Мусаллам аст, ки фаъолияти озоди соҳибкорӣ заминаӣ муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш ёфтани сатҳи бекорию камбизоатӣ, ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ, афзоиши даромадҳои аҳолӣ ва воридоти андозҳо ба бучети давлатӣ маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши хусусиро ҳамчун “нерӯи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, таъмини ҳадафҳои миллӣ ва муҳайё намудани шароит барон зиндагии арзандаи мардум” арзёбӣ ва қайд намуданд, ки “имрӯз саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилй беш аз 70 фоиз, даромадҳои андозй ба буҷет 80 фоиз ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корй 68 фоизро ташкил медиҳад”.
Қобили қайд аст, ки айни ҳол зиёда аз 90 фоизи субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ ба бахши хусусӣ рост омада, аз онҳо 9,5 фоизро шахсони ҳуқуқӣ, 42,9 фоизро соҳибкорони инфиродӣ ва 47,7 фоизро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби роҳбарияти олии давлат ҷиҳати беҳтар намудани фазоӣ соҳибкорию сармоягузорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон пайваста чораандешӣ карда мешавад.
Дар давраи истиқлолият заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳодии дастгирии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон ташаккул дода шуданд.
Моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат дода, барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ замина муҳайё намуд.
Дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, “Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи мораторий басанҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва ғайра қабул гардида, фазой соҳибкориро боз ҳам мусоидтар намуданд.
Чунончи, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” принсип ва тарзу усулҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, хусусиятҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки манфиатҳои субъектҳои соҳибкориро ифода мекунанд, диққати махсус до да шуд.
Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ҷиддан содда ва бақайдгирии давлатӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд.
Ҷиҳати танзими санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тибқи он банақшагирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорй дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардида, бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 муҳлати амали он то 1 январи соли 2021 муқаррар карда шуд
Ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ пайваста мавриди барномарезй ва банақшагирии умумидавлатӣ қарор дода шуда, дар ин давра якчанд стратегияву барномаҳои соҳавӣ қабул ва амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, №201 Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 қабул карда шуда, тибқи он ислоҳотҳои манфиатнок дар бахшҳои сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон дар асоси Паёми навбатии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазоӣ сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати таъмини ниҳодии фаъолият дар сати дастгирии давлатии сармоягузорӣ ва ҳифзи соҳибкорӣ низ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2007 Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазоӣ сармоягузорӣ дар назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд таъсис дода шуда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими рушди фаъолияти сармоягузорй ва соҳибкорӣ баррасӣ мегарданд.
Ҷиҳати роҳбарй ва назорат ба фаъолияти мақомоти давлатй дар самти санҷишҳои субъектони хоҷагидор Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис до да шуда, Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатй дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор эътироф карда шуд.
Дар дар натиҷа ин чорабиниҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорй дар кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, монеаҳои сунъӣ ба фаъолияти онҳо асосан бартараф карда шуданд.
Чунончи, микдори сохторҳои бақайдгирандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда шуда, шумораи субъектҳои соҳибкории амалкунанда аз 187 ҳазори соли 2012 дар соли 2020 ба 334 ҳазор адад расида, 78 фоиз зиёд гардиданд.
Низоми иҷозатдиҳй барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ низ мавриди ислоҳот қарор дода шуда, шумораи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд аз 650 то 74 адад кам карда шуд.
Дар раванди ислоҳоти низоми андозбандӣ дар асоси Кодекси андоз, ки соли 2012 таҳия ва қабул гардид, номгӯйи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуда, маъмурикунонии андоз ва хизматрасониҳои давлатй дар ин самт ҷиддан такмил дода шуд.
Тибқи донунгузории амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 109 имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳо пешниҳод карда шуда, ба ин васила дар давоми солҳои 2012-2020 беш аз 39 млрд, сомонй дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон гузошта шуд.
Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва ҳимояи давлатии соҳибкорӣ пайваста дар ҳоли такмил қарор дорад.
Чунончи, тибқи дастури Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ аз 10 майи соли 2019 айни ҳол лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия карда шудааст, ки он ба кам намудани сарбории андозҳо ва такмили боз ҳам бештари низоми андозбандии соҳибкорон равона шудааст.
Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар 15 соли оянда аз ҳисоби манбаҳои гуногун ҷудо намудани 54,7 млрд, доллари ИМА дар назар дошта шудааст.
Айни ҳол лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» таҳия шуда, дар он идома додани ислоҳотҳои иқтисодй, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ, низоми ҳимояи давлатии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар роҳи рушди фаъолияти бахши хусусй ва ғайра пешбинй гардидааст.
Ба шарофати андешидани ин чорабиниҳо тибқи Ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат» -и Бонки Умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар 10 соли охир бори чорум аст, ки ба руйхати кишварҳои дар самти соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ ислоҳотгар шомил карда мешавад.
Назорати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорй самти муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин самт пайваста санҷишҳои прокурорй гузаронида шуда, ҷиҳати ошкору пешгирӣ ва бартараф намудани дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорон ва гузаронидани санҷишҳои беасос фаъолияти онҳо аз тарафи ниҳодҳои давлатй тадбирҳо андешида мешаванд.
Танҳо дар давраи соли 2020 ва нимсолаи аввали соли 2021 ҷиҳати бартараф намудни қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон аз ҷониби мақомоти прокуратура унвонии роҳбарони мақомоти санҷишию назоратӣ 130 пешниҳод, 84 амр ва 154 эътироз ирсол карда шуда, 98 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати 37 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатй микдори санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон давра ба давра кам шуда, аз ҷумла дар соли 2020 аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишии ҷумҳурй 40 116 санҷиш гузаронида шудааст, ки он нисбати соли 2016 (292 021) 7 маротиба камтар аст. Аз нигоҳи мо заминаҳои ниҳодии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон низ ба такмил ниёз дорад.
Чунончи, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор эътироф карда шуда бошад ҳам, он ваколатҳои заруриро ҷиҳати мавриди эътино қарор додани санадҳои ғайриқонунии онҳо ва ба ҷавобгарии дахлдор ҷалб намудани шахсони гунаҳгор доро набуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон ба назорати пайвастаи прокурорӣ ниёз дорад.
Қобили қайд аст, ки дар прокуратураҳои аксар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия раёсатҳои алоҳида доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон амал менамоянд.
Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни масъалаи мазкур мувофиқи мақсад аст, ки дар сохтори Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ниҳоди алоҳида доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон таъсис дода шавад.
Сардори шуъбаи назорати
иҷрои қонунгузории андоз,
мушовири давлатии адлияи
дараҷаи 3 Халифазода М.Н.