Ҳуқуқ ба моликият  дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ муқаррар карда шуда, давлат ба риоя ва ҳифзу ҳимояи ин арзиши муҳими муносибати ҷамъиятӣ  кафолат додааст.

   Ба ин мақсад тибқи талаботи моддаи 12 Конститутсия “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

   Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.


   Инчунин мувофиқи моддаи 32 Конститутсия “ Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

  Ҳеқ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу  мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

  Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии  мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад”.

   Дар навбати худ баҳри  риоя, ҳифз ва иҷрои якхелаи ин меъёрҳои конститутсионӣ мақомоти олии қонунгузорӣ ва мақомотҳои марказии ваколатдори давлатӣ  якқатор санадҳои меъёрӣ -ҳуҳуқии соҳавӣ ва идоравиро  қабул намудаанд, ки дар раванди танзими  ҳуқуқии ин муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ буда, дуруст дарк кардан ва дар ҳаёти ҳамарӯза ба таври дахлдор татбиқ намудани онҳо  вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

   Аз ҷумла, бо қабули Кодексҳои ҷиноятӣ,  мурофиавии ҷиноятӣ,   гражданӣ, мурофиавии гражданӣ, манзил, оила, замин, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, андоз,  гумрук ва дигар кодексу қонунҳои соҳавӣ танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии алоқаманд ба ҳама шаклҳои моликият ба роҳ монда  шуда,  дар мавриди дуруст ва якхела иҷро нашудан ва ё дағалона вайрон намудани талаботи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҷавобгарии дахлдори интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ  пешбинӣ карда шудааст.

    Бо дарназардошти он, киҷаласаи имрӯзаи аъзоёни ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳокимаи вазъи иҷрои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар самти ошкор, бақайдгирӣ, тафтиши пешакӣ ва судии парвандаҳои ҷиноятӣ бо  моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шудааст, мехоҳам дар баромади худ асосан ба сабабу омилҳои нисбат ба дигар ҳодисаҳои ҷиноятӣ зиёдтар содиршудани ин категорияи ҷиноятҳо диққати ҳозиринро ҷалб намоям.

     Чуноне,  ки дар баромади Сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муҳтарам  Сафарзода Қ. қайд карда шуд, аз рӯи маълумотҳои омории тафтишотӣдар давраи соли 2018 ба миқдори 3161, соли 2019 ба миқдори 2812 ва  9 моҳи соли 2020 ба миқдори  1856 ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор ва бақайд гирифта шудааст.

    Тибқи маълумотҳои мазкур дида мешавад, ки  сатҳи ошкору бақайдгирии ин категорияиҷиноятҳо сол аз сол  тамоюли пастравӣ дошта, кушодашавии онҳо   беҳтар гардида, мутаносибан 89,5%, 93,7% ва 92,3%-ро ташкил додааст.

    Қобили қабул аст,ки чунин вазъи сол аз сол пастшавии сатҳи ҷиноятҳои қаллобӣ   ба  фаъолияти назарраси   мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  дар заминаи   таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва судии ин категорияи ҷиноятҳо ба даст оварда шудааст.

    Вале дар раванди пешгирӣ ва сари вақт ошкору бақайдгирии ҷиноятҳои қаллобӣ, татбиқи дуруст, якхела ва холисонаи  талаботи қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмӯрӣ ва дигар қонунгузориҳои амалкунандаи самти мазкур, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо ҳанӯз камбудию норасогиҳо ва мушкилотҳои хеле зиёд ҷой дорад.

 Пеш аз ҳама боиси нигаронист, ки амалияи  ошкор ва  бақайдгирии ин  ҷиноятҳо ҳанӯз бозгӯӣ воқеъии шумораи дар асл содиршавии ин категорияи ҷиноятҳо шуда наметавонад.

 Чункӣ, омӯзиши назоратии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва рафти баррасии судии  онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ” бевосита  дар доираи салоҳияти қонунӣ ва бо ташаббуси худ бо тарзу услуб ва чорабиниҳои дахлдори  оперативӣ-ҷустуҷӯӣ    дар  лаҳзаи  содиршавӣ ва ҳатто моҳу соли содиршавиашон шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобиро  ошкор ва ба қайд гирифта наметавонанд.

