Дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд, ки мо бо иродаи мардум роҳи бунёди онро пеш гирифтаем, нақши прокуратура ниҳоят муҳим аст. Чунки фаъолияти он аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Дар баробари ин, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. 

Эмомалӣ РАҲМОН


    Ташаккул ва таҳкими мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократӣ, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.

     Мақомоти прокуратура ҳамчун сохтори калидӣ дар низоми ҳуқуқии мамлакат чун дигар аркони давлатӣ дар замони истиқлолият таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ фароҳам гардида, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муайян шуд. Дар ин робита, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид. Аз ҳамин дидгоҳ, метавон гуфт, ки заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

    Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии кишвар боло рафт. Ин нукта равшан аст, ки ҳанӯз, дар айёми нооромиҳо ва даргириҳои мусаллаҳона дар кишвар барои истеҳком бахшидани нақши прокуратура дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои фаъолияти пурсамари он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомот тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро асос гузоштанд. Маҳз, бо назардошти аҳамияти ин рӯйдод 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март - Иди касбии кормандони мақомоти прокуратура эълон гашт.

     Таърихи давлатдории навини тоҷикон фаромӯш нахоҳад кард, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ печида, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ, ки тарроҳони он ба ҷомеа ва миллати сарбаланди тоҷик маълум аст, умед ба фардои дурахшонро аз байн бурда буд. Дар чунин вазъ зарфияти фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура низ кам гардида, ҳатто амнияти кормандон таъмин набуд. 

     Хушбахтона, баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзанди фарзонаи халқ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият марҳила ба марҳила ором ва низоми идораи давлат устувор гардид. Дар заминаи барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ 29 январи соли 1994 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳайати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратураи вилоятӣ, 15 прокуратураи шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардондашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ шуд. Худи ҳамон сол бо мақсади баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ёфта, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд. Зимнан, такмили сохтори прокуратура пайваста идома карда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин, 20 прокуратураи нав дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфт, ки ин раванд иқтидори кории мақомотро пурра намуд.

     Боиси қаноатмандист, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони мақомоти прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқаташонро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. 

  Айни замон, дар назди кормандони мақомоти прокуратура бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, бахусус терроризму экстремизм, ки метавонанд, ба амният ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ таъсир гузоранд, масъулияти бештар меистад. Зеро, мусаллам аст, ки дар чунин вазъ оид ба ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар тақозо мешаванд. Аз ин рӯ, бо мақсади тақвият бахшидани нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хатарҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ - раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд.

    Гузашта аз ин, мақомоти прокуратура бо назардошти рушди босуръати технологияи иттилоотӣ фаъолияти хешро ба набзи замони муосир мутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар саросари кишвар тадбирҳои мушаххас андешидааст, ки содагардонии расмиёти ҳуҷҷатнигорӣ, қабулу баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши мавод ва пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ бо мақсади ба роҳ мондани коргузорӣ ва назорати электронии гардиши дохилиидоравии ҳуҷҷатҳо, ки барои сифатан беҳтар гардидани фаъолият мусоидат мекунад дар дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа Барномаи автоматикунонии низоми бақайдгирӣ ва гардиши мукотибот ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур ба сарфаи вақти корӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон, дуруст тақсим намудани вақти корӣ, амалӣ гардондани низоми коргузории муосир, таъмини назорат аз болои фаъолияти ҳар як корманд, раванди баррасӣ, интиқол ва дар маҷмуъ, сифату самаранокии ҳаллу фасли ҳар як ҳуҷҷат муосидат намуда, барои муосиркунонии коргузорӣ, тезондани робита ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо бо истифода аз технологияи навин, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо равона шудааст, хизмат хоҳад кард. Гузашта аз ин, барои амалӣ гардондани иқдоми мазкур дар мақомоти прокуратура тамоми кормандон бо технологияи компютерӣ таъмин буда, имкони дастрасӣ ба интернетро доранд.

    Мо сарфарозем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тавсеаи фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҷиҳати таъминоти моддиву кадрӣ ва фароҳам овардани шароити хизмативу маишӣ барои кормандони мақомот, пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар навбати худ таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як корманди мақомоти прокуратураро уҳдадор менамояд, ки дар иҷрои рисолати касбии худ содиқона амал намуда, дар таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Зеро вазъи ҷаҳони муосир низ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа, тартиботи ҳуқуқӣ беш аз ҳар вақти дигар фаъол бошем ва алайҳи таҳдидҳои террористиву экстремистӣ муборизаи беамон барем.   

 

      Прокурори генералии

      Ҷумҳурии Тоҷикистон,

      генерал-полковники адлия,

      Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД