Кор бо кадрҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ба шумор рафта, иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои мақомот аз интихобу ҷобаҷогузории дурусти кормандон ва тарбияи онҳо вобаста мебошад.


     Бо мақсади амали намудани сиёсати кадрии мақомоти прокуратура пеш аз ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва Барномаҳо дар самти тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории онҳо ва пешгирии даст задани кормандон ба омилҳои коррупсионӣқабул ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

  Ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқӣва маърифати кормандон тадбирҳои лозима роҳандозӣ гардида, дар байни кормандон мунтазам машғулиятҳои семинарӣгузаронида шуда, барои такмили малакаи касбӣ, дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон кормандон ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.

   Ғайр аз ин, барон баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, кормандон мунтазам дар хориҷи кишвар ба омӯзиши таҷрибаи кории дигар давлатҳо вобаста ба фаъолияти хизматӣфаро гирифта мешаванд. Танҳо дар давоми солҳои 2015 - 2021 зиёда аз 260 нафар кормандони мақомоти прокуратура дар давлатҳои Федератсияи Россия, Хитой, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Белорусия, Сербия, Туркия, Франсия, Белгия, Япония ва дигар давлатҳо вобаста ба мавзӯъҳои гуногун дар курсҳои такмили ихтисос ва конфронсу семинарҳо иштирок карда, таҷриба омӯхтаанд.

   Талаботҳо нисбати шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, дар моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардидааст.

    Мувофиқи ин модда барои кор дар мақомоти прокуратура шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 сола бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои зарурии касбӣва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро адо карда бошад ва аз рӯи вазъи саломатиаш вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро иҷро карда тавонад.

  Ҷавонон давомдиҳандаи коруфаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, ташаббускор ва ояндаи давлату миллат буда, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавонон пайваста дастгирӣгардида, барои амалигардонии онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

   Роҳбарияти мақомоти прокуратураиҶумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ намуда, бо мақсади ба кор таъмин намудани ҷавонони лаёқатманд ва муносиб ба хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад танҳо дар 5 соли охир бо фармонҳои Прокуроригенералӣ235 нафар мутахассисони ҷавон ба сифати корманди фаврӣ ба кор қабул карда шудаанд.

   Баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравии Сотсиалистӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишварамон давраи нави фаъолияти прокуратураидавлати тоҷикон оғоз гардид. Дар танзими фаъолияти он дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, мустақилияти пурраи прокуратура таъмин гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он муайян карда шуда, он ба як мақомоти мустақиле табдил ёфт, ки ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ, яъне қонунгузор, иҷроия ва судӣ тааллуқ надорад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура 13 мартисоли 2018 иброз намуданд, ки: “Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдоримебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгири намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣравона гардидааст”.

    Бинобар ин, таъмини қонунияту адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ аз фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура вобаста мебошад.

    Дар ибтидои- солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти прокуратура фаъолияти худро дар шароите ба роҳ мемонд, ки ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии кишварамон тамоюли мураккабшавӣдошт ва дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, хатари аз байн рафтани давлатдорӣба миён омада буд.

  Хушбахтона бо шарофати роҳбарии хирадмандона ва саъю талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар кишвар фазоӣсулҳу вахдат фароҳам оварда шуда, халқ аз парокандагӣ, миллат аз нестшавӣва давлат аз заволёбӣнаҷот ёфта, фаъолияти мӯътадили мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакатамон таъмин карда шуд.

   Боиси ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти прокуратура якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон ва муътадил гардонидани вазъи сиёсиву ҷамъиятии давлат, саҳми арзанда гузоштаанд.

   Кормандони прокуратура имрӯзҳо низ дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд ва заҳматҳои софдилонаи онҳо ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Прокуратурам генералӣқадршиносӣкарда мешавад.

   Бо назардошти нақши муҳим доштани мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати густариши заминаҳои ҳуқуқӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуда, шароитҳои корию иҷтимоии кормандон сол ба сол беҳтару хубтар гашта истодааст.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди мақомоти прокуратура ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар самти таъмини волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣвазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як корманди касбӣиродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

    Аз ин нуқтаи назар моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос бошем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣва сиёсию фарҳангии кишварамон саъю талош намоем.

 

    Сардори Раёсати кадрҳои

    Прокуратураи генералӣ,

    мушовири адлияи дараҷаи 1

    Бобоҷонзода Ф.М.