 Мувофиқи меъёри диспозияи моддаи 247 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ”, муқаррар гардида, дар асоси ин модда  шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

  Яъне таркиби диспозитсияи ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ аз ду қисмати алоҳида “бо роҳи фиреб” ва  бо “сӯиистифодаи боварӣ” тасарруф намудани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба он иборат буда, аз ин хотир барои бо ин моддаи қонуни ҷиноятӣ оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд будани ҳуҷҷати ифодакунандаи иродаи шахси воқеъӣ ё ҳуқуқӣ,  ки  аз кирдори “бо роҳи фиреб” ва ё  “сӯиистифодаи боварӣ” содиргардида  зарари молумулкӣ дидааст, ҳатмӣ мебошад.

  Аз ин хотир, моддаи 27 КМҶ  яке аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунанд, ин ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, муқаррар кардааст.

   Мутаасифона, мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин талаботи қонуни мазкурро ба таври дуруст дарк накарда, то мавриде, ки оид ба ҷой доштани кирдори ҷиноятии қаллобӣ аризаи шахси мушаххас ва  ё ҳуҷҷатҳои расмии корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ба пешбурдашон дохил нагардад, дар масъалаи бо ташаббуси худ тариқи ҷорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ   ошкор ва тавассути гузориши расмии ваколатдори оперативӣ ба қайд гирифтану мавриди санҷиш ва таҳқиқи ибтидоӣ қарор додани ҳодисаҳои тасарруфи молу мулки ғайр “бо баҳонаи мавҷуд набудани ариза” кори муайянеро ба анҷом намерасонанд.

   Ин аст, ки мувофиқи натиҷаи ҷамъбастии масъалаи мазкур дар давраи таҳлилшаванда дар пешбурди мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мақомоти прокуратура ягон хел маводи аз оғози парвандаи ҷиноятӣ радкарда шуда оид ба тасарруфи молу мулки ғайр бо  роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, бинобар мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида ҷой надорад.

Ҳол он, ки дар доираи талаботи қонунгузории ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ мақомоти ваколатдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва мақомоти прокуратура бо ташаббуси худ пурра салоҳият доранд, ки дар мавриди паҳн шудани хабару маълумотҳои шифоҳӣ, гирифтани маълумот аз дигар манбаъҳои оперативӣ ва ҳамзамон нашр гардидани хабару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омма оид ба ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва дилхоҳ ҳодисаҳои ҷиноятӣ таҳқиқу санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он вобаста ба талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ қарори ниҳоӣ қабул намоянд.

   Аз чунин муносибати кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода карда,  як нафар  ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ҳатто гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пул, молу мулк ва дигар дороиҳои арзишноки шаҳрвандон, ташкилот, корхонаю муассисаҳоро новобаста аз шакли моликияташон такроран, давоми солҳо, дар ҳаҷми махсусан калон бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ  тасарруф ва аз худ карда, ба ҷабрдидагон зарари ҷиддии моддӣ расонида, танҳо ба хотири он, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин хусус “ариза” ё “муроҷиати расмӣ” дохил нагардидааст, ин ҳодисаҳои ҷиноятӣ ошкор ва қайди ҷиноятӣ гирифта намешаванд.

  Барои мисол, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии нисбати шахсони масъули ҶДММ “Ҳафтбурҷ” Маърупов О.О ва дигарон, ҷамъ 7 нафар бо моддаи 247 қ.4 КҶ, парвандаи ҷиноятӣ оид  ба хариду фуруши ғайриқонунии қитъаҳои замин дар ноҳияи Варзоб нисбати Каримов К ва дигарон, ҷамъ 17 нафар бо моддаҳои 247 қ.4, 338 нишонаи 1 қ.2 КҶ, нисбати шахсони масъули ҶДММ “Квас-нет” ва Кию-нет” бо моддаи 247 қ.4 КҶ ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони масъули КВД “Сохтмони манзили дастрас” Наимов Н, Раҷабов Р.Ш ва дигарон, ҷамъ 6 нафар муайян намудааст, ки ҷиноятҳои мазкур ҳанӯз   солҳои 2012   то солҳои  2019 содир гардида,  танҳо пас аз гузаштани ду ва зиёда солҳо  ин ҳам бо сабаби  шумораи ҷабрдидагон ба 100-ҳо ва ҳатто ҳазорон нафар расидану боиси норозигии сахти шаҳрвандон аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидан, оид ба ин ҳолатҳо бо моддаи 247 қ.4 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ин парвандаҳои ҷиноятӣ қисман бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидаанд.

  Тафтиши пешакии лаҳзаҳои зиёди ин ҷиноятҳо бошад, бинобар эълон намудани кофтукови айбдоршавандагон ва ё бо дигар асосҳои мурофиавӣ- ҷиноятӣ боздошта шудаанд ва ё дар пешбурд қатъ гардидаанд.

  Ҳатто, дар рафти тафтиши ҷиноятҳои бисёрлаҳза оид ба аризаи ҷабрдидагоне, ки маблағи пулии калон зарар дидаанду  айбдоршаванда ин маблағро барқарор карда наметавонад,бо маънидодкунии “ гуё муносибати шаҳрвандӣ будан” ва ё  “бастани шартномаи қарзӣ бо ҷабрдида дар идораи нотариалӣ”, “дар рафти тафтишот аз айбдоршаванда гирифтани забонхат дар хусуси зарарро барқарор  кардан”  ва  дигар асосҳои бофта пешбурди қисми маводҳои парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ карда мешаванд.

  Минбаъд бо барқарор гардидани зарарҳои моддии як қисми  ҷабрдидагон, алалхусус  ҷабрдидагони  барои мақомоти тафтишотӣ манфиатдор,  бинобар татбиқи қонуни авф ё бо дигар сабабҳои ғайрисафедкунанда пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ қатъ ва ё бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда мешаванд.

   Ин ҳам дар ҳолатест, ки оид ба ҳамаи ин ҳодисаҳои ҷиноятӣ шаҳрвандон дар алоҳидагӣ ба унвонии ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ  дар хусуси  бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ  тасарруф шудани пул ва молу мулкашон аз ҷониби нафарони мушаххас ва ё роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шахсию  давлатӣ сари вақт дар ҳамон моҳу солҳои содиргардиданашон бо ариза муроҷиат намуда буданд.

   Лекин аз ҷониби шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ин аризаю муроҷиатҳо  ба таври дахлдор санҷишу таҳқиқ нагузаронида,  дар аввал ин ҳолатҳоро ҳамчун муносибати шаҳрвандӣ баҳогузорӣ намуда,  ба муаллифони аризаю муроҷиатҳо  ба суд муроҷиат карданро тавсия дода, ҳатто бо онҳо қарори дахлдори мурофиавӣ қабул намекунанд ва  ё  оид ба ин маводҳои санҷиши бинобар набудани ҳодисаи ҷиноятӣ қарори рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда мешавад.

  Баъдан   бо сабаби зиёд гардидани  шумораи ҷабрдидагон ва мавриди муҳокимаи ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтани  ин ҳолатҳо дар асоси  аризаю муроҷиатҳои такрории чанд сол пеш ҳамчун муносибати “қарздорӣ ё  муносибати шаҳрвандӣ баҳогузорӣ” карда шуда, якбора парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, айбдоршавандагон бо моддаи 247  КҶ гунаҳкор ва маҳкум карда шудаанд.

  Оқибати муайян карда натавонистани “муносибати шаҳрвандии қарздорӣ” ё “кирдори ҷиноятии қаллобӣ” будани  ин ҳолатҳо дар таҷрибаи тафтишотӣ- судӣ, боисӣ он гардидааст,  ки бо гузаштани муҳлати тулонӣ  аз лаҳзаи содиршавии ин ҷиноятҳо  барои мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ва судҳо умуман имконияти барқарор намудани зарари пулию моддии шумораи зиёди ҷабрдидагон аз байн рафта, натиҷаи тафтиши пешакӣ ва судии ин парвандаҳои ҷиноятӣ боиси норозигии ҷиддии ҷабрдидагон аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ гардидааст.  

   Барои мисол, дар ин давра аз љониби муфаттишони маќомоти прокуратура  642 231 483 сомонӣ зарар бо парвандаҳои ҷиноятӣ муайян карда шудааст, ки аз ин ҳисоб   ҳамагӣ 250 086 599 сомонӣ маблағи зарар  ба таври наќдї барќарор карда шудааст, ки бо ҳисоби фоиз  38,9 %-ро      ташкил додааст.Ин нишондод дар фаъолияти муфаттишони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз ин бадтараст.

  Аз маблағи умумии зарари муайяншуда 236 600 320 сомонӣ ба ҷиноятҳои қаллобӣ тааллуқ дорад.

Умуман, таҳлили масъалаи мазкур гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  дар самти ошкор, бақайдгирӣ, санҷишу баррасӣ,  оѓоз ва таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳои қаллобӣ,назорати прокурорию  баррасии судии  парвандањои љиноятї оид ба чунин кирдорњои ҷиноятӣ њанўз амалияи ягона   ташаккул наёфтааст ва дар ин самт дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то кунун камбудию норасогиҳо хеле зиёданд.

