

     Дар ин ҷо ў мурғ ва нушокии спиртии ба худ овардаро истеъмол мекунад. Баъд аз он ки ба ҳолати мастӣ мерасад, барои қонеъ намудани шаҳвати нафсониаш аз вазъияти оҷизонаи хурдсол Сафарова З.Б истифода намуда, уро ба оғуш мекашад, пойҷомаашро бароварданӣ мешавад.

       Хурдсол Сафарова З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С огоҳ гашта, ба ў муқобилият нишон медиҳад. Аммо Раҷабов З.С. барои ба осонӣ расидан ба нияти бади худ, яъне таҷовуз ба номуси духтарак ба дасти росташ ба руи у як мушт мезанад. Аз таъсири сахти ин зарба Саафарова Зулола ба замин меафтад.Пушти сараш ба як сангпораи дар онҷо буда бар мехурад ва дар натиҷа аз сараш хун ҷорӣ мешавад.

      Ин ҳолат барои Раҷабов З.С. мувофиқ меафтад. Аз ин рӯ, мақсад мегузарад, ки аз фурсати мувофиқ ҳарчи зудтар истифода бибарад. Ҳамин тавр, барои таҷовуз ба номуси духтарак пойҷомаашро маҷбуран мебарорад. Ин ҳолатро хурдсол мушоҳида намуда, аз ӯ хоҳишу зориву илтиҷо  мекунад, ки ин амали нангинро барояш раво набинад. Аммо Раҷабов З.С ба гиря ва зории духтарак эътибор  надода, ҳолати хурдсолии ӯро ба инобат нагирифта, хоҳиши нафсониашро қонеъ мекунад.

         Ҳамин тавр, ин амалҳои нангину бераҳмона сабаби марги Сафарова Зулола  мегардад.

      Баъдан аз ҷои ҳодиса мегурезад ва ба тарафи шаҳри Душанбе меояд. 31-августи соли 2020 уро кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе дастгир менамоянд. Ў ба гуноҳи содирнамудааш иқрор мешавад.

       Ба вуқуъ пайвастани ин гуна ҳодисот ҳар кадоме моро бештар масъул мегардонад, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва назорати фарзандон, хусусан ноболиғон бештар диқати ҷиддӣ бидиҳем.

         Як амали бад  натанҳо сабаби беобуруй, балки кандани риштаи ҳаёти инсоне мегардад.

       Масъули тарбия танҳо падару модар ва омўзгори муаассисаи таълимӣ нест, балки тамоми аҳли ҷомеа мебошад. Зарари ин гуна амалҳои нангин ба ҷомеа мерасад ва онро доғдор месозад.

         Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ба тарбияи насли наврас  бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

       Ба ташшаббуси Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расида, чандин сол боз он мавриди амал қарор дорад. Мақсад, албата тарбияи наслҳои солиму огоҳ аст. Миллат ва давлатдорӣ бе ин рушди дуруст намекунад.

Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти мазкурро саривақт ошкор намуда, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати шахсони гунаҳгор ҳаматарафа ва холисона ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.

 Бо ҳукми суд судшаванда Раҷабов С. бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

 

        Прокуророни  Раёсати назорати

        қонунӣ будани санадҳои судӣ

        оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ                            

        Абдуҷабборзода С.

        Иброҳимзода Н.

 

 

    Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле ташвишовар боқи монда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо низ расидааст.

    Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имруз олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст.


    Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.

    Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.

     Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандон ба равияҳои экстримистӣ шомил шуда, дигар шаҳрвандонро ба чунин гурӯҳҳои ғайриқонунии амалкунанда даъват намуда, ақидаҳои ислом бо фармудаҳои чунин равияҳо, ки дар асл бо ҳамдигар аз бисёр ҷиҳатҳо мухолифанд, мекӯшанд мафкураи мардумро бар зидди асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти давлат нигаронанд.

    Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстримизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст.

    Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зурӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстримизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

   Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳануз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстримизм ва терроризмро аз capгузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод.

   Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.

    Мақомоти қудратии кишвар барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.

  Таҷриба инчунин нишон дод, ки шомилшавии бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористию экстримистӣ фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад.

  Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад, чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

   Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ёфтани ҷавоб ба саволҳои норавшании динӣ ба руҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оврада, ба доми таблиғоти созмонҳои экстримистӣ меафтанд. Ин мубаллиғ муқаррароти Қуръони маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар “Ҷиҳод” даъват менамоянд.

  Тавре, ки Шумо воқиф ҳастед, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат дода, имрӯз дар Тоҷикистон барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи талаботҳои он ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишварамон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд.

    Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи диннӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баъзе маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамояд, ки онҳо дар доираи меъёрҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ мегардад.

   Мувофиқи моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё бо роҳи зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

   Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшаваии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рузгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

   Масалан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинов Исломиддин Мирзомиддинович, зодаи шаҳри Панҷакент, таълимоти диниро дар айёми хурди омӯхта соли 2008 расман аъзои равняи экстремистии динии «Ҷамоати таблиғ» шуда, ҳамчун пайрави ин ҷамоат ба минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, ба даъват ва таблиғ машғул шудааст, ки барои ин кирдораш бо ҳукми Коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, нисбташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 3 сол таъйин гардида соли 2012 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷинояти озод шуда, аз ин бо худ хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста даст ба содир намудани ҷинояти вазнин дар ҳолати зерин задааст.

    Чунончи ӯ пас аз колонияи ислоҳӣ озод шуданаш, аз ақидаи ифротгаронаи худ даст накашида, то имрӯз дар фаъолияти ташкилоти экстремиста «Ҷамоати таблиғ», ки фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 30 марта соли 2006 бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремиста манъ карда шудааст, ҳамчун аъзо фаъолона ақидаҳои ифротгаронаи худро таблиғ намуда, ақидаҳои равняи динии ин ташкилоти экстремистиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намуда, бо чунин тарзу усул дигар шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда бо ин роҳ мехост тарафдорони ин ташкилоти экстремистии ба ном «Ҷамоати таблиғ»-ро зиёд ва дар ин замна доираи фаъолияти ин ташкилоти экстремистиро васеъ намуда дар ниҳояти кор, ки мақсад аз барангехтани кинаю адовати дини мазҳаби буда, мухолифи мазҳаби Ҳанафӣ мебошад, мусоидат намудааст, ки барои ин кирдори ҷинояткоронааш бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 сол аз озоди маҳрум карда шудааст.

    Дар замони муосир сафи ҷангҷуёну низомиёни гурӯҳҳои террористию экстремиста аз ҳисоби чунин ҷавонони ноогоҳу гумроҳ зиёд меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

    Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кушишро ба харҷ диҳем, то ки ин Ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигох дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғибу некиву накӯкорист.

     

     Прокурори Раёсати назорати

     қонунӣбудани санадҳои судӣ

     оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ,

     мушовири адлияи дараҷаи 1

     Раҳматулло  Ҳабибович

 

 

   Кор бо кадрҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба шумор рафта, иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои мақомот аз интихобу ҷобаҷогузории дурусти кормандон ва тарбияи онҳо вобаста мебошад.


     Бо мақсади амали намудани сиёсати кадрии мақомоти прокуратура пеш аз ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва Барномаҳо дар самти тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории онҳо ва пешгирии даст задани кормандон ба омилҳои коррупсионӣқабул ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

  Ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқӣва маърифати кормандон тадбирҳои лозима роҳандозӣ гардида, дар байни кормандон мунтазам машғулиятҳои семинарӣгузаронида шуда, барои такмили малакаи касбӣ, дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон кормандон ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

   Ғайр аз ин, барон баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, кормандон мунтазам дар хориҷи кишвар ба омӯзиши таҷрибаи кории дигар давлатҳо вобаста ба фаъолияти хизматӣфаро гирифта мешаванд. Танҳо дар давоми солҳои 2015 - 2021 зиёда аз 260 нафар кормандони мақомоти прокуратура дар давлатҳои Федератсияи Россия, Хитой, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Белорусия, Сербия, Туркия, Франсия, Белгия, Япония ва дигар давлатҳо вобаста ба мавзӯъҳои гуногун дар курсҳои такмили ихтисос ва конфронсу семинарҳо иштирок карда, таҷриба омӯхтаанд.

