Воқеан, вақт ва ҳаводиси даврони охир қариб ба ҳар лаҳза собит сохтаву месозад, ки мо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа бисёр ғафлат варзидаем. Ҷои таассуф он аст, ки ин ҳақиқатро дарк накардаем ва ё махсус ба он таваҷҷуҳ намедиҳем.
Оре, таваҷҷуҳи зарурӣ бештар ба он меандешем, ки фарзандонамон-насли наврас соҳибиттилоот бошад, яъне тарбияро аз таълим дар зинаи поинтар қарор додем. Пиндоштему мепиндорем, ки фарзандон чун таълим бигиранд соҳиби ахлоқи наку низ мешаванд. Ҳамин тавр вақт аёну ноаён мегузарад ва як лаҳзаи ғалати мо самари бад меорад.
Барҳақ:
Рафтам, ки хор аз по кашам, маҳмил ниҳон шуд аз назар.
Як лаҳза ғофил гаштаму садсола роҳам дур шуд.
Ҷуброну талофии ин ғафлатҳо дар оянда бисёр мушкил хоҳад шуд. Тарбияи ахлоқӣ пештар дар баробари таълим муҳимтарин амали волидайн ва аҳли ҷамоатчигӣ маҳсуб меёфт ва ба рўшди он эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Бесабаб нест, ки ниёгони баруманди мо дар ин маврид ҳамеша таъкид медоранд.
Аз ҷумла: Сурататро чӣ кунам, чун ту надори сират.
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъноро.
Ва ё:
Надорам он мусулмонзодаро дўст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Одами чун тарбият наёбад побанди ҳавои нафсонӣ мешавад, шаҳват гиребонашро мекашад ва баъд бо дода шудани лаззати яклаҳзаинаи нафсонӣ ба ҳалокат мерасад. Албата, мурод ҳалокати маънавӣ низ мебошад.
Аз ин варта ба осонӣ наметавон раҳо шуд. Изату шарафи инсониро ин ҳама аз миён мебарад.Чашмҳо замоне кушода мешавад, ки ислоҳи кор номумкин мегардад ва пушаймонӣ дигар суде намебахшад.
Рузгору кори нангини Раҷабов Зафар Сафархоҷаевич ба ин мисоли равшан шуда метавонад. Ў 10 августи соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Таҳсилоташ миёнаи нопура, муҷаррад, мувақатан бекор, истиқоматкунанда деҳаи Гулбутаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ мебошад. Тавре бар меояд аз таълими дуруст низ дур будааст.
Ӯ 25 августи соли 2020, тахминан соатҳои 12 30 дақиқа дар назди бозорчаи маҳалаи нуҳуми кўчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур дар назди дўкони самбуса мушоҳида мекунад, ки хурдсол Сафарова Зулола Баҳридиновна (соли тавалудаш 2009) танҳо гаштугузор дорад. Дар ин ҳол ў додаи шаҳвати нафсонӣ гардид, аз зеҳнаш мегузаронад, ки бояд ба номуси ин духтараки танҳо ва бехабар аз шару шури бархе аз бузургсолон таҷовус намояд. Барои ноил гардидан ба ин нияти нопок Сафарова З.Б. ба ў панҷ сомонӣ ва 1 самбуса медиҳад, хурдсол Сафарова Зулоларо бо ҳамин найранг ба доми тазвири худ медарорад.
Пас аз он Раҷабов З.С. аз ин бозорча як адад мурғи бирён (табака) ва як адад нушокии спиртии навъи “Ягуар”-ро харидорӣ мекунад. Барои анҷоми зишту амали нопоки худ Сафарова Зулоларо бо ҳамроҳи худ гирифта, ба самти шоҳроҳи Душанбе Ваҳдат, ки дар онҷо зери истгоҳ воқеъ дар деҳаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистонӣ ноҳияи Рудакӣ хилватгоҳ дошт, раҳсипор мешавад.
Дар ин ҷо ў мурғ ва нушокии спиртии ба худ овардаро истеъмол мекунад. Баъд аз он ки ба ҳолати мастӣ мерасад, барои қонеъ намудани шаҳвати нафсониаш аз вазъияти оҷизонаи хурдсол Сафарова З.Б истифода намуда, уро ба оғуш мекашад, пойҷомаашро бароварданӣ мешавад.
Хурдсол Сафарова З.Б. аз нияти нопоки Раҷабов З.С огоҳ гашта, ба ў муқобилият нишон медиҳад. Аммо Раҷабов З.С. барои ба осонӣ расидан ба нияти бади худ, яъне таҷовуз ба номуси духтарак ба дасти росташ ба руи у як мушт мезанад. Аз таъсири сахти ин зарба Саафарова Зулола ба замин меафтад.Пушти сараш ба як сангпораи дар онҷо буда бар мехурад ва дар натиҷа аз сараш хун ҷорӣ мешавад.
Ин ҳолат барои Раҷабов З.С. мувофиқ меафтад. Аз ин рӯ, мақсад мегузарад, ки аз фурсати мувофиқ ҳарчи зудтар истифода бибарад. Ҳамин тавр, барои таҷовуз ба номуси духтарак пойҷомаашро маҷбуран мебарорад. Ин ҳолатро хурдсол мушоҳида намуда, аз ӯ хоҳишу зориву илтиҷо мекунад, ки ин амали нангинро барояш раво набинад. Аммо Раҷабов З.С ба гиря ва зории духтарак эътибор надода, ҳолати хурдсолии ӯро ба инобат нагирифта, хоҳиши нафсониашро қонеъ мекунад.
Ҳамин тавр, ин амалҳои нангину бераҳмона сабаби марги Сафарова Зулола мегардад.
Баъдан аз ҷои ҳодиса мегурезад ва ба тарафи шаҳри Душанбе меояд. 31-августи соли 2020 уро кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе дастгир менамоянд. Ў ба гуноҳи содирнамудааш иқрор мешавад.
Ба вуқуъ пайвастани ин гуна ҳодисот ҳар кадоме моро бештар масъул мегардонад, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва назорати фарзандон, хусусан ноболиғон бештар диқати ҷиддӣ бидиҳем.
Як амали бад натанҳо сабаби беобуруй, балки кандани риштаи ҳаёти инсоне мегардад.
Масъули тарбия танҳо падару модар ва омўзгори муаассисаи таълимӣ нест, балки тамоми аҳли ҷомеа мебошад. Зарари ин гуна амалҳои нангин ба ҷомеа мерасад ва онро доғдор месозад.
Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ба тарбияи насли наврас бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Ба ташшаббуси Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расида, чандин сол боз он мавриди амал қарор дорад. Мақсад, албата тарбияи наслҳои солиму огоҳ аст. Миллат ва давлатдорӣ бе ин рушди дуруст намекунад.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти мазкурро саривақт ошкор намуда, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати шахсони гунаҳгор ҳаматарафа ва холисона ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намуд.
Бо ҳукми суд судшаванда Раҷабов С. бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.
Прокуророни Раёсати назорати
қонунӣ будани санадҳои судӣ
оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ
Абдуҷабборзода С.
Иброҳимзода Н.