  Аз баски, оид ба паҳлуҳои зиёди ин масъалаҳо дар баромади муҳтарам Сафарзода  Қ. муфассал қайд карда шудаанд, барои каме ҳам бошад  беҳтар кардани  сифат ва самаранокии  фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои қаллобӣ таклиф карда мешавад:

  Муҳтарам, ҳозирин бояд қайд кард, ки шумораи содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ дар   муқоиса ба дигар ҳодисаҳои  ҷиноятӣ пас аз ҷиноятҳои дуздӣ дар ҷои дуюм буда, ба ҳисоби фоиз  14, 8  %-ро ташкил додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки    лаҳзаҳои зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ ҳанӯз дар давраи содиршавиашон  барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ номаълум буда,  бо ин сабаб қисми зиёди ин ҷиноятҳо дар  соли содиршавиашон  расман ошкор ва бақайди ҷиноятӣ гирифта намешаванд.

  Чунончӣ, 19 октябри соли 2020 шаҳрвандон Бобиев К.А. ва Эминов Ҷ.А. ба унвонии директори АНДМ ва МК бо ариза муроҷиат намуда, изҳор намудаанд,ки  аввалҳои соли 2016 собиқ корманди Кумитаи замини  Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов О. бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Зоиров И. барои аз ҳудуди ноҳияи Синои ш.Душанбе  ва ноҳияи Ҳисор  ҷудо кардани 0, 6 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз онҳо мутаносибан 13 000 доллари ИМА ва 23 500 доллари ИМА талаб карда гирифта, то кунун барои онҳо қитъаи замин ҷудо накардааст.

Яъне  ин ҳодисаи  ҷинояти қаллобӣ соли 2016 содир гардида, пас аз чор сол, дар моҳи октябри соли 2020  ба қайди ҷиноятӣ гирифта шуда, моҳи ноябри соли 2020  нисбати Холов О, Зоиров И ва дигарон  бо аломати ҷинояти дар моддаи 247 қ.4 банди “б” КҶ пешбинӣ гардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Метавон қайд кард, ки қариб  ҳамаи ҷиноятҳои қаллобӣ  бо чунин шакл ба қайд гирифта мешаванд

  Мавриди зикр аст,ки яке аз сабабҳои асосии зиёд будани шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ ва сари вақт ба қайди ҷиноятӣ гирифтан нашудани онҳо дар он аст, ки  ҷабрдидагон ва  ҳатто қисми зиёди кормандони фаврӣ-кофтуковӣ  ба моҳият ва мазмуни талаботи Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ,  гражданӣ, мурофиавии гражданӣ, манзил, оила, замин, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, андоз, гумрук ва дигар кодексу санадҳои меъёрӣ соҳавӣ, ки ба  танзими  ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи  моликият равона шудаанд дуруст сарфаҳм намераванд.

  Шаҳрвандон ҳатто аз оддитарин талаботи қонунгузорӣ дар масъалаи ба тариқи нотариалӣ баста шудани шартномаи қарз, гузоштани амвол ба сифати гарав, бастани шартномаи саҳмгузорӣ ё ҳиссагузорӣ  оид ба сохтмони манзили истиқоматӣ ва дигар шартномаҳои молу мулкӣ огаҳ нестанд.

 Дар амалияи тафтишотӣ-судӣ оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ бошад то ҳанӯз татбиқи якхелаи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷой надошта,  оид ба муносибатҳои доду гирифти маблағҳои пулӣ ба сифати қарз, бастани шартномаҳои қарзӣ,  бастани дигар номгӯи шартномаҳои доду гирифти молу мулкӣ, ки дар як ҳолат ҳамчун муносибати баҳси судии шаҳрвандӣ  ва айнан  бо чунин аломатҳои қонунвайронкуниҳо оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо аломати ҷинояти қаллобӣ баҳогузорӣ кардан таҷрибаи хато буда, ин ҳолатҳо  ҳамчун вайронкунии ҷиддии конунгузорӣ бояд ҳатман пешгирӣ карда шаванд.

 Ҳарчанд надонистани талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ шахсро аз ҷавобгарӣ озод насозад ҳам,  лекин дар сурати аз ҷониби шахсони масъули кормандони ҳифзи ҳуқуқ надонистани талаботи қонунгузорӣ ва дар ин замина дуруст ва холисона татбиқи накардани   меъёрҳои он,  боиси саргардонию дағалона поймол гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, аз ҳама бадтар  ба ҳолатҳои зиёди содир гардидани ҷиноятҳои мансабдорӣ сабаб шуда метавонад.