   Талаботҳо нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, дар моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардидааст.

    Мувофиқи ин модда барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 сола бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро адо карда бошад ва аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.

  Ҷавонон давомдиҳандаи коруфаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, ташаббускор ва ояндаи давлату миллат буда, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон пайваста дастгирӣгардида, барои амалигардонии онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

   Роҳбарияти мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ намуда, бо мақсади ба кор таъмин намудани ҷавонони лаёқатманд ва муносиб ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад танҳо дар 5 соли охир бо фармонҳои Прокуроригенералӣ235 нафар мутахассисони ҷавон ба сифати корманди фаврӣ ба кор қабул карда шудаанд.

   Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравии Сотсиалистӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишварамон давраи нави фаъолияти прокуратураидавлати тоҷикон оғоз гардид. Дар танзими фаъолияти он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, мустақилияти пурраи прокуратура таъмин гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он муайян карда шуда, он ба як мақомоти мустақиле табдил ёфт, ки ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ, яъне қонунгузор, иҷроия ва судӣ тааллуқ надорад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура 13 мартисоли 2018 иброз намуданд, ки: “Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдоримебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгири намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣравона гардидааст”.

    Бинобар ин, таъмини қонунияту адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

    Дар ибтидои- солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти прокуратура фаъолияти худро дар шароите ба роҳ мемонд, ки ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишварамон тамоюли мураккабшавӣдошт ва дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, хатари аз байн рафтани давлатдорӣба миён омада буд.

  Хушбахтона бо шарофати роҳбарии хирадмандона ва саъю талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар кишвар фазоӣсулҳу вахдат фароҳам оварда шуда, халқ аз парокандагӣ, миллат аз нестшавӣва давлат аз заволёбӣнаҷот ёфта, фаъолияти мӯътадили мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакатамон таъмин карда шуд.

   Боиси ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти прокуратура якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон ва муътадил гардонидани вазъи сиёсиву ҷамъиятии давлат, саҳми арзанда гузоштаанд.

   Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд ва заҳматҳои софдилонаи онҳо ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Прокуратурам генералӣқадршиносӣкарда мешавад.

   Бо назардошти нақши муҳим доштани мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати густариши заминаҳои ҳуқуқӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда, шароитҳои корию иҷтимоии кормандон сол ба сол беҳтару хубтар гашта истодааст.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди мақомоти прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар самти таъмини волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣвазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як корманди касбӣиродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

    Аз ин нуқтаи назар моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос бошем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣва сиёсию фарҳангии кишварамон саъю талош намоем.

 

    Сардори Раёсати кадрҳои

    Прокуратураи генералӣ,

    мушовири адлияи дараҷаи 1

    Бобоҷонзода Ф.М.

 

 

 

   Дар асоси моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.


  Ҳамин меъёр ба хизматчиёни ҳарбӣ бевосита дахл дошта, боиси ифтихор аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳомиёни Модар-Ватан буда, ин рисолатро сарбаландона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ адо карда, дар ҳимояи мамлакат аз таҷовузҳои дохилию берунӣсаҳми назаррас гузошта истодаанд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

    Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу номус хуб дарк мекунад, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

  Артиши миллӣмактаби ҷавонмардӣ ва тарбияи далерону ҷасурони Ватан буда, дар ин радиф Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣимкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣдарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд».

  Дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣва сохторхои он бо роҳбарӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам рушд намуда истодааст, ки он ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон табдил ёфтааст. Воқеан, Артиши миллии мамлакат рӯз то рӯз устувору қавӣ гашта, таҷассумгарӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ ва кафили рӯзгори осоиштаи мардуми кишварамон гаштааст.

   Мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки ухдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани мухлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинй гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи банди 2 моддаи Қонуни зикршуда шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхуршӣ Точикистон шомил карда шудаанд, аз чониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

   Дар ин замина ҳамасола ду маротиба бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣмуташаккилона идома дорад.

  Артиши миллӣаз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар сафҳои худ бисер ҷавонони бонангу номуси ватандӯст, далеру матин ва обутобёфтаро тарбия намудааст. Маҳз ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ шахе моҳияти ватандориро эҳсос намуда, муқаддас будани онро дарк карда, ба Ватану миллати хеш ҳамеша содиқ мемонад.

   Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба гуруҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар гардида, соли сеюм аст, ки Маркази миллии тестии назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тақсимоти довталабони аз озмун гузашта, холҳои имтиёзӣ пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, ба ҷавонписароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сарбоз хизмати ҳарбиро адо намуданд ба онҳо 75 холи имтёзӣ дода мешавад.

   29 январи соли 2021 ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад» калимаҳои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билета ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад» илова ворид шудааст.

   Ин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда синашон то 35 сола мебошад, тааллуқ дошта илова бар ин ҳамчун сарбоз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ намуданд, ба онҳо имтиёз барои дар навбати аввал ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор қабул намудан дода мешавад.

 

       Ёрдамчии калони Сарпрокурори ҳарбӣ

       Оид ба қабули шаҳрвандон, таъминоти ҳуқуқӣ

       ва кор бо матбуот полковники адлия

       Машрабзода Р.К.

 

 

 

   Аввалин маротиба институти президентӣ дар Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиротҳои дахлдор ба Конститутсияи ҳамон сол амалкунанда моҳи ноябри соли 1990 таъсис дода шуда, ду нафар ба ин мансаби олӣ интихоб гардидаанд.


  Дар як муддати кӯтоҳ (солҳои 1990-1992) Президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гуруҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд.

Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда боиси ҳалокати ҳазорон нафар шаҳрвандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвар гардид.

  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият боз монда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.

   Иқтисодиёт фалаҷ ва буҷети давлатӣ аз захираҳои худ маҳрум гардида, кишварро хавфи парокандашавӣ фаро гирифта буд.

  Дар чунин лаҳзаҳои душвор 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд (на дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти гуруҳҳои ифротии  силоҳбадасти ғайриқонунӣ қарор дошт) иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи барои миллати тоҷик тақдирсоз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардида, бо шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда кард.

  Таҳти роҳбарии ин абармарди таърих мардуми шарифи Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид.

  Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ Роҳбари давлат ҳаёти худро дар хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндагони гуруҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намудаанд.

   Тавассути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш ва тамоми гурезагон ба Ватан – ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонида шудаанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.

   Муайян намудани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз муҳимтарин хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад.

   Ҳанӯз дар рӯзҳои аввалини роҳбари давлат интихоб шудан, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихии 16-ум ҷонибдори бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор дошта, минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи аз тариқи райъпурсӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт.

   Ин санади муҳим таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид.

  Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ карда шуда, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил карда шуданд.

   Аз ҷумла, парламенти касбии дупалатагӣ таъсис ёфта, он ба шохаи мустақил ва ҷузъи муҳими ҳокимияти давлатӣ табдил дода шуд.

   Дар ин давра аз ҷониби Президенти кишвар чор барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид ва ислоҳот дар мақомоти дигари давлатӣ идома дорад.

Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бошад, бе ягон заминаи меросии моддию техникӣ, яъне дар ҷойи холӣ таъсис дода шуда, он айни ҳол ба сипари боэътимоди Ватан аз таҷовузи беруна ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

   Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона намудаанд.

   Ҳамагон дар хотир доранд, ки дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, он оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард.

  Бо қабул ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” (моҳи декабри соли 1994) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ мусодира карда шуд, ки он дар таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши босазо дорад.

   Ба шарофати ин амалҳо айни ҳол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷойҳои аввал қарор дошта, пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бошад, ба руйхати 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарини дунё дохил карда шудааст.

   Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ноил гардид.

   Ба туфайли амалӣ гардидани ислоҳотҳои иқтисодӣ даромадҳои буҷети давлатӣ дар 20 соли охир аз 252 миллион сомонӣ то 28,3 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, даромадҳои аҳолӣ 65 баробар зиёд ва сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум айни замон то 26,3 фоиз паст карда шудааст.

   Дар ҳоле, ки солҳои аввали истиқлолият (1992-1995) музди меҳнат ва нафақа тамоман ночиз буда, муаллимону табибон ҳамагӣ 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ 15-17 сомонӣ маош мегирифтанд, имрӯзҳо музди меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади аҳолӣ 65 фоиз афзоиш ёфтааст ва ин иқдом идома дорад. 

   Дар ин давра Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, тавассути бунёди шоҳроҳу нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳои замонавӣ имконияти рафтуомади доимӣ байни ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин ва бо ду давлати дигари ҳамсоя Ҷумҳурии Халқии Чин ва Афғонистон алоқаи нақлиётӣ барқарор карда шуд.

   Дар самти ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ низ пешравиҳои назаррас таъмин карда шуда, дар ин давра низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд ва зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

  Бо ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқӣ-обии Роғун бунёди иншооти аср – босуръат идома дошта, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин гардида истодааст.

   Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ ғамхории пайваста зоҳир менамоянд.

   Дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар афзуда, аз 41 миллион сомонии соли 2000-ум дар соли 2021 ба 5,6миллиард сомонӣ расонида шуд.

     Дар ин давра зиёда аз 3224 муассисаҳои таълимӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

     Эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ ва мақоми забони тоҷикӣ низ аз ҷумлаи хидматҳои беназир ва таърихии Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

   Дар ин давра, баробари баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, тавассути баргузор намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангиву таърихии сатҳи байналмилалӣ ва нашри садҳо номгӯй асарҳои илмиву оммавӣ миллати тоҷик мероси тамаддуни худро ҳифз намуд.

Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд. Китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки мактаби бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, адлу инсоф, инсондӯстӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қобили омӯзиш ва таблиғу ташвиқи ҳамарӯза буда, ҳар яки мо бояд онро омӯзем ва донем. 

  Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир қотеъона масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд.

   Бо дарназардошти ин хидматҳо мардуми миннатпазири Тоҷикистон фарзанди баруманди худ, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат сазовор донистаанд.

Нақши Президенти мамлакатдар ташаккул ва рушди мақомоти прокуратура хеле бузург аст.

   Бошарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шудааст.

29 январи соли 1994 бори аввал баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори мақомоти прокуратура тасдиқ карда шуд.

   Дар давраҳои баъдина сохтори мақомоти прокуратура мунтазам такмил дода шуда, он бо шумораи зарурии кормандон, биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар шароитҳои корӣ пурра таъмин гардид.

   Бодастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши миёнаи кормандон беш аз 100 маротиба зиёд гардида, бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сохтори Прокуратураи генералӣ раёсату шуъбаҳо ва 20 прокуратураҳои нав таъсис дода шуда, биноҳои маъмурии 60 прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид карда шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат 100 хонаи истиқоматӣ ба кормандони мақомот барои истифодабарии хизматӣ дода шуданд.

    Танҳо дар давоми солҳои 2011-2021 ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии мақомот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 млн. 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 44 автомашинаи хизматӣ, 3 автомашинаи криминалистӣ, ҷомадон ва дигар таҷҳизоти криминалистӣ, 100 адад компютер ва адабиёти ҳуқуқӣ харидорӣ карда шуданд.

    Дар ин давра бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати шоён ва саҳми арзанда дар таҳкими конуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи кадрҳо ва тарғиби қонунгузорӣ 276 (солҳои 1991-2000 - 113, солҳои 2001-2010 - 108, ва солҳои 2011-2021 - 55) нафар кормандони мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

  Мақомоти прокуратура айни ҳол аз лиҳози ташкилӣ, моддӣ - техникӣ ва кадрӣ барои иҷро намудани вазифаҳои дар назди он гузошташуда ҳама имкониятҳоро доро мебошад.

   Таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Прокуратураи генералӣ имрӯзҳо фаъолияти босамари худро идома дода, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд.

Кормандони мақомоти прокуратура дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат пуштибонӣ намуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешрафт ва рушду нумуъи боз ҳам бештари Ватани маҳбубамон саҳми худро хоҳанд гузошт.

   Боварӣ дорем, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлати Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд, аз ҷониби наслҳои имрузу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин фарзанди баруманди миллат роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.

 

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-полковники адлия

 

   Мусаллам аст, ки фаъолияти озоди соҳибкорӣ заминаӣ муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорию камбизоатӣ, ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ, афзоиши даромадҳои аҳолӣ ва воридоти андозҳо ба бучети давлатӣ маҳсуб меёбад.


   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши хусусиро ҳамчун “нерӯи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои миллӣ ва муҳайё намудани шароит барон зиндагии арзандаи мардум” арзёбӣ ва қайд намуданд, ки “имрӯз саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилй беш аз 70 фоиз, даромадҳои андозй ба буҷет 80 фоиз ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корй 68 фоизро ташкил медиҳад”.

   Қобили қайд аст, ки айни ҳол зиёда аз 90 фоизи субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ ба бахши хусусӣ рост омада, аз онҳо 9,5 фоизро шахсони ҳуқуқӣ, 42,9 фоизро соҳибкорони инфиродӣ ва 47,7 фоизро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

  Аз ин лиҳоз, аз ҷониби роҳбарияти олии давлат ҷиҳати беҳтар намудани фазоӣ соҳибкорию сармоягузорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон пайваста чораандешӣ карда мешавад.

   Дар давраи истиқлолият заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳодии дастгирии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон ташаккул дода шуданд.

   Моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дода, барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ замина муҳайё намуд.

  Дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, “Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи мораторий басанҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва ғайра қабул гардида, фазой соҳибкориро боз ҳам мусоидтар намуданд.

  Чунончи, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” принсип ва тарзу усулҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, хусусиятҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои субъектҳои соҳибкориро ифода мекунанд, диққати махсус до да шуд.

  Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ҷиддан содда ва бақайдгирии давлатӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд.

  Ҷиҳати танзими санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тибқи он банақшагирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуд.

  Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорй дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардида, бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 муҳлати амали он то 1 январи соли 2021 муқаррар карда шуд

  Ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ пайваста мавриди барномарезй ва банақшагирии умумидавлатӣ қарор дода шуда, дар ин давра якчанд стратегияву барномаҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ гардиданд.

  Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №201 Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 қабул карда шуда, тибқи он ислоҳотҳои манфиатнок дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуданд.

  Ҳамзамон дар асоси Паёми навбатии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазоӣ сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он тасдиқ карда шуд.

   Ҷиҳати таъмини ниҳодии фаъолият дар сати дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва ҳифзи соҳибкорӣ низ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

   Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2007 Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазоӣ сармоягузорӣ дар назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд таъсис дода шуда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими рушди фаъолияти сармоягузорй ва соҳибкорӣ баррасӣ мегарданд.

Ҷиҳати роҳбарй ва назорат ба фаъолияти мақомоти давлатй дар самти санҷишҳои субъектони хоҷагидор Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис до да шуда, Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатй дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор эътироф карда шуд.

  Дар дар натиҷа ин чорабиниҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорй дар кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, монеаҳои сунъӣ ба фаъолияти онҳо асосан бартараф карда шуданд.

  Чунончи, микдори сохторҳои бақайдгирандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда шуда, шумораи субъектҳои соҳибкории амалкунанда аз 187 ҳазори соли 2012 дар соли 2020 ба 334 ҳазор адад расида, 78 фоиз зиёд гардиданд.

