Дар асоси моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.


  Ҳамин меъёр ба хизматчиёни ҳарбӣ бевосита дахл дошта, боиси ифтихор аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳомиёни Модар-Ватан буда, ин рисолатро сарбаландона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ адо карда, дар ҳимояи мамлакат аз таҷовузҳои дохилию берунӣсаҳми назаррас гузошта истодаанд. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

    Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу номус хуб дарк мекунад, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

  Артиши миллӣмактаби ҷавонмардӣ ва тарбияи далерону ҷасурони Ватан буда, дар ин радиф Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣимкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣдарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд».

  Дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣва сохторхои он бо роҳбарӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам рушд намуда истодааст, ки он ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон табдил ёфтааст. Воқеан, Артиши миллии мамлакат рӯз то рӯз устувору қавӣ гашта, таҷассумгарӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ ва кафили рӯзгори осоиштаи мардуми кишварамон гаштааст.

   Мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ухдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки ухдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани мухлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинй гардидааст, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

Ҳамчунин, тибқи талаботи банди 2 моддаи Қонуни зикршуда шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхуршӣ Точикистон шомил карда шудаанд, аз чониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

   Дар ин замина ҳамасола ду маротиба бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣмуташаккилона идома дорад.

  Артиши миллӣаз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар сафҳои худ бисер ҷавонони бонангу номуси ватандӯст, далеру матин ва обутобёфтаро тарбия намудааст. Маҳз ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ шахе моҳияти ватандориро эҳсос намуда, муқаддас будани онро дарк карда, ба Ватану миллати хеш ҳамеша содиқ мемонад.

   Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба гуруҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар гардида, соли сеюм аст, ки Маркази миллии тестии назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тақсимоти довталабони аз озмун гузашта, холҳои имтиёзӣ пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, ба ҷавонписароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сарбоз хизмати ҳарбиро адо намуданд ба онҳо 75 холи имтёзӣ дода мешавад.

   29 январи соли 2021 ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад» калимаҳои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билета ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад» илова ворид шудааст.

   Ин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда синашон то 35 сола мебошад, тааллуқ дошта илова бар ин ҳамчун сарбоз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ намуданд, ба онҳо имтиёз барои дар навбати аввал ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор қабул намудан дода мешавад.

 

       Ёрдамчии калони Сарпрокурори ҳарбӣ

       Оид ба қабули шаҳрвандон, таъминоти ҳуқуқӣ

       ва кор бо матбуот полковники адлия

       Машрабзода Р.К.