Дар мавриди дигар, ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандон надонистани  меъёрҳои  қонунгузорӣ, сарфаҳм нарафтани онҳо ба ҳуқуқ   ва уҳдадориҳои қонунии худ боиси он гардидааст, ки як нафар ва ё гурӯҳи начандон калони ҷинояткорон давоми солҳо озодона то 1000 нафар ва аз ин ҳам зиёд шаҳрвандонро  ҷабрдидаи ҷинояти қаллобӣ гардонидаанд.

  Аз ин хотир, зарурият ба миён омадааст, ки дар сатҳи давлатӣ Барномаи дарозмуддати махсуси  мубориза ба муқобили ҷиноятҳои қаллобӣ қабул карда шуда, тибқи он аз ҳисоби кормандони таҷрибадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, андоз, гумрук ва судҳо оид ба тарғибу ташвиқ ва фаҳмондадиҳии талаботи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дар боло дарҷ гардида, гуруҳи корӣ созмон дода шуда, мунтазам вохӯрии ин гурӯҳи кориро бо шаҳрвандон, коллективҳои меҳнатии ташкилоту корхонаҳо ва  муассисаҳои  давлатию  ҷамъиятӣ ташкил намуда,  фаъолияти ин гурӯҳ пайваста тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба саҳми шаҳрвандон расонида шавад.

    Инчунин набудани ҳуҷати расмии шакли намунаи давлатии  шартномаҳои саҳмиявӣ ва ё ҳиссагузорӣ дар сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, ки айни замон хеле зиёд чунин шарномаҳо байни шаҳрвандон ва шахсони масъули корхонаю ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо намунаҳои мухталиф баста мешаванд, сабабгори бозҳам афзоиш ёфтани  содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ гардидаанд.

    Аз ин хотир,  зарурият ба миён омадааст,ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин масъала санадҳои меъёрии соҳавиро такмил дода, ҳуҷҷатгузории расмии кор ва хизматрасониро дар соҳаи сохтмон дар шакли намунаи давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор диҳанд.

   Бар замми ин бо мақсади аз рӯи як кирдори ҷиноятӣ  баҳои ҳуқуқии якхела надодан ба кирдори субъектони оддӣ  ва  субъектони махсус, дар ин замина  аз  феҳристи ҷиноятҳои коррупсионӣ баровардани ҷиноятҳои қаллобӣ, бехато муайян карда тавонистани тобеияти тафтишотии ҷиноятҳои қаллобӣ ва ҳамзамон риояи  принсипи фардикунонии ҷазо  беҳтар аст,  агар аз моддаи 247 муқаррароти  қ.2 банди “г” КҶ– “аз ҷониби шахс  бо истифодаи мақоми хизматӣ” хориҷ карда шавад.

Сабаб дар он аст,  тибқи таркиби диспозитсияи моддаи 247 КҶ  қасди субъекти ҷиноят қаллобӣ  танҳо  бо роҳҳои  “фиреб ва ё  сӯиистифодаи боварӣ” тасарруф намудани амволи ғайр  равона шуда, дар ҳолатҳои мушаххас барои  қасди худро амалӣ намудан ба шахси ҷинояти қаллобӣ содиркунанда   ваколати  мансабию вазифаи хизматии давлатӣ мумкин аст умуман лозим нагардад.

  Дар сурати аз ҷониби шахсони мансабдор ва ё шахсони ба иҷрои вазифаи давлатӣ вазифадор буда, бо истифодаи мақоми хизматӣ содир гардидани  ҷинояти қаллобӣ  мумкин аст, ки дар ин масъала  ба диспозитсияи моддаҳои 314 ва 338 ё дигар ҷиноятҳои мансабӣ тағйиру иловаҳои дахлдор  дароварда шавад.

Дохил намудани  чунин тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ ва  қабули Барномаи махсуси давлатӣ дар масъалаи  мубориза ба муқобили ҷиноятҳои қаллобӣ зарурияти замон буда, ингуна чорабиниҳо дар радифи  Дастури Прокурори генералӣ аз  31.07.2015 “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар мубориза бо ҷинояти қаллобӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №-3 аз 25 июни соли 2004 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ” такони ҷиддие дар кори пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакию суддии ҷиноятҳои қаллобӣ ва дар умум дар самти мубориза ба ҳама категорияи ҷиноятҳо шуда метавонад.

Ба диққататон ташаккур!

 

Сардори Раёсати назорати иҷроиқонунҳо

дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсия,

мушовири давлатии адлияи дараҷаи3:                                  Мирзохонзода Ҷ.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