  Низоми иҷозатдиҳй барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ низ мавриди ислоҳот қарор дода шуда, шумораи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд аз 650 то 74 адад кам карда шуд.

  Дар раванди ислоҳоти низоми андозбандӣ дар асоси Кодекси андоз, ки соли 2012 таҳия ва қабул гардид, номгӯйи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуда, маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои давлатй дар ин самт ҷиддан такмил дода шуд.

  Тибқи донунгузории амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 109 имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳо пешниҳод карда шуда, ба ин васила дар давоми солҳои 2012-2020 беш аз 39 млрд, сомонй дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон гузошта шуд.

 Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва ҳимояи давлатии соҳибкорӣ пайваста дар ҳоли такмил қарор дорад.

  Чунончи, тибқи дастури Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ аз 10 майи соли 2019 айни ҳол лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия карда шудааст, ки он ба кам намудани сарбории андозҳо ва такмили боз ҳам бештари низоми андозбандии соҳибкорон равона шудааст.

  Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар 15 соли оянда аз ҳисоби манбаҳои гуногун ҷудо намудани 54,7 млрд, доллари ИМА дар назар дошта шудааст.  

  Айни ҳол лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия шуда, дар он идома додани ислоҳотҳои иқтисодй, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ, низоми ҳимояи давлатии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар роҳи рушди фаъолияти бахши хусусй ва ғайра пешбинй гардидааст.

  Ба шарофати андешидани ин чорабиниҳо тибқи Ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат» -и Бонки Умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар 10 соли охир бори чорум аст, ки ба руйхати кишварҳои дар самти соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ ислоҳотгар шомил карда мешавад.

   Назорати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорй самти муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

  Дар ин самт пайваста санҷишҳои прокурорй гузаронида шуда, ҷиҳати ошкору пешгирӣ ва бартараф намудани дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорон ва гузаронидани санҷишҳои беасос фаъолияти онҳо аз тарафи ниҳодҳои давлатй тадбирҳо андешида мешаванд.

   Танҳо дар давраи соли 2020 ва нимсолаи аввали соли 2021 ҷиҳати бартараф намудни қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон аз ҷониби мақомоти прокуратура унвонии роҳбарони мақомоти санҷишию назоратӣ 130 пешниҳод, 84 амр ва 154 эътироз ирсол карда шуда, 98 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати 37 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатй микдори санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон давра ба давра кам шуда, аз ҷумла дар соли 2020 аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишии ҷумҳурй 40 116 санҷиш гузаронида шудааст, ки он нисбати соли 2016 (292 021) 7 маротиба камтар аст. Аз нигоҳи мо заминаҳои ниҳодии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон низ ба такмил ниёз дорад.

Чунончи, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор эътироф карда шуда бошад ҳам, он ваколатҳои заруриро ҷиҳати мавриди эътино қарор додани санадҳои ғайриқонунии онҳо ва ба ҷавобгарии дахлдор ҷалб намудани шахсони гунаҳгор доро набуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ба назорати пайвастаи прокурорӣ ниёз дорад.

  Қобили қайд аст, ки дар прокуратураҳои аксар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия раёсатҳои алоҳида доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон амал менамоянд.

  Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни масъалаи мазкур мувофиқи мақсад аст, ки дар сохтори Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ниҳоди алоҳида доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон таъсис дода шавад.

 

Сардори шуъбаи назорати
иҷрои қонунгузории андоз,
мушовири давлатии адлияи
дараҷаи 3                                                                                                                                                Халифазода М.Н.

 

 

 

 

 

   Ҳуқуқ ба моликият  дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ муқаррар карда шуда, давлат ба риоя ва ҳифзу ҳимояи ин арзиши муҳими муносибати ҷамъиятӣ  кафолат додааст.

   Ба ин мақсад тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсия “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

   Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.


   Дар ин радиф ба Прокуратураи генералй ва дигар мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки фавран лоиҳаи Стратегияи нави муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2021-2025 омода ва ба Роҳбари давлат манзур намоянд.

   Лоиҳаи Стратегия дар муҳлати пешбинишуда омода ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021 ба тасвиб расид.

   Ба сифати яке аз самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Стратегия таъмини волоияти қонун ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шинохта шудааст.

   Таҷрибаи ҷаҳонии муқовимат ба экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки риояи қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар пешгирй ва мубориза бо ин зуҳуроти номаталуб ва. хатарнок нақши калидӣ доранд.

Маҳз бо дарки ҳамин воқеият Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи 02 октябри соли 2015, таҳти №30/15 қабулнамудаи худро, ки бевосита ба ин масъала бахшида шудааст, «Ҳуқуқи инсон ва пешгирию мубориза бо экстремизми зӯроварона» номгузорӣ намудааст.

   Дар стратегияҳо ва барномаҳои давлатии пешгирии экстремизм низ, ки таи солҳои охир дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон дар сархати принсипҳои фаъолият дар ин самт қарор дода шудааст.

   Аз ҷумла, дар Стратегияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 12 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст, дар байни 13 самти асосии фаъолият дар ин ҷода баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс ба ҷои аввал бароварда шудааст.

   Дар ин санад қайд шудааст, ки ташаккули фарҳанги волои ҳуқуқии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс шарти муҳими таъмини суботу ҳамдигарфаҳмй дар ҷомеа, рафтори қонунии шаҳрвандон ва ба ин восита пешгирӣ намудани рӯҳияи тундгароӣ маҳсуб меёбад.

   Сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аз рӯи мутобиқати арзишҳои ҳуқуқии он ба арзишҳои ахлоқии умумибашарй, дараҷаи рушди низоми ҳуқуқӣ, вазъи адолати судй, тарзи муоширати мақомоти давлатию аҳолй ва ҳалли низоҳои ҳуқуқй дар ҷомеа муайян карда мешавад.

   Ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шахс бошад, дар мақоми ҳуқуқии устувору босубот доштани фард ва мавҷудияти кафолатҳои ҳифзи боэътимоди ӯ аз амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир мегардад.

   Дар робита ба ин, Стратегиям аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм тадбирҳои зеринро дар ин самт пешбинй намуда буд; амиқ гардонидани ислоҳотҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ- ҳуқуқии шахс;

  • боз ҳам бештар мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба стандартҳои байналмилалӣ;
  • таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсй, сиёсӣ, иқтисодй, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон;
  • такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
  • баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ба онҳо омӯзонидани малакаи рафтори қонунй ва огоҳмандиашон аз оқибатҳои рафтори зиддиҳуқуқӣ.

   Ҷиҳати иҷрои муқаррароти номбурдаи Стратегиям тадбирҳои густурда андешида шуда, дар ҷумҳурй кафолатҳои боз ҳам бештари ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон фароҳам оварда шуданд.

Дар баробари ин, ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда дарозмуддат буда, ба такмил ва мутобиқкунонӣ ба шароитҳои нав ниёз доранд.

Аз ин лиҳоз, дар Стратегиям нави миллӣ барои солҳои 2021- 2025 низ тадбирҳои иловагии баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии шахе пешбинй гардидаанд.

Дар қатори ин чорабиниҳо метавон инҳоро ном бурд:

  •  ба роҳ мондани таҳлили амиқу мунтазами мутобиқати қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон;
  •  таҳия ва қабули Нақшаи маҷмӯии амалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар заминаи муттаҳид намудани нақшаҳои миллӣ, тавсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои банйалмилалй дар ин самт;

- ба тақвияти кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар раванди мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизм ва терроризм равона намудани ҷараёни такмили қонунгузорй;

- татбиқи самараноки кафолатҳои мурофиавии ҳуқуқи шахс ҳангоми дастгиркунӣ, бахусус пешгирии шиканҷа дар раванди фаъолияти оперативӣ- ҷусутуҷӯи ва тафтишӣ пешакӣ;

  • такмили чораҳои дохилиидоравии пешгирии коррупсия ва расмиятчигӣ, таҳкими механизмҳои назорати дохилй, танзими дақиқи ҳуқуқ ва ухдадориҳои кормандони давлатй;
  • таҳия ва амалӣ намудани шаклу усулҳои нави тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ки ба ғанигардонии донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа равона гардидааст.

Боварӣ дорем, ки амалӣ намудани Стратегиям нав қадами боз ҳам устувортаре дар роҳи таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ба ин восита пешгирӣ намудани экстремизм ва терроризм хоҳад буд.

Халифазода М.Н

сардори Шуъбаи назорати иҷрои
қонунгузории андоз, мушовири давлатии
адлияи дараҷаи 1

 

 

 

   Ҳуқуқ ба моликият  дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ муқаррар карда шуда, давлат ба риоя ва ҳифзу ҳимояи ин арзиши муҳими муносибати ҷамъиятӣ  кафолат додааст.

   Ба ин мақсад тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсия “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

   Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.


   Инчунин мувофиқи моддаи 32 Конститутсия “ Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

  Ҳеқ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу  мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

  Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии  мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад”.

   Дар навбати худ баҳри  риоя, ҳифз ва иҷрои якхелаи ин меъёрҳои конститутсионӣ мақомоти олии қонунгузорӣ ва мақомотҳои марказии ваколатдори давлатӣ  якқатор санадҳои меъёрӣ -ҳуҳуқии соҳавӣ ва идоравиро  қабул намудаанд, ки дар раванди танзими  ҳуқуқии ин муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ буда, дуруст дарк кардан ва дар ҳаёти ҳамарӯза ба таври дахлдор татбиқ намудани онҳо  вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

   Аз ҷумла, бо қабули Кодексҳои ҷиноятӣ,  мурофиавии ҷиноятӣ,   гражданӣ, мурофиавии гражданӣ, манзил, оила, замин, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, андоз,  гумрук ва дигар кодексу қонунҳои соҳавӣ танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии алоқаманд ба ҳама шаклҳои моликият ба роҳ монда  шуда,  дар мавриди дуруст ва якхела иҷро нашудан ва ё дағалона вайрон намудани талаботи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҷавобгарии дахлдори интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ  пешбинӣ карда шудааст.

    Бо дарназардошти он, киҷаласаи имрӯзаи аъзоёни ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳокимаи вазъи иҷрои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар самти ошкор, бақайдгирӣ, тафтиши пешакӣ ва судии парвандаҳои ҷиноятӣ бо  моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст, мехоҳам дар баромади худ асосан ба сабабу омилҳои нисбат ба дигар ҳодисаҳои ҷиноятӣ зиёдтар содиршудани ин категорияи ҷиноятҳо диққати ҳозиринро ҷалб намоям.

     Чуноне,  ки дар баромади Сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муҳтарам  Сафарзода Қ. қайд карда шуд, аз рӯи маълумотҳои омории тафтишотӣдар давраи соли 2018 ба миқдори 3161, соли 2019 ба миқдори 2812 ва  9 моҳи соли 2020 ба миқдори  1856 ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор ва бақайд гирифта шудааст.

    Тибқи маълумотҳои мазкур дида мешавад, ки  сатҳи ошкору бақайдгирии ин категорияиҷиноятҳо сол аз сол  тамоюли пастравӣ дошта, кушодашавии онҳо   беҳтар гардида, мутаносибан 89,5%, 93,7% ва 92,3%-ро ташкил додааст.

    Қобили қабул аст,ки чунин вазъи сол аз сол пастшавии сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ   ба  фаъолияти назарраси   мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар заминаи   таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судии ин категорияи ҷиноятҳо ба даст оварда шудааст.

    Вале дар раванди пешгирӣ ва сари вақт ошкору бақайдгирии ҷиноятҳои қаллобӣ, татбиқи дуруст, якхела ва холисонаи  талаботи қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмӯрӣ ва дигар қонунгузориҳои амалкунандаи самти мазкур, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо ҳанӯз камбудию норасогиҳо ва мушкилотҳои хеле зиёд ҷой дорад.

 Пеш аз ҳама боиси нигаронист, ки амалияи  ошкор ва  бақайдгирии ин  ҷиноятҳо ҳанӯз бозгӯӣ воқеъии шумораи дар асл содиршавии ин категорияи ҷиноятҳо шуда наметавонад.

 Чункӣ, омӯзиши назоратии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва рафти баррасии судии  онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ” бевосита  дар доираи салоҳияти қонунӣ ва бо ташаббуси худ бо тарзу услуб ва чорабиниҳои дахлдори  оперативӣ-ҷустуҷӯӣ    дар  лаҳзаи  содиршавӣ ва ҳатто моҳу соли содиршавиашон шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобиро  ошкор ва ба қайд гирифта наметавонанд.

 Мувофиқи меъёри диспозияи моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ”, муқаррар гардида, дар асоси ин модда  шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

  Яъне таркиби диспозитсияи ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ аз ду қисмати алоҳида “бо роҳи фиреб” ва  бо “сӯиистифодаи боварӣ” тасарруф намудани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба он иборат буда, аз ин хотир барои бо ин моддаи қонуни ҷиноятӣ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд будани ҳуҷҷати ифодакунандаи иродаи шахси воқеъӣ ё ҳуқуқӣ,  ки  аз кирдори “бо роҳи фиреб” ва ё  “сӯиистифодаи боварӣ” содиргардида  зарари молумулкӣ дидааст, ҳатмӣ мебошад.

  Аз ин хотир, моддаи 27 КМҶ  яке аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунанд, ин ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, муқаррар кардааст.

   Мутаасифона, мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин талаботи қонуни мазкурро ба таври дуруст дарк накарда, то мавриде, ки оид ба ҷой доштани кирдори ҷиноятии қаллобӣ аризаи шахси мушаххас ва  ё ҳуҷҷатҳои расмии корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ба пешбурдашон дохил нагардад, дар масъалаи бо ташаббуси худ тариқи ҷорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ   ошкор ва тавассути гузориши расмии ваколатдори оперативӣ ба қайд гирифтану мавриди санҷиш ва таҳқиқи ибтидоӣ қарор додани ҳодисаҳои тасарруфи молу мулки ғайр “бо баҳонаи мавҷуд набудани ариза” кори муайянеро ба анҷом намерасонанд.

   Ин аст, ки мувофиқи натиҷаи ҷамъбастии масъалаи мазкур дар давраи таҳлилшаванда дар пешбурди мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мақомоти прокуратура ягон хел маводи аз оғози парвандаи ҷиноятӣ радкарда шуда оид ба тасарруфи молу мулки ғайр бо  роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, бинобар мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида ҷой надорад.

Ҳол он, ки дар доираи талаботи қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мақомоти прокуратура бо ташаббуси худ пурра салоҳият доранд, ки дар мавриди паҳн шудани хабару маълумотҳои шифоҳӣ, гирифтани маълумот аз дигар манбаъҳои оперативӣ ва ҳамзамон нашр гардидани хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма оид ба ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва дилхоҳ ҳодисаҳои ҷиноятӣ таҳқиқу санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он вобаста ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ қарори ниҳоӣ қабул намоянд.

   Аз чунин муносибати кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода карда,  як нафар  ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ҳатто гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пул, молу мулк ва дигар дороиҳои арзишноки шаҳрвандон, ташкилот, корхонаю муассисаҳоро новобаста аз шакли моликияташон такроран, давоми солҳо, дар ҳаҷми махсусан калон бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ  тасарруф ва аз худ карда, ба ҷабрдидагон зарари ҷиддии моддӣ расонида, танҳо ба хотири он, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин хусус “ариза” ё “муроҷиати расмӣ” дохил нагардидааст, ин ҳодисаҳои ҷиноятӣ ошкор ва қайди ҷиноятӣ гирифта намешаванд.

  Барои мисол, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии нисбати шахсони масъули ҶДММ “Ҳафтбурҷ” Маърупов О.О ва дигарон, ҷамъ 7 нафар бо моддаи 247 қ.4 КҶ, парвандаи ҷиноятӣ оид  ба хариду фуруши ғайриқонунии қитъаҳои замин дар ноҳияи Варзоб нисбати Каримов К ва дигарон, ҷамъ 17 нафар бо моддаҳои 247 қ.4, 338 нишонаи 1 қ.2 КҶ, нисбати шахсони масъули ҶДММ “Квас-нет” ва Кию-нет” бо моддаи 247 қ.4 КҶ ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони масъули КВД “Сохтмони манзили дастрас” Наимов Н, Раҷабов Р.Ш ва дигарон, ҷамъ 6 нафар муайян намудааст, ки ҷиноятҳои мазкур ҳанӯз   солҳои 2012   то солҳои  2019 содир гардида,  танҳо пас аз гузаштани ду ва зиёда солҳо  ин ҳам бо сабаби  шумораи ҷабрдидагон ба 100-ҳо ва ҳатто ҳазорон нафар расидану боиси норозигии сахти шаҳрвандон аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидан, оид ба ин ҳолатҳо бо моддаи 247 қ.4 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ин парвандаҳои ҷиноятӣ қисман бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидаанд.

  Тафтиши пешакии лаҳзаҳои зиёди ин ҷиноятҳо бошад, бинобар эълон намудани кофтукови айбдоршавандагон ва ё бо дигар асосҳои мурофиавӣ- ҷиноятӣ боздошта шудаанд ва ё дар пешбурд қатъ гардидаанд.

  Ҳатто, дар рафти тафтиши ҷиноятҳои бисёрлаҳза оид ба аризаи ҷабрдидагоне, ки маблағи пулии калон зарар дидаанду  айбдоршаванда ин маблағро барқарор карда наметавонад,бо маънидодкунии “ гуё муносибати шаҳрвандӣ будан” ва ё  “бастани шартномаи қарзӣ бо ҷабрдида дар идораи нотариалӣ”, “дар рафти тафтишот аз айбдоршаванда гирифтани забонхат дар хусуси зарарро барқарор  кардан”  ва  дигар асосҳои бофта пешбурди қисми маводҳои парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда мешаванд.

  Минбаъд бо барқарор гардидани зарарҳои моддии як қисми  ҷабрдидагон, алалхусус  ҷабрдидагони  барои мақомоти тафтишотӣ манфиатдор,  бинобар татбиқи қонуни авф ё бо дигар сабабҳои ғайрисафедкунанда пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ ва ё бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда мешаванд.

   Ин ҳам дар ҳолатест, ки оид ба ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷиноятӣ шаҳрвандон дар алоҳидагӣ ба унвонии ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ  дар хусуси  бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ  тасарруф шудани пул ва молу мулкашон аз ҷониби нафарони мушаххас ва ё роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шахсию  давлатӣ сари вақт дар ҳамон моҳу солҳои содиргардиданашон бо ариза муроҷиат намуда буданд.

   Лекин аз ҷониби шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ин аризаю муроҷиатҳо  ба таври дахлдор санҷишу таҳқиқ нагузаронида,  дар аввал ин ҳолатҳоро ҳамчун муносибати шаҳрвандӣ баҳогузорӣ намуда,  ба муаллифони аризаю муроҷиатҳо  ба суд муроҷиат карданро тавсия дода, ҳатто бо онҳо қарори дахлдори мурофиавӣ қабул намекунанд ва  ё  оид ба ин маводҳои санҷиши бинобар набудани ҳодисаи ҷиноятӣ қарори рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда мешавад.

  Баъдан   бо сабаби зиёд гардидани  шумораи ҷабрдидагон ва мавриди муҳокимаи ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтани  ин ҳолатҳо дар асоси  аризаю муроҷиатҳои такрории чанд сол пеш ҳамчун муносибати “қарздорӣ ё  муносибати шаҳрвандӣ баҳогузорӣ” карда шуда, якбора парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, айбдоршавандагон бо моддаи 247  КҶ гунаҳкор ва маҳкум карда шудаанд.

  Оқибати муайян карда натавонистани “муносибати шаҳрвандии қарздорӣ” ё “кирдори ҷиноятии қаллобӣ” будани  ин ҳолатҳо дар таҷрибаи тафтишотӣ- судӣ, боисӣ он гардидааст,  ки бо гузаштани муҳлати тулонӣ  аз лаҳзаи содиршавии ин ҷиноятҳо  барои мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ва судҳо умуман имконияти барқарор намудани зарари пулию моддии шумораи зиёди ҷабрдидагон аз байн рафта, натиҷаи тафтиши пешакӣ ва судии ин парвандаҳои ҷиноятӣ боиси норозигии ҷиддии ҷабрдидагон аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ гардидааст.  

   Барои мисол, дар ин давра аз љониби муфаттишони маќомоти прокуратура  642 231 483 сомонӣ зарар бо парвандаҳои ҷиноятӣ муайян карда шудааст, ки аз ин ҳисоб   ҳамагӣ 250 086 599 сомонӣ маблағи зарар  ба таври наќдї барќарор карда шудааст, ки бо ҳисоби фоиз  38,9 %-ро      ташкил додааст.Ин нишондод дар фаъолияти муфаттишони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз ин бадтараст.

  Аз маблағи умумии зарари муайяншуда 236 600 320 сомонӣ ба ҷиноятҳои қаллобӣ тааллуқ дорад.

Умуман, таҳлили масъалаи мазкур гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар самти ошкор, бақайдгирӣ, санҷишу баррасӣ,  оѓоз ва таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳои қаллобӣ,назорати прокурорию  баррасии судии  парвандањои љиноятї оид ба чунин кирдорњои ҷиноятӣ њанўз амалияи ягона   ташаккул наёфтааст ва дар ин самт дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то кунун камбудию норасогиҳо хеле зиёданд.

  Аз баски, оид ба паҳлуҳои зиёди ин масъалаҳо дар баромади муҳтарам Сафарзода  Қ. муфассал қайд карда шудаанд, барои каме ҳам бошад  беҳтар кардани  сифат ва самаранокии  фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои қаллобӣ таклиф карда мешавад:

  Муҳтарам, ҳозирин бояд қайд кард, ки шумораи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ дар   муқоиса ба дигар ҳодисаҳои  ҷиноятӣ пас аз ҷиноятҳои дуздӣ дар ҷои дуюм буда, ба ҳисоби фоиз  14, 8  %-ро ташкил додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки    лаҳзаҳои зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ ҳанӯз дар давраи содиршавиашон  барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номаълум буда,  бо ин сабаб қисми зиёди ин ҷиноятҳо дар  соли содиршавиашон  расман ошкор ва бақайди ҷиноятӣ гирифта намешаванд.

  Чунончӣ, 19 октябри соли 2020 шаҳрвандон Бобиев К.А. ва Эминов Ҷ.А. ба унвонии директори АНДМ ва МК бо ариза муроҷиат намуда, изҳор намудаанд,ки  аввалҳои соли 2016 собиқ корманди Кумитаи замини  Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов О. бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Зоиров И. барои аз ҳудуди ноҳияи Синои ш.Душанбе  ва ноҳияи Ҳисор  ҷудо кардани 0, 6 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз онҳо мутаносибан 13 000 доллари ИМА ва 23 500 доллари ИМА талаб карда гирифта, то кунун барои онҳо қитъаи замин ҷудо накардааст.

Яъне  ин ҳодисаи  ҷинояти қаллобӣ соли 2016 содир гардида, пас аз чор сол, дар моҳи октябри соли 2020  ба қайди ҷиноятӣ гирифта шуда, моҳи ноябри соли 2020  нисбати Холов О, Зоиров И ва дигарон  бо аломати ҷинояти дар моддаи 247 қ.4 банди “б” КҶ пешбинӣ гардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Метавон қайд кард, ки қариб  ҳамаи ҷиноятҳои қаллобӣ  бо чунин шакл ба қайд гирифта мешаванд

  Мавриди зикр аст,ки яке аз сабабҳои асосии зиёд будани шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ ва сари вақт ба қайди ҷиноятӣ гирифтан нашудани онҳо дар он аст, ки  ҷабрдидагон ва  ҳатто қисми зиёди кормандони фаврӣ-кофтуковӣ  ба моҳият ва мазмуни талаботи Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ,  гражданӣ, мурофиавии гражданӣ, манзил, оила, замин, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, андоз, гумрук ва дигар кодексу санадҳои меъёрӣ соҳавӣ, ки ба  танзими  ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи  моликият равона шудаанд дуруст сарфаҳм намераванд.

  Шаҳрвандон ҳатто аз оддитарин талаботи қонунгузорӣ дар масъалаи ба тариқи нотариалӣ баста шудани шартномаи қарз, гузоштани амвол ба сифати гарав, бастани шартномаи саҳмгузорӣ ё ҳиссагузорӣ  оид ба сохтмони манзили истиқоматӣ ва дигар шартномаҳои молу мулкӣ огаҳ нестанд.

 Дар амалияи тафтишотӣ-судӣ оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ бошад то ҳанӯз татбиқи якхелаи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷой надошта,  оид ба муносибатҳои доду гирифти маблағҳои пулӣ ба сифати қарз, бастани шартномаҳои қарзӣ,  бастани дигар номгӯи шартномаҳои доду гирифти молу мулкӣ, ки дар як ҳолат ҳамчун муносибати баҳси судии шаҳрвандӣ  ва айнан  бо чунин аломатҳои қонунвайронкуниҳо оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо аломати ҷинояти қаллобӣ баҳогузорӣ кардан таҷрибаи хато буда, ин ҳолатҳо  ҳамчун вайронкунии ҷиддии конунгузорӣ бояд ҳатман пешгирӣ карда шаванд.

 Ҳарчанд надонистани талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ шахсро аз ҷавобгарӣ озод насозад ҳам,  лекин дар сурати аз ҷониби шахсони масъули кормандони ҳифзи ҳуқуқ надонистани талаботи қонунгузорӣ ва дар ин замина дуруст ва холисона татбиқи накардани   меъёрҳои он,  боиси саргардонию дағалона поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, аз ҳама бадтар  ба ҳолатҳои зиёди содир гардидани ҷиноятҳои мансабдорӣ сабаб шуда метавонад.

Дар мавриди дигар, ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандон надонистани  меъёрҳои  қонунгузорӣ, сарфаҳм нарафтани онҳо ба ҳуқуқ   ва уҳдадориҳои қонунии худ боиси он гардидааст, ки як нафар ва ё гурӯҳи начандон калони ҷинояткорон давоми солҳо озодона то 1000 нафар ва аз ин ҳам зиёд шаҳрвандонро  ҷабрдидаи ҷинояти қаллобӣ гардонидаанд.

  Аз ин хотир, зарурият ба миён омадааст, ки дар сатҳи давлатӣ Барномаи дарозмуддати махсуси  мубориза ба муқобили ҷиноятҳои қаллобӣ қабул карда шуда, тибқи он аз ҳисоби кормандони таҷрибадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, андоз, гумрук ва судҳо оид ба тарғибу ташвиқ ва фаҳмондадиҳии талаботи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дар боло дарҷ гардида, гуруҳи корӣ созмон дода шуда, мунтазам вохӯрии ин гурӯҳи кориро бо шаҳрвандон, коллективҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо ва  муассисаҳои  давлатию  ҷамъиятӣ ташкил намуда,  фаъолияти ин гурӯҳ пайваста тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба саҳми шаҳрвандон расонида шавад.

    Инчунин набудани ҳуҷати расмии шакли намунаи давлатии  шартномаҳои саҳмиявӣ ва ё ҳиссагузорӣ дар сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, ки айни замон хеле зиёд чунин шарномаҳо байни шаҳрвандон ва шахсони масъули корхонаю ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо намунаҳои мухталиф баста мешаванд, сабабгори бозҳам афзоиш ёфтани  содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ гардидаанд.

    Аз ин хотир,  зарурият ба миён омадааст,ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин масъала санадҳои меъёрии соҳавиро такмил дода, ҳуҷҷатгузории расмии кор ва хизматрасониро дар соҳаи сохтмон дар шакли намунаи давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор диҳанд.

   Бар замми ин бо мақсади аз рӯи як кирдори ҷиноятӣ  баҳои ҳуқуқии якхела надодан ба кирдори субъектони оддӣ  ва  субъектони махсус, дар ин замина  аз  феҳристи ҷиноятҳои коррупсионӣ баровардани ҷиноятҳои қаллобӣ, бехато муайян карда тавонистани тобеияти тафтишотии ҷиноятҳои қаллобӣ ва ҳамзамон риояи  принсипи фардикунонии ҷазо  беҳтар аст,  агар аз моддаи 247 муқаррароти  қ.2 банди “г” КҶ– “аз ҷониби шахс  бо истифодаи мақоми хизматӣ” хориҷ карда шавад.

Сабаб дар он аст,  тибқи таркиби диспозитсияи моддаи 247 КҶ  қасди субъекти ҷиноят қаллобӣ  танҳо  бо роҳҳои  “фиреб ва ё  сӯиистифодаи боварӣ” тасарруф намудани амволи ғайр  равона шуда, дар ҳолатҳои мушаххас барои  қасди худро амалӣ намудан ба шахси ҷинояти қаллобӣ содиркунанда   ваколати  мансабию вазифаи хизматии давлатӣ мумкин аст умуман лозим нагардад.

  Дар сурати аз ҷониби шахсони мансабдор ва ё шахсони ба иҷрои вазифаи давлатӣ вазифадор буда, бо истифодаи мақоми хизматӣ содир гардидани  ҷинояти қаллобӣ  мумкин аст, ки дар ин масъала  ба диспозитсияи моддаҳои 314 ва 338 ё дигар ҷиноятҳои мансабӣ тағйиру иловаҳои дахлдор  дароварда шавад.

Дохил намудани  чунин тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ ва  қабули Барномаи махсуси давлатӣ дар масъалаи  мубориза ба муқобили ҷиноятҳои қаллобӣ зарурияти замон буда, ингуна чорабиниҳо дар радифи  Дастури Прокурори генералӣ аз  31.07.2015 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар мубориза бо ҷинояти қаллобӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №-3 аз 25 июни соли 2004 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ” такони ҷиддие дар кори пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакию суддии ҷиноятҳои қаллобӣ ва дар умум дар самти мубориза ба ҳама категорияи ҷиноятҳо шуда метавонад.

Ба диққататон ташаккур!

 

Сардори Раёсати назорати иҷроиқонунҳо

дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсия,

мушовири давлатии адлияи дараҷаи3:                                  Мирзохонзода Ҷ.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

   Иҷлосияи XVI Шӯрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сулҳу субот дар кишвар барқарор гардад. Пас аз ин оламиён донистанд, ки миллати тоҷик анъанаҳои таърихии худро ҳамеша ҳифз мекунанд.


 Оғози солҳои 90 - уми асри гузашта соки- нони кишвар вазниниҳои зиёдеро аз cap гуза- ронданд. Дар нобасомониҳо нафарони зиёде ба ҳалокат расиданд. Қисме аз шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, муассисаву коргоҳҳо талаву тороҷ гардиданд. Сохтори фалаҷшудаи ҳукуматӣ аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ба арсаи сиёсат қадам гузоштани як гурӯҳи мансабхоҳон боиси парокандагии миллат ва нооромии ҷомеа гардид.           Барои ишғоли вазифаҳо талошу кашмакашиҳо давом ёфта, оташи низоъ аланга зад.       

   Созмонҳои навташкил ба сиёсат часпида, ҷомеаро ноором сохтанд. Майдоннишиниҳо, гаравгонгириҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтанд.

  То оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд фишору зӯроварӣ ба вакилон онҳоро ба ташвиш оварда, дар бораи ба кадом тараф майл намудан андеша мекарданд. Муваффақияти калони вакилон дар он буд, ки онҳо ба тарафдории Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона раъй доданд. Хушоянд аст, ки Сарвари ҷавони давлат боварии вакилон ва сокинони кишварро сазовор шуд.

   Дар солномаи таърихи Тоҷикистон 27 - уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт. Дар хамин рӯз дар шаҳри Москва ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣдар Тоҷикистон ба имзо расида, бо ҳамин сулҳ дар сарзамини тоҷикон аз нав барқарору пойдор гашт.

    Зиёда аз 1 миллион гурезаҳо ва фирориён ба Ватан баргашта, ба корҳои ободонӣва бунёдкорӣмашғул шуда, дар мухлати кӯтоҳ хонаҳои харобгаштаро обод карданд.

    Ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷик сулҳи деринтизор омад, харобаҳои ҷанг барқароршуданд. Сулҳу вахдат пойдор гашт. Бесабаб нагуфтаанд, ки вахдат қудрату тавоноии мардум аст. Сулҳи комил ва ваҳдати устувори миллӣ беҳтарин дастоварди мардум маҳсуб меёбад.

Фахр аз он дорем, ки бо шарофати сарварии оқилона ва дурандешонаи Пешвоимиллат Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалист.

Тоҷикон аз Роҳбари бузург ва Пешвои хирадманди худ  Эмомалӣ Раҳмон бо камоли мамнуният ифтихор доранд. Президенти Тоҷикистон ифтихори миллати тоҷик буда, баҳри сарсабзӣ ва шукуфоии диёр хизматҳои арзишманде кардааст.

    Имрӯз ҷаҳониён таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро, ки бо ҷахду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчун мактаби таҷрибаи беназир меомӯзанд.

    Тоҷикистон сарвари оқилу хирадманде дорад, ки давлату миллатро дар ҷаҳон номвар гардондааст. Вахдати миллӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии миллат, ватандорӣ ва давлатдории соҳибистиқлолии тоҷикон мебошад. Имрӯз дар фазой кишвар сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣҳукмфармост. Мардум аз Ватаниободу зебои хеш ва Сарвари барӯманду    хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманданд.

 

Раҳимҷон РАҶАБОВ,

прокурори раёсати муносибатҳои

байналмилалии Прокуратураи

генералии Тоҷикистон,

мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ    

 

 

 

    Миллатҳои мутамаддин ва пешрафта ҳамеша бо андешаи фарҳанги сулҳ гуфтугӯ анҷом медиҳанд, ки он баландтарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, бунёди онро хиради инсонӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги сулҳ аз замоне, ки инсоният худро шинохт ҳамеша осоиш ва оромӣ ташвиқ шуда, зӯроварию харобкорӣ ва куштори инсон аз тарафи инсон доимо маҳкум  гардидааст.


   Паймудани роҳи душвор ва пур аз нишебу фарози сулҳу ваҳат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гуруҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гузашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд. Аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 23 сол сипарӣ мешавад. солҳо мегузаранд, зиндагӣ ба маҷрои тозатаре ворид мешавад, аммо нақши сарнавиштсози ин рӯз, рисолати таърихии он арзиши бештаре касб мекунад.

  Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун рӯзи Ваҳат бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд. Рӯзи ваҳатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард ва дар қатори дигар санаҳои таърихии миллати мо барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Зеро баъдиин рӯз мо эҳсос кардем, ки кишвар ва миллати мо аз нестӣ раҳоӣ меёбад. Шарораи умеде дар дили ҳамагон фурӯзон мегашт ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойи душманиву тафриқаафканиро мегирифт. Бинобар ин, ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ - Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳату ягонагиро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.

  Вазъи ороми сиёсӣ боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар кишвар мегардад, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Тоҷикистон низ аз масири нооромӣ берун рафт ва ба роҳи бунёдкориву созандагӣ қадам гузошт. Паёмади сулҳу Ваҳат дар Тоҷикистон ин буд, ки барои таҳия ва қабули қонунҳо оид ба демократикунонии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати ҳуқуқи иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, эҷод, озодии виҷдон, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, моликият, ташкил ва пойдории оила, ҳуқуқ ба меҳнат, манзил, истироҳат ва ғайра шароити мусоид ба вуҷуд омад. Созмонҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, динӣ ва воситаҳои ахбори омма озодона ба фаъолият оғоз карда, давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тамоми қувваҳои солими ватанро ба хотири сулҳу ваҳат, таъмини амният ва ризоияти ҷомеа дар атрофии худ муттаҳид сохта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷудбударо давра ба давра бо барномарезиҳои мушаххас ҳаллу фасл менамоянд.

    Шояд  23 сол пеш аз ин касе тасаввур карда наметавонист, ки роҳҳои минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аз ҳолати мавсимӣ ба доимоамалкунанда мубаддал мегарданд. Дар тӯли таърих роҳҳо на танҳо рисолати тиҷоратӣ ва сиёсӣ доштанд, балки робитаи фарҳангии инсонҳоро низ таъмин мекарданд. Бо дар назардошти ин рисолати роҳҳо роҳбарияти олии кишвар тамоми кӯшиши хешро ба он равона кард, ки пойтахтро бо тамоми манотиқи кишвар бипайвандонанд, ки бешак ин амал на танҳо аҳамияти сиёсӣ, инчунин ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ низ дорад.

    Паёмади дигари сулҳу Ваҳат дар кишвар ин рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Ба ҳамагон маълум буд, ки дар замони нооромиҳо дар Тоҷикистон мактабу маориф дар чи ҳоле қарор доштанд. Бо фаро расидани фазои сулҳу Ваҳат Президенти кишвар барои аз вазъи ногувор раҳоӣ додани мактабу маориф тамоми талошҳои худро ба харҷ дод, зеро медонист, ки дар сарзамине, ки илму дониш нест, дар он ҷо ҷаҳолат ва ақибмондагӣ ҳукмронӣ мекунад. Ҳоло дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудаанд ва мешаванд.

    Ба шарофати сулҳу Ваҳат имрӯзҳо Тоҷикистон узви тамоми ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон гашта, дар татбиқи барномаҳои созмонҳову иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ширкат менамояд. Ба ин сабаб ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ояндаи Тоҷикистон хушбин буда, бо боварӣ муносибат карда, дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишварамон саҳмгузорӣ мекунанд.

    Дар солҳои охир падидаи экстремизм ва бунёдгароии мазҳабӣ ҷаҳонро ба даҳшат овардааст. Ин падидаи номатлуб ба мисли ҷинояткории муташаккил ба ягон миллат ва дин робитае надорад ва онҳо бархоста аз андешаҳои зиддибашарӣ ва зиддидинии гурӯҳҳои худкома ва дур аз маърифати инсонӣ мебошанд. Тоҷикистон, ки аз гирдоби балои экстремизм ва оташи бунёдгароии мазҳабӣ бо хиради азалии миллат ва роҳнамоии пешвои худ раҳоидааст, дар таҳкими бештари сулҳу Ваҳат фарзандони далеру фарзонааш талошҳо ба харҷ медиҳанд.

  Дар фазои Ваҳат замони эҳёи давлатдории миллӣ, созандагӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард.

Дар ҳақикат ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки Ватани соҳибистиқлоли мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардида, ҳам аз лиҳозу тамаддуну сиёсат, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва фарҳангии комил пайдо намуда истодааст.

 

Прокурори шуъбаи назорати

иҷрои қонунгузории андози

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳмон Халилов